Бахшҳо
10 май 2011 11:31Гузориш

Қонун болост ё дарбон?

Дар баррасии парвандаи Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ бо Вазорати адлия журналистон ду маротиба ҳангоми мурофиаи кушода дар беруни дар монданд. Дарбони додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ барои ворид шудани журналистон ба толор монеа эҷод карда буд.

Ў далел пеш меовард, ки аз боло супориш шудааст, то ба журналистон иҷозаи ворид шуданро ба толори мурофиаи суд надиҳад. Вале раисикунандаи парванда сабаби роҳ надодани журналистон ба мурофиаи кушодро аз дархост накардани ҷонибҳои парвандаашон баррасишаванда дар мавриди ширкати онҳо дар мурофиа шарҳ дод. Ин дар ҳолест, ки тибқи мониторинги созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон роҳ надодан ба мурофиаҳои судии ошкоро аз ҷониби судяҳои алоҳида бисёр ба назар мерасид ва танҳо дар ду соли ахир вазъият то андозае беҳтар гаштааст.

 

Абдухалил Раҷабов, раҳбари Раёсати судҳои Шўрои адлия мегўяд, ки принсипи ошкоро будани муҳокимаи судӣ дар моддаи 19-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ пешбинӣ шудааст. Принсипи мазкур дар мавридҳои пешбиникардаи қонун васеъ истифода шуда, имконияти озодона ба толори мурофиаи судӣ даромадани ҳамаи шахсон, аз он ҷумла, намояндагони ВАО-ро таъмин месозад. Судҳо ҳамчунин вазифадор шудаанд, ки талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятиро дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ дар ҳамаи зинаҳои судӣ риоя намуда, ба вайрон кардани принсипи мазкур роҳ надиҳанд ва беасос иштироки шаҳрвандону намояндагони ВАО-ро дар толори суд рад накунанд.

Ҳоло саволе пайдо мешавад, ки вақте намояндагони ВАО ё дигар одамон ҳаққи қонунии иштирок дар мурофиаи судии кушодро доранд, чаро судяҳои алоҳида ин ҳуқуқи қонунии онҳоро сарфи назар карда, барояшон монеа эҷод мекунанд ва дар ин ҳолат чӣ кор бояд кард?

Дар ин маврид коршиносон андешаҳои мухталиф доранд. Гуфта мешавад, ки пеш аз ҳама ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ, ба хусус мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони васоити ахбори омма бояд беҳтар ба роҳ монда шавад. Дар робита ба ин масъала мактаби мустақили рўзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI» лоиҳаеро таҳти унвони «Инъикоси масоили адолати судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО» роҳандозӣ кардааст, ки дар оғози лоиҳа 6-уми майи соли ҷорӣ дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони мақомоти гуногуни давлативу созмонҳои ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ВАО мизи мудаввар баргузор шуд. Ҳадафи ин чорабиниро сарвари мактаби мазкур Сафо Сафаров чунин арзёбӣ кард: «Мақсади мизи мудаввар мусоидат ба таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО-и Тоҷикистон ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ мебошад. Дар ҷараёни лоиҳа 20 рўзноманигор аз манотиқи гуногуни кишвар ба омўзиш ва инъикоси ин масъала ҷалб карда мешаванд. Умедворем, ки мизи мудаввар боис мегардад, то як гуна ҳусни тафоҳум миёни намояндагони мақомоти давлатӣ, додгоҳӣ, ниҳодҳои қудратии кишвар, созмонҳои ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ВАО ба роҳ монда шавад».

Шаффофияти муҳокимаи судӣ

Гуфта мешавад, ки аксар вақт кормандони додгоҳ ба журналистон ҳангоми иҷрои вазифа монеаҳо эҷод мекунанд. Нуриддин Қаршибоев, раиси Асотсиатсияи миллии расонаҳои мустақил гуфт: «Мо шоҳиди чунин ҳодисаҳо ҳам мешавем, ки новобаста аз мавҷудияти қарори плениуми Суди олӣ, новобаста аз он ки ҳама дар сухан ҷонибдори шаффофияти фаъолияти худ ҳастанд, бештар барои инъикос кардани ин масъалаҳо монеа эҷод мекунанд». Ў бар ин назар аст, ки барои бартараф кардани мушкили мавҷуда дар баробари омўзонидани рўзноманигорон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва додрасҳо низ бояд омўзонида шаванд. То ин ки бо вуҷуди донистани ҳуқуқҳояшон, аз ўҳдадориҳои худ низ огоҳ бошанд ва ҳангоми фаъолияти рўзноманигорон ба онҳо монеа эҷод накунанд.

