Бахшҳо
30 май 2011 05:54Гузориш

Лоиқ то лаҳзаи вопасини ҳаёташ Лоиқ монд

Дар баробари Лоиқ дар ҳамон давра чеҳраҳои нави  адабӣ, аз қабили Ҳабибулло Файзулло, Ғойиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ба майдони адабиёт омаданд, ки шеърро аз ҳамон доираи шеъри ҷадвалӣ, шахшудагӣ, шиорӣ ва ситоишӣ бароварданд, ки ин як падидаи нав дар адабиёт буд.


Лоиқ қолабшиканӣ мекард

«Омадани Лоиқ ба майдони адабиёт як падидаи нотакрор буд.Ӯ дар таърихи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ягона  шахсе буд, ки бе тавсия, бе хуҷҷат ва аснод ҳамчун як шоири ҷавон ба узвияти ин иттиҳод пазируфта шуд.Истеъдоди бузург ва ҷасорату тавоноияш буд, ки танҳо бо се шеъри аввалинаш, аз қабили «Зарафшон» ва «Ба модарам», ки ҳанӯз дар овони донишҷӯияш эҷод карда буд, аъзои иттифоқи нависандагон шуд», мегӯяд шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат. Ӯ, ки ин суханҳоро дар як маҳфили ёдбудӣ таҳти унвони «Устод ва шогирд» иброз медошт, ҳамчунин афзуд: Дар он вақт аз рӯи қонунмандӣ барои аъзо шудан се узви иттифоқи нависандагон тавсиянома менавишт, комиссияи кор бо ҷавонон номаи худашро пешниҳод мекард, баъд аз муҳокима намудан баъдан ба узвият қабул мекарданд. Аз ҳамон вақт мо Лоиқро зери назорат гирифтем, чун ки одамони боистеъдод душманони зиёд, албатта бадхоҳон доранд. Баъзан мешавад, ки душманонаш хамон дӯстон ва ҳатто  ҳамдиёрони худаш хастанд, ки шоирро зиндагинома ва айёми кӯдакияшро нағз медонанду нисбаташ кори бад мекунанд. Бино бар ин Лоиқро дар қайди махсуси иттифоқи нависандагон, дар рӯйхати нафароне, ки зери назорат ва ҳимоя бояд бошанд, гирифтем.

Ба қавли Мӯъмин Қаноат, дар баробари Лоиқ дар ҳамон давра чеҳраҳои нави  адабӣ, аз қабили Ҳабибулло Файзулло, Ғойиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ба майдони адабиёт омаданд, ки шеърро аз ҳамон доираи шеъри ҷадвалӣ, шахшудагӣ, шиорӣ ва ситоишӣ бароварданд, ки ин як падидаи нав дар адабиёт буд.

Устоду шогирд ва дӯстии Қаноату Лоиқ

Бисёриҳо суол мекарданд, ки дӯстӣ ва устодии шумо ба Лоиқ чӣ сабаб дошт.

"Маълум, ки барои шогирдиву устодӣ одам бояд як дастгоҳ дар дасташ дошта бошад. Ман мудири бахши шеър, котиби масъул ва иҷрокунандаи вазифаи муҳаррири маҷаллаи «Шарқи сурх» будам, ки ба Лоиқ ва дигар шогирдон ёрии амалӣ карда метавонистам ва гузашта аз ин ақида, чаҳонбинӣ, зебопарастӣ ва ахлоқи ман ба Лоиқ мувофиқ омад", гуфт Мӯъмин Қаноат. "Вақте Лоиқ  шӯҳрат пайдо кард, бисёриҳо дар Маскав аз ман мепурсиданд, ки ба шумо хавфнок нест, ин қадар одамро дар атрофатон ҷамъ мекунед? Ман мегуфтам, баръакс дар майдони адабиёт шахси танҳо ва яккатозро зуд аз миён бурдан осон аст". Мӯъмин Қаноат қайд кард, ки нахустин шоири ҷавоне, ки барои дарёфти ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пешниҳод шуд, Лоиқ буд ва гузашта аз ин қабл аз Лоиқ ҳеч шоири ҷавоне шеъраш бе таҳрири ҷиддӣ ба чоп намерасид. "Ҳоло аз ман мепурсанд, ки Лоиқ  шуморо устод мегуфт, ҳаминро қабул доред? Мегӯям, дар мактаби адабиёт сабқати озод аст ва баъд аз он ки ба ин мактаб даромадед, як кас не як кас аз ин мактаб бояд ба ҳамон марраи ҳадафи асосӣ, ниҳоӣ бирасад. Лоиқ бешубҳа аз ҳамон чеҳраҳоест, ки ҳадафмандии мо, ормонҳои мо ва ҳама чизи моро ба ҳамон марзи ниҳоӣ расонд. Дар адабиёт қонунмандӣ ҳамин хел аст, ки гоҳ -гоҳ мешавад, ки турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро".

