Бахшҳо
09 май 2011 09:00Гузориш

Гардиши нави «Мовароуннаҳр» ва ё раҳоӣ аз бӯҳрони ширкат

Ширкати «Мовароуннаҳр» бо тағйир додани шакли ҳуқуқии фаъолият мушкили худ ва мизоҷонашро ҳал карданист.

Зимнан, рӯзи 7-уми майи соли равон дар ҷаласаи муштарак бо ширкати мизоҷону раҳбарияти корхонаи мазкур кулли ҳозирин пешниҳоди аз ҷамъияти масъулияташ маҳдуд ба ҷамъияти саҳҳомии кушода табдил додани ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр»-ро ҷонибдорӣ карданд. Санадҳо марбута оид ба ин рӯзи 10-уми май ба ниҳодҳои дахлдор пешниҳод мешавад. Аммо ба назари коршиносон, имкон дорад дар замони сабти аснод ва шеваи корбурди ширкат мушкилоти навбатӣ ба миён ояд.

Бо тағйир ёфтани сохтори фаъолияти ҳуқуқӣ амалиёти баъдии ширкат пурра ба ихтиёри мизоҷон супурда мешавад. Дар сурати аз ҷониби мақомоти марбута сабти ном шудани он тақдири яке аз бузургтарин корхонаҳои сохтмонии ватанӣ ба дасти худи муштариён вогузор хоҳад шуд. Тибқи маълумоти расмӣ теъдоди мизоҷони ширкат бештар аз 680 нафарро ташкил медиҳанд. Маҳмадназар Раҳматшоев, райиси кумитаи мизоҷони ширкати «Мовароуннаҳр» мегӯяд, Ҷӯрабек Охонов ҳамчун саҳҳоми аслӣ сарварии кулли ширкатро бар ӯҳда дошта, як нафари дигар ба ҳайси роҳбари саҳмгузорон интихоб мешавад. Мизоҷон ҳам акнун ҳамчун саҳмдор шинохта мешаванд. Низомномаи нави ширкат аз ҷониби кормандони «Мовароуннаҳр» таҳия шуда, дар он ҳуқуқу вазифаҳои саҳмдорон мушаххас мегардад ва ояндаи наздик дастраси тамоми мизоҷон хоҳад шуд. Аммо на ҳамаи мизоҷон аз тагйири шеваи фаъолияти корхона хушнуданд. Онҳо қазияро  «афсонаи нав» унвон мекарданд. Ба боварии онҳо ин боз роҳи дигари фиреб додани мардум аст.

Ҳуқуқшиносони ширкат мегӯянд, санадҳои лозимаро  оид ба ҶСШК табдил додани ҶММ «Мовароуннаҳр» 10-уми май ба вазорати адлия ва кумитаи андоз пешниҳод мекунанд. Аммо ба иддаои ҳуқукшинос Шӯҳрат Қудратов набояд дар пешниҳоди санадҳо ба саросемагӣ роҳ дод. ӯ мегӯяд, ҳуқукшиносону кормандони масъули ширкат бояд хело ҷиддӣ дар таҳияи санадҳо барои тағйир додани шакли ҳуқуқии ширкат саҳм бигиранд. Барои аз сари нав созмон додани ширкат аввалан бояд мақомоти давлатӣ саҳмияҳои онро нархгузорӣ намоянд. Ҳар як саҳмгузор мувофиқ ба маблағҳои пардохткардаи худ соҳиби саҳм (аксия) шавад, мегӯяд ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов. Ў афзуд:

-Бо гап хело осон аст гуфтан, ки шакли ҳуқуқии ширкатро тағйир медиҳем. Аз нигоҳи қонунӣ барои ин кор вақти зиёде лозим аст. Ман аз иқдоми раҳбарияти ширкат дар мавриди тасмими тағйир додани шакли фаъолияти корхона огоҳ будам, аммо тасаввур намекардам, ки чунин саросема мешаванд. Ба андешаи ман ин корашон чандон дуруст нест.

Аммо аъзои кумитаи мизоҷон ва кормандони ширкат умед доранд, ки посухи мақомот дар мавриди сабти ном мусбат хоҳад буд ва онҳо бо мӯҳри наву низомномаи ҷадид фаъолияти худро суръат мебахшанд. Дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон» намояндагони ширкат ва узви кумитаи мизоҷон изҳор доштанд, ки агар дар тағйир додани шакли ҳуқуқии ширкат мушкил пеш ояд, барои расидагӣ ба қазия унвонии президент ва Маҷлиси Олӣ нома хоҳанд фиристод. Ба бовари онҳо дар ҳоли дарёфти иҷозаи фаъолият, имкон дорад,  то ҷашни 20-солагии истиқлолият 50-60 дар сади мизоҷони дар навбатбуда бо манзил таъмин шаванд.