Ба қавли сарвари Марказ оид ба ҳуқуқи инсон Нурмаҳмад Халилов, судяҳои алоҳидае ҳастанд, ки барои ширкат дар мурофиаҳои кушод роҳ намедиҳанд. Ў афзуд, ки дар суди ноҳияи Рўдакӣ ва суди шаҳри Хуҷанд чунин ҳолатҳо ҷой доштанд. Вале солҳои ахир чунин проблемаҳо камтар ба назар мерасанд.

Абдухалил Раҷабов, сардори Раёсати судҳои Шўрои адлияи ҶТ иброз дошт, ки агар ҳолатҳои роҳ надодани судяҳои алоҳида дар мурофиаҳои судии ошкоро ба назар расад, нафароне, ки ҳуқуқашон поймол шудааст, ба Шўрои адлия ба таври хаттӣ метавонанд муроҷиат кунанд ва нисбати чунин судяҳо ҳатман чораҷўӣ карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки барои ҷавоби муроҷиати расмиро гирифтан зиёд интизор шудан лозим меояд, вале корафтодагон дар ҳолатҳои роҳ надодани судя ба мурофиаи кушод метавонанд ба раиси суд ё муовинонаш шикоят кунанд. Аммо Қаршибоев мисол меорад, ки ҳамин гуна ҳолат дар суди иқтисодӣ буд ва нафареро аз толори мурофиа берун карданд, лекин дар ҳамин вақту соат на раиси суд ва на муовинаш ҳузур надоштанд, то ки он нафар аз амали ғайриқонунии раисикунандаи суд ба онҳо муроҷиат кунад.

Ба раисикунандаи суд либос маъқул нашуд, ё…?

Тибқи қонун шахсони иштироккунандаи мурофиаи ошкорои судӣ ҳуқуқ доранд ҷараёни муҳокимаи судиро дар коғаз ё диктофон сабт кунанд. Вале ба қавли Абдухалил Раҷабов, суратгирӣ ва сабти видео танҳо бо иҷозати раисикунандаи парванда мумкин аст. Раисикунандаи парванда метавонад дар ҳамаи ҳолатҳое, ки зарур мешуморад, сабти видеоӣ ё суратгириро манъ кунад.

Ба ин гуна манъкуниҳои раисикунандаи суд Нуриддин Қаршибоев изҳори норизоӣ кард. Вай гуфт, ки беҳтар аст, агар номгўи он ҷиноятҳое, ки вобаста ба он мурофиаҳои пўшидаи судӣ гузаронида мешаванд, мушаххас гардад ва мардум донанд, ки дар чунин мурофиа ширкат кардан имкон надорад. Дар баробари ин шояд дар асоси мактуб ё омода кардани ягон зерсанади ҳуқуқӣ талабот ва амри раисикунандаи суд барои иштирок накардани одамон дар мурофиаи кушодаи судӣ, манъи сабти овоз ё гирифтани навору акс аз ҷониби рўзноманигорон асоснок карда шавад. «Ман барои ширкат дар мурофиа омадам, шояд либосам ба раисикунандаи суд маъқул нашудааст, ё амалам писанд наомадааст, яъне дар кадом асос ман наметавонам сурат ё ба навор нагирам?» - мегўяд ў. Ба андешаи номбурда, барои ҳамкорӣ имкониятҳои хеле зиёд ҳаст, муҳим аз ҳама омодагии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва судӣ барои таъмин кардани шаффофият ва таҳти ҳисобот қарор додани фаъолияти худашон дар назди ҷомеа аст. Ва дар ин ҳолат метавон барои таъмини волоияти қонун дар ҷомеа иқдоме кард.

Дар ҳамин ҳол намояндагони мақомоти давлатӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, ки омодаи ҳамкориянд, вале дар баъзе ҳолат гуфтаҳои онҳо аз ҷониби журналистон таҳриф мешавад. Анвар Юсупов, муовини авали раиси Суди олии ҶТ гуфт: «Мо омодаем, ки бо ВАО ҳамкорӣ намоем. Журналистон метавонанд пеш аз навиштани мақола бо судяе, ки парвандаро баррасӣ мекунад, сўҳбат намоянд. Лекин чунин ҳамкорӣ ба он маъно нест, ки махфиятҳои судиро журналистон дар матбуот нашр кунанд».

