Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:36

Мардумро аз дин наметавон ҷудо кард

30 сентябр 2011, 10:19

Сўҳбати хабарнигори "Озодагон" бо хабарнигори шабакаи аввали Русия, узви палатаи ҷамъиятии Русия Максим Леонардович Шевченко.


Озодии виҷдон дар Тоҷикистон риоя намешавад

-Мўҳтарам, Максим Шевченко, таасуроти шумо аз анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) чӣ гуна аст?

-Бояд бигўям, ки ман бо даъвати масъулини ҲНИТ барои ширкат дар анҷуман омадам, ин боздиди аввалинам аз Тоҷикистон аст. Чун ҲНИТ ҳизби парлумонӣ, ва ҷидд? ҳасту барои ваҳдати миллӣ гузаштҳое ҳам кардааст, нахостам аз сафар худдорӣ намоям. Ба назари ман анҷумани ҲНИТ дар сатҳи баланд доир гардид. Тавре ман шоҳид будам  онҷо меҳмонони зиёде, раҳбарони ҳизбҳои мухолиф ва таҳлилгарони дохиливу байналмилалӣ ҳузур доштанд. Барои як ҳизби сиёсӣ ин муҳим аст. Аслан, ҲНИТ таърихи хуб дорад. Барои оштии миллӣ ин ҳизб, тавре ман бохабарам, гузаштҳои зиёде кардааст. То куҷо воқеият доштани таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон, ки ман дар пайи омўзиши он ҳастам, бароям хеле ҷолиб аст. Фаъолияти як ҳизби сиёсӣ, бо такя ба арзишҳои динӣ-мазҳабӣ худ алакай як падидаи ҷадид на танҳо дар соири минтақаи Осиёи Марказӣ балки, миёни кишварҳои собиқ шўравӣ ва ҳатто ҷаҳон мебошад. Бисёр ҷолиб аст омўхтани ҳизби сиёсие, ки асоси фаъолияти худро риояи арзишҳои динӣ медонад.

Ширкати бевоситаи донишмандону рўҳониёни тоҷик дар ин маҳфил, ҳузури сафирон ва намояндагони дипломатии кишварҳои Бритониё, Олмон, Фаронса, Амрико ва Русия аз мавқеи устувори ҲНИТ дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Бояд зикр намоям, ки ман аз ин боздиди худ мутаасиф нестам.

-Бубинед, давоми чанд соли охир, парлумони Тоҷикистон як ҷумла қонунҳоеро қабул намуд, ки он озодии виҷдонро маҳдуд мекунад. Барои мисол, муддатест дар ҷомеаи мо занон ҳуқуқи ибодат дар масоҷидро надошта, ҳамакнун писарон низ танҳо баъди балоғат бояд ба масҷид бираванд. Чун шумо бештар дар мавриди ҳифзи арзишҳои динӣ сухан мегўед, пас қабули чунин қавонинро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

