Бахшҳо
19 авг 2011 09:48Сиёсат

"Ноз" -и Кабирӣ

Дар анҷумани навбатӣ кӣ раиси ҲНИТ хоҳад шуд?


ҚАРОР аст 24-уми сентябри соли равон Анҷумани навбатии ҲНИТ баргузор гардад. Дар ин анҷуман ҲНИТ раҳбар ва ҳайати раёсати олии ҳизбро интихоб хоҳанд кард. Бо наздик шудани замони баргузории анҷуман сару садо атрофи фаъолияти ҲНИТ, 5 соли раҳбарияти Муҳиддин Кабирӣ ва эҳтимоли истеъфои ӯ аз ин маснад хеле зиёд мешавад.

Бояд тазаккур дод, баҳсҳо дар мавриди эҳтимоли иваз шудани раҳбари ҲНИТ ҳанӯз дар аввоили соли равон шурӯъ шуда буд. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари феълии ин ҳизб бо пахши як изҳорот эълон дошт, ки тасмим дорад аз симматаш истеъфо диҳад ва аз раҳбарони дигар аҳзоби мухолиф низ даъват намуд, то танҳо дар ду давра ба унвони раис дар ҳизбҳояшон фаъолият кунанд. Сабаби аслии чунин пешниҳодро он замон Муҳиддин Кабирӣ дар риояи демократия, имкони рушди фаъолияти ҳизбҳо ва иваз намудани вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Бояд гуфт пешниҳоди Кабирӣ аз ҷониби таҳлилгарон ба таври гуногун қабул шуда, баҳсҳое ҳам ба миён оварда буд. Ба бовари таҳлилгарон дар ҳоли ҳозир дар ҲНИТ ҷойгузини муносибе барои Кабирӣ нест ва дар сурати истеъфои вай фаъолияти ҳизб пеш нахоҳад рафт. Баъдан баҳс атрофи истеъфои раҳбарони аҳзоб барои як муддат қариб, ки аз байн рафт. Аммо бо гузашти чанд моҳ исми Муҳиддин Кабирӣ, натиҷаи раҳбарии вай ва фаъолияти ҲНИТ боз ба сархати хабарҳо баромад. Коршиносону таҳлилгарон ҳамакнун дар мавриди номзадҳо ба маснади раҳбарии ҲНИТ ва эҳтимоли дубора интихоб гардидани Муҳиддин Кабирӣ сӯҳбат мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ танҳо давраи аввали 5 солаи раҳбариро паси сар намуда, имкон барои дубора интихоб гардиданро дорад. Ба маълумоти масъулини ситоди тадорукоти Анҷумани ҳизб Кабирӣ ҳамоно яке аз номзади аслии ҳизб дар мақоми раҳбарӣ ба ҳисоб меравад. Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ ва роҳбари ситоди тадорукотии анҷумани ҲНИТ мегӯяд, ки аксари аъзои раёсати олӣ ва шӯрои сиёсӣ аз фаъолияти Муҳиддин Кабирӣ қаноатманд ҳастанд.

Назарҳо атрофи фаъолияти Кабирӣ


Аммо иддае аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки вокунишҳои заъиф, иқдомоти номуассир ва номуносиби раҳбарияти феълӣ дар баробари натоиҷи интихоботи парлумонии соли 2010 ва қабули қавонине, ки озодии виҷдонро маҳдуд кардааст, гурӯҳе аз аъзои раёсати олии ҲНИТ-ро сахт нигарон карда, ба бовари ин гурӯҳ дар сурати идомаи чунин сиёсати ҳизбӣ ҲНИТ ҷойгоҳ ва нуфузи худро аз даст хоҳад дод.

Маҳмадалӣ Ҳайит бар ин назар аст, ки ба эҳтимоли зиёд дар арафаи баргузории анҷумани навбатии ҲНИТ як қатор "бозӣ"-ҳои сиёсие атфрои ҳизб ва Муҳиддин Кабирӣ сурат бигирад. Ба ҳар сурат имрӯзҳо низ дар форумҳои интернетӣ сару садо атрофи фаъолияти Кабирӣ зиёд аст. Қисме аз истифодабарандагони интернет бар ин назар ҳастанд, ки Кабирӣ ба унвони сиёсатмадор муваффақ буда, аммо ҳамчун раҳбари ҳизби динӣ кореро ба сомон росонида натавонистааст. Аз раҳбарии Кабирӣ дар ҳизб чӣ суд вақте вай ба унвони раҳбари як ҳизби исломӣ давоми 5 соли фаъолияташ барои дифоъ аз ислом ва ҷонибдоронаш кореро анҷом дода наметавонад? - пурсидаанд баъзе аз ширкаткунандагони баҳсҳо. Аммо ба бовари гурӯҳи дигар Кабирӣ давоми фаъолияти худ тавонист мавқеъи ҳизбро каме дигар карда, барои рушди он мусоидат намояд. Агарчӣ Кабирӣ ѓарбгаро аст, аммо вай пуле миёни ҳукумат ва ҲНИТ гардида, боиси фаъолшавии аъзои ин ҳизб гардидааст. Собиқ мушовири давлатии президент Иброҳим Усмонов низ дар як сӯҳбати худ гуфтааст, ки беҳтар аст агар Кабирӣ дар вазифаи худ боқӣ бимонад.


