Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:27

Меҳмонмушовирони маскаву амрикоӣ дар Душанбе

14 октябр 2011, 06:43

Ҳафтае, ки гузашт райисҷумҳури Тоҷикистон якбора ду меҳмони хориҷиро аз ду кишвари "абарқудрат" ба ҳузур пазируфт.


Ва ин ду нафар, ки яке аз ИМА ва дигаре аз Русия ба Душанбе ташриф оварданд, дар ҳузури журналистон мисли як мушовири ҳукумати Тоҷикистон ҳарф мезаданд.

Фиристодаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон ва Покистон, ки бо иллати "боди афғонӣ" ба таъхир вориди Душанбе шуд, дар пойтахти кишвар бо райисҷумҳури Тоҷикистон дидору мулоқот намуд. Марк Гроссман мебойист субҳи 6-уми октябр ба фурудгоҳи пойтахти кишвар мерасид, аммо ҳавои номусоид ин сафарро ба як рӯз қафо гузошт.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон мавзӯи меҳварии дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Марк Гроссман ҳамчунон, ки аз қабл мегуфтанд, амният дар Афғонистон будааст. Баъди анҷоми мулоқот бо райисҷумҳур фиристодаи махсуси ИМА дар умури Афғонистон ва Покистон дар ҳузури хабарнигорон гуфт: "Ман раиси ҷумҳурро дар ҷараёни омодагиҳо барои баргузории ду конфронси муҳими роҷеъ ба Афғонистон, конфронси Истамбул, ки 2-юми ноябр баргузор мешавад ва конфронси Бонн, ки 5-уми декабр ба нақша гирифта шудааст, қарор додам. Ҳадафи конфронси Истанбул ҷалби пуштибонии ҳамсояҳо ва кишварҳои аз назари ҷуғрофӣ наздик ба Афғонистон барои таъмини амният ва рушди ин кишвар мебошад. Мақсад аз баргузории ҳамойиши Бонн бошад, ҷустуҷӯ ва пайдо кардани механизми иҷрои санадҳои конфронси Истанбул хоҳад буд. Ҳарфи муҳиме, ки дар конфронси Бонн садо хоҳад дод, таъсиси роҳи нави абрешим хоҳад буд".


Зикр шуд, ки ҳадаф аз роҳи нави абрешим, мусоидат ба тавсеа ва шукуфоии ин минтақа аст. Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон хостори ҳар чӣ зудтар амалӣ шудани ин тарҳ шудааст. Марк Гроссман ҳамчунин гуфт, ки меҳвари гуфтугӯ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи паёмадҳои сулҳ дар Афғонистон дар пасманзари шаҳодати Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон будааст. ӯ бо изҳори андӯҳ аз террори Бурҳониддин Раббонӣ гуфт, ки ҳар касе, ки ба ин амал даст задааст, ҳадафаш барҳам задани сулҳ дар Афғонистон аст, вале мо ва президент ба ин  мувофиқат кардем, ки бо вуҷуди ҳама мушкилот, бояд раванди сулҳ идома пайдо кунад.


Абдулатипов низ омад

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафтае, ки гузашт ҳамчунин Рамазон Абдулатипов, сафири пешини Русия дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт. Абдулатипов, ҳоло курсии раиси Донишгоҳи  давлатии фарҳанг ва санъати шаҳри Маскавро дар ихтиёр   "Мо ба шарофати  мавқеи  президенти Тоҷикистон ва муносибати неки ӯ бисёр масъалаҳоро  муҳокима намудем. Эмомалӣ Раҳмон ҳам барои ман ва ҳам барои  Русия шахси басо наздик аст, бинобар ин бисёр проблемаҳои рушди Русияи имрӯза диққати ӯро ба худ ҷалб мекунанд. Аслан Эмомалӣ Раҳмон дар вақташ изҳори хоҳиш намуда ва ташаббус нишон дода буд, ки мо симпозиуми байналмилалии фарҳангу  санъат дар фазои маърифатии ҷаҳонро дар ҳамин  ҷо гузаронем. Мо ин симпозиумро якҷоя бо вазорати фарҳанг ва вазорати маорифи  ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронем. Моро дар сатҳи баланд пазироӣ мекунанд ва мо бисёр масъалаҳо, аз ҷумла масоилеро муҳокима менамоем, ки барои президент ҷолиб  буданд".


Абдулатипов ҳамчунин афзуд, ман ба президент нақл кардам, ки  соли гузашта донишгоҳи мо симпозиуми байналмилалии "Форуми фарҳанги Маскав"-ро доир намуд ва мо чунин хулоса баровардем, ки фарҳанг бояд лоиҳаи асоситарини миллӣ  гардад. "Ман ба президент хабар додам, ки дар давраи корам дар донишгоҳ теъдоди донишҷӯёни тоҷике, ки дар он ҷо таҳсил менамоянд,  афзуд. Ман маҷаллаеро нишон додам, ки дар донишгоҳ нашр шудааст. Мо дар донишгоҳамон якҷоя бо сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия 20- солагии Тоҷикистонро таҷлил  намудем. Варианти якуми китобам "Халқи тоҷики ман"-ро ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудам".