-Ба андешаи ман ин нофаҳмӣ миёни ҳукумат ва ҷомеа аст. Имондориву намозгузорӣ ин қонуни табиату ҷамъият аст. Исломро аз мардуми тоҷик ҳеч нерў ва ҳукумате гирифта наметавонад. Бояд зикр намуд, ки Исломро аз Тоҷикистон нерўҳои шўравӣ берун карда натавонистанд. Дар солҳои 20-ум ва 30-юми садаи 20 барои як варақаи хатти арабиасос тоҷиконро мекуштанд. Қисми зиёди мардум танҳо барои нигоҳ доштани ин арзишҳо кушта шуданд. Ҷонибдорони Сталин талош доштанд, то мардуми тоҷик аз дини мубини Ислом рў гардонад, вале ин тавр нашуд. Ба ҳамаи ин зулм нигоҳ накарда, бо пайдо шудани оддитарин имконият афроди мазҳабӣ дар Тоҷикистон боз афзоиш ёфта, тамоми низоми қаблан "бунёдшударо" барбод доданд. Ҳар нафаре, раҳбаре, ҳукумате, ки худро ҳоким шуморида ба умури мазҳабӣ даст мезанад, муваффақ намешавад. Дар як лаҳза "ранҷ"-и даҳсолаҳои чунин раҳбарон аз байн меравад. Худо ҷазои чунин афродро медиҳад. Аз дини Ислом, аслан аз ягон дин намешавад мардумро дур кард. Барои ҳамин маҳдуд намудани Ислом ба мисли манъи офтобу осмон аст. Ҳеч раҳбаре наметавонад ба мардумаш амр бидиҳад, ки аз нерўи офтоб истифода мабар ва ё ба осмон нанигар. Ҷомеа бо дин зинда аст. Ҷорӣ намудани маҳдудият дар замони аввал тарс, вале баъдан нафрати мардумро нисбати мақомоту ҳукумат метавонад  зиёд намояд. Раҳбароне, ки озодии виҷдони мардумро маҳдуд менамоянд, дар оянда метавонанд бо мушкилоти сахт рў ба рў шаванд. Дин, чӣ Ислом, Насронӣ, Буддоӣ ва ғайра набояд маҳдуд карда шавад. Чӣ гуна метавон ба як мусалмон фармон дод, ки намоз магузор. Ин абсурд аст. Қабули чунин қонун худ кори солиме нест ва ҷомеа ин гуна қонунро риоя намекунад.

-Ба ҳар сурат, қонун "Дар бораи маъулияти падару модарон барои таълиму тарбияи фарзандон" қабул шудаву, муддатест дар ҷомеаи тоҷик наврасон дар масҷид намоз намегузоранд. Барои риоя нагардидани ин қонун ҷаримае ҳам пешбинӣ шудааст.

-Ман чунин қонунҳоро шарҳ дода наметавонам. Намешавад. Барои мисол, анҷумани ҲНИТ бо тиловати Қуръон шурўъ гардид. Дар оғоз писараки хурде бо садои хуб аз китоби муқаддаси мусалмонон чанд оят хонд. Ин оини динӣ аст, оини зебоӣ динӣ. Одатан кўдаконро аз хурдӣ дар хонавода барои тиловати Қуръон тарбия мекунанд. На ҳама чунин истеъдод, садои хуб дорад. Аз ин бар меояд, ки анҷумани ҲНИТ бо нақзи қонун оғоз гардид. Пас чӣ? Мақомоти ҳифзи ҳукуқи Тоҷикистон бояд меоманданд ва тамоми онҳоро ба маҳкама мебурданд, медидем ки чӣ мешуд. Наметавонанд. Мардум ба ҳама чӣ таҳаммул мекунад, аммо на ба ин гуна бенизомиҳо. Беҳтар аст, ки ҳукумат дар чунин маворид худро дар ҳолати ногувор қарор надиҳад ва қонунҳои содалавҳона қабул накунад.

-Пас аз қабули ин қонун ҷомеаи байналмилалӣ сару садои баланд намуд. Вале он натиҷае надод. Чаро?

-Ин нақзи ҳуқуқи инсон аст. Ин қонун зиддӣ ҷомеаи башарӣ аст. Албатта, аз мавҷудияти чунин қонун дар Тоҷикистон ман бехабар будам, то ба ҳол лоиҳаи онро надидам. Ман ин масъаларо ҳатман меомўзам. Агар чунин қонун вуҷуд дорад, ман онро дар сатҳи ҳукумати Русия бардошта, онро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Чунки оромии Тоҷикистон ин оромии давлати Русия аст. Маҳдуд намудани озодии виҷдон гурўҳҳои тундгароро ба вуҷуд меорад. Барои ҳамин федератсияи Русия, аз ҷумла ман барои амалӣ шудани чунин қонун дар Тоҷикистон манфиатдор нестем. Дар Русия беш аз 1 млн. шаҳрвандонни Тоҷикистон кору фаъолият доранд. Касе ба имондориву намозгузории онҳо кордор нест. Думаи давлатии Русия ҳам қонунеро қабул намекунад, ки он озодии виҷдонро маҳдуд созад. Дар Русия дўстони мусалмон дорам. Онҳо кўдакони худро аз хурдсолӣ ба масоҷид мебаранд, ин озод аст.