Кумитаи 14+Охонов

Кумитаи мизоҷони ҶММ «Мовароуннаҳр» баъди оғози қазияи боздошти Ҷӯрабек Охонов таъсис шуд. Ба ҳайати он 14 нафар аз мизоҷони ширкат шомиланд. Райисии онро Маҳмадназар Раҳматшоев, мизоҷе, ки чор сол инҷониб мунтазири дарёфти манзил аз «Мовароуннаҳр» аст, бар ӯҳда дорад. Ба ҳайати кумитаи мизоҷон оянда наздик боз чанд нафари дигар мепайванданд. Мизоҷони ҳар минтақаи сохтмонӣ барои худ як роҳбар интихоб мекунанд, то ҳарфашонро ба кумита ва раҳбарияти ширкат расонад. Дар робита рӯзи 7-ум аз ҳар мизоҷе, ки барои ширкат дар маҷлис омада буд, даъват мешуд, то дар кадом минтақа дар навбати манзил истодани худро номнавис карда имзои худро гузоранд. Бархе аз иштирокчиён хостори бозгардонии маблағҳояшон буданд. Онҳо мегуфтанд, ки дигар ба шаффофияти фаъолияти ширкат бовар надоранд. Бонуе бо исми Ҷамила гуфт:

-Рости гап дигар ба ягон чӣ бовар надорам, на ба ягон корашон бовар мондаасту на ба гапҳояшон. Ҳатто умед надорам, ки маблағҳои супоридаамро баргардонда метавонанд. Директор дар зиндон. Аққалан ӯро озод мекарданд, шояд ягон умед мебастем.

Хонуми дигаре, ки номашро гуфтан нахост илова кард:

-Ман барои гирифтани манзили дуҳуҷраӣ шартнома доштам. Бояд 7 ҳазор доллари дигар месупоридему калиди хонаро ба мо медоданд, аммо фаҳмидем, ки онҷо аллакай нафари дигаре зиндагӣ мекунад.

Як зан, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт солҳост, ки бо ду духтари донишҷӯяш дар манзили иҷора зиндагӣ карда ҳармоҳа пули шартномаро месупорид. Аммо дар манзили ба онҳо ваъдашуда каси дигар зиндагӣ мекунад. «Мегӯянд, як корманди баландмақом аст, мо дигар чӣ кор кунем? Гуфтанд, ки хонаҳое, ки бояд мо мегирифтам дубора ба онҳо фурӯхтаанд»,-шиква намуд вай. Дар ҳамин асно марди қоматхамидае ҳам ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд ва гуфт, ки ӯ низ солҳои тӯлонист, ки ранҷи манзил мекашад. Ин мард худро Давлатов муаррифӣ намуд. Ба қиссаи номбурда як писараш бо номи Эраҷ бо ихтисоси ҳалабон феълан дар вазорати мудофиаи Тоҷикистон адои хизмат мекунад. Давоми солҳои дароз бо вуҷуди дархосту аризаҳои зиёд ба унвонии раҳбарияти вазорати мудофиа муваффақ нашудаанд, ки манзили зист дарёфт кунанд. Давлатов гуфт:

-Писарам баъди солҳои зиёди даводав, ки натавонист соҳиби хона шавад аризаи аз кор рафтанашро навишта гуфт, ки агар барои ин ватан даркор набошам меравам аз ин ҷо . Худам бо вуҷуди маъюб буданам аз ин ҷову онҷо пул гирифта бо ширкати «Мовароуннаҳр» шартнома бастам, ҳоло бубинед вазъият чӣ хел. Намедонам чӣ кор кунам».

Аммо ба назар мерасид аксари мардум ба ояндаи ширкат назари мусбат доранд. Гулрухсор Нурова, яке аз муштариён, ки гуфт, 1,5 сол қабл бо ҶММ «Мовароуннаҳр» ҷиҳати харидории манзил шартномаи сесола бастааст, аз ҳамин қабил аст:

-Ман бовар дорам, ки акнун мушкили пешомада бартараф мешавад. Муътақидам, ки хонаҳоро месозанд ва соҳиби манзил мешавам.

