Бахшҳо
16 май 2011 10:16Гузориш

Дар осмон ҳам меҳмондорӣ мекунанд

Аз хурдӣ орзу доштам, ки халабон шавам. Бо амри тақдир натавонистам таҳсили худро аз рўи хоҳишам давом диҳам. Вақте аз баргузории  озмун хабардор шудам, зуд ҳуҷҷатҳоямро таҳия карда супоридам. Фикр мекунам зина ба зина ба орзуи худ мерасам.

Ҷавонони тоҷик ва  меҳмондории тоҷикӣ

Озмуни ширкати «Тоҷик эйр» барои довталабони фаъолияти меҳмондорӣ барои ҷавонони аз 21 то 24 сола ба анҷом расид. Ҳамакнун 5 рӯз мешавад, ки 30 ҷавони ғолиби ин озмун аз муоинаи тиббӣ ва назорати махсус мегузаранд.

Исмоил Ғафуров, директор оид ба тиҷорат ва муносибати байналмилалии ширкати «Тоҷик эйр» мегӯяд, ки дар умум барои иштирок дар озмун 250 нафар ҷавон муроҷиат кардаанд. Ба бовари номбурда ин навбат дар қиёс бо озмунҳои дигар теъдоди афроди хоҳишманд барои фаъолияти меҳмондорӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Ба маълумоти Исмоил Ғафуров озмуни навбатии ширкати «Тоҷик эйр» барои фаъолияти меҳмондорӣ дар се давра баргузор шуда, ниҳоят 9 писар ва 21 духтар пирӯз шудаанд, ки аз ин миён 5 нафар ғайриозмун интихоб шуданд. Зеро, 3 писар ва 2 духтар фаъолияти меҳмондориро дар хориҷи ватан аз худ карда, муҳассилини яке аз омўзишгоҳҳои махсуси федератсияи Русия мебошанд.

Дастархони тоҷикӣ + «қомати баланд»-и  «Тоҷикэйр»

Ба маълумоти директор оид ба тиҷорат ва муносибати байналмилалии «Тоҷик эйр» барои ширкат дар озмун шартҳои махсус вуҷуд дошт: доштани маълумоти олӣ, донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ, қаду қомати баланд, зоҳири зебо, нутқи равон, сину сол, муоширати хуб ва ниҳоят дастархонороӣ.

Ба бовари Исмоил Ғафуров пас аз баргузории даври нихоии озмун ғолибон нахуст дар маркази таълимии махсуси ширкати «Тоҷик эйр» ва баъдан дар Маскав  омӯзиш мегиранд. Фаъолияти кориро низ ҷавонон нахуст аз парвозҳои дохилӣ шурӯъ карда, дар натиҷаи кори хуб ба хатсайрҳои байналмилалӣ роҳ меёбанд. Номбурда мегӯяд, ки феълан дар ширкати «Тоҷик эйр» 85 меҳмондор фаъолият дошта, авлавият ба ҷавондухтарон дода мешавад, зеро писарон бештар ба корҳои вазнин ҷалб карда мешаванд.

-Дар ҳоли ҳозир ширкати «Тоҷик эйр» талош дорад, то меҳмондорҳо тамоми марҳилаи омӯзиширо дар Тоҷикистон гузаранд. Ҳарчанд ин хеле мушкил аст. Чунки айни замон дар Тоҷикистон дар ин самт мутахасисони ботаҷриба намерасанд. Мо давраҳои омӯзишии худро аз ҳисоби меҳмондорҳои таҷрибадор мегузаронем.

Аммо Каримов, директори мактаби миллии турзим мегӯяд, ки дар Тоҷикистон мутахасисони варзидаи бахши меҳмондорӣ намерасанд ва барои паси сар намудани тамоми марҳилаҳои омӯзиш дар Тоҷикистон ширкатҳои ҳавонавардӣ муваффақ нахоҳанд шуд. Барои таъсис додани як мактаби омӯзиши усулҳои фаъолияти меҳмондорӣ ҳам маблағ ва ҳам мутахасисони ботаҷриба лозиманд, аз ин рӯ ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон маҷбуранд, то кормандони худро ба хориҷ барои таҳсил бифиристанд.

Ба бовари Исмоил Ғафуров озмуни «Тоҷик эйр» ба таври шаффоф баргузор гардида, дар натиҷа ҷавонони сазовор ғолиб омадаанд.