Аз ин лиҳоз пас аз баргаштанам ба Русия, пас аз омўзиши ин масъала ман ба сафорати Тоҷикистон як номаи расмӣ аз номи палатаи ҷамъият?  мефиристам. Бигузор сафорати Тоҷикистон дар Русия ба мо посухи расмӣ бидиҳад. Албатта, ин умури дохилаи давлати Тоҷикистон аст, вале ба андешаи ман он ба тамоми кишварҳои минтақа таъсир дорад.

-Қабули чунин қонун ва маҳдуд намудани озодии виҷдонро дар ҷомеаи Тоҷикистон таҳлилгарон ба ҳарос доштани ҳукумат аз нерўҳои исломӣ медонанд. Шумо чӣ назар доред?

-Дар чунин шакл маҳдуд намудани озодии виҷдон аз тарси ҳукумати Тоҷикистон далолат медиҳад. Ба назарам ҳукумати Тоҷикистон аз нерўи исломӣ ҳарос дорад. Тоҷикистон дар замони шўравӣ ҳам яке аз давлати мазҳабӣ буд. Боз ҳам ба такрор мегўям, ки агар Худо нафареро ҷазо додан хоҳад, ақли он инсонро мегирад. Аз ақл берун месозад. Девона бо давонагии худ мегўяд, ки Худо нест ва бо ин мубориза мебарад. Дар ин мубориза инсон ғолиб омада наметавонад. Ин қонун то дер давом намекунад, мардум онро ба ҳеч ваҷҳ қабул намекунанд.

-Аммо воқеият дигар аст. Вақте вуруди занонро ба масҷид манъ карданд, ҳама мисли шумо андешаронӣ мекарданд. Бо гузашти ду сол ҷамъият он қонунро қабул кард. Ҳоло ҳама фаромўш кардаанд, ки манъи намозгузории занон ҳам дар масоҷид аз ҷониби ҳукумат як навъи нақзи ҳуқуқи инсон аст. Яъне, ҷомеа бо чунин қавонин мутобиқ мешавад.

Ростӣ, ман дар чунин ҳолат чизе гуфта наметавонам. Бароям хеле мушки ласт, дар ин мавриде, ки ман онро музахрафот мешуморам, чизе бигўям. Ба андешаи ман ин гуна масоилро бояд равонпизишкон шарҳ бидиҳанд. Маҳдудияти озодии виҷдон, манъи намозгузорӣ дар масҷид дар ҷомеае, ки бештар аз 80 дарсадаш мусалмон аст, қобили қабул нест. Аз ин хотир беҳтар мебуд, агар мову шумо ин қонунро на бо таҳлилгарон балки бо равонпизишкон мавриди баррасӣ қарор бигирем. Шояд онҳо чизе гуфта тавонанд.

Мақомоти Тоҷикистон бояд барои ҳифзу ҳимояи шаҳрвандонаш дар Русия талош варзад

-Дар барномаҳои телевизионӣ ва баромадҳои худ, шумо атрофи нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, ба хусус тоҷикон ҳарф мезанед. Вазъи шаҳрвандони тоҷик ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳоро чи гуна арзёбӣ мекунед?

-Хеле аҷиб аст, албатта ба маънои манфӣ. Аслан мавзўи бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия хеле печидагиҳои зиёде дорад. Дар чунин бенизомиҳо Додситони кулли Русия низ фаъолияти рўшан надорад. Изҳорот ва шикояти ин ё он гурўҳ дар расонаҳои хабарӣ нашр мешаванд. Вале чунин ба назар мерасад, ки ҳама онро намебинанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия хомўш аст. Ба хусус он замоне, ки дар филми арманиҳо шиносномаи Тоҷикистон ба партовгоҳ партофта шуд. Ин таҳқири миллат, давлати тоҷик аст. Вале сафорати Душанбе дар Маскав хомўш. Чаро, сафорати Тоҷикистон дар Русия ба маҳдуд намудани озодии виҷдон дар кишвараш даст мезанад, вале дар мавриди мубориза бо фашизм дар Русия фаъол нест? Ин бароям аҷиб аст. Ман хоҳиш мекунам, ки намояндагии Тоҷикистон як каме фаъол шавад.