Дар ҳамин ҳол Маҳмадназар Раҳматшоев гуфт, ки имрӯз ҳолате пеш омадааст, ки ширкат низ маҷбур аст маблағи бархе аз мизоҷонро бо иллати риоят нашудани бандҳои шартнома аз сӯи худи онҳо баргардонад. ӯ гуфт:

-Тибқи шартномаи тарафайн ҳар мизоҷ бояд ҳармоҳа маблағи муайяне пардохт намояд. Аммо бархеҳо муддати тӯлонӣ маблағе пардохт накардаанд, аз ин рӯ бештар аз 120 шартнома бояд бекор карда шавад.

Ба қавли райиси кумитаи мизоҷони ширкати «Мовароуннаҳр» бархе  муштариён ҳамагӣ бо 7 ҳазор доллар соҳиби хона шудаанд. «Ба ҳисоби тақрибӣ 850 ҳазор доллар барои 120 хона пардохт шудааст. Акнун ширкат тасмим гирифтааст, ки шартномаҳоро бо он нафарон бекор намуда, манзилҳояшонро мегирад ва ба афроди дар навбатбуда, ки сари вақт маблағҳоро месупоранд тақсим мекунад».

Номбурда мегӯяд, дар сурати иҷозаи идомаи фаъолият дар шакли нав дарёфт кардани ширкат кафолати сад дар сада мавҷуд аст, ки мизоҷон ба пуррагӣ соҳиби манзил мешаванд, зеро маблағҳои зарурӣ дар дасти худи мизоҷон-саҳҳомон аст.

Тафтишоти агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муайян кардааст, ки имрӯз наздик ба 5 миллион доллар пули нақд дар дасти мардум аст. Ин ҳамон маблағҳоеанд, ки тибқи шартнома бояд мизоҷон пайваста пардохт мекарданд. «Нафарони дигар маблағ супориданду онҳое, ки ба таври пурра пул пардохт накардаанд соҳиби хона шудаанд», -афзуд Раҳматшоев.

11-миллион сомонӣ хисороти ширкат

Дар мавриди боздошти Охонов бошад, райиси кумитаи мизоҷон гуфт онҳо чандин мактуб унвонии Суди Олӣ, президенти кишвар ва ба Маҷлиси Олӣ ирсол намуда хостаанд, то чораи пешгирӣ дигар карда шавад. Раҳматшоев  мегӯяд, бигузор тафтишот идома пайдо кунад, бо ин васила қонуншиканиҳо ошкор мешаванд, аммо агар раҳбари ширкат дар озодӣ бошад, ба мардум нафъи бештаре мерасад. Ба қавли ӯ, боздошти Охонов аз ҷониби кормандони прокуратура саросамагие буд, ки ҳам ба фаъолияти минбаъдаи ширкат ва ҳам ба рӯҳияи мардум таъсири зиёди манфӣ расонд.

Зимнан, Ҷӯрабек Охонов низ дар мактубе хисороти давоми шаш моҳи бо айби мақомоти прокуратура фаъолият накардани ширкаташро 11 миллион сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Гузашта аз ин ба иддаои кормандони ширкат дар сурати манъ накардани фаъолияти ширкат ва ҳамзамон дар озодӣ будани Охонов шояд бештари манзилҳо то ин замон ба истифода дода мешуд, зеро дар бархе аз иншоот ҳудуди 80-90 дар сади корҳо анҷом шудаанд.

Чаро мактубҳои мизоҷон ба аризаи шикоятӣ табдил ёфтанд?

Тибқи баъзе маълумотҳои паҳншуда гӯё ҶММ «Мовароуннаҳр» аз корхонаҳои зиёде қарздор аст ва яке аз сабабҳои боздошти раҳбари он низ ҳамин будааст. Аммо Сабур Бобоев, сармуҳандиси ҶММ «Мовароуннаҳр» ин гапҳоро беасос хонда мегӯяд

«Мовароуннаҳр» шарикони ҳамкори зиёд надошта тамоми бахшҳои сохтмониро худаш анҷом медиҳад:

