Бахшҳо
11 май 2011 12:09Гузориш

Тағйироти куллӣ дар бозии футбол ворид мегардад

Федератсияи байналмиллалии футбол - ФИФА тасмим гирифтааст, қойидаҳои бозии футболро тағйир диҳад. Дар мусобиқоти ҷаҳонии футбол дар соли 2014, ки тасмим аст дар Бразилия доир шавад, тартиби дар ҳолати ғайрибозӣ-офсайд каме сабуктар гардад.

Ҳамчунин эҳтимол дорад вуруди бозингари чоруми эҳтиётӣ низ иҷоза дода шавад.Дар ин бора дар нахустҷаласаи Кумитаи мавсум ба Task Force Football 2014, ки ба хотири вориди тағйирот ба қойидаи бозии футбол фаъол шуда, бо ширкати чеҳраҳои маъруфи футболи ҷаҳонӣ Пеле ва  Франс Беккенбауэр, доир гардид, пешниҳод манзур карда шуд. Мақсади аслии вориди тағйирот боз ҳам ҷолибтар кардани ин бозӣ будааст.

 

Пешниҳод гардидаст, ки ҳолати ғайрибозӣ дар ҳолате, ки агар ду рақиб ба ҳам бевосита пайваста бошанд, яъне агар ба якдигар ягон ҷисмашон расида бошад, ба қайд гирифта нашавад. Пештар низ ФИФА аз доварон тақозо мекард, ки ҳолати ғайрибозӣ-офсайд дар чунин  маврид ба нафъи бозингарони тарафи ҳуҷум баррасӣ шавад. Аммо ин кор ҳатто дар сабқатҳои ҷаҳонӣ ва Аврупо низ амалӣ намешудааст.

Ҳамчунин, ин кумита пешниҳод кардааст, ки ҷазои довар дар мавриди шикасти қойидаи бозӣ дар майдончаи ҷаримавӣ, ки феълан бо нишон додани корти сурх, ронда шудани бозингари муҷрим, маҳрум кардани ӯ аз бозии навбатӣ ва ҷаримаи 11  метрӣ анҷом меёфт, бо таъини пеналти ва нишон додани корти зард кифоят карда шавад.

Ҷозеф Блаттер президенти ФИФА низ дар мавриди ворид  кардани системаи дақиқи қайди гол ба дарвоза ибрози назар карда, гуфтааст шурӯъ аз соли 2012 ин қойида ба таври санҷишӣ ворид мешавад ва дар замони сабқати ҷаҳонии футбол он ба таври расмӣ пазируфта хоҳад шуд.

Ҳамчунин мушкилоти доварӣ ва иштибоҳоти қасдона ва ғайриихтиёри онҳо низ дар ин чаласа баррасӣ гардид.

Қарор шуд, ки тасмими ниҳоӣ дар ин самт рӯзи 1 июн - рӯзи баргузории Конгресси ҷаҳонии ФИФА, ки ҳамчунин президенти ин ниҳодро интихоб мекунад, қабул хоҳад шуд.

Ёдрас менамоем, ки ба курсии президенти ФИФА 2 нафар довталабанд: президенти вақти он Ҷозеф Блаттэр ва райиси Конфедератсияи  футболи Осиё -Муҳаммад бин Ҳаммам.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)