-Аслан баҳси таҳқири шиносномаи давлатии Тоҷиктистон дар барномаи "Наша Раша" дар ҷомеи мо ҳам вуҷуд дошт. Бисёре аз созмонҳои ҷамъиятӣ ва рўшанфикрони тоҷик дар ин маврид бонги изтироб заданд. Аммо мавқеъи ҳукумат рўшан нашуд. Таҳлилгарон ҳадс заданд, ки ба хотири сард нашудани муносибати Душанбеву Кремл ҳукумат бетарафӣ ихтиёр кардааст…

-Ҳукумати Русия инҷо коре надорад. Барнома  аз ҷониби коргардонҳо ба навор гирифта шудааст. Ба назари ман дар ин маврид масъулини Тоҷикистон метавонистанд пофишорӣ намоянд, то он наворбардорон расман аз миллату давлати Тоҷикистон пўзиш хоҳанд. Ин кор шуданист. Чаро, як гурўҳе, ки мардуми таҳҷоии Маскав нест барои наворбардории чунин фтлм даст мезанад ва мақомоти кишвархои Осиёи Марказӣ чизе намегўянд? Он замон мешавад, шўхиеро нисбати шаҳрванди хориҷӣ дар Русия раво дид, ки агар ў ҳам мисли дигарон ҳуқуқи сад дарсад дошта бошад. Аммо тоҷикон, қирғизҳо ва ўзбакҳо дар Русия латукуб мешаванд, кор мекунанд ва бе маош мемонанд.

Агар тақдири шаҳрвандон барои ҳукумату раҳбарҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим нест, пас, мардум бояд ташабусро ба дасти худ бигирад.

-Яъне…?

Барои мисол, ташкили гурўҳи коргарон ва иттифоқи касаба барои муҳоҷирони меҳнатӣ. Аслан, ман худ зидди истифодаи вожаҳои "муҳоҷирони меҳнатӣ" ва "гастарбайтер" ҳастам. Дар сурати ташкили итифоқи касаба ва фаъолияти онҳо, шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ҳуқуқҳои худро ҳимоя намоянд. Ман ва чанде аз дўстони хабарнигорам, ҳуқуқдонҳои рус омодаем дар чунин парвандаҳо ба ҳайси шоҳид ба фоидаи шаҳрвандони коргари хориҷӣ баромад намоем. Мо бояд дастаҷамъона коре анҷом бидиҳем, то миллатгароёни рус, фашистҳо эҳтироми миллати тоҷик, қирғиз ва ўзбакро ба ҷо оранд. Мо онҳоро бояд маҷбур созем. Аслан барномаҳои "Наша Раша" аз ҷониби арманиҳо ба навор гирифта мешавад, на русҳо.

-Аммо ин барнома дар Русия наворбардорӣ шуда, аз номи русҳо ва дар телевизиони Русия нишон дода мешавад…

-Дуруст аст. Аҷиб. Ман ҳам ҳайронам. Агар, фарз кардем, чунин филме дар мавриди арманиҳо ба навор гирифта шавад, тамом. Бонги изтироб бар фалак печида, шикоятҳо то ҷомеаи байналмилалӣ меравад. Барои ҳамин, агар гурўҳе дар Тоҷикистон бо ин мехоҳад мубориза бубарад, ман ба ҳамкории расмӣ омодаам. Аммо маро ин хомўшии мардуми тоҷик ба тааҷуб меорад. Онҳо аз худ ташабусе нишон намедиҳанд. Албатта, баъзе мусоҳибаву матолибе дар ин маврид  тоҷикон  нашр намуданд. Аммо ҳеч нашунидам, ки муроҷиати расмие ба додгоҳ дошта бошанд.

-Гурўҳ гуфта, созмонҳои ҷамъиятиро дар назар доред?

-Бале. Чаро не? Дар асл гирем, дар танҳоӣ чунин созмонҳои ҷамъиятӣ устувор нестанд. Вале вақте мутаҳид мешаванд, ба нерўи бузурге табдил меёбанд, ки тамоми корро барои ҳимояи ҳаммеҳани худ дар хориҷ метавонанд анҷом бидиҳанд.

