Бахшҳо
28 окт 2011 04:46Сиёсат

Клинтон низ оппозитсияи тоҷикро эътироф намекунад?

Сафари Ҳиллари Клинтон, котиби давлатии ИМА ба Тоҷикистон, ки дар доираи силсиласафарҳои ӯ ба Осиёи Марказӣ рӯзи 22 октябр сурат гирифт, аз ҷониби ҷомеаи кишвар мухталиф арзёбӣ мегардад.


Мақомоти ҳукумати Тоҷикистон тавре аз барномаҳои хабарии шабакаҳои телевизионӣ бармеояд, мисли ҳамеша аз ин гуна  сафарҳо бардошти мусбат доранд ва онро ба наҳвае мисли таблиғи фаъолияти худ  истифода кардан мехоҳанд.  Дар ҳамин ҳол намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки мавқеву мақоми Вашингтон низ дар вақтҳои наздик ба мавқеву мақоми Кремл наздик шудан дорад. Хоса вақте сухан дар бораи Осиёи Миёна меравад, ки кишварҳои абарқудрат ҳарчи бештар ба онҳо дар доираи  манофеи геополитикии худ таваҷҷӯҳ зоҳ ир мекунанд.

Ҳарчанд ҳадафи аслӣ Тошканд буд…

Ҳиллари Клинтон аз Афғонистон вориди Душанбе шуд ва хеле зуд роҳии Тошканд  гардид. Қабл аз сафари ӯ ба минтақа низ коршиносон тахмин мезаданд, ки ҳадафи  аслии котиби давлатии ИМА Тошканд аст, на Душанбе. Зеро гуфта мешуд дар пайи  сард гардидани муносиботи Покистону Амрико, Вашингтон умед дорад ҳамкори  наву куҳнаи худ Ислом Каримовро барои таҷдиди назар дар равобити байни ҳам  мутмаин кунад. Сухан аз нерӯҳои ҳарбии Ғарб меравад, ки вақтҳои охир хурӯҷи  онҳо аз Афғонистон шурӯъ шудааст, аммо бо сабаби пеш омадани ихтилофи назар  дар равобити байни Исломободу Вашингтон, Покистон барои вуруду хуруҷи молу коло ва нерӯҳои низомии ИМА мушкил пеш овардааст. Дар ин росто амрикоиҳо роҳи барои худ беҳтарро бо истифода аз ӯзбакистон мебинанд. Шароити сиёсиву  минтақавӣ низ дар ин росто гӯё ба нафъи амрикоиҳост. Зеро ба гуфтаи таҳлилгарон  ҳоло муносиботи байни Тошканду Русияро, ки яке аз рақибони геополитикии ИМА  дар минтақа ба ҳисоб меравад, идеалӣ гуфтан имкон надорад.

Алии Амин, коршиноси масоили сиёсии тоҷик мегӯяд, Кремл ҳоло на танҳо бо Тошканд, тақрибан бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна муносиботи дуруст надорад  ва ин аз адами стратегияи мувофиқи Маскав бо кишварҳои пасошӯравӣ, хоса минтақаи мо бозгӯӣ мекунад. "Ҳукумати Ислом Каримов низ бори аввал нест, ки аз  вазъи ба амаломада манфиатҳои худро суроғ ва пайдо мекунад. Дар бораи зуд -зуд иваз шудани тамоюли сиёсии Тошканд - гоҳ ҷониби Маскаву гоҳ рӯ ба Ғарб гардидани он ҳам, зиёд гуфтаанд. Ба ғайри ин, ҳукумати ӯзбакистон дар соли 1989,  замони хуруҷи нерӯҳои низомии шӯравӣ манфиатҳои зиёд дида буд. Фаромӯш накунед,  ки он вақт Маскав як қисмати аслиҳаву муҳимоти ҳарбии худро "барои  рӯзи  мабодо" дар хоки ӯзбакистон гузошт, аммо пас аз фурӯпошии шӯравӣ он ба моликияти Тошканд табдил ёфт. Ин ҳолат ӯзбакистонро ба як кишвари аз нигоҳи  низомӣ пурқувват бадал карду ҳоло яке аз сабабҳои "саркаш" шудани ҳукумати ин кишварро бояд аз ҳамин ҷӯё шуд. Феълан, чун амрикоиҳо мехоҳанд нерӯҳои низомии  худро аз Афғонистон бадар кунанд, дар Тошканд мутмаинанд,  ки як қисмати аслиҳаи амрикоӣ "ҳақи ҳалоли" он хоҳад буд"- андеша дорад, Алии Амин.

Таҳлилгарони тоҷик ба ин назаранд, ки мақомоти Душанбе ё вазъи ба амал омадаро  дуруст дарк накарданд, ё аз он истифода карда натавонистанд. Аз ин лиҳоз, сафари Клинтон ба Душанбе барои мо бештар манфиати сиёсиву таблиғотӣ дошт…

"Медонам, ки кишвари  шумо  давраи  мушкили  таърихиро  аз  сар мегузаронад…"

Ҳилларӣ  Клинтон севвумин котиби давлатии ИМА аст, ки ба Тоҷикистон сафар мекунад. Назар ба гуфтаи худаш дар бораи мақому манзалати Тоҷикистон аз қабл маълумот доштааст:

-  Ман кайҳо мехостам ба кишвари Шумо биёям. Вале ин сафари нахустини ман ба Тоҷикистон аст. Медонам, ки кишваратон давраи мушкили таърихиро аз сар мегузаронад ва ҳамоно бозмондаҳои замони шӯравиро эҳсос мекунад, - гуфт дар ибтидои суханрониаш бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон Ҳилларӣ  Клинтон.

