Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 05:25

«Шонси умед» барои журналистони тоҷик

10 июн 2011, 12:16

Бархе аз журналистони тоҷик мегӯянд, дар бисёр маврид аз изҳори баёни озод ҳарос доранд. Тарси онҳо ин будааст, ки агар аз фаъолияти мансабдоре интиқод намоянд, нисбаташон парванда боз мешавад.


Коршиносони соҳаи ВАО-и тоҷик ба он эътимод доранд, ки ояндаи наздик Тоҷикистон ҳам ба дунболи Русия барои ҳазфи моддаҳои «таҳқир» ва «тӯҳмат» аз кодекси ҷиноӣ иқдом мекунад. Дмитрий Медведев, президенти Русия лоиҳаи қонун оид ба тағиру иловаҳо ба кодекси ҷиноиро ба баррасии Думаи давлатӣ ирсол намуд. Миёни ин тағйиротҳо аз кодекси ҷиноӣ берун андохтани моддаҳои марбут ба "таҳқир" ва "тӯҳмат" низ ҳаст. Зимнан, дар тарҳи қонун омадааст, ки «таҳқир» ва «тӯҳмат» ба қонунвайронкунии маъмурӣ ворид карда шавад, хабар медиҳад РИА Новости. «Тӯҳмат»-у «таҳқир» аз «серҷанҷолтарин» моддаҳои кодекси ҷиноии Тоҷикистон низ ҳаст. Дар чанд соли ахир ҳуқуқшиносон ва коршиносони соҳаи ВАО зиёд талош кардаанд, то моддаҳои 135 ва 136 (тӯҳмат ва таҳқир) аз кодекси ҷиноӣ ҳазф шаванд. Аммо то имрӯз ин кӯшишҳо баробар ба сифр буд. Акнун ки Русия тасмим гирифтааст, аз баҳри ин ду модда дар кодекси ҷиноӣ барояд шояд Тоҷикистон низ ба он пайравӣ хоҳад кард. Зеро таҷриба нишон медиҳад, ки дар бисёр маворид вакилони тоҷик ва мақомоти алоҳидаи Тоҷикистон ба қонунҳои Русия пайравӣ мекунанд. Барои мисол вақте Русия эълон дошт, ки милисаашро ба пулис иваз мекунад, дар Тоҷикистон низ гуфтанд ба эҳтимоли зиёд аз баҳри милиса мегузаранд. Аммо ба ақидаи бархе коршиносон ин навбат мақомоти Тоҷикистон ба русҳо тақлид нахоҳанд кард, зеро бо истифода аз ин моддаҳо  имкони хуби барбастани даҳони бархе журналистон имконпазир аст.

«Дарди кӯҳна»-и журналистони тоҷик=135 ва 136

Дар мавриди зарурати берун кардани моддаҳои марбут ба тӯҳмат ва таҳқир аз кодекси ҷиноӣ аз чанд соли пеш коршиносон ва журналистони тоҷик садо баланд мекунанд. Дар робита якуним сол қабл дар шаҳри Душанбе зимни ҳамоише бори дигар ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ карда шуд. Бидуни лағви моддаҳои 135 ва 136-и кодекси ҷиноӣ имкони таъмини озодии баён дар кишвар ғайриимкон унвон шуд. Иноят Иноятов, ҳуқуқдони умури ВАО борҳо гуфтааст, ки таҳқир ва тӯҳмат қонунвайронкунии хусусияти шаҳрвандидошта буда, бояд дар доираи ҳуқуқи гражданӣ ҳал карда шаванд.

Бисёре аз коршиносон умед доштанд, ки бо таҷдид шудани қонун «Дар бораи матбуот ва дигар ВАО» ба ин масъала низ дахл мешавад, аммо дар пешнависи лоиҳаи нави қонуни мазкур, ки алъон дар баррасии вакилон қарор дорад, вобаста ба ин мавзӯъ чизе гуфта нашудааст. Гузашта аз ин бархе коршиносони дигар мӯътақиданд, ки бидуни ҳазфи ин ду модда аз кодекси ҷиноӣ ба рушди журналистикаи тоҷик умед бастан корест мушкил. Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Журналист»-ро метавон ба ҳамин гурӯҳ шомил кард. Номбурда иддао дорад, ки ҳадди аққал ин бандҳо бояд ба кодекси шаҳрвандӣ кӯчонда шаванд, дар сурати баръакс «аз ворид кардани тағиротҳо ба қонунҳои соҳаи матбуот ҳеч манфиате барои журналистика ба даст нахоҳад омад».

Аз Ҷумъаи Толиб то… беохир?!

