Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:49

НБО-и Роғун: Ӯзбакистон ин дафъа чаро мухолифат мекунад?

21 май 2011, 05:19

Сомонаи «Ҷаҳон»-и Ӯзбакистон, ки ба вазорати умури хориҷаи ин кишвар мутаалиқ аст, зимни интишори як матлаби ахираш навиштааст, «сохтмони НБО-и Роғун новобаста аз натиҷаҳои экспертизаи байнулмилалӣ қобили қабул нест».

Дар ин матлаб бо иқтибос аз рӯзномаи мисрии "Асия ал-Вуста" омадааст, вазири саноату энергетикаи Тоҷикистон ба расонаҳо гуфтааст, ки баландии сарбанд ва иқтидори нерӯгоҳи Роғун новобаста аз натоиҷи экспертизаи байналмилалӣ тағйир нахоҳад ёфт ва «ҳама чиз ҳамон тавре боқӣ хоҳад монд, ки буд». Ин ҳарфҳо дар ҳоле гуфта мешаванд, ки ҷаласаи ахири марбут ба эҳдоси НБО-и Роғун ва баррасии натоиҷи аввалияи ташхиси байналмилалии ин нерӯгоҳ аз сӯи Бонки Ҷаҳонӣ бе ширкати ҷониби Ӯзбакистон дар шаҳри Алмаато сурат пазируфт.

Дар он дигарбора таъкид мешавад, ки Ӯзбакистон ҳамоно дар мавқеи рӯшан ва фаҳмои худ, қобили қабул набудани сохтмони ҳама гуна иншооти бузурги энержии обӣ дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ устувор аст ва ин гуна иншоотҳо бояд бо ризоияти тамоми тарафҳо сохта шаванд.

Маврид ба ёдоварист, ташхис ва ё экспертизаи байналмилалии НБО-и Роғун дафъаи сеюм аст, ки аз сӯи ниҳодҳои марбутаи ҷаҳонӣ сурат мегирад ва ин ҳам дар робита ба талаби ҳукумати Ислом Каримов. Баҳсҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон сари сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз оғоз бидуни тағйири мавқеи ҷонибҳо идома дорад. Ӯзбакистон дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа мухолифи сарсахти ин тарҳ аст. То ин замон даҳҳо муроҷиат ба созмонҳои байналмилаливу маводи хилофи ин тарҳ дар расонаҳои мухталиф ба табъ расидаанд. Коршиносон матлаби охирини вазорати корҳои хориҷии Ӯзбакистонро аз ин силсила унвон мекунанд ва меафзоянд, ин охирин матлаб нахоҳад буд.

Георгий Кошлаков, собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон, ҳоло устоди донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, ки аз ширкатдорони нишасти Алмаато буд, ба радиои Озодӣ гуфтааст: «Хуб мешавад, ки ин баромадҳои Тошканд нодида гирифта шавад. Ба назари ман, онҳо аз фикри худ нахоҳанд гашт. Аммо ин ба раванди сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ таъсире дошта наметавонад. Дигар тарафи масъала ин аст, ки экспертиза чӣ хулоса мебарорад, ки нав сар шуд. Мо дар Алмато бо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ошно шудем ва ростӣ, ҳирфаияти онҳо маро дар ҳайрат гузошт. Ба назари ман, онҳо хулосаи боадолатона мебароранд. Ӯзбакҳо мегӯянд, ки новобаста аз натиҷаҳои экспертиза онро қабул нахоҳанд дошт, пас суол мешавад, ки чӣ қобили қабул аст? Магар фақат фикри онҳо қобили қабул аст? Дар ин бора чӣ ҳам мешавад гуфт. Ин як баромади ғайриҳирфаӣ аст».{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!