Тибқи моддаи 5-и қонуни матбуот шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти заруриро диҳанд. Вале бисёр вақт намояндаҳои расмии давлатӣ аз додани маълумот худдорӣ мекунанд ва журналистонро ба якҷониба баррасӣ кардани мавзўъ айбдор месозанд, мегўяд сармуҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс» Марат Мамадшоев. «Мо намехоҳем, ки Шумо аз ягон кас ҷонибдорӣ кунед. Аксар вақт судяҳо мегўянд, ки парванда дар ҳоли баррасист ва ҳеҷ чиз шарҳ дода наметавонем. Мо шарҳ намехоҳем, танҳо гўед, ки шаҳрванд фалонӣ ба кадом ҷиноят гумонбар дониста мешавад ва дар сурати исботи худро ёфтани он чӣ сарнавиште ўро интизор аст», - иброз дошт ў.

ВАО гунаҳкор ҳисобад, ҷиноят нест?

Мамадшоев мегўяд, дар ғарб ВАО бар ин ақидаанд, ки онҳо вазифадор нестанд, меъёри эҳтимолияти бегуноҳиро риоя созанд, аммо дар сурати мавҷудияти меъёрҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ, бояд ба он такя кунанд. Онҳо бар ин назаранд, ки меъёри эҳтимолияти бегуноҳиро бояд мақомоти расмӣ риоя кунанд, зеро қарори охирин ҳамеша аз ҷониби мақомоти судӣ бароварда мешавад. «Шахси ҳирфаӣ танҳо фактҳои дар даст доштаро месанҷад, на тахмину гумонро. Вақте мақомоти судӣ дар Тоҷикистон мегўянд, ки ВАО ба суд фишор меорад, ин эрод дар нисбати ВАО аз ҳад зиёд аст. Мо воқеан шаффофиятро мехоҳем, то ҷомеа донад, ки дар ин соҳа чӣ ба амал меояд», - иброз дошт ў.

Ба андешаи ҳуқуқшиносон, судяҳо то замоне, ки ҳалномаи судӣ набаромадааст, дар бораи натиҷаи баррасии парванда набояд пешгўӣ кунанд ва танҳо метавонанд дар хусуси ба кадом ҷиноят гумонбар будан ё дар ҳоли баррасӣ қарор доштани парванда сухан гўянд. Нигина Баҳриева, сарвари Бунёди ҷамъиятии «Nota Bene» дар ин бора гуфт: «Эҳтимолияти бегуноҳӣ ба масъулияти мақомоти давлатӣ дохил мешавад. Агар ВАО дар бораи эҳтимолияти гунаҳкорӣ ё бегуноҳии инсон сухан ронад, ин вайрон кардани қонун нест, вале агар намояндаи ҳокимият оид ба гунаҳкорӣ ё бегуноҳӣ то эълони ҳалномаи судӣ ибрози назар кунад, дар ин ҳолат масъалаи мустақилияти судӣ ба миён меояд».

Номбурда афзуд, ки озодии изҳори ақида маҳдудиятҳои худро дорад ва яке аз мақсадҳое, ки барои ҳифзи онҳо метавон ҳуқуқи инсонро маҳдуд кард, эътибори адолати судӣ мебошад. «Агар дар ҷараёни мурофиа сухан дар бораи он равад, ки ин судя дар қабули қарор мустақил нест, яъне ба эътибори адолати судӣ дахолати мустақим шавад, дар ин ҳолат ҷавобгарии муайян ба миён меояд», - изҳор дошт  Баҳриева.

Ба қавли ў, ҳам кормандони ВАО ва ҳам намояндагони мақомоти давлатӣ бояд ин хусусиятҳоро ба назар гиранд, ки тибқи меъёрҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ВАО метавонанд ҷараёни мурофиаҳои судиро инъикос кунанд ва судяҳо метавонанд парвандаро то эълони қарори судӣ шарҳ надиҳанд. Ҳамзамон рўзноманигорон оид ба мўҳтавои парвандаи ҷиноятӣ зимни иштирок дар ҷараёни мурофиаҳои судӣ  маълумот пайдо карда метавонанд. Вагарна имкон дорад, ки шарҳи судя дар ҷараёни мурофиа аз ҷониби рўзноманигорон ба таври гуногун маънидод карда шавад.

Гуфта мешавад, ки дар баробари ҳамкории миёни мақомоти давлатӣ ва намояндагони ВАО ҳамчунин риояи ўҳдадориҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мушаххас шудани номгўи амалҳое, ки дар асоси он раисикунандаи баррасии парванда мурофиаро ба таври пўшида ё кушода метавонад гузаронад ва шаффофият дар фаъолияти давлатӣ хеле муҳим аст. Зеро танҳо бо ин роҳ волоияти қонунро таъмин кардан имконпазир мегардад. Дар акси ҳол тамоми қонуну қарорҳо ба ҷои амалӣ шудан, танҳо дар рўи коғаз мемонанд.{jathumbnail off}

Исфандиёр ХАЛИЛӢ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)