Бахшҳо
12 май 2011 13:02Гузориш

Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомот нест

«Қонунҳои мо ниёз ба дигаргунӣ доранд, фаъолияти мақомотҳои қудратӣ дар мубориза бо коррупсия нокифоя аст, мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мо  нест ва ба ин тамоми ҷомеа вазифадор аст».

Ин матлабро муовини сардори раёсати пешгирии коррупсияи агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Алӣ Иброҳим Саидзода баён дошт. Номбурда зимни як мулоқоти масъулини соҳа бо намояндагони ВАО афзуд, бо ин гуна дастуру моддаҳо наметавон коррупсияро  махдуд кард, аз ҳамин хотир мо рӯ ба ҷомеаи шаҳрандӣ овардем, то дар ҳамкорӣ бо онҳо ба коррупсия мубориза  барем.  Дар ин мулоқот таклифу пешниҳод ва саволҳо низ ба намояндагони агентӣ дода шуд ва масъулини агентӣ аксарияти онҳро  қобили қабул ҳисобиданд.

Телевизион ва озодии порахӯрон

Нуралӣ Давлат, муовини сардабири нашрияи «Фараж» таклиф намуд, ки «бигзор онҳоеро, ки масъулини агентӣ бо ҷурми порахӯрӣ ва ришваситонӣ боздошт мекунанд, дар телевизионҳои давлатӣ нишон надиҳанд.Зеро пас аз чанд муддат мебинем, ки мурофиаи додгоҳӣ ба манфиати собиқ дастгиршуда ҳал шудаасту ӯ ба озодӣ баромадааст. Ҳол он ки аз минбари телевизион гуфта мешавад, ки ҳамин кас амали корупсионӣ анҷом додаст ва онро дастгир намуданд».

Ҳамзамон, хабарнигорон аз фавран надодани иттилои зарурӣ ба намоянагони ВАО,   аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ изҳори нигаронӣ намуда иброз доштанд, ки агар  масъулини агентӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ кардан мехоҳанд, пас чаро сари ин масъала чора намеҷӯед?  Шамсияи Қосим, хабарнигори ВВС   далел овард, ки борҳо барои муайн кардани маблағҳои ҷамъшудаи НОБ- Роғун ба мақомотҳои зиррабт муроҷиат кардаем, мутаасифона дар ин бора маълумот намедиҳанд ва бархеаш барои ин иттилоъ ҳатто  мактуби расмӣ  талаб мекунанд.

Дар робита ба ин, Алӣ Иброҳим Саидзода гуфт, метавонед  аз ҳуқуқҳои конститутсиониятон истифода бурда,  аз болои шахсе, ки иттилоъ намедиҳад шикоят баред. Саидзода афзуд « ба ҷузъ  аз маълумотҳои хислати ҷиноятӣ дошта, ки дар моддаи 20-и қонун ишора шудааст, дигар маълумотҳоро метавонед фавран аз мақомот дастрас намоед».

Чаро вокуниши мақомот нест?

Дар ҳамин ҳол Рустами Ҷонӣ, муассиси рӯзномаи «ИмрӯзNews» хост кормандони агентӣ чанд мисол аз баррасии мақолаҳои хислати коррупсионӣ дошта, ки дар матбуот чоп шудааст, пеш биоранд, амма масъулини ин ниҳод    танҳо қайд карданд, ки « гуфтем ҳаст, ҳаст ба идора биоед, нишон медиҳем».

Оқои Ҷонӣ ҳамчунин афзуд,  агар агентӣ пеш аз ҳама як маркази матбуотии таҳлилӣ ва баррасикунандаи мақолаҳои интиқодӣ  таъсис диҳад, хеле хуб мешавад.  Номбурда аз он изҳори ташвиш намуд, ки вобаста ба қазияи рӯзномаи «ИмрӯзNews», ки он хислати коррупсионӣ дорад,  то ҳол агентӣ ҳеҷ гуна вокуниш нишон надодааст.

Адолати Мирзо, сардабири ҳафтаномаи «Миллат» низ аз фаъолияти агентӣ изҳори нигаронӣ намуда гуфт, «журналистон ба фоидаи ҷомеа менависанд, боз киро ба додгоҳ мекашанд, журналистро.  Аммо масъулини мақомоти мазкур иброз доштанд, ки дар гунаҳкор намудани як шахс бояд эҳтиёткор бошем, то ягон нафари бегуноҳро аз зиндагии осоиштаву фарзандон ҷудо накунем, касеро бе асос ба кунҷи зиндон накашем.

Ҳамин тариқ,оид ба масоили ошкор намудани истифодаи маблағҳои аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ворид гардида, соҳиби мошинҳои гаронарзиш шудани кормандони агентӣ чанд ҳарф радду бадал гардида нишаст ё худ мулоқоти масъулини соҳа бо намояндагони ВАО ба поён расид…{jathumbnail off}

Алишер Зарифӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)