Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:12

БДА: «Чароғаки сурх» барои бархе ронандаҳо ҳамеша сабз аст

11 июн 2011, 11:50

Субҳи имрӯз кормандони шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар чорроҳаи кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт рейди навбатӣ созмон доданд. Аз раванди ин амалиёт хабарнигори «Озодагон» ҳам назорат бурд ва бардоштҳое низ дошт.

Давоми тақрибан ду соати идомаёбии рейд шоҳиди қоидавайронкунии зиёд аз ҷониби ронандаҳои васоити нақлиёт шудем. Барои мисол кормандони БДА мусофиркаши тамғаи  «Хундай-Старекс» рақами қайди давлатиаш 3795тт01-ро барои он нигоҳ доштанд, ки аз меъёри муқарраргардида бештар мусофир гирифтааст.

Зиёратшо Хушов, муовини сардори шӯъбаи БДА-и раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе аз мусофирон пурсид, ки ронанда аз онҳо чӣ қадар роҳкиро талаб кардааст? Мусофирон бо як овоз гуфтанд, ки як сомонӣ. Ронанда, ки номашро ифшо кардан нахост, изҳор дошт, ки бо сабаби надоштани танга, ба ҷои 80-дирами муқарраргардида аз мусофирон як сомонӣ гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, мушоҳида мешавад, ки дар бисёри маврид вақте аз мусофирон як сомонӣ ситонида мешавад, онҳо хомӯширо ихтиёр намуда, бақияи маблағи худро талаб намекунанд. Аммо Зиёратшоҳ Хушов мегӯяд, баъзан мусофироне ҳастанд, ки норозигӣ баён мекунанд.

Ронандаи дигар бошад, шиква намуд, ки вай қоидаҳои ҳаракати роҳро нақз накардааст. Вале навори бардоштаи кормандони БДА нишон дод, ки вай чароғаки раҳнаморо дар ранги сурх гузаштааст. Муовини сардори шӯъбаи БДА-и раёсати корҳои доҳилаи шаҳри Душанбе афзуд, ки аксарияти ронандаҳо оддитарин қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намекунанд, бахусус ба талаботи чароғаки роҳнамо ва хатҳои махсусе, ки дар гузаргоҳҳо кашида шудааст аҳамият намедиҳанд. «Аз ҳамин сабаб шӯъбаи БДА-и раёсати корҳои дохила тасмим гирифтааст, ҳамаи роҳҳои душворгузари шаҳри Душанберо ҳамарӯза  зери назорати қатъӣ бигирад»,-илова намуд номбурда.

Давоми ду соати рейд дар чорроҳаи кӯчаи Неъмат Қарабоев беш аз 14 ронандае, ки ҳангоми сурх будани чароғак ҳаракат кардаанд, нигоҳ дошта шуданд. Ба онҳо тибқи модаи 318 қисми 1-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад тартиб дода шуд.

Агар дар ду соат фақат дар як кӯчаи пойтахт 14 ронанда қонуншиканӣ кунад, пас дар як шабонарӯз теъдоди онҳо ба чанд хоҳад расид? Шумо ҳисоб кардед? Агар не, ман ба ҷои шумо шумурдам, 168-то! Акнун ин рақамро ба шумораи умумии кӯчаҳои шаҳр зарб зада, ҳисоби «ронандаҳои саркаш»-ро пайдо кунед.{jathumbnail off}

Ибодулло Тоиров



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!