-Аммо дар ҷомеаи Тоҷикистон маъмулан иҷрои чунин вазифаҳоро бар дўши ҳукумат мегузоранд…

-Ин ҳолат ба ёдам мақоли русиро меорад: "Иван ба Петр вогузор мекунад, Петр ба Иван". Дар натиҷа чизе намешавад. Ман ба нерўи ҷавонони тоҷик, ба ғурури онҳо бовар дорам. Аз ин хотир дар анҷумани ҲНИТ даъват кардам, то ҷавонон барои ҳифзи тоҷикон дар Русия тасмиме бигиранд. Дар сурати муроҷиати ҷавонон мо ҳам метавонем корро оғоз намоем. Шояд ҲНИТ барои ҳифзи шаъну шарафи миллати худ ва дигар кишварҳои ОМ мубориза бубарад. Муваффақ ҳам мешаванд. Барои мо русҳо ҳам ин кор фоида дорад. Зеро ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ин ҳифзи ҳуқуқи мо, мардуми рус аст. Бетарафии русҳо ҳам ба худи онҳо зарар дорад.

-Шумо пештар зикр намудед, ки зидди истифодаи вожаҳои "муҳоҷирони меҳнатӣ" ва "гастербайтер" ҳастед. Чаро?

-Дар ин маврид ман баҳси зиёде бо ҷомеаи рус доштам. Тақрибан таърихи 30-юми сентябр тавассути шабакаи ТНТ як барнома пахш мешавад. Дар оғози барнома, ровии он зиёд аз ин мафҳумҳо ва ибораи "муҳоҷирони ғайриқонунӣ" истифода мебурд. Вале ман исбот кардам, ки муҳоҷир ғайриқонунӣ буда наметавонад. Чӣ гунна мешавад нафареро "муҳоҷири ғайриқонунӣ" гуфт, ки ў дар фурудгоҳи Домодедово ворид мешавад ё дар марз дар гузарномаи ў масъулини мо мўҳр мемонанд? Ин ҳузури қонунӣ аст. Тамоми шаҳрвандони ОМ ба Русия бо риояи қонун ворид мешаванд.

Дар пасманзари истифодаи вожае чун "гастербайтер" таҳқири инсон, миллат меистад. Ин мафҳумро ҳанўз дар Олмон барои ғуломдорӣ истифода мебурданд. Барои ҳамин ман пешниҳод кардам, то ба ҷои ибораи "муҳоҷири меҳнатӣ" мо, шахрвандони рус бояд: "Шаҳрвандони Тоҷикистоние, ки дар қаламрави Русия аз рўи қонун ҳузур дошта, бо даъвати корфармоён фаъолият доранд"-ро истифода бубарем. Албтта, каме мушкил, вале одат мекунем.

Тоҷикон ва масъулини рус бояд кореро анҷом диҳанд, то раванди воридшавӣ, бо ҷойи кор таъмин шудан ва маошгирии шаҳрвандони Тоҷикистон сабуктар шавад. Онҳо бояд биёянд, кор ёбанд, созишнома банданд, маош бигиранд ва бираванд. Низоми "квота" низ бояд аз байн бардошта шавад. Зеро ин яке аз сарчашмаи аслии фасод дар Русия мешавад. Агар мансабдорон ба кори сиёҳ даст назананд, бозорҳои Русия ба низом медароянд ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам коҳиш меёбад. Ба андешаи, ман тақрибан 80 дарсад мутмаинам, ки миёни мансабдорони фасодкори тоҷику рус дар мавриди бо ҷойи кор "таъмин" кардани шаҳрвандони Тоҷикистон созишномаи лафзие вуҷуд дорад.

Дар Русия тоҷикон ҳамдигарро мефурўшанд

-Албатта, миёни шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия бештар тоҷикон мавриди ҳамлаи миллигароёни рус ё скинхедҳо қарор мегиранд. Гурўҳе аз таҳлилгарони тоҷик ҳам бар ин назаранд, ки миллигароёни русро Думаи давлатии Русия пуштибонӣ мекунад ва фаъолияти онҳо ба хусус бар зидди шаҳрвандони ОМ равона шудааст. То куҷо ин тахминҳо воқеият доранд?