Баъдан ӯ дар бораи мушкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаҳои мавҷуда дар фаъолияти расонаҳои хабарӣ, озодиҳои мазҳабӣ ва дигарон  изҳори назар кард. Аммо гӯё ин масъалаҳо аҳли нишаст ва мақомоти тоҷикро ташвиш намедод. Хоса вақте сухан аз муносибат бо журналистон мерафт. То ба Душанбе ворид гардидани котиби давлатии ИМА ду журналисти зиндонии тоҷик  раҳо гардид. Ин ба мақомоти ҳукумат имкон медод, ки бидуни ягон ташвиш дар ин росто бо мақоми баландпояи ИМА сӯҳбат дошта бошад.

Аммо дар бораи масъалаи бархӯрди Вашингтон вобаста ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун хонум Клинтон тавре сӯҳбат мекард, ки манфиатҳои Тоҷикистонро эҳсос кардан душвор буд:

- Медонам, ки дар назардошт бо норасоии нерӯи барқ зимистон мушкилоти фаровон доред. Ба ғайри ин маълум аст, ки дар солҳои 70 -уми асри гузашта сохтмони   нерӯгоҳи баландқомате бо номи Роғун дар назар гирифта шуда буд. Вале номаълум аст, ки нерӯгоҳе бо ин ҳашамат имрӯз ба воқеият мувофиқ аст ё не? Феълан ташхиси  ин неругоҳ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ идома дорад ва бояд натиҷаҳои онро интизор  шуд, - гуфт Клинтон.

Бо вуҷуде, ки ӯ мегуфт, намехоҳад ба чунин масъалаҳо аз рӯи фаҳмише чун "чунин  мавқеъро бояд барои он гирифт, ки ба касе маъкул аст" ё "бояд чунин мавкеъро  барои он гирифт, ки ба манфиати кадоме дигар аст" баҳо диҳад, аммо коршиносони   тоҷик мутмаинанд, ки дар ин масъала хостаи Тошканд ҳосил шуд.

Агар мо ҷомеаи шаҳрвандӣ нестем…

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯянд,  ин сафари хонум  Клинтонро бо сафари дар соли 2006 анҷомдодаи ҳамтои пешини ӯ Кондолиза Райс,  ҳатто муқоиса кардан имкон надорад. Ба гуфтаи онҳо ҳадди ақал барои он ки он  замон котиби давлатии ИМА бо нерӯҳои сиёсии мухолифи Тоҷикистон дидор ва  гуфтугӯ дошт. "Бигзор масъалае ҳал нашуд, аммо худи мулоқот барои неруҳои сиёсӣ  метавонист таҳрикдиҳанда бошад. Вале ин дафъа бо сабабҳои номаълум ё ҳатто хеле  маълум Клинтон нахост намояндагони аҳзоби сиёсии мухолифро ба ҳузур пазирад, чӣ  расад ба шунидани мушкилоти онҳо"- мегӯянд онҳо.

Илова ба ин гуфта мешуд пешо пеши омадани хонум Райс дар соли 2006 масъалаи аз маҳбас раҳо кардани раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ё журналисти зиндонӣ Ҷумъа Толиб дар баҳсҳо буд. Ҳар чӣ буд ё не, раҳоии дуввумӣ маҳз дар замони сафари котиби давлатии ИМА иттифоқ уфтод.

Раҳматулло Валиев, фаъоли сиёсӣ маҳз аз ин дидгоҳ ба хулосае расида аст, ки феълан ҷомеаи  Ғарбро назар ба мушкилоти Тоҷикистон вазъи Афгонистон ба ташвиш овардааст.

Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ низ аз мавқеъгириҳои ҷомеаи ғарбӣ нисбат ба арзишҳои демократӣ мушавваш аст:

-  Кондализа Райс наздик ба 18 мавзӯъи муҳимро, ки махсус ба Тоҷикистон рабт доштанд, баррасӣ кард. Аз ин рӯ, системанокӣ дар сафараш бештар ба назар мерасид. Вале Ҳилларӣ Клитон ба Тоҷикистон гӯё бо мавзӯъҳои махсус ва танҳо аз рӯи манфиатҳои кишвари худаш омода буд.

Зойиров  мегӯяд, сафорати Амрико дар Тоҷикистон таҷрибаи сафорати Русия дар  Тоҷикистонро гирифтааст. Аз ин муносибати сафорати Амрико дар Тоҷикистон  чунин ба назар мерасад, ки онҳо ҷомеаи шаҳрвандиро аз ҳизбҳои сиёсӣ ҷудо мекунанд. Ва ё умуман ба онҳо таваҷҷӯҳ кардан намехоҳанд. Бояд ин ҳолатро чунин  фаҳмид, ки мавқеи тамоми сафоратҳо дар кишварҳои дигар ин мавқеи давлатро  нишон медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон мегӯянд даъват нашудани намояндагони  аҳзоби сиёсии мухолифи Тоҷикистон ба чунин сӯҳбатҳоро бояд чунин фаҳмид, ки  дар бораи заъфи онҳо акнун на танҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷ аз он низ дарак доранд.  Яъне айбро бояд дар ош кофт, на дар мош, мегӯянд онҳо…

Ҷамила Мирбозхонова

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)