Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:44

Ифтитоҳи маркази миллии пайвандсозӣ дар Душанбе

24 май 2011, 10:34

Ҳамасола дар ҷумҳурӣ беш аз 100 нафар беморон барои иваз кардани гурда эҳтиёҷ доранд, аммо танҳо 20 дар сади онҳо имконият пайдо мекарданд, ки чунин амалиёти ҷарроҳиро дар кишварҳои хориҷӣ анҷом диҳанд.

Дар Душанбе нахустин маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ба кор шурӯъ кард. Нусратулло  Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон дар расми кушодашавии ин марказ гуфт, дар маҷмӯъ барои таъмиру бозсозии сохтмони ин марказ ва харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ, наздики 3 миллион сомонӣ аз буҷаи  кишвар масраф шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар гузашта шаҳрвандони Тоҷикистон барои анҷоми амалиёти иваз намудани узв, бахусус гурда, маҷбур буданд, бо харҷи маблағи зиёд ба хориҷ аз  кишвар сафар кунанд. Вай таъкид кард, ки ҳамакнун амалиёти  иваз кардани гурда бидуни кадом мушкилот дар Душанбе аз сӯи пизишкони тоҷик анҷом дода мешавад.

Дар баробари ин профессор Ашӯр Достиев, раиси Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон таъкид кард, ки мутахассисон барои ин марказ дар донишгоҳҳои тиббии Русия омода шудаанд. Ба қавли профессор, то кунун аз сӯи табибони ин марказ даҳ амалиёти иваз намудани гурда бо муваффақият анҷом дода шуда, ин марказ барои анҷоми амалиёти иваз намудани ҷигар ва қалби инсон низ омодагӣ мебинад .

Аз сӯи дигар академик Ғиёсиддин Мироҷов, раиси фарҳангистони улуми тиббии Тоҷикистон  кушоиши нахустин маркази пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Душанберо  дастоварди бузурги тибби тоҷик донист, зеро ба гуфтаи вай то ҳол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин марказҳо вуҷуд надоранд.

Тибқи маълумоти вазорати тандурустии Тоҷикистон  ҳамасола дар ҷумҳурӣ беш аз 100 нафар беморон барои иваз кардани гурда эҳтиёҷ доранд, аммо танҳо 20 дар сади онҳо имконият пайдо мекунанд, ки чунин амалиёти ҷарроҳиро дар кишварҳои хориҷӣ  анҷом диҳанд. Зеро  амалиёти иваз кардани гурда бо назардошти харҷи сафар ва кишвари қабулкунанда аз 25 то 60 ҳазор доллар арзиш дорад.

Дар баробари ин бемор маҷбур аст, дар муддати се моҳ як бор барои ташхис ва табобат ба ҳамон бемористоне, ки амалиёти иваз кардани гурдаро анҷом додааст, сафар кунад. Аз сӯи дигар бояд  ёдовар шуд, ки ду сол қабл бо кӯмаки як идда аз олимони Фаронса  дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон  нахустин маркази парвариш ва табобат бо  ҳуҷайраҳои бунёдӣ дар Осиёи Марказӣ  таъсис шуд.

Ба гуфтаи масъулини вазорати тандурустии Тоҷикистон бо таъсиси чунин марказҳои муосири пажуҳишӣ ва табобатӣ, тедоди бемороне, ки маҷбур ҳастанд барои гирифтани табобат ба хориҷ аз ин кишвар сафар кунанд, наздики 50 дар сад коҳиш хоҳад ёфт.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!