Истеъфои Кабирӣ: ҳақиқат, фишор, бозии сиёсӣ ё таблиѓи навбатӣ?


Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи "Азия плюс" мегӯяд, ки дар вазъияти имрӯзаи кишвар ва дохилиҳизбии ҲНИТ чизеро дар мавриди интихоби раҳбар пешгӯӣ кардан имконнопазир аст. Ба эҳтимоли зиёд Муҳиддин Кабирӣ аз идораи ҳизб хаста шуда бошад. Чунки барои нигоҳ доштани тавозун миёни ҳукумат ва ҷониборонаш талоши зиёд меварзад. "Аммо чун дид, ки ин кор натиҷаи мусбатро нишон намедиҳад, пас дар мавриди маҳдуд намудани мӯҳлати раҳбарии ҳизб ва эҳтимоли истеъфои мустақилона тасмим гирифт. Зеро Кабирӣ ба хубӣ огоҳӣ дорад, ки ҳеч гоҳ аъзои ҲНИТ иҷозаи тарки ин вазифаро ба вай нахоҳанд дод. Аъзои ҲНИТ, ҳукумат ва ҳам дар дигар доираҳои сиёсӣ Кабирӣ ба унвони як сиёсатмадори муваффақ дониста мешавад. Ҳатто дар сурати интихоби ҷонибдорон ҳукумат ба Кабирӣ иҷозаи истеъфо рафтанро намедиҳад", мегӯяд Марат Мамадшоев.

- Истеъфои Кабирӣ аз симати раҳбари ҲНИТ ба манфиати ҳукумат ва ҳизб набуда, беҳтар аст агар вай дар идома низ ин тавозунро нигоҳ дорад. Ба ҳар сурат барои посух гуфтан ба пурсиш дар мавриди ҷиддият доштан ё надоштани изҳорот дар бораи истеъфо, эҳтимоли хусусияти таблиѓӣ доштани чунин изҳорот, ман мушкилӣ мекашам, - илова намуд муҳаррири ҳафтаномаи "Азия плюс".
"Аз тарафи дигар, Кабирӣ ба ҷуз аз фаъолияти сиёсӣ ба тиҷорат низ машѓул аст. Шояд сиёсат ва тиҷорат ба ҳамдигар халал расониданд ва эҳтимолан яке аз сабабҳои хоҳиши тарки раҳбарии ӯ ба ҳамин рабт дошта бошад", мегӯяд Марат Мамадшоев.   

Коршиносон мегӯянд, эҳтимол меравад дар анҷумани навбатӣ доир ба фаъолияти 5 солаи Муҳиддин Кабирӣ нигарониҳое садо бидиҳад. Зеро аз камфаъолиятии вай дар робита ба маҳкама кашидани аъзои ҳизб ва тақаллубкориҳои интихоботи парлумонӣ, ки Кабирӣ ваъдаи гурӯснанишинӣ ва ҳатто гирдиҳамоиро карда буд, ба эҳтимоли зиёд ҷонибдоронашро нигарон кардааст. Қабули қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияти фарзанд" ва қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" бо вуҷуди таҷрибаи ва малакаи зиёд Кабириро назди ҷонибдоронаш дар ҳолати ногувор қарор дод. Аз ин хотир метавон гуфт, ки Кабирӣ дар мавриди истеъфо аз раҳбарии ҲНИТ мустақилона тасмим гирифтааст. Чунки дар ин авохир барои ӯ ба вуҷуд овардани фазое миёни ҲНИТ ва ҳукумат хеле мушкил гардид. Коршиносон бар ин назаранд, ки дар мавриди иваз шудан ва ё нашудани раҳбарияти ҲНИТ чизе гуфтан хеле мушкил аст. Ба назари онҳо ҳатто дар сурати боқӣ мондан дар ин маснад Кабирӣ ба мушкилиҳое дучор хоҳад гашт. Чунки гурӯҳе аз ҷонибдорони ҲНИТ аз фаъолияти номбурда сахт норизо мебошанд.