Ду абарқудрат ва Тоҷикистон

Коршиносони тоҷик мегӯянд, ду қудрати ҷаҳон-Амрико ва Русия, ки ҷиҳати таҳкими нуфузашон дар Осиёи Марказӣ талош мекунанд, ҳамеша ва дар ҳар маврид мехоҳанд, амали як ҷонибро бе посух нагузоранд, яъне агар яке аз ин кишварҳо ба давлати Осиёи Миёна намояндаи худро фиристод, ҷониби дигар низ ҳатман чунин иқдоме мекунад. Мисле, ки мувозинатро ҳамеша нигоҳ медоранд. Аммо инҷо муҳим нест, ки намояндаҳои ҳар ду ҷониб дар як сатҳ қарор дошта бошанд, муҳим ширкат доштану аз худ дарак додан, ки "мо ҳам ҳастем". Ба гунаи мисол дар баробари фиристодаи вижаи Амрико, ки масоили марбут ба Афғонистону Покистонро баррасӣ мекунад, Русия масъули бахши фарҳангияшро Тоҷикистон фиристод. Ҳикматулло Сайфуллозода, коршиноси маркази таҳлилии "Диалог" дар ин замина мегӯяд, кишвари мо феълан дар марҳалае қарор дорад, ки доираҳои огоҳ самтгирӣ ва тасмимгирҳои хешро дар таъини сиёсат мушаххас мекунанд, бахусус Вашингтон ва Маскав. Ба бовари номбурда таҳаввулоти минтақа ва ҷаҳон инро тақозо мекунанд ва Тоҷикистон, ки дар як нуқтаи стротежии бозиҳои минтақаӣ, ҳатто ҷаҳонӣ қарор дорад хоставу нохоста ба ин бозӣ ҳамроҳ карда мешавад. Аз ин хотир доираҳои бозингар бо ҳар васила мехоҳанд аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва феълан аз Тоҷикистон дар бозиҳои худ истифода баранд, ҳадди аққал воқеъияти мавқеи раҳбарони онҳоро дар ин ва ё он масъала бифаҳманд.


Дар мавриди мулоқотҳои ахир, ки ҳар кадоме аз меҳмонони президент аз ҷумлаҳое ба монанди "Ман раиси ҷумҳурро дар ҷараён гузоштам"  ва "ман ба президент нақл кардам" бошад, Сайфуллозода чунин андеша дорад:


"Ин ишораест аз "лутфу марҳамат"-и онҳо нисбат ба роҳбари Тоҷикистон, ки гӯё пайваста дар ҳамкорӣ бо мақомоти ду кишвари қудратманд қарор дорад. Вале дар як марҳала омадани "фиристодаҳо" маънои дигар ҳам дорад. Онҳо мавқеъи ҳамдигарро бо шунидани дидгоҳи ҷаноби Раҳмон ҳамоҳанг мекунанд ва аз сӯи дигар бурди бештарро дар тасмимгириҳои навбатии хеш интизор доранд.


Ҷаноби Гросман фиристодаи ИМА дар Афғонистон ва Покистон, маълум чӣ мехоҳад, вале ҷаноби Абдулатифовро раҳбарияти Русия махсус фиристодааст. Ӯ гӯё ҳамчун фарди мусалмони дипломати собиқ бо сарвари Тоҷикистон робитаи хуб дошт ва ҳарфи хешро ошкор ба ҷаноби Раҳмон дар мавриди дурнамои назокатҳои муносибати Русия ва Тоҷикистон гуфта метавонад".


Соҳибназарон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир Амрико мехоҳад ҳисобашро бо Русия баробар кунад. Ин ки ахиран Русия муваффақ шуд, масъалаи барои 49 соли минбаъда дар Тоҷикистон мустақар шуданашро ба миён бигзорад, Амрикоро маҷбур месозад, то роҳҳои дигари мувозӣ сохтани ҳолатро пайдо кунад. Гуфта мешавад, Вашингтон ба фурудгоҳи низомии Айнӣ "чашм ало" кардааст.


Коршиносон мегӯянд, танҳо вақт нишон хоҳад дод, ки сарвари давлати Тоҷикистон бештар ба кадоме аз тасмимгириҳои қудратҳои ҷаҳонӣ наздикӣ дорад ва ҳам доштааст.


Лукашенко ҳам меояд

Аммо то расидани вақти мусоид, ки ин ҳамаро муайян мекунад, Душанбе боз як меҳмони дигарро қабул мекунад. Қарор аст, Александр Лукашенко, президенти ҷумҳурии Беларус  бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд. Дар нишасте бо ширкати Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат бо Гаврук Олга, сафири фавқулодда ва мухтори Беларус дар Душанбе зикр шуд, ки ин сафар моҳи ҷорӣ анҷом меёбад, аммо ҳанӯз санаи омадани Лукашенко дақиқ нашудааст. Гузашта аз ин дар мавриди мӯҳтаво ва ҳадафи аслии боздиди президенти Беларус чизе гуфта нашудааст. Коршиносон низ дар ин росто нуктаеро ишора накардаанд, ки ба манзури чӣ ва барои чӣ Лукашенко тасмим гирифтааст, ки ба Душанбе биёяд. Ба ҳар ҳол мунтазир мешавем, ки ӯ ба Душанбе биёяд ва он вақт мебинем, ки Лукашенко чӣ армуғоне барои ҳамтои тоҷикаш овардааст. Тавре мегӯянд, вақт довари беҳтарин аст.


Абдулазизи ВОСЕЪ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!