Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:29

Боз як журналист даъвои депутатӣ дорад

21 октябр 2011, 05:00

Дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон бори дигар мавзӯъи "интихоботи миёндавраӣ" доѓ мешавад.


Коршиносон мутмаинанд, ки курсии холишударо дар Маҷлиси намояндагон боз як намояндаи ҳизби ҳоким соҳиб мешавад. Аммо соҳибназароне ҳастанд, ки бовар доранд, дар сурати вориди сабқат гаштани ягон журналист шонси бештари пирӯзиро дорад.


Кӣ ба ҷойи Сафаралӣ Раҷабов меояд?


Бо даргузашти Сафаралӣ Раҷабов ниёз ба баргузории интихоботи миёндавраӣ пеш омад. Раҷабов, ки дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2010 аз ҳавзаи якмандатии Шоҳмансур -3 ба парлумон омад, рӯзи 12 октябр бар асари сактаи қалбӣ дар сини 57- солагӣ вафот кард. Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) эълом дошт, интихоботи миёндавраӣ дар ин ҳавза 18 декабр баргузор мешавад. Ба иттилои ин ниҳод пешбарии номзадҳо 19 октябр шурӯъ гардида, то 3 ноябр идома меёбад.


Аз 8 ҳизби сиёсии фаъол дар Тоҷикистон то имрӯз ҳеч кадоме расман эълон накардааст, ки дар интихоботи миёндавраӣ намояндаи худро номзад мекунад ё хайр. Аммо ба "Озодагон" маълум шуд, ки як рӯзноманигор даъвои номзад ба вакилиро дар ин ҳавза дорад ва акнун тасмим гирифтааст ба таври худпешбарӣ муддаии курсии парлумон шавад. Ба қавли ин журналист, ки дар расонаи мустақиле фаъолият дорад, то кадом ҳад ҷиддӣ будани тасмимаш давоми даҳ рӯзи дигар дақиқ мешавад. Ба саволи "Озодагон", ки чӣ далеле ӯро сӯи интихобот мекашад, гуфт: "Агар номзадиамро дар КМИРТ ба қайд бигиранд ва мушкиле пеш наоранд, мутмаинам, ки баранда мешавам. Ноадолатӣ ва нобаробариро дар бархе аз сохторҳои давлатӣ дида, ангушти ҳайрат мегазам, аммо бо ин падидаҳои номатлуб аз тариқи ВАО мубориза кардан айни замон то ҷое бефоида аст. Ният кардам, ки ба сиёсати калон ворид шавам. Ҳоло мо журналистон таҷрибаи ширкат дар интихоботро пайдо кардем, инро раъйдиҳии моҳи майи соли равон дар ҳавзаи интихоботии Синои пойтахт як бори дигар собит сохт".


Сабақи маймоҳи 2011


Ин дар ҳолест, журналист Толибшоҳи Сайидзода, ки дар интихоботи миёндавраии рӯзи 15-уми майи соли равон аз ҳавзаи Синои пойтахт номзад буд, мегӯяд, ин навбат шонси як журналист хело зиёд аст. Ба бовари ӯ эҳтимоли зиёде мавҷуд аст, ки дар сурати пешбарии номзадияш дар интихоботи Шоҳмансур рӯзноманигор барранда шавад, зеро ба гуфтаи вай "имкон надорад, ки тамоми интихоботҳоро масъулин олудаи тақаллуб кунанд. Фикр мекунам ҳукумат ҳам акнун як андоза ба шаффофияти интихобот мусоидат мекунад, зеро натиҷаи овоздиҳии ҳавзаи Сино сару садоҳои зиёдеро ба вуҷуд овард". Хотиррасон мешавем, ки Сайидзода ба таври худпешбарӣ муддаии курсии парлумон буд ва ӯ ниёзи як журналистро дар Маҷлиси намояндагон ногузир медонад, вале таъкид мекунад, ки бояд ин рӯзноманигор аз расонаҳои давлатӣ набошад. Толибшоҳи Сайидзода дар ҳавзаи Сино баробари Амирқул Азимов, котиби Шӯрои амният (пешниҳоди ҲХДТ), Музаффар Мирзоев, сардори раёсати чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварии вазорати кишоварзӣ (пешниҳоди Ҳизби аграрии Тоҷикистон) ва Сафарбек Манонов, табиб (номзади худпешбарӣ) ба интихоботи миёндавраӣ ворид шуд (номзади ҲНИТ - Сайид Иброҳими Назар дар интихоботи миёндавраии ҳавзаи Сино қабл аз он ки корзори интихоботӣ шурӯъ шавад, бо далели ба участкаҳои райъдиҳӣ роҳ наёфтани намояндагонаш номзадияшро бозпас гирифт).