Рустами Ваҳҳоб, донишманди тоҷик ва аз пажӯҳишгарони осори Қаноат дар ин ҷаласа гуфт, унсуре, ки дар масири худшиносии миллӣ мебинем, ин унсури фитрати солим, фитрати ҷӯянда аст, ки дар шеъри нахустини Лоиқ - «Ном»   равшан ба назар мерасад. Ҳамин фитрат ва ҷасорати ҷӯяндагии Лоиқ, ки аз зодгоҳаш, аз мактабаш ҳамроҳаш омадааст, то охир хамроҳаш будааст. Рустами Ваҳҳоб гуфт, эътиқоди миллие, ки дар замири мардум нуҳуфтааст ва имрӯз онро  фарҳанги исломӣ мегӯем дар ин ҷо шоир бояд як миқдор ғайримустақим ва ба восита фикрашро баён мекард, ки дар ҳамин ҷода нақши муассири худшиносӣ ва ҳуввиятҷӯиро дар ашъори Лоиқ хушбахтона мебинем.

Зафари Суфӣ, шоир ва журналисти шинохтаи тоҷик аз устод Мӯъмин Қаноат суол кард, ки ду- се сол аз ин пеш як шоире дар мавриди шеъри устод Лоиқ ба шумо як мактуби кушоде фиристод ва то ҷое ман хабар дорам, шумо  ишораҳое ҳам доштед, ки ҳатман ба ин мавод, аслан тӯҳматнома, ҷавоб мегӯед. Мӯъмин Қаноат ҷавоб ба ин суолро хеле фурсати муносиб унвон кард ва гуфт, ки он мақоларо бояд як бори дигар хонем ва чандин ҷавобҳо барояш нависем, чун дастрас нест, фурсати зиёде ҳам гузашт ва фаромӯш ҳам шудааст ва иншоолоҳ ба он ҷавоб медиҳем.

Лоиқ дигарбора меояд, аммо кай номаълум

Аҷами Калонзод аз шаҳри Лондон ба устоди Лоиқ, шоир Мӯъмин Қаноат дар тамос шуда суол медиҳад, ки имрӯз чӣ бояд кард, ки Лоиқи дигаре таваллуд шавад? Мӯъмин Қаноат мегӯяд, аз худи шеъри Лоиқ бармеояд, ки ӯ мегуфт, модари тоҷик бояд Лоиқи дигаре бизояд, ки аз ман зиёдтар кор мекарда бошад. Вазъи имрӯзаи Тоҷикистон нисбати он замон хубтар аст, вале мутаассифона он чизе, ки имрӯз аз шоирони ҷавон, нависандагони ҷавон мехонем, вазну қофия надошта бо як иттилооти хушк гуфта шудааст, ки хеле нигаронкунанда ва ташвишовар аст. Агар гӯем, аз ҷавонони мо Лоиқи нав мебарояд, аз ҳад зиёд иғроқ ва ё дурӯғи маҳз мешавад. Шояд, ки усули тарбияи ҷавонони мо ноқис бошад, вале ҳамон ормоне, ки дар шеъри Лоиқ омадааст, ки Лоиқҳои дигаре биоянд, иншоолоҳ, ки меоянд, лекин намедонем кай ва кӣ…

Лоиқу интернет ва ашъори ҷовидонаи ӯ

Толиби Розӣ шахсе, ки устод Лоиқро дар сафҳаи ҷахонии интернет муаррифӣ кардааст, мегӯяд тӯли 10 соли ахир аз соли 1990 то 2000- ум бо Лоиқ якҷо будем ва дар зери таҳрири бевосита ва назорати ӯ аввалин нашриёти тоҷикӣ- компютериро ба роҳ мондем. Ӯ мегуяд бори аввал сайти Абӯабдуллоҳ Рудакӣ ва маротибаи дуюм сафҳаи Лоиқро дар шабакаи интернетӣ сохтем, ки он ҷо овози Лоиқро мондем. Бойиси хурсандист, дар ин сомона бо овози шодравон 21 шеъраш садо медиҳад.

Маврид ба ёдоварист, ин маҳфил бо ибтикор ва тасмими анҷумани расонаҳои форсизабони дунё «Афрӯз» ва нашрияи Миллат таҳти унвони «Устод ва шогирд» сурат пазируфта, тариқи зинда дар сомонаи родиёи «Озодӣ» ва пойгоҳи скайпи шабакаи интернетӣ рӯзи 28-уми май пахш шуд.{jathumbnail off}

Алишер Зарифӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)