Дар ҳамин ҳол бархе аз таҳлилгарон изҳороти Кабириро дар бораи истеъфо як навъ "ноз" дар назди ҳукумат ҳисоб мекунанд. Онҳо мегӯянд ба воситаи чунин изҳорот Кабирӣ ба мақомоти ҳукумат гуфтан мехоҳад, ки ӯ ба онҳо гапи мегуфтанӣ дорад, агар ӯро гӯш накунанд, пушаймон хоҳанд шуд. Зеро пас аз раёсати Кабирӣ ба идораи ҳизб эҳтимол онҳое биёянд, ки мисли раҳбари феълӣ созишкору то андозае дунявӣ набошад.

Аввалин "шикоят" аз Кабирӣ дар матбуот


Ахиран Мирзомуҳаммади Навид, узви Шӯрои сиёсӣ ва мушовири фарҳангии раиси ҲНИТ бо нишони эътироз ҳизбро тарк намуд. Номбурда дар сӯҳбат бо "Озодӣ" сабаби хориҷ  шудан аз ҳизбро ба бетаваҷҷӯҳии Кабирӣ нисбати шахсият ва фаъолияти худ арзёбӣ намудааст. Мирзомуҳаммади Навид мегӯяд, ки замони раҳбарии марҳум Сайид Абдуллоҳои Нурӣ вазъ дар дохили ҳизб дигар буда, марҳум ба тамоми фикру ақоиди ҷонибдорон гӯш медодааст. Ҳамчунин Нурӣ бо рафтор, кирдор ва амалҳояш як улгу барои ҷомеаи Тоҷикистон буда, Кабирӣ дар муқоиса бо вай бештар шариатшиор мебошад. Ба гуфтаи Мирзомуҳаммади Навид Кабирӣ ҷавон аст, таҷрибаи зиёд надорад ва дар баъзе аз маворид мустақилона тасмим гирифта, мавқеи аъзои ҳизбро сарфи назар мекунад. "Ман давоми ду моҳ интизори посухи Кабирӣ дар мавриди рафтанам будам. Муроҷиат мекардам, ариза дар мавриди истеъфо навиштам. Ҷавоб наомад. Барои ҳамин ман рафтам. Чунки бетаваҷҷӯҳи нисбати худро ҳамчун таҳқир медонам".

Мирзомуҳамадии Навид мегӯяд, ки албатта фаъолияти замони Нурӣ аз фаъолияти давраи Кабирӣ фарқияти зиёд дорад. Вале бо вуҷуди замони осоиш ва фаъолияти мӯътадил дар интихоботи парлумонии соли 2010 Кабирӣ танҳо 2 ҷой гирифт. Ба бовари ҷаноби Навид дар сурати дар қайди ҳаёт будан Нурӣ дар чунин шароит метавонист ҳадди ақал чаҳор ҷойро ба даст оварад. Дар мавриди эҳтимоли иваз шудани раҳбари ҲНИТ ва ҷойгузини Кабирӣ-Муҳаммадҷони Нурӣ, Мирзомуҳаммади Навид гуфтааст, ки дар шароити имрӯза беҳтар мебуд агар Кабирӣ дубора дар вазифааш интихоб гардад. Зеро кордида аст ва таҷрибае ҳам дорад. Муҳаммадҷони Нурӣ бошад метавонад барои худ таҷрибаи бештар гирифта, дар оянда раҳбари ҲНИТ шавад.

Бояд тазакур дод, ин нигарониҳои ниҳоии Мирзомуҳаммадии Навид буда, вай гуфтааст, ки дар сӯҳбатҳои баъдӣ сабабҳои дигари тарки ҲНИТ карданашро хоҳад гуфт. Ба ҳар сурат бо пахши чунин як матлаб дар расонаҳои хабарӣ метавон гуфт, ки "бозиҳои сиёсӣ"-и пеш аз анҷумани ҲНИТ шурӯъ гардид. Ин "бози"-ҳо то куҷо меравад, бо чӣ меанҷомад ва то чӣ ҳадд сирри ҲНИТ ва Кабириро ошкор мекунад ҳоло номаълум аст. Аммо як чиз рӯшан аст, ки агар имрӯз узви шӯрои олии ҲНИТ ва муовини Кабирӣ аз раҳбарияти ҳизб нигаронӣ кард, пас ин маънои онро дорад, ки Кабирӣ дар атрофи худ "норизо"-ҳои зиёдеро "нигоҳ" медорад ва ё баръакс.

Ҳумайрои Бахтиёр
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)