Дар баёнияи КМИРТ гуфта мешуд, ки: "Ба ҷонибдории Амирқул Азимов 62, 89%, ба тарафдории Сафарбек Маннонов 9,9%, ба тарафдории Музаффар Мирзоев 7,5% ва ба тарафдории Толибшоҳи Сайидзода 16, 99% интихобкунандагон овоз доданд". Толибшоҳи Сайидзода баъди пешниҳоди натоиҷи интихобот онро пуртақаллуб унвон кард ва гуфт онро эътироф намекунад. ӯ далел овард, ки дар рӯзи райъпурсӣ теъдоди ками интихобкунандагон ширкат доштанд ва аз ин рӯ тақозо намуд, ки онро баргузорнашуда эълон кунанд.


Барои ҳукумат дарёфти номзад кори мушкиле нест


Интихоботи миёндавраии Сино бо далели райиси КМИРТ таъин шудани Шермуҳаммади Шоҳиён имконпазир шуд. Шоҳиён дар МН МО раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният буд ва ба Амирқул Азимов ҳам баъди интихоб шуданаш ҳамин курсиро доданд. Бо ишора ба ҳамин ҳолат коршиносон ҳадс мезананд, ки курсии Сафаралӣ Раҷабов ҳам мисли Шермуҳамади Шоҳиён "бегона" нашуда ба намояндаи Ҳизби халқӣ-демократӣ хоҳад расид. Аз ин ки худораҳматии Раҷабов вазифаи раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро бар ӯҳда дошт, соҳибназарон пешгӯӣ мекунанд, ки шояд ҲХДТ номзадии раиси кадом ноҳияеро пешниҳод намояд. Коршиноси масоили сиёсӣ Алии Амин мегӯяд, дар сурати аз ҳавзаи Шоҳмансур баранда шудани намояндаҳои аҳзоби дигар ё номзадҳои худпешбарӣ раисии кумитаро бо эҳтимоли зиёд ба кадом намояндаи ҲХДТ дар парлумон медиҳанд. "Ба ҳукумат интихоби номзад барои курсии холишудаи Раҷабов мушкил нест. Сафаралӣ Раҷабовро шахси соҳиби амбитсияи хос гуфтан душвор буд ва курсии раисии ӯ низ ҳоло дар шакли феълии фаъолияти Маҷлиси намояндагон нақши муассире надорад. Пас барои ҳукумат интихоби номзад ба ҷои ӯ мушкил надорад, ин номзад метавонад як раиси ноҳия ё ҳар каси дигаре бошад. Аммо дар сурати зери як эътилоф гирд омадани нерӯҳои сиёсиву ҷамъиятии Тоҷикистон барои "номзади ягона" ва "гарм" шудани интихоботи ин ҳавза эҳтимоли ѓолиб омадани номзади мустақил ё мухолиф сахт эҳсосшаванда аст. Дар он сурат имкон дорад ба ҷои Сафаралӣ Раҷабов нафари дигареро аз вакилони фаъол раиси кумита интихоб кунанд",- мегӯяд ӯ.


Шоҳмансур ва миҷози ҳавза


Гуфта мешавад, то куҷо "гарм" шудани ҳавзаи Шоҳмансур ба пешбарии номзадҳо бастагӣ дорад. Интихоботи миёндавраии ҳавзаи Синоро бо далели вориди рақобат шудани Амирқул Азимов ва Толибшоҳи Саидзода "гарм" унвон мекарданд. Аммо Раҷаби Мирзо, сармуҳаррири нашрияи "Рӯзи нав", ки дар интихоботи парлумонии соли 2005 аз ҳавзаи Шоҳмансур номзад буд, мегӯяд воқеан дар сурати эътилофи ҳизбҳои мухолиф ва ҷонибдории онҳо аз номзади ягона имкони "гарм" шудани интихобот вуҷуд дорад. "Ҳавзаи Шоҳмансурро метавон як ҳавзаи эътирозӣ номид ва ин ба чанд махсусияте вобаста аст, ки онро дар гурӯҳҳои сиёсии Тоҷикистон хуб медонанд",- меафзояд Раҷаби Мирзо. Бо ин ҳол алъон рӯшан нест, ки ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар баробари ҲХДТ ба таъсиси эътилоф иқдом мекунанд ё не. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҲХДТ ҳоло маълум накардааст, ки дар ин ҳавза киро номзад хоҳад кард. Бархе таҳлилгарон мегӯянд онҳо дар ҳоли интизор қарор доранд. Яъне шояд дар ҳизби ҳоким мунтазиранд, ки дигарон киро номзад мекунанд, то дар баробари "вазн"-и ӯ рақиб ёбанд. Гуфтанист дар интихоботи соли гузашта чунин усул ба кор рафт. Шоҳиён аввал эълон шуд, ки аз ҳавзаи Шоҳмансур  номзад хоҳад шуд, аммо пас аз он ки аз ин ҳавза номзади ҷиддие пайдо нашуд (ҳарчанд сару садо дар бораи номзадии Кабирӣ ва соҳибкори шинохта Зайд Саидов дар забонҳо буд) эълон гардид, ки Шоҳиён аз Сино номзад мешавад. Зеро дар ин ҳавза Раҳматилло Зойиров номзад буд.