Ва акнун ғолибони озмуни «Тоҷикэйр»

Хуршед Ҳасанови 24 сола мегӯяд, ки аз баргузории озмун барои меҳмондорҳо тариқи радио ва дӯсташ огоҳӣ ёфтааст. Хуршед муҳассили Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, факултаи филология-забони англисӣ буда, қаблан дар яке аз марказҳои варзишӣ ва кохи ҷавоҳироти «Ақиқа» давоми 2 сол ба сифати ёрдамчии директор фаъолият доштааст.

-Аз хурдӣ орзу доштам, ки халабон шавам. Бо амри тақдир натавонистам таҳсили худро аз рўи хоҳишам давом диҳам. Аммо, вақте аз баргузории ин озмун хабардор шудам, зуд ҳуҷҷатҳоямро таҳия карда супоридам. Фикр мекунам зина ба зина ба орзуи худ мерасам.

Хуршед мегӯяд, ки пирўз омадан дар се даври озмун барояш хеле мушкил буд. Зеро, дар озмун ҷавонони кордону болаёқат ҷалб шуда буданд.

Шаҳноза Салимова, ғолиби дигари озмуни ширкати «Тоҷик эйр» буда, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултаи шарқшиносӣ-забони ҳиндӣ мебошад.

Шаҳноза мегӯяд, ки аз хурдӣ барои интихоби касбу фаъолият озод буда, волидонаш ӯро ҳамеша дастгирӣ мекунанд.

-Сабаби аслии ба озмун омаданам он аст, ки сайругашт ва муошират бо афроди гуногунро хеле дўст медорам. Чун азми ширкат дар озмунро кардам, падару модарам монеае эҷод накарданд, ки ин ба ман эътимод дар ғолибият бахшид. Бовар пайдо кардам, ки аз озмун муваффақона мегузарам, зеро забони модарӣ ва русиву инглисиву ҳиндиро хуб балад ҳастам.

Шаҳноза мегӯяд, ки матолиби марбут ба фаъолияти меҳмондориро тавассути сомонаҳои интернетӣ зиёд мутолиа мекардааст, чунки аз хурдӣ ҳаваси меҳмондор шудан дар дилаш ҷо дошт.

Агар Шаҳноза меҳмондор шуданро ҳамеша орзу мекард, аммо Шаҳло Ҳусайнова, ки таҷрибаи чаҳорсолаи меҷмондориро дорад, мегӯяд ин касб хеле вазнин буда, ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад.

Шаҳло мегўяд, ки дар хурдиву наврасиаш ҳеч гоҳ ҳаваси меҳмондор шуданро намекард. Аз ҳамин хотир пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, пас аз хатм дар донишгоҳ  давоми 1 сол ба ҳайси муаллимаи забони англисӣ ифои вазифа кардааст.

- Роҳ ёфтанам ба ширкати «Тоҷик эйр» тасодуфӣ буд. Ба ман як дӯстам корро пешниҳод намуд. Ман ҳам «не» нагуфта, дар озмун иштирок намудам ва инак чаҳор сол мешавад, ки ҳамеша дар сафар ҳастам. Меҳмондор будан хеле мушкил аст.  Албатта, барои одат кардан ба ин касб фурсат лозим буд. Аммо, акнун ҳис мекунам, ки рӯз то рӯз ин касб дар дили ман ҷо мегирад.

Шаҳло мегӯяд, ки зимни мулоқот бо дӯстон аз у ҳамеша як суол мекунанд: Аз парвоз наметарсӣ? Ҷавоб барои онҳо як, на, ҳеч вақт наметарсам. Аммо вақтҳои охир эҳсос мекунам, ки ин касб оҳиста оҳиста- ба асабҳоям таъсир мерасонад, таъкид намуд Шаҳло Ҳусайнова.

Ин гуфтаҳоро ҳамкораш Шаҳло Тӯраева, тақвият бахшида мегўяд, ки фаъолияти меҳмондорӣ асабҳои инсонро хароб мекунад.

-Бубинед, вақте дар хона се меҳмон меояд, мову шумо барои он ду ва ё ҳатто 3 рўз заҳмат кашида, омодагӣ мебинем. Ҳангоми парвоз бошад, дар фазои боз бо садҳо меҳмон мо танҳо. Ҳангоми парвоз моро зарур аст, ки бар ивази хидмат расонидан бо мусофирон ҳамрозу дардошно, муҳофизаткору ҳамшира бошем. Меҳмондор бояд нафаре бошад, ки мусофир дар ҳолатҳои мушкили парвоз худро дар таҳлука наандозад.