Бархе аз журналистони ҷавон мегӯянд, дар бисёр маврид аз изҳори баёни озод ҳарос доранд. Тарси онҳо ин будааст, ки агар аз фаъолияти мансабдоре интиқод намоянд, нисбаташон парванда боз мешавад. Як рӯзноманигор, ки нахост номаш зикр шавад гуфт: «Ман кӯшиш мекунам дар мавзӯъҳои беҷанҷол мақола нависам. Тавре мебинем, имрӯз агар дар бораи порахӯрии мансабдоре матлаб нависӣ туро ба суд мекашанд. Судҳо бошанд ҳеч вақт ҷониби журналистро намегиранд». Инҷо маврид ба зикр аст, ахиран дар додгоҳҳои Тоҷикистон аввалин ҳукми сафеди як журналист, ки бо иттиҳоми тӯҳмат ва таҳқир алайҳи ӯ парванда боз шуда буд, эълон гардид. Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабарнигори рӯзномаи «Имрӯз-News» Мирзомуроди Бозорро, ки дар пайи шикояти як корманди «Воҳиди махсус»-и ВКД ба додгоҳ кашида шуда буд, бегуноҳ донист.

Фарангис Набиева, яке аз се журналисти ҷавон аст, ки моҳи июли соли 2007 баъди матлабе ба додгоҳ кашида шуд. Райҳона Раҳимова, як овозхон онҳоро дар тӯҳмату таҳқири худ муттаҳам медонист. Фарангис мегӯяд, ҳарчанд судбозиҳои яксола ба фаъолияташ бетаъсир набуд, аммо ба ҳеч ваҷҳ ӯро аз ифшои ҳақиқат боз надошт:

-Ҳамеша кӯшиш мекардам, ки маводи танқидӣ зиёдтар нависам, зеро вазифаи аслии журналист ҳамин аст. Қазияи судӣ барои ман таҷрибаи корие шуд, на зиёдтар аз ин.

Журналистоне, ки «кайф»-и моддаҳои 135 ва 136-ро чашидаанд

«Тӯҳмат» ва «таҳқир» чандин журналисти тоҷикро ба долонҳои судҳо кашида аст. Аз миёни журналистоне, ки алайҳи онҳо бо моддаҳои 135 ва 136-и кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда буд, танҳо Ҷумъаи Толибро додгоҳе дар шимоли кишвар муҷрим шинохт. Дар ҳолатҳои дигар ҷониби даъвогар аризаи шикоятии худро бозпас гирифтаанд. Инак, феҳрасти нопурраи журналистоне, ки алайҳи онҳо бо моддаҳои «тӯҳмат» ва «таҳқир» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст:

Саида Қурбонова, Муҳайё Нозимова ва Фарангис Набиева (соли 2007). Даъвогар Райҳона Раҳимова, сароянда. Асос: матлаби «Райҳона пи-пи-пи Афғонистон» дар нашрияи «Овоза». Додгоҳ: ноҳияи Фирдавсии пойтахт (баъди як сол бо мусолиҳаи ҷонибҳо қазия поён ёфт).

Маҳмадалии Мақсадуллоҳ (соли 2010). Дар асоси аризаи шикоятии вакили собиқ парлумон аз Қӯрғонтеппа Сайвали Нуров. Асос: матлабе бо унвони «Депутатро говсуд мекунанд?» дар нашрияи «Чархи Гардун». Додгоҳ: ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (қазия идома дорад).

Рамзия Мирзобекова (соли 2011). Даъвогар: Анвар Тағоймуродов, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон. Асос: мақолаи "Тафтиш ё инкивизитсия?" дар ҳафтаномаи «Азия плюс». Додгоҳ: ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (қазия идома дорад).

Нашрияи «Миллат» (соли 2009). Даъвогар: Вазорати кишоварзӣ. Асос: Нашри матлаби «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» дар нашрияи мазкур. Додгоҳ: ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (баъди як соли баҳсҳо ин қазия ба нафъи вазорати кишоварзӣ поён ёфт).

Нашрияи «Пайкон» (соли 2010). Даъвогар: Агентии "Тоҷикстандарт". Асос: Нашри як муроҷиатномаи соҳибкорон ба президент. Додгоҳ: Суди шаҳри Душанбе (ин қазия баъди як сол ба нафъи даъвогар анҷом ёфт. Ҳоло ин баҳсро Суди олӣ баррасӣ дорад).

Нашрияҳои «Озодагон», «Фараж», «Азия плюс» (соли 2010). Даъвогарон: Нур Нуров, Улуғбек Мамадшоев, судяҳои суди олӣ ва  Фахриддин Додоматов, судяи додгоҳи шаҳри Душанбе. Асос: нашри «Изҳороти кушодаи адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев оиди нақзи ҳуқуқи инсон» дар нашрияҳои номбаршуда. Додгоҳ: ноҳияи Синои пойтахт. (баъди як сол бо мусолиҳаи ҷонибҳо ҳал шуд.{jathumbnail off}

Абдулазизи ВОСЕЪ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!