-Ин мавқеъгирии бисёр ҷиддӣ аст. Бидуни таҳлил набояд ангушти ишора бар ҷониби Думаи давлатии Русия боашд. Ин тўҳмати вазнин аст. Тавре ман мушоҳида намудам, дар ҷомеаи Тоҷикистон изҳоротҳои осемасар зиёданд. Аслан шояд дуруст мебуд, агар дар фаъолияти скинхедҳо масъулини вазорати умури дохилаи Русия ва дигар мақомотро гунаҳкор бидонем. Барои ҳама маълум аст, ки скинхедҳо  аз ҷониби пулис дастгирӣ меёбанд. Вале ба назари ман гурўҳҳои ҷиноятпеша дар Русия, аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ  пуштибонӣ мешавад. Ҷиноят худаш фаромиллӣ аст. Ба кӣ террор, ҷиноят, тарсонидан ва таҳқири инсон лозим аст? Ба нафароне, ки ғайриқонунӣ аз ин ҳисоб маблағи муфту ҳангуфт ба даст меоранд.

-Пас, ба фикри шумо дар садри чунин гурўҳҳои ҷиноятпеша кӣ қарор дорад?

-То ба ҳол ин бароям рўшан нест. Даъвати ман ҳам ба ҳамин хотир аст. Бояд мо зидди фаъолияти гурўҳҳои тоссарҳо мубориза барем. Дар додгоҳҳои Русия парвандаҳое ҳам алайҳи тоссарҳо боз шудааст. Мардуми рус ва тоҷик новобаста ба арзишҳои динӣ бояд созмонеро таъсис дода, зери шиори: "ҳуқуқи мо ин ҳуқуқи шумов а озодии шумо ин озодии мо" фаъолият дошта бошем. Дар сурати омодагии Тоҷикистон, гурўҳе аз шаҳрвандони Русия, ки теъдоди кам надоранд ҳозиранд бо тоҷикон барои маҳви бенизомӣ ва гурўҳҳои скинхедӣ мубориза бубаранд. Ба назари ман шумо, тоҷикон бояд созмонҳои ҳуқуқӣ таъсис дода, дар ин маврид дар Русия бо ўзбакҳо, қирғизҳо, укроинҳо, молдовагиҳо ва доғистониҳо ҳамкорӣ намоед. Натиҷаи мусбат медиҳад.

-Баъзе аз мансабдорони тоҷик ва ҳатто рус бар ин назаранд, ки имрўз бозорҳои Русия ниёз ба хизмати  шаҳрвандони ихтисосманди Тоҷӣкистон дорад…

-Ин нодуруст аст. Ихтисосманд гуфта, ин мансабдорони "донишманди" айнакӣ чиро дар назар доранд? Фаъолияти пизишкону омўзгорон? Иштибоҳ мекунанд. Мансабдорон набояд гурўҳҳои коргарро ҷудо намоянд ва барои бо ҷойи кор таъмин шудани шаҳрвандон даст бизананд. Бозор қонунҳои худро дорад. Агар шаҳрванде омад, ҷойи кор пайдо кард, маош гирифт, пас мо ба ў дар воқеъ ниёз дорем. Ҳеч вақт кори сохтмончӣ содда набуд. Ҳатто фаъолияти кўчарўбҳо ҳам сангин аст. Барои ҳамин беҳтар мебуд, агар мансабдорони "донишманди" айнакии Тоҷикистону Русия ба ин раванд дахолат накунанд. Бо истифодаи ибораи "коргарони ихтисосманд" чиро дар назар доранд? Ман мутмаинам, ки аз миёни ҳамин мансабдорони донишманд, ҳеч нафаре пайдо намешавад, ки кори сохтмониро дуруст анҷом дода тавонад, ҳадди ақал ду хиштро болои ҳам гузоштан вазнин аст. Кўчарўбӣ низ ҳамчунин. Дар солҳои донишҷўиям ман кўчарўбӣ мекардам. Хеле мушкил аст. Кори сангин ва муносибати хоса бо шаҳрвандонро талаб мекунад. Барои ҳамин мансабдорон беҳтараш бо кори худ машғул шаванд ва миёни коргарон фарқият нагузоранд. Ҳамагуна фаъолият заҳмат мехоҳад. Баробарӣ бояд риоя карда шавад. Ман гузоштани фарқиятро миёни касбҳо таҳқир меҳисобам. Ба ҷойи машғул шудан бо ин фикрҳо беҳтар мебуд, агар масъулини Тоҷикистон дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонашон дар Русия андеша мекарданд. Аслан, имрўзҳо дар Русия бозор нест, ғуломдорӣ вуҷуд дорад. Ва гурўҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар чунин бозор ба фурўши нерўи ҳаммеҳани худ машғуланд. Инро бояд аз байн баранд.