- Аз сантехник сар карда то барқчиву масъули таъмиру бозсозии лифтҳо, танзими корҳо бо кран ва дигар хизматрасониҳоро худамон дорем. Танҳо сементу арматураро харидорӣ мекунем, Аз корхонаҳои дигар танҳо ашёи зарурӣ мегирем ва он ҳам дар бисёр маврид бо пули нақд. Гоҳо бар иваз ба онҳо манзил дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол гуфтан ба маврид аст, ки давоми шаш моҳи қатъи фаъолият тамоми кормандоне, ки дар ширкати мазкур фаъолият доштанд, бекор ҳастанд. Дар мактубе аз маҳбас Ҷӯрабек Охонов гуфтааст: «дар санаи 9.11.2010 дар ширкат 1500 нафар маошгиранда бо музди меҳнати 820 000 сомонӣ дар як моҳ фаъолият мекарданд». Ба ҷузъ ин, ба навиштаи директори генералии «Мовароуннаҳр» дар иншоотҳои сохтмонӣ наздик ба 40 каси дигар вазифаи посбонро доштанд ва музди меҳнати худро нагирифтаанд.

Аз замони боздошти раҳбари ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охонов дар санаи 9 ноябри соли 2010 бо сабаби корҳои тафтишотӣ аз ҷониби мақомоти прокуратураи генералӣ ва баъдан Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мӯҳри ширкат гирифта шуд ва фаъолияти он қатъ гардид. Ин ҳолат боиси паҳн гардидани овозаҳои зиёде шуд ва мардуми барои харидории манзил пулсупоридаро дар таҳлука андохт. Дар аввал гуфта мешуд, ки Охонов дар аз худ намудани маблағҳои зиёди муштариёну бонк айбдор мешавад. Зимнан, дар матбуот аз аризаҳои зиёди шикоятӣ алайҳи Охонов сухан мерафт. Нориниссо Бобохонова, як узви кумитаи мизоҷони ширкати «Мовароуннаҳр», ки зери аввалин ариза имзо гузоштааст гуфт:

-Аризаҳое, ки аз ҷониби мо навишта шуда буд мазмуни тамоман дигаре дошт, аммо баъдан самти онро дигар карданд. Вақте тафтишот оғоз шуд моро гуфтанд, ки дар асоси мактуби шикоятии шумо алайҳи Охонов парванда боз шудааст. Мо аризаро хонда ба ҳайрат афтодем. Зеро танҳо имзоҳо аз мо буду халос, мазмуни мактуб тамоман тағйир дода шуда буд. Аз ин рӯ ҳамон замон аз ҷониби мизоҷон 41 аризаи ҷавобӣ навишта шуд. Дар мактубе, ки ба мо нишон доданд, номи 71 нафар буд, ки ба ҷузъ аз 41-нафари мо ягонтои он имзо надоштанд». Маҳмадназар Раҳматшоев, райиси кумитаи мизоҷон мегӯяд, агар мардум нисбати Охонов бадбинӣ медошт ба суд муроҷиат мекард, зеро дар шартномаҳои дуҷониба навишта шудааст, ки дар сурати нофаҳмиҳо мизоҷ метавонад ба додгоҳ муроҷиат намояд. Он номаҳо аслан ба ҳукумат равона шуда буданд, то дар қазияи пешомада кӯмак расонанд, бонкҳо розӣ шаванд, ки бо фоизи пасттаре маблағ диҳанд, то корҳои сохтмонӣ суръат бигирад, аммо чӣ гуна самти ин мактубҳо дигар шуд, барои мо норӯшан аст. «Ҳамаи далелҳо дар дасти мо ҳаст ва ҳатман рӯзе онро ба суд пешниҳод мекунем ва ҳақиқатро рӯи об мебарорем»,-гуфт Раҳматшоев.

Масъулини ширкат ва кумитаи мизоҷон мегӯянд, натиҷаи тафтишоти агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишон додаст, ки тамоми маблағҳои аз муштариён гирифташуда 100 фисад дар корҳои сохтмонӣ масраф шудаанд. Бар илова маблағҳои худи Охонов низ барои корҳои сохтмонӣ истифода шуда будаанд.

Қарор аст, рӯзҳои наздик натиҷаи тафтишоти прокуратураи генералӣ ва агентии зидди  фасод аз ҶММ «Мовароуннаҳр» поён ёбад. Ҳарчанд гуфта мешавад, иттиҳомоти дар қабл алайҳи Охонов гуфта шуда, тасдиқи худро пайдо накардаанд, аммо коршиносон мегӯянд, бовар надоранд, ки қазияи мазкур ба ин наздикиҳо ба нуқтаи ниҳоияш бирасад, ҳатто агар мақомот «Мовароуннаҳр»-ро аз ҶММ ба ҶСШК табдил бидиҳад…

Абдулазизи ВОСЕЪ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)