Шаҳло мегӯяд, ки меҳмондор будан барояш хеле мушкил аст. «Ҳастанд мусофироне, ки аз парвоз баробари ҷони худ тарс доранд, дар ин сурат мо бояд ҳолати ботинии ӯро хуб омўзем, то тавонем ӯро оромӣ бахшем»

Барои меҳмондор оромиву таҳаммул дар ҷои аввал меистад. Ҳангоми пешвози мусофирон мо ба чашмони онҳо нигариста хислати  онҳоро барои худ меомўзем. Чунки дар парвоз баъзан ҳолатҳои турбулентӣ мешаванд, ки он замон мусофир зуд тағйир меёбад ва мо бояд тавре рафтор кунем, то онҳо дар ташвиш наафтанд, мегўяд Шаҳло.

Шаҳло Тӯраева, низ чаҳор соли собиқаи кории меҳмондорӣ дошта, мегӯяд аз хурдӣ орзу мекард меҳмондор шавад, то ба падари худаш хидмат расонаду ҳамеша канори падар бошад.

-Падари ман як одами эҷодкор ҳамеша дар сафар буданд ва ҳастанд. Ман, ки хурд будам дурӣ аз падарам бароям хеле мушкил буд. Барои ҳамин мехостам меҳмондор шавам ва дар ҳама сафар падарамро ҳамроҳӣ кунам.

Баъдан, бо гузашти сол ҳаваси меҳмондор шудан аз ман дур шуд. Пас аз хатми мактаб ба ДМТ дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм кардам. Рӯзе тасодуфан дар эълон аз озмун дар мавриди интихоби меҳмондор огоҳӣ ёфтам. Ҳарчанд он замон аллакай ихтисоси дигар доштам, аммо ҳамон орзуи кӯдакиам аз нав пайдо шуд.

Шаҳло мегӯяд, буданд ҳолатҳое, ки ӯ азми тарки фаъолияти меҳмондорӣ мекард, зеро пайваста дар кору омӯзиш будан барояш вазнин аст.

Зимнан, Муҳайё Нозимова мегуяд, ки сатҳи фаъолияти меҳмондорҳои Тоҷикистон  ҳамоно ба меъёри лозима ҷавобгӯ нест. Вай мегӯяд, ба мусофир қабл аз ҳама чеҳраи кушода ва лутфи меҳмондор лозим аст, ки ин чиз дар хислати меҳмондорҳои тоҷик дида намешавад. Номбурда нигаронӣ аз он намуд, ки ҳангоми парвоз меҳмондорҳои тоҷик бо мусофирон дағалона муносибат карда, оддитарин қоидаҳои фаъолияташонро риоя намекунанд.

Аммо новобаста аз ин нигарониҳо Шаҳло мегӯяд, ки меҳмондор мисли афсар ҳамеша мунтазири фармони раҳбарият аст.

Дар зимн Исмоил Ғафуров, директор оид ба тиҷорат ва муносибати байналмилалии ширкати «Тоҷик эйр» мегӯяд, ки барои муаяйн кардани сатҳи хидматрасонии меҳмондорҳо раҳбарият пурсишномаҳои махсус барои мусофирон омада кардааст. Дар сурати мушоҳидаи норозигӣ ва ё шикояти мусофирон аз меҳмондорҳо мо ҳатман чораҳои зарурӣ меандешем.

Ба маълумоти номбурда то ба ҳол раҳбарият арзу шикояти мусофиреро дар робита ба сатҳи пасти хидматрасонии меҳмондорҳояшон нагирифта, майли ҷавонон низ ба ин касб то рафт зиёд мешавад.

Исмоил Ғафуров сабаби аслии таваҷҷӯҳи ҷавононро ба фаъолияти меҳмондорӣ дар маоши хуб арзёбӣ мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари коршиносон адами ҷойи кор ва ҳақмузди муносиб ҷавононро водор месозад то аз касби худ даст кашанд.

Бояд тазаккур дод, духтарони меҳмондор дар як моҳ 80 ва писарон 90 соати корӣ доранд.{jathumbnail off}

 

Ҳумайрои БАХТИЁР

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)