Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 08:58

Яъсу ноумедии Толибшоҳ Сайидзода аз интихоботи миёнадавраӣ

16 май 2011, 12:15

Дар даст далелҳои зиёде дорам, ки бозгӯкунандаи тақаллубу қонуншиканӣ ва беадолатиҳо мебошад.  Аммо ҳоло бонуе ба навор гирифта шудаст, ки як худаш ба ҷои 8 кас овоз додааст,  намедонам ояндаи ӯ чӣ мешуда бошад.

Толибшоҳи Сайидзода номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон, имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон интихоботи ҳавзаи Синоро тақаллубкорона ва баргузорнашуда унвон намуд. Ӯ афзуд, ҳанӯз аз оғози ин интихобот тақаллубу конинушиканиҳои зиёд ба назар мерасид ва чунин тақаллубкориҳо умеду ормонҳои ман ва ҷонибдоронамро ба яъс ва ноумедӣ табдил дод:

-  Бубинед, ҳамаги чанд дақиқа пас аз оғози интихобот, тақрибан соати 6:09 аллакай ба ман ва ситодам хабари  як нафар ба ҷои чанд кас овоз додан расид. Баъди соати 10 ба ситоди интихоботии ман пайҳам аз қитаҳои интихоботии № 6,7, 13 , 22, 24 41, 47, 49, 50, 51 ва ғайра оид ба қонуншикани аз ҷониби масъулини қитъаҳои интихоботӣ  арзу шикоятҳои зиёд ворид мешуд. Чанд тан хабарнигор, ки ба ҳайси журналист дар қитъаҳои мушаххас интихоботро назорат мекарданд    аз ҷониби масъулин аз қитъаҳои интихоботӣ берун карда шуданд. Гуё журналистон ба рафти интихобот халал расонидаанд, ки дар робита ба ин ба раиси иттифоқи журналистон, ҳамзамон масъули кумиссиюни марказии интихобот Акбаралӣ Сатторов  ва масъулини дигар шикоят намудем.

Интихобкунандагон огоҳӣ надоштанд

Толибшоҳи Сайидзода дар идомаи суханонаш гуфт, мардуми зиёд, ҳатто аз баргузории интихобот хабар надошт. Ҳангоми мулоқоти охиронам дар маҳалаи Испечак 1 мардуми зиёд ҳануз даъватнома нагирифтаанд ва ҳатто дар куҷо овоз доданашонро намедонистанд. Ҳамчунин ба ситоди банда аз мардуми кӯчаҳои Шерализода, Ғафуров шикоят омад, ки ба онҳо даъватнонома надодаанд, ки дар ин бора ба Абдулло Ҳабибов (райиси ҳавзаи интихоботии Сино 4) хабар додем. Дар бештари қитъаҳо мардум бе шиноснома омада, масъулини қитъаҳо бо роҳи тақаллубкорӣ  ба онҳо варақаи раъй  медоданд. Баъд аз гузориш ва тамошои сабти видеоӣ аз ҷараёни интихобот ба хулосае омадам, ки ҳангоми интихобот қонуншиканиҳои зиёде рух додааст. Аз руи гузориши нозиронамон маълум гардид, ки ба қитъаҳо 10-15%-и мардум ба райъдиҳи омадаанд. Ҳол он ки комиссияи интихоботӣ  интихоботро баргузоршида ҳисобидаанд. Масъулин диданд, ки мардум ба овоздиҳӣ намеоянд, онҳо мардумро ба таври зӯрӣ бо автобус ба қитъаҳои интихоботӣ барои овоздиҳӣ оварданд. Бо тамоми масъулият мегӯям, ки  интихоботи рӯзи 15-уми май  ношаффоф ва тақаллубкорона баргузор гардид.

Ба Раҳмонов ҳам гуфтам

Номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон Толибшоҳи Сайидзода мегӯяд, дар ҳамаи ин қонуншиканиҳо сарварони таълимгоҳҳои мутавассита  ва раисони участкаҳои интихоботӣ даст доранд. Дар робита ба тақаллубкориҳои директорони мактабҳо, ки ҳамзамон раиси участкаи интихоботианд,  ба вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов хабар додам ва ӯ дар шоҳидии банда ба сардори раёсати маорифи пойтахт занг зада гуфт, ки аз тақаллубкориҳо ҷилавгирӣ карда шавад. Сафорати Амрико ва Бритониё, САҲА, ки худро лоф зада ҳомии ҳуқуқ ва посдорони демократия, ҷонибдори матбуоти мустақил меҳисобанд,  нозирони худро бозпас гирифтанд. Хусусан, сафорати Амрико бо далели он ки дар интихобот намоянда аз ҲНИТ ширкат надорад, нозирони худро бозпас хонд.

Толибшоҳи Сайидзода мегӯяд,  дар даст далелҳои зиёде дорам, ки бозгӯкунандаи тақаллубу қонуншиканӣ ва беадолатиҳо мебошад. Ӯ афзуд, ки ҳоло бонуе ба навор гирифта шудаст, ки як худ ба ҷои 8 кас овоз додааст,  намедонам ояндаи он чӣ мешуда бошад. Толибшоҳ Сайидзода аз ҷомеаи журналистон, хусусан аз сардабирони расонаҳои мустақил ва мақомоти умури дохила барои иҷрои рисолаташон ва саҳми арзанда доштанашон дар ин интихобот изҳори минатдорӣ карда, эълом дошт, ки вокуниши расмиашро дар шакли номаи кушод ба ҳукумат ва мақомоти зирабт ироа хоҳад кард.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!