Жириновский рус нест, баромадҳояш ҳам бар зарари миллати рус аст

-Дар ҷомеаи рус ҳам ҳастанд масъулине, ки ба таҳқири шаҳрвандони хориҷӣ даст мезананд. Барои мисол вакили думаи давлатии Русия, раҳбари ҳизби либерал демократҳо Владимир Жириновский. Аз минбар борҳо бар зидди миллати тоҷик суханони дурушт гуфтааст. Ба ин чӣ назар доред?

-Дуруст аст. Ман аз суханрониву изҳороти Владимир Жириновский бохабарам. Борҳо масоилеро матраҳ  намуда, расонаӣ кардааст. Ба назари ман Жириновский ноиби раиси Думаи давлатӣ буда наметавонад. Вакил мешавад, чунки райъ мегирад. Ман шахсан мухолифи сиёсии ҳизби ў ҳастам ва ин ҳизбро ҳамчун гурўҳи сиёсии фашистӣ медонам бо чунин изҳороти роҳбараш. Аслан Жириновский худ аз Алмааато, осиёӣ аст. Барои ҳамин вақте ў худро ҳимоягари мардуми рус мегирад, хеле бад аст. Ў наттоқи хуб аст. Ман ё каси дигар дар Русия наметавонад ўро барои ибрози назараш монеъ шавем. Ў озодии баёни худро дорад.

-Дар изҳороти охирини худ, дар соли сипаришуда Владимир Жириновский пешниҳод дошт, то мақомоти Русия ба хотири таъмини амнияти худ низоми раводидро бо Тоҷикистон дубора роҳандозӣ намояд. Ба андешаи шумо фаъол кардани низоми раводид чӣ пайомад дошта метавонад?

-Бояд бигўям, ки дар ин маврид Жириновский танҳо нест. Семён Богдасаров, ки барои аксари тоҷикон шояд ошно бошад, борҳо чунин пешниҳод дошт. Семён Богдасаров дар асл ба фикрам тоҷик аст. Аммо далели ў дар мавриди ҷорӣ намудани низоми раводид дигар аст. Ў мехоҳад бо ин восита фасодкории вазорати умури дохилаи Русияро дар мавриди бо ҷойи кор таъмин будани шаҳрванони Тоҷикистон дар федератсияи Русия аз байн бубарад. Вале ман дар ҳар сурат зиддӣ ҷорӣ намудани низоми раводид ҳастам. На танҳо бо Тоҷикистон, бо тамоми кишварҳои ОМ ва собиқ итиҳоди шўравӣ. Ҷорӣ намудани низоми раводид обрў ва нуфузи Русияро дар кишварҳои собиқ шўравӣ аз байн мебарад. Ин бар зарари давлати Русия аст. Баръакс, барои боз ҳам устувор намудани мавқеъи худ Русия бояд ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишварҳои ОМ-ро дар ҳудуди худ ҳифз намояд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус Амрико бояд аз дахолат ба умури Афғонистон даст кашад

-Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамсарҳад аст. Тавре маълум аст, шумо муддате ба ҳайси хабарнигор дар Афғонистон фаъолият доштед. Дар мавриди вазъи амнияти мардуми афғон ва фаъолияти Толибон чӣ гуфта метавонед?

