Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:09

Анатолий Сердюков бо вазири мудофиаи Тоҷикистон мулоқот мекунад

24 июн 2011, 04:17

Интизор меравад, Анатолий Сердюков, вазири мудофиаи Русия имрӯз вориди Душанбе гардад.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати дифоъи Тоҷикистон, боздиди Сердюков аз Тоҷикистон кӯтоҳмуддат буда, дар Душанбе мулоқоти ӯ бо вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев баргузор хоҳад шуд. Бино ба қавли манбаъ, зимни нишасти вазирон масоили ҳамкории муштараки низомӣ баррасӣ мегардад. Ҳамчунин, масъалаи омода сохтани  афсарон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар донишкадаҳои низомии Русия низ мавриди муҳокимаи Хайруллоев ва Сердюков қарор  мегирад.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, Анатолий Сердюковро райисҷумҳури Тоҷикистон низ ба ҳузур мепазирад ва зимнан масъалаи дурнамои ҳамкориҳои низомии ду кишвар, аз ҷумла мавзӯъи истифода аз пойгоҳи ҳавоии Айнӣ ба баррасии эшон гирифта мешавад. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!