Эътилофе, ки мавҷудияти нерӯҳои сиёсиро маълум хоҳад кард


Коршиносон мегӯянд интихоботи миёндавраии Шоҳмансур ба ѓайри интихобот буданаш махсусияти дигаре ҳам дорад. Ба он маъно, ки дар сурати таѓйир додани фазо ҷомеаи дохил ва хориҷи кишвар дар бораи ҳузури фаъоли нерӯҳои мухолифи сиёсӣ дар Тоҷикистон маълумот хоҳанд гирифт. Чизе ки аз соли 2004 ба ин тараф аслан эҳсосшаванда нест ва ҳама тасмимҳо ба дасти як гурӯҳ афтода. Яъне дар сурати мутамарказ шудани нерӯҳо ба як ҳадафи умумӣ имкони пайдоиши мувозинати (баланс) сиёсӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.  Аммо пеш аз ин оё аҳзоби сиёсии Тоҷикистон номзаде доранд ё намояндаи ҲХДТ-ро берақиб мегузоранд? Болотар аз ин оё онҳо дар ин интихобот ширкат хоҳанд кард ё не?


Шамсиддин Ҷалолов, раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба "Озодагон" гуфт, феълан онҳо пайи таѓйирот дар сохтори идориву ташкилии ҳизб банд ҳастанд ва бад-ин хотир фурсати пешниҳоди номзад ба ҳавзаи Шоҳмансурро надоранд. Гузашта аз ин ба қавли ҷаноби Ҷалолов ягон шахси хоҳишманде ҳам аз аъзои ҲИИТ ҳозир нашуд, ки муддаии курсӣ дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон шавад. Ёдовар мешавем, дар интихоботи парлумонии соли 2010 ҲИИТ ҳадди панҷдарсадиро гузашт ва ба парлумон роҳ ёфт.


Агар ҲИИТ бо сабаби корҳои ислоҳӣ наметавонад барои ворид шудани як намояндааш ба парлумон талош варзад, пас Ҳизби демократии Масъуд Собиров бо иллати шубҳа ба шаффофияти интихоботҳо номзади худро вориди ҳавзаи Шоҳмансур намекунад. Масъуд Собиров мегӯяд ба шаффофияти интихоботи миёндавраӣ ягон зарра бовар надоранд. Номбурда бо ишора ба интихоботи моҳи феврали соли гузаштаи МН МО гуфт: "Он интихобот не, балки таъинот буд. Мафҳуми шаффофияте, ки миёни мардум паҳн карданд, комилан дурӯѓ буд".


Тибқи хулосаи КМИРТ дар интихоботи парлумонӣ ҲДТ камтар аз як фисади овози райъдиҳандагонро ба даст овардааст. Дар робита ҲДТ тақозо намуд, ки овозҳо аз нав шумурда шаванд, дар сурати баръакс Шӯрои ҷамъиятиро тарк мекунад. Аммо ин эътироз ба инобат гирифта нашуд.


Намояндагони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам мегӯянд, алъон тасмиме нагирифтаанд, вале эҳтимол ин ташаккули сиёсӣ номзадеро ба корзори интихоботӣ фиристад. ҲНИТ-ро аз рақибони аслии ҲХДТ медонанд, аммо тибқи иттилои КМИРТ дар интихоботи моҳи феврал расман 8,2 дарсади райъи мардумро соҳиб шуд. Ҳарчанд, масъулини ҳизб гуфтанд, ки овозҳои гирифтаашон аз омори расмӣ ба маротиб зиёд буд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ интихоботи парлумониро "интихоботи золимона" ва "ношаффофу ѓайридемократӣ" унвон кард. ҲНИТ бо нишони эътироз Шӯрои ҷамъиятро тарк кард.


Бино ба иттилои комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон овоздиҳӣ дар ҳавзаи Шоҳмансур-3 қарор аст, аз соати 6-и субҳ то 20:00-и 18 декабри соли 2011 ҷараён бигирад. Натиҷаҳои муқадамотиро 19 декабр эълон хоҳанд кард.


Абдулазизи ВОСЕЪ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!