-Ҳаракати "Толибон" бо раҳбарии мулло Умар, чи хеле буд, ҳамон тавр аст. Дар соли 2001 "Толибон" тамоми минтақаи Афғонистонро таҳти назорат гирифта буданд, ба ҷуз аз Панҷшер. Онҷо дар назорати шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд буд. "Толибон" он замон қадаме дуртар аз оштии миллӣ қарор доштанд. Онҳо вилоётро мегирифтанд, қонунро роҳандозӣ мекарданд, ҳаракат дар роҳ барқарор мешуд ва берун мешуданд. То ҷойе барои итиҳоди миллатҳои тоҷик, пашту ва ўзбак муваффақ ҳам шуданд. Аммо "Толибон" дар навбати худ ба иштибоҳҳои зиёде роҳ доданд. Тангназарии миллатгароӣ доштанд. Миллатгароӣ, чӣ тоҷикӣ ва ё паштуӣ бошад, тангназарӣ аст. Ман аз нуктаи назари таҷрибаи Афғонистон мегўям.

Дар ҳоли ҳозир вазъ дар Афғонистон дигар шудааст. Амрикоиҳо дар бо силоҳ таъмин кардани тоҷикон, ба хатоӣ роҳ доданд. Пас аз вуруди Амрико иштибоҳи "Толибон" бештару бештар гардид. Ҷангҷў?, амалҳои терористӣ ва қурбониҳо зиёд шуданд.

Вале Амрико ҳам як чиро бояд ба назар бигирад. Муборизаи 10-солаи ў бо "Толибон" исбот намуд, ки ин гурўҳ мағлуб намешавад. Барои ҳамин давлати Амрико бояд мардуми афғонро ба ҳолаш гузорад.

Дар сурати берун шудани Амрико ман мутмаинам, ки Афғонистон ором мешавад. Ҳатто истеҳсоли маводи мухаддир, ки то соли 2001 қариб, ки аз байн рафта буд, пас аз сари қудрат омадани ҳукумати исломӣ дар Афғонистон коҳиш меёбад. Бо вуруди Амрико гардиши маводи мухаддир дар ҷаҳон аз Афғонистон афзоиш ёфт, чунки амрикоиҳо барои ин мусоидат мекарданд. Афғонҳо худашон ба ин кор алоқамандии зиёде надоранд.

Аслан ман намедонам, чаро барои ҷинояти Бен Лоден мардуми афғон ҷазо бигирад. Дар ҳоле, ки Бен Лоден ҳамеша даст доштан дар ҳаводиси 09-11-01-ро рад мекард. Мардуми афғон шоистаи зиндагии хубу ором ҳастанд. Амрико бояд сиёсати худро иваз намояд, бо ин роҳ мухолифати тоҷику пашту дар ин кишвар аз байн бурда шавад.

-Ҳамчун як хабарнигор равобит ва муносибати Тоҷикистону Ўзбакистонро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

-Муносибати Тоҷикистону Ўзбакистонро метавон сард гуфт, то ҳадде ки онро метавон "фоҷиавӣ" номид. Миллати тоҷик ва ўзбак муноқишае надоранд. Ин нофаҳмиҳо дар сатҳи сиёсат аст. Барои ҳамин ҳукумати ҳарду кишвар бояд сари мизи музокирот нишинад. Дар ин маврид Русия метавонад ба ҳайси миёнарав нақш бибозад. Ҳукуматҳои Тоҷикистону Ўзбакистон бояд худбинии худро фаромўш созанд.

-Тавре огохед, чанде пеш сару садо атрофи эҳтимоли ҳузури низомиёни рус давоми 49 соли дигар дар Тоҷикистон баланд шуд…

-Ҳалли ин масъаларо ман дар гирифтани иҷозатномаи СПАД медонам. Агар низомиёни рус ба ҷуз аз созишномаи дуҷониба, бо иҷозатномаи СПАД боқӣ бимонанд, мавқеъи ҳуқуқии онҳо барои ҳама рўшан мешавад.

Мусоҳибаи Ҳумайрои Бахтиёр



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!