Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:50

Тоҷикистон кай Финляндия мешавад?

22 июн 2011, 05:43

Тоҷикистон соли 7-ум низ дар радифи кишварҳои ноком қарор гирифт, аммо ин навбат ба як зина болотар рафт. Бунёди Сулҳ” (Fund for Peace) дар якҷоягӣ бо маҷаллаи “Сиёсати хориҷии Амрико” (Foreign Policy) феҳрасти кишварҳои нокомро таҳия ва нашр кардаанд, ки ҷумҳурии мо низ фаромўш нашудааст.

Як қадам ба пеш, аммо ҳанӯз ҳам дар қафо


Аз миёни 177 кишвар, ки дар гузориши пажўҳишгарони Бунёди сулҳ зикр шудааст, Тоҷикистон муаррифгари зинаи 39-ум аст. Пажўҳишгарон 12 масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳоро ба баррасӣ гирифта, гузориши худро натиҷагирӣ  кардаанд. Ҳамчунин, то чӣ андоза судовар будани фаъолияти ҳукуматҳо низ яке аз ҷанбаҳои мавриди таҳқиқи онҳо будааст. Рушди номуназзам, шикоятҳои густарда аз нақзи ҳуқуқи инсон аз ҷумлаи нишондиҳандаҳои аслиест, ки гузоришгарон ба он бештар таваҷҷўҳ кардаанд.
Дар қиёс ба як соли пеш ҷумҳурии мо дар шохиси ҷадид як зина болотар рафта, дар ҷои 39-ум қарор гирифтааст. Дар гузориши соли 2010-и Бунёди сулҳ Тоҷикистон мақоми 38-умро ишғол мекард.

Ҷей Ҷей Меснер, сухангўи Бунёди Сулҳ ба «Озодӣ» гуфтааст, ки миёни солҳои 2010 то 2011 дар Тоҷикистон тағйироти зиёдеро мушоҳида накардаанд.  «Аммо дар маҷмўъ шурўъ аз соли 2007, мо тамоюли беҳбуди вазъ дар кишварро мушоҳида кардем. Мо соли 2010 аз назари коҳиши фишори демографӣ, теъдоди паноҳҷўён ва беҳтар шудани авзои иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва андак беҳтар шудани хадамоти иҷтимоӣ баҳои Тоҷикистонро беҳтар кардем”, -гуфтааст, Меснер.
Мисли ҳар навбати дигар ин бор низ назари коршиносон ба гузориши Бунёди Сулҳ мухталиф буд. Бархе соҳибназарон мегўянд, ин гузориш чандон муътамад нест ва дар пояи манфиатҳои пажўҳишгаронаш таҳия шудааст. Муҳаммад Фармонзода, як ҷавони огоҳ дар иртибот мегўяд, ин ки Бунёди Сулҳ Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои заиф раддабандӣ кардааст, чандон ба воқеият мувофиқ нест. Ҷараёни ингуна таҳқиқотҳо дар дохили кишвар сурат нагирифтааст, аз ин лиҳоз баҳои онҳоро набояд ҷиддӣ гирифт. Фармонзода мегўяд:
-Ҳар хулосабандии созмонҳои хориҷӣ дар доираи манофеи шахсиву давлатии онҳо пешниҳод мегардад. Бубинед, қароргоҳи бештари ниҳодҳои пажуҳишӣ, ки ҳамасола вазъи кишварҳои ҷаҳонро натиҷагирӣ мекунанд, дар Амрикост. Амрико бошад, дар заиф сохтани вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиии кишварҳо даст дорад. Ҳамасола Конгресси Амрико миллиардҳо долларро сарфи харидории маҳсулоти лозима аз бозорҳои ҷаҳонӣ мекунад. Анборҳои ин кишвар моломоли захираи хўроквориянд ва қисме аз ин молу коло дар ҳоли фарсудашавист, вале дар қораи Африқо мардуми зиёде дар ҳоли гуруснагии шадид қарор доранд.
Аммо нафароне ҳам ҳастанд, ки мегўянд, ин гузориш воқеӣ ба назар мерасад.  
Талабшоҳ Саломов, як таҳлилгари масоили сиёсӣ ба ин андеша аст, ки бо назардошти асосҳои баҳогузорӣ метавон гуфт, ки хулосабарории Бунёди Сулҳ то ҷое воқеият дорад. Ба иддаои номбурда:
-Бубинед, ки иқтисоди мо дар кадом поя қарор дорад. То ҳанўз муваффақ нашудаем, то истиқлолияти иқтисодии худро таъмин созем. Вақте дар ҳокимияти мо хусусиятҳои автократия, бюрократия ва партократия дида мешаванд, на иқтисод пеш меравад, на потенсиали иҷтимоиро идора карда метавонем.
Ба ҳамин хотир мегўяд Саломов ба воқеияти ин гузориш шубҳа надорад.

 

Ҳафт сол боз Тоҷикистон дар ҷои «намоён» аст

Феҳрасти кишварҳои ноком инак бори 7-ум аст, ки нашр мешавад. Тоҷикистон ҳам дар ин муддат ҳамеша дар мақомҳои «намоён»-и ин рўйхат қарор дорад. Ҳамроҳ бо ҷумҳурии мо дигар кишварҳои Осиёи марказиро ҳам бо истиснои Қазоқистон дар зинаҳои нигаронкунандаи феҳраст дидан мумкин аст. Аммо ба қавли Ҷей Ҷей Меснер, сухангўи Бунёди Сулҳ нишондодҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷуз Қирғизистон дар соли 2010 беҳтар шудааст. Ба қавли ў дар маҷмўъ тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ нишондодҳои худро дар соли гузашта каме беҳтар кардаанд, ба истиснои Қирғизистон, ки нишондодҳояш бадтар шуд.

