Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:03

Лоиқи маҳбуби дилҳо 70-сола шуд

20 май 2011, 06:12

Имрӯз бароям хурсандиовар аст, ки ӯ маҳбуби ҳама дилҳост ва гузашта аз ин бароям  бори вазнин он аст, ки  дар сини ҳафтодсолагияш бо мо нест, мегӯяд Зебунисо Қутбуддинова, ҳамсари Лоиқ Шералӣ.

Ин ҳарфҳоро бону зимни баргузории як нишаст бахшида ба ҳафтодумин солгарди ёдбуди Лоиқ Шералӣ  дар мактаби №54-и пойтахт, ки номи устодро дорад, иброз дошт. Ҳамойиши мазкур бо иштироки гурӯҳи шоирону сарояндагон, омӯзгорону ҳунармандон ва наздикону пайвандони шоир баргузор гардид. Зебунисо Қутбуддинова, ки дар ин мактаб ба ҳайси муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик фаъолият мекунад, зимни ин ҷашнвора гуфт, Лоиқ Шералӣ дар зиндагӣ хеле шахси ҷиддӣ буд ва пайваста мекӯшид, ки дар оила  меҳру муҳаббат, сулҳу салоҳ, оромӣ ва ҳурмату эҳтироми якдигар ҳукумфармо бошад: «Он кас чӣ дар тарбияи фарзанд ва чӣ дар кору бори рӯзгори зиндагӣ кӯшиш мекард, ки ҳама корашон ҷо ба ҷо ва ба як низоми муайян бошад. Худи Лоиқ дар зиндагӣ барои фарзандон ва дигар наздиконаш намунаи ибрат буд. Ӯ  орзу дошт, ки дар ватанаш низ мисли оилааш доимо сулҳу ваҳдат бошад. Агар мардум ба қибла, ба худованд саҷда оранд, Лоиқ ба сӯи миллати худ суҷуд меовард, ки дар ин бора хеле хуб гуфтааст:

Туӣ буду набудам миллати ман ,

Туӣ савти суҷудам миллати ман.

Лоиқро ҳар кас ба таври худ мешиносад

Шоираи шинохтаи тоҷик Гулрухсор зимни  баромадаш дар ёдбуди устод Лоиқ Шералӣ афзуд, ки дар ин ҷо ягона камбуди набудани Лоиқ аст, ки инро хеле хуб эҳсос мекунад: «Баъд аз марги Лоиқ як сол  меҳнат кардам, вале дар бораи ӯ шеър эҷод карда натавонистам, чунки марги ӯро бовар намекардам. Баъзеҳо бо  шӯхӣ мегуфтанд, ки дили Гулрухсор ба Лоиқ намесӯзад. Мо дигар дар кишварамон нефт, газ надорем, лекин шеър дорем, Лоиқ дорем».

Мӯъмин Қаноат шоири маъруфи тоҷик ашъори устод Лоиқро бемислу беҳамто унвон карда  гуфт, ки ҳар кас Лоиқро надидаасту тавассути шеъраш бо ӯ шинос шудааст, ба ӯ як навъ баҳо медиҳад, вале касе, ки бо ӯ нишастаасту ҳамсӯҳбат шудааст аз дигар дидгоҳ ба ӯ баҳо медиҳад.

Гулназар Келдӣ, ҳангоми баромадаш афзуд, ки Лоиқ нафаре мебошад, ки шеъри муосири тоҷикро ба асолати азалиаш баргардонд ва бо вуҷуди он ки ба шоирони гузашта хеле ихлос дошт, вале бо ҳеч кадоми онҳо пайравӣ, тақлид накарда ҳамеша нақши худро мебозид, яъне ӯ ҳеч гоҳ дар зиндагӣ нақши касеро набозидааст, бо ҳамин хислатҳои некаш ӯ аз ҷаҳон самимона гузашт.

Солҳо мегузаранд, Лоиқ мемонад

Бояд зикр намоем, ки мактаби №54-и пойтахт ба номи Лоиқ Шералӣ буда, дар ин мактаб осорхонае низ ба номи ӯст ва ба муносибати 70- умин солгардаш Китобхонаи мактаби ба номи Лоиқ Шералӣ кушода шуд, ки дар ин китобхона беш аз 4 ҳазору 500 китоб мавҷуд аст. Дар осорхонаи Лоиқ китобҳояш, куртаҳои бо дастони нозуки модараш дӯхта, ҳар гуна сангҳо ва дар ҳар тарафи девори осорхона гӯшаҳое бо номи «Ошёни модар», «Шукри дӯстон», «Солҳо мегузаранд», «Ҷавонӣ», «Шаҷара», «Дирӯз ва имрӯзи мактаб»  ба назар мерасад, ки ҳар яки ин гӯшаҳо лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти шоирро бозгӯӣ мекунанд.

Шарофат Ҷумъаева, мудири ин осорхона  мегӯяд: "донишҷуён ва хонандагони зиёде аз дигар таълимгоҳҳо ба ин ҷо тамошо меоянд, ки бароямон хурсандиовар аст".

Бояд тазаккур дод, ки Лоиқ Шералӣ 20- уми майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Ӯ муаллифи китобҳои «Сари сабз», «Илҳом», «Нӯшбод», «Соҳилҳо», «Ташнадил», «Хоки Ватан», «Марди роҳ», «Варақи санг», «Хонаи чашм», «Рӯзи сафед», «Хонаи дил», «Дасти дуои модар» ва ғайра аст. Пас аз маргаш «Куллиёт»-и ашъораш дар шаҳри Хуҷанд соли 2001 рӯйи чоп омада, маротибаи дуюм  нашриёти «Адиб»  онро дар соли 2008  ба табъ расонидааст. Устод Лоиқ барои ашъори дилписандаш сазовори мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ ва унвон «Шоири халқии Тоҷикистон» гардидааст.{jathumbnail off}

Алишер Зарифӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!