Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:20

Тангему Хундай ва Мерседес ҳама баробаранд!

26 май 2011, 13:02

Бархе аз вазоратхонаҳои Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки ба ин намуди нақлиёт беш аз 2 сомонӣ ҳаққи роҳкиро гузошта шавад, лекин мо фикр карда боз  сабуктар кардем.

Айни замон ҳудуди 60 фисади ронандаҳои воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии корхонаҳои коммуналӣ аз сабаби паст будани музди маош Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк кардаанд. Бо  боло рафтани нархи сӯзишворӣ ва кам шудани фоида аз ҳисоби хизматрасонӣ бошад, ин раванд рӯ ба афзойиш дорад. Гузашта аз ин, дигар мушкилот низ дар пайи болоравии нархи сӯзишворӣ ба миён омаданд, ки бо мақсади ҳалли ин проблемаҳо дар асоси пешниҳоди вазоратхонаҳо ва хулосаи хадамоти зиддиинҳисории кишвар,  бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 1-уми июни соли равон нархи роҳкиро зиёд мешавад, афзуд Абдулаҳад Оев, муовини раиси шаҳри Душанбе зимни як нишасти матбуотӣ. Оев гуфт, ҳоло музди маоши ронандаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар маҷмӯъ 207 сомониро ташкил медиҳад, ки ин барояшон басанда нест.

Ҷаноби Оев дар мавриди боло рафтани ҳаққи роҳкиро ҳамчунин афзуд, "барои равуо дар нақлиёти мусофиркашонии тамғаи Хундай-старекс 1,60 дирам пешбинӣ шудааст. Бархе аз вазоратхонаҳои Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки ба ин намуди нақлиёт беш аз 2 сомонӣ ҳаққи роҳкиро гузошта шавад, лекин мо фикр карда боз сабуктар кардем». Ба гуфтаи Оев, аз соли 2008 инҷониб нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон 2,7 мартиба боло рафтааст ва корхонаҳои коммуналӣ бо ин гуна нарх наметавонанд фаъолияташонро дуруст ба роҳ монанд. Нархгузорие, ки дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе ба нақлиёти мусофиркашонӣ  пешбинӣ шудааст ба таври зайл аст: барои автобусҳо 1 сомониву 20 дирам, троллейбусҳо 70 дирам, микроавтобуси ГАЗел (бо бензин) 1 сомониву 60 дирам, микроавтобуси ГАЗел ( бо гази моеъ) 1 сомониву 20 дирам, микроавтобуси Хундай  Старекс 1 сомониву 60 дирам.

Аммо дар мавриди тангемҳо дар рӯйхате, ки нархҳо интишор шудааст, чизе гуфта нашудааст.  Дар робита ба ин Абдулҳамид Шералиев, як масъули ҳукумати шаҳр зимни ин нишаст дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки тангемҳо низ ба мисли Хундайҳо аз мусофирон роҳкиро мегиранд, зеро то ҳол тангемҳо ба категорияи нақлиёти хурди мусофиркашонӣ дохил карда нашудаанд ва гузашта аз ин мувофиқи талабот, онҳо бояд зиёда аз 8 ҷои нишаст дошта бошанд, ба мисли Хундай ва Mерседесҳое, ки ба назар мерасанд. Шералиев гуфт, ки дар назар аст рӯзҳои наздик бо нақлиёте, ки ба гурӯҳи нақлиёти мусофирокашонӣ дохил мешавад, дар паҳлӯяшон аломати махсусе насб гардад, ки ин нишондиҳандаи қонунӣ фаъолият карданашон мегардад. Тибқи иттилои масъулини ҳукумати шаҳр, феълан дар Душанбе 1 ҳазору 400 нақлиёти мусофиркашонии корхонаҳои коммуналӣ  фаъолият мекунанд ва ҳамчунин афзуданд, боло бардоштани нархи роҳкиро яке аз ҳадафҳои мӯътадил нигоҳ доштани фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ низ ҳаст.

Дар ин нишаст гуфта шуд, ки барои тамоми кӯдакони то сини 5- сола хизматрасонӣ (ба чузъ аз таксиҳои шахсӣ) ройгон аст ва аз кӯдакони аз 5 сола то 12 сола 50 фоиз роҳкиро гирифта мешавад.{jathumbnail off}

Алишер Зарифӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!