Бахшҳо
18 май 2011 05:15Гузориш

Заъфи ҷавонони тоҷик ва иди ҳарсолаи эшон

Кӯмакҳои Эрон дар тӯйҳои навҷавонони кишвар чӣ хоҳад буд: миннат ё дастгирӣ?  Ҷавононе, ки бо дипломи сурх, медалу ифтихорномаҳо донишгоҳу донишкадаҳоро  хатм кардаанд, чиро интизоранд, кору маоши хуб ё Русияро?

 

Таври маълум ҳамасола дар Тоҷикистон аз санаи 18-уми май то 23-юм рӯзҳои ҷавонон баргузор мегардад, ки тӯли ин рӯзҳо ҳукумати кишвар сари мавзӯи ҷавонон, дастгирии онон гӯё таммаркуз менамояд. Қаблан (аниқтараш дар санаи 20-уми апрели соли равон) Президент зимни ироаи  паёми хеш дар парлумон дар мавриди ҷавонон ва гаравиши онҳо ба гурӯҳҳои гуногуни ифротгароӣ ибрози андеша намуда, барои ҷилавгирӣ аз ин паёмади номатлуб дастур дод, ки ҷавонон дар кулли соҳот мавриди назар бояд бошанд ва аз сӯи масъулини ҳукумат дастгирӣ шаванд.Таъмин намудани ҷавонон бо ҷойи кор низ дар паёми ахири Раҳмон як нуктаи муҳим буд.Вале то ба ҳол фаъолияти камрангии ҷавонон дар сиёсат ва заъфи ҳукумат баҳри ҷалби ҷавонон дар соҳоти мухталиф аз ҷониби доираҳои гуногун мавриди интиқод қарор мегирад.

Ҷавонон худ гунаҳкоранд!

Иброҳим Мирзоев, сармутахасиси шӯъбаи иҷтимоии Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ аз ҷоннок шудани кори кумита иттилоъ дода, дар ин радиф фаъолияти корхонаи воҳиди давлатии биржаи меҳнатии кумитаро ба сифати далел зикр мекунад.

Ҷойҳои корие, ки дар вазорату идораҳо пайдо мешаванд, аз ҷониби корхонаи зертобеъи кумитаи мазкур кадрҳо пешниҳод карда мешудааст. «Дар назди кумита клуби соҳибкорони ҷавон фаъолият дошта, дар асоси барномаҳои соҳавӣ аз ҷониби кумита тавонистем, ки зиёда аз 10- хоҷагии ёрирасони кишоварзиро дар навоҳии Муъминобод, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Шурообод, Роғун, Дарвоз ва Ванҷ таъсис диҳем», гуфт дар сӯҳбаташ ҷаноби Мирзоев.

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон ва бархе аз ҷавонон баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ дар шаҳри Душанберо як барномаи дурӯғин  унвон карда, корҷӯён мегӯянд баъд аз муроҷиаташон ба коргоҳҳое, ки гӯё ба мутахассис ниёз доранд, ноумед мегарданд. Аммо ба андешаи Иброҳим Мирзоев ин мушкилиҳо ҷузъианд. Ӯ ҷавононро ба он айбдор медонад, ки қобилияти хуби корӣ надошта, дар ҳолати муроҷиат ба талаботи корфармоён ҷавоб гуфта наметавонанд. «Бубинед, дар ҳар кӯчаву паскӯчаҳо эълонҳо барои ҷойҳои нави корӣ ба назар мерасаду вале мутахассис нест», нигаронӣ менамояд ӯ.

«Дипломи сурх» ҳам кӯмак намекунад

Аммо Шероз Бозоров, ки айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсил менамояд, дастгирииШероз ҷавонони тоҷикро аз ҷониби Тоҷикистон ғайриқаноатбахш меҳисобад. Пас аз хатми донишгоҳҳо аксарияти донишҷӯёни Русия бо кор таъмин мешаванду маоши хуб мегиранд. Давлат барои оилаҳои ҷавон имтиёзҳоеро додааст, ки бевосита дар самти харидани хонаи истиқоматӣ, таҷҳизоти техникӣ дастгирӣ менамояд. Ғайр аз ин барои он ҷавононе, ки таҳсил менамоянду имконияти пардохти маблағи шартномаи донишгоҳро надоранд, барномае бо номи «қарзи таҳсилӣ» фароҳам овардааст, ки ҷавонон метавонанд қарз гирифта шартномаи хешро пардохт намуда, таҳсилро идома диҳанд.Пас мо барои ҷавононамон  чӣ имтиёзе фароҳам овардем?  Фикр мекунам ба ҷузъ муҳоҷират дигар ҳеч. Кӯмаки ночизи  Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тӯйҳои навҷавонони кишвар чӣ хоҳад буд: миннат ё дастгирӣ? Ҷавононе, ки бо дипломи сурх, медалу ифтихорномаҳо донишгоҳу донишкадаҳоро  хатм кардаанд, чиро интизоранд, кору маоши хуб ё Русияро?

Неъматулло Акбаров хатмкардаи Донишгоҳи Миллӣ бо дипломи сурх сабаби майл надоштани ҷавононро ба кор дар паст будани маош медонад . «Маоши бештари ҷавонони муҳоҷир аз дилхоҳ идораи давлатии кишвар боло аст. Ҳар нафаре, ки ҳавсала ва рағбат дораду арзанда ба мансаб аст, бояд ҳукумат дастгирӣ намояд. Оне, ки муҳоҷиратро ихтиёр намудааст, зимоми зиндагиаш дар дасти худи ӯст, мегӯяд Н. Акбаров.  Номбурда иштирок доштан ё надоштани ҷавононро дар сиёсат муҳим намеҳисобад.

Акбаров«Иштирок накардани ҷавонон дар сиёсат айбу таън нест, дар баъзе аз кишварҳои хориҷӣ нафаронеро вохӯрдан мумкин аст, ки ҳатто президенти кишварашонро намешиносанд. Гаравиши ҷавонон дар сиёсатро мусбат баҳо намедиҳам, ба он хотир, ки ҷавонон дар кишвар   барои он ба сиёсат мегараванд, ки амаликунандаи ҳадафҳои худ сиёсатро мебинанд», ибрози назар намуд ӯ.

Ин андешаҳои ҷавонон дар ҳоле гуфта мешаванд, ки райиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Маликшо Неъматов мегӯяд, «аробаи давлатро имрӯз ҷавонон пеш мебаранд». Манзури райис кадом гурӯҳи ҷавонон аст, ҳанӯз муаммост: лашкари беш аз як миллионнафараи муҳоҷирҷавонон ва ё 2-3 ҷавоне, ки дар ҳукумат мансаб доранд…{jathumbnail off}

Сафар Халилӣ

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)