-Мо бо назардошти инқилоб дар аввали соли 2010, тағйири ҳукумат, хушунатҳои марбут ба он ва бесуботии намоёни мудавоми ҳукумат баҳо ба вазъи Қирғизистонро поёнтар бурдем. Қирғизистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки дар воқеъ дар шохиси имсола баҳои поёнтар назар ба соли 2010-ро гирифт.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон давлати дур аз нокомӣ будааст. Ин  кишвар дар зинаи 107-ум қарор дорад. Туркманистон ҷои 75-ро муаррифӣ мекунад. 10 зина поинтар Ўзбакистонро мебинем. Ҳамсояи дигари мо -Қирғизистон бошад дар зинаи 31- ум аст. Яъне, Тоҷикистон аз ду ҳамсояи дар ба девори худ болонишинтар буда, онҳо «нокомтар» аз ҷумҳурии мо будаанд.

Сомалии ноком, Финляндияи «ком»

Вазъи кишварҳои дигар дар ин гузориш ба таври зайл аст. Шарики стратегии мо-Русия ҷои 82-юмро муаррифӣ мекунад. Аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ мақоми Гурҷистон назаррастар будааст. Ин кишвар мавқеашро якбора ба 10 зина боло бурдааст. Дар гузориши як соли пеш Гурҷистон дар ҷои 37-ум буд, имсол бошад 47.
Гузоришгарон мақоми аввали рейтингро ба Сомали лоиқ донистаанд. Ин кишвар соли чорум аст, ки «лидер»-и кишварҳои нокоми ҷаҳон боқӣ мемонад. Ба қавли пажӯҳишгарон дар ин кишвар беқонуниятӣ ҳукмрони мутлақ аст.
Офатҳои табиӣ ҳам бархе аз кишварҳоро дар қатори нокомҳо ворид кардаанд. Барои мисол Гаитӣ. Заминларзаи шадид ин давлатро ба ҷои панҷум бурдааст.
Агар Зеландияи Нав, Чили, Бенин ва Нигерия дар пайи офатҳои табиӣ ба рейтинг ворид шуда бошанд, пас Юнон ва Ирландияро бӯҳрони иқтисодӣ ба ин феҳраст шомил кардааст.  
ИМА дар ҷои 158 ва  Канада дар зинаи 168-уманд.
Дар охири рейтинг Финляндия қарор дорад. Ин кишвар аз Норвегия пеш гузашт ва ҳамчун давлати муваффақ шинохта шуд.

ФИФА ҳам моро интиқод мекунад

Бунёди Сулҳ  ягона ниҳоде нест, ки Тоҷикистонро ба рўйхати худ шомил карда аст. Тоҷикистон чандин сол аст, ки «меҳмон»-и ҳамешагии гузоришҳои марбут ба «кишварҳои осебпазир», «худкома», «ноозод» ва чандеи дигарҳост. Ба бовари Талабшоҳ Саломов боз барои солҳои мадиде исми кишвари мо дар рўйхатҳои «хушнуднакунанда» пайдо мешаванд. Зеро ба гуфтаи вай феълан дар кишвар мо танҳо рушди ҷанбаҳои манфии соҳаҳоро мебинем. «Масалан, иқтисод+кишварҳои хориҷӣ, монополия, коррупсия, сиёсат+автократия, бюрократия, партократия, коррупсия, иҷтимоъ+муҷоҷират, талоқ ё оилавайронӣ, ки бештар дар ин масъала худи ниҳодҳои давлатӣ бонг мезананд, на ягон ниҳоди хориҷӣ ё ғайридавлатӣ. Адолати ҳуқуқӣ, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсатро дар бар мегирад, тибқи принсипҳои капиталистӣ ба роҳ монда шудааст. Яъне капиталист ҳам метавонад сари адолатро хўрад, ҳам аз камбағалро. Агар чунин система идома ёбад, ба бовари ман, «меҳмони ифтихорӣ»-и  чунин феҳрастҳо хоҳем монд.
Муҳаммад Фармонзода низ мегўяд, бидуни гузоришҳои созмонҳои хориҷӣ ҳам вазъи ҳуқуқиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба мо рўшан аст. Ин авзоъ чандони қобили қабул ҳам нест. Барои берун мондани Тоҷикистон аз чунин «рўйхатҳои сиёҳ» мебояд  вазъи ҳуқуқиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ беҳтар карда шавад. Аммо ба бовари номбурда хулосаҳои ин ниҳодҳо бо иртиботи кишвари зери мухотабашон низ пайвандии зиёд дорад. «Агар ҳамин шабу рўз Тоҷикистон ба тамом  худро ба оғӯши Амрико партояд, дар гузориши Бунёди Сулҳ мақоми кишварамон беҳтар мегардад. Моро мебояд ҳамеша огоҳона ва вобаста ба манофеи миллию давлатӣ бо онҳо ҳамкорӣ намоем, на тибқи хате, ки аҳдофи онҳо пиёда мешавад».
Тавре болотар ишора кардем, Тоҷикистон аз рӯйхати манфии дигар созмонҳо низ дар бахшҳои мухталиф бенасиб набудааст. Ба гунаи мисол, дар рейтинги баробарҳуқуқии зану мард, радаи давлатҳои сулҳпарвар,  рейтинги озодии баён, шохиси давлати рақобатпазир дар бахши туризму ҷаҳонгардӣ ва ба ин монандҳо. Нишондиҳандаи кишвари мо ҳатто дар рейтинги ФИФА (федератсияи байналмилалии футбол) чандин сол аст, ки қариб бетағйир аст.


Абдулазизи ВОСЕЪ
{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!