Бахшҳо
01 июн 2011 12:30Гузориш

Таъсири боҷи гумрукии сӯзишворӣ ба бозори истеҳсолии Тоҷикистон

Аз Федератсияи Русия даст кашидан даркор нест, аммо имрӯз вақти он расидааст, ки мо роҳи ҳалли ин масъаларо ёфта бо дигар бозорҳои ҷаҳонӣ  ҳамкорӣ дошта бошем.

Ҳукумати Русия қарореро ба тавсиб расонид, ки тибқи ин санад аз 1-уми июн  боҷи содиротии гумрукӣ барои маводи сӯзишворие, ки ба Тоҷикистон ворид мегардад 1,8 дарсад боло бардошта мешавад. Паёмади ин тасмим барои Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

Фирӯз Саидов, корманди масъули маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд, вобаста ба қарорҳое, ки аз сӯи ҳукумати  Федератсияи Русия ба тавсиб расиданд, масъулини ҳукумати Тоҷикистонро мебояд барои таъмини бозор бо  маводи сузишвории арзонтар ҳамкориро бо дигар кишварҳо тақвият бахшанд. Ӯ меафзояд, баландшавии содироти гумрукӣ барои маводи сӯзишворӣ, ки  аз Русия ворид мегардад, бойиси болоравии нархи дигар маҳсулотҳо дар Тоҷикистон мегардад. Ғайр аз  дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ аз ҳад зиёд баланд аст. Сабаби  асосии ин истеҳсол накардани маводи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ аст, яъне Тоҷикистон пойбанди бозори хориҷӣ аст. Дигар паҳлӯи масъала ин аст, ки маводи сӯзишвориро мо фақат аз Федератсияи Русия ворид карда, бо дигар манотиқ ҳамкорӣ надорем. Пас, хоҳем нахоҳем дар ҷумҳурӣ  нархи маҳсулот бо  ҳамин дараҷа омада мерасад.

Фирӯз Саидов мегӯяд, барои ҳалли ин масъала дар оянда бояд мо аввалан корҳои ҷустуҷуӣ-иктишофиро дар ин самт ба роҳ монем, бо кишварҳои дигар равобити соҳаро роҳандозӣ намоем. Ҳадди аққал дар Тоҷикистон  20- фойиз  маҳсулоти худӣ (манзур маводи сӯзишворӣ аст)  истеҳсол карда шавад, ё ҳамкорӣ бо дигар кишварҳое, ки содироти гумрукӣ барои маводи сӯзишворӣ арзон аст, дошта бошем ба ҷумҳурӣ таъсир камтар мешавад. Солҳои  қабл  нисбат бо дигар кишварҳо  содироти маводи сӯзишворӣ  аз Русия арзонтар буд, аз ҳамин сабаб ҷумҳурии мо бо Маскав дар ин самт ҳамкорӣ  дошт. Аз Федератсияи Русия даст кашидан даркор нест, аммо имрӯз вақти он расидааст, ки мо роҳи ҳалли ин масъаларо ёфта бо дигар бозорҳои ҷаҳонӣ  ҳамкорӣ дошта бошем.

Аз неруи эҷодкор истифода кардан даркор

Табаралӣ Ғаниев, доктори улуми иқтисод, профессор бар ин назар аст, ки вақте дар бозор як шахс монопалист аст, ӯ  дар ҳар як лаҳза шарту шароити худро пешниҳод мекунад. Ба иқтисодиёти Тоҷикистон барои таъсир накардан, махсусан дар соҳаи сузишворӣ чунин болоравии андозҳо мо бояд андешаи дигарро пайдо кунем барои ҳалли масъала.  Яъне шартномаҳои дигаре бо давлатҳои ҳамсоя ба монанди  ҷумҳурии  исломии Эрон,  давлатҳои Туркманистону  Хитой ва дигар кишварҳое, ки имконият доранд, дошта бошем.  Масалан,  мо метавонем  нерӯи барқро бо сузишворӣ бо дигар кишварҳо иваз кунем,  энергияи офтобро истифода кунем,  дар фикри дигар вариантҳои алтернативӣ бошем. Имрӯз  як замони эҷодкории неруи инсонӣ фаро расидааст, гарчанде қадамҳои аввал ҳам бошад. Бояд мо андешаи рушди неруи  касбӣ кунем, ки ба қатори давлатҳои ҷаҳони пешқадам баробар шавем.Хосияти равонии инсон ҳамин аст, ки танбал аст. Имрӯз мо бояд таваҷҷӯҳи иқтисодиётамонро пеш аз ҳама ба неруи эҷодкори созандаи касбӣ равона созем. Тавре дар урфият мегӯянд, «чумчуқро кӣ кушад, қассоб!»{jathumbnail off}

Мавзуна Абдуллоева
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)