Бахшҳо

3 ҳикмати галстукҳои «таранг»

Дар мулоқоти райисҷумҳури Русия бо донишҷӯёни факултаи журналистикаи шаҳри Маскав ҳеч нафаре аз ин донишандӯзон либоси расмӣ надоштанд. Дар Тоҷикистон барои донишҷӯи бегалстук ба вохӯрӣ бо ректор ҷой нест, чӣ расад ба мулоқот бо президент.

Тоҷикистон ангор  ба маризии сироятии шиму костюм ва галстукпӯшӣ гирифтор шудан дорад. Ба назар мерасад, ки яке аз талаботҳои асосӣ барои ба кор қабул кардан дар бархе идораҳои давлатӣ маҳз ҳамин костюмдориву галстукбандӣ аст. Ҳар қадар галстукат таранг баста бошад, ҳамон қадар таваҷҷӯҳ ба корҷӯ зиёдтар мешавад. Аммо албатта инҳо низ №2 ҳастанд. Пеш аз ин бояд корҷӯ "тағо" ё ҳадди аққал пул дошта бошад. Маблағу тағоро яксӯ гузорему баргардем сари галстуку шиму костюм. Нахуст аз ҳикмати галстукдӯстдории мақомот  бигӯем. Шояд онҳо фикр мекунанд, афроди галстукдор ҳамагӣ нобиға ҳастанд.

Ҳар қадар шиму костюм гаронарзиш ва галстук яллақосӣ бошад, соҳибаш ҳамон андоза босавод ва устои кори худ аст. Дар телевизиони давлатӣ  бидуни галстук ба эфир баромадани журналист корест маҳол. Ҳатто ҳамсӯҳбатҳоро низ маҷбур мекунанд, ки галстук бипӯшад, аммо дар ин миён таваҷҷӯҳ намекунанд, ки оё мавзӯи сӯҳбат алоқамандие ба он дорад ё не. Масалан, мантиқан вобаста ба маҳалле, ки сабт сурат мегирад ва бо дарназардошти фаъолияти касбии қаҳрамон шарт нест, ҳамсӯҳбат ҳатман шиму костюм ва галстук дошта бошад. Як нафар аз хатмкардаи факултаи журналистикаи ДМТ, ки чанд муддат корманди шабакаи аввали телевизион буд, гуфт сужаи таҳиякардааш танҳо ба ин хотир намоиш дода нашуд, ки ӯ галстук надошт. Гап сари ин аст, ки барномаи вай оид ба корҳои сохтмонӣ дар биноҳои баландошёнаи Душанбе будааст ва ҳам замоне ки сужа омода мешуд, зимистони қаҳратун буд.  Дар мавриди миёни гулу гулзор ва даруни боғи сердолударахте қаҳрамони барнома- овозхони сину солаш ҷое расидаро бо шиму костюму галстуги тарангбаста на якбору ду бор гуфтаанд.

Акнун баргардем ба паҳлӯи дигари мавзӯъ. Аз макотиби миёна сар карда, то омӯзишгоҳҳову донишгоҳҳои олӣ ва вазорати маориф  ба галстук таваҷҷӯҳи хосе доранд. Яъне, ҳама бояд галстук дошта бошад. Гӯйё галстукпӯшӣ нишонаи маърифати баланд аст. Муаллими №1 Абдуҷаббор Раҳмонов чаро ба галстук ин қадар дилбастагӣ дорад маълум нест, аммо ба дунбол ҳамаи муассисаҳои олии таълимӣ зертобеонашонро маҷбур ба галстукбандӣ мекунанд.

Ёдатон бошад, чанд сол қабл вақте гап-гапи галстуки ҳатмӣ баланд шуд, ҳама аз сагчаи галстукпӯш мегуфтанд. Қисса чунин аст, ки ректори собиқи донишгоҳи омӯзгорӣ амре содир кард, ки дарбонҳо ҳеч донишҷӯи бидуни галстукро аз дарвозаи донишгоҳ ворид шудан намегузоштанд. Баъди чанд муддати ин амр як субҳ дар саҳни донишгоҳ сагчаеро дидаанд, ки дар гарданаш галстук дорад. Баъдан маълум шуд, ки як гурӯҳ донишҷӯён бо ин шева ба амри раиси донишгоҳ писханд задаанд. Бегалстукӣ барои чандин донишҷӯ хатари аз донишгоҳ ихроҷ шуданро ба миён овард. Галстукпушӣ бошад, чандин нафарро баъди хатми таҳсил соҳиби ҷои кор дар донишгоҳ намуд. Ҳоло маълум нест, ки бо маҷбуран пӯшондани шиму костюм ва бандондани галстук бо таҳдидҳои аз донишгоҳ рондану ғайраву ҳоказо то куҷо муваффақ мешаванд. Аммо нафареро медонам, ки дар донишгоҳ ҳар қадар маҷбураш мекарданд, галстук намепӯшид, аммо баъди хатм шиму костюмпӯш шуд. Медонед, чаро? Таъсири филмҳои туркӣ. ӯ, ки як замон аз ҳаводорони филмҳои туркӣ буд, мегӯяд қариб  90 дар сади қаҳрамонҳои ин филмҳо костюму шим ва галстук доранд. Тасаввур намоед, дар панҷ сол муаллимон бо зӯру таҳдид ӯро галстукпӯш карда натавонистанд, аммо тамошои филмҳои туркӣ бидуни кадом дастуре шиму костюмпӯшаш кард. Пас вазорати маорифро ҳам мебояд ҷои маҷбур кардан аз роҳҳое истифода намоянд, ки муассир бошад…

Ахиран, мушоҳида мешавад, ки дар Тоҷикистон раванди шиму костюмпушӣ ва галстукбандӣ "мӯд" мешавад. Ба қавле баъзеҳо ончунон ба галстук дилбастагӣ доранд, ки гӯйё "гармашон" карда бошанд. Ин тоифа шиму костюм ва галстукро ба сифати "корти сабз" истифода мебаранд. Барои мисол на ҳамаи нозирони роҳ ронандаҳои галстукдорро нигоҳ медоранд. Духтарон бошанд ба писарони галстукдор гӯё таваҷҷӯҳ доранд ва ғайра.


Абдулазизи Восеъ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)