Бахшҳо
05 июл 2011 09:19Гузориш

Бензинбозори Тоҷикистон

Ҳоло тақрибан  80%-и бозори сӯзишвории Тоҷикистонро  ширкати наздик ба Кремл «Газпромнефт»  ба даст гирифтааст, ки ин  таъсири ҷиддии худро аллакай гузошт ва то ба даст  гирифтани объектҳои муҳими стратегии Тоҷикистон «қиматшавии сунъӣ»-ро Русия идома медиҳад.



«Аҳволи мани ронандаро бубин. Ҳоло бензинро аз ин нуқтаи фурўши сузишворӣ  бо нархи 6 сомонию 50 дирам харидам, рӯз то рӯз қимат карда истодаанд.   Маҷбурем, ки бо чунин арзиш харидорӣ намоем»,- мегӯяд як ронандаи душанбегӣ бо исми Файзулло. Ба ҷуз ӯ, чанд нафар ронандаи дигар ҳам гуфтанд, ки барояшон маълум нест, ки чаро нархи сўзишворӣ дар ҷумҳурӣ баланд шуда истодааст. Зимнан, масъулини марбут ба ин соҳа, дар аксар сӯҳбатҳояшон болоравии нархи сўзишвориро ба афзоиши боҷи гумрукии Русия рабт медоданд. Ҳатто кормандони бархе аз нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ сабаби зуд-зуд болорвии нархи  бензинро намедонанд ва мегўянд  «дар ин бора ба калонҳоямон суҳбат кунед».  Як фурўшандаи  сузишворӣ, ки худро Аҳмад муаррифӣ кард, мегўяд 3-4 рўз мешавад, ки бензини навъи 95-ро бо нархи 6 сомонию 50 дирам мефурўшам. Дар бораи боло рафтани нархи сўзишворӣ бошад чизе намедонад  ва ба ў гуфтаанд, ки  бо чунин нарх фурўш. Дар яке аз нуқтаҳои  фурўши сўзишвории ширкати «Газпромнефт», ки дар назди сафоратхонаи  Русия, рў ба рўи беморхонаи Қарияи боло ҷойгир аст, нархи бензин вобаста ба навъи он  аз 6 сомону 30 дирам то 6 сомону 50 дирамро ташкил медиҳад.     

Суруди нави «Газпромнефт»
Эраҷ Басиров, сухангўи  ширкати «Газпромнефт»  сабаби болоравии қимати бензинро дар рўзҳои ахир ҳам ба боҷи  гумрукӣ ва ҳам ба қимат дастрас намудан аз ҷониби истеҳсолкунандагони сӯзишворӣ аз Русия марбут медонад:  
- Тибқи тағйироте, ки аз 2-юми июли соли равон ба миён омад, минбаъд бензини тамғаи 80  дар ҷумҳурӣ 6 сомонӣ  фурўхта мешавад, ки қаблан 5 сомону 80 дирам арзиш дошт. Ин навъи бензинро ҳоло нисбати чанд рўзи  пеш қиматтар дастрас менамоем. Аммо болоравии дигар навъи бензин ба афзоиши боҷе,ки аз аввали моҳи июн ба миён омад рабт дорад.
Эраҷ  Басиров, мегўяд вобаста ба афзоиши  боҷи гумрукӣ навъи бензини 92   6 сомону 30 дирам, бензини 95  6 сомону 40 дирам барои фурўш муқаррар шудааст. Ин дар ҳолест, ки Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ  мегўяд , ҳаҷми афзоиши боҷи гумркӣ ба нархгузорие, ки феълан дар марвриди фурўши бензин муқаррар шудааст, як шакли нави пулкоркунӣ аст.Ҷаноби Исмоилиён мегӯяд, бензине, ки ҳоло фурхўта истодаанд, ин дар моҳи январ, ки он вақт Русия боҷи гумрукиро баланд накарда буд, ба Тоҷикистон ворид шудааст. Раиси «Газпромнефт» як моҳ қабл дар як нишаст гуфта буд, ки бензини 92 ва 95-ро  дар моҳи июл ба Тоҷикистон ворид мекунем. Бинбар ин як литр бензин, ки ҳоло 6 сомонию 30 дирам фурўхта мешавад ҳеч  рабте ба боҷи содиротӣ надорад. Дар Хуҷанд бензини навъи 92-ро дидам, ки  5 сомонию 80 дирам аст, аммо дар Душанбе ин навъи бензин қариб 6 сомонию 30 дирам мебошад, инро аз пеши худашон қимат кардаанд. Гузашта аз ин, агар ҳамон боҷи содиротии Русияро низ ба инобат гирем, набояд бензин бо чунин нарх фурўхта шавад. Агар ба ҳисоби миёна ба нархи 5 сомону 80 дирам ҳам фурўшанд, тамоми хараҷотҳо  пўшонида мешавад.

Фишанги бензинӣ
Муҳаммад Фармонзода,  коршиноси масоили иқтисодӣ гуфтаҳои Зулфиқори Исмоилиёнро тақвият бахшида иброз медорад, ки он ҳарферо, ки масъулини ширкати «Газпромнефт» дар хусуси гароншавии боҷи гумрукӣ ва дар ин замина афзоиши нархи сўзишворӣ доранд, бепоя аст,  чаро ки дар моҳи пешин дар ҳар тонна маводи сӯзишворӣ  408$ боҷи гумркӣ муайян шуд ва маҳз ҳамин ширкат ҳар литр бензинро 4 сомону 30 дирам ва 5 сомону 50 дирам мефурўхт. Ҳоло он ки 408$ бо асъори миллӣ бо курси 4, 5 сомонӣ 1836 сомонӣ шуд, бо курси 4, 7 бошад 1917 сомонӣ, яъне дар ҳар литр бензин 1,9 сомонӣ боҷи гумрукӣ илова мешуд. Ва тибқи тағйироти ахири боҷи содиротӣ  бошад, 401, 5$ =1950 сомонӣ мешавад. Яъне дар 1 литр бензин 1,95 дирам боҷи гумрукӣ изофа шуд, яъне фарқият ҳамагӣ 37 сомонӣ дар як тонна аст. Номбурда болоравии боҷи гумрукиро дар ҳар тонна сўзишворӣ аз ҷониби шарики стратегии Тоҷикистон- Федератсияи Русия як навъ фишанги иқтисодӣ унвон намуд ва гуфт, ки дар ин ҷо 3 омили аслӣ вуҷуд дорад:  ба даст гирифтани бозори сўзишвории кишвар, ройгон соҳиб шудани фурдгоҳи низомии Айнӣ ва дар сатҳи фақр нигоҳ доштани Тоҷикистон.  Муҳаммад Фармонзода  мегўяд, агар чӣ ҳукумати Русия гароншавии боҷи гумрукиро барои назорат ва танзими  бозори дохилаи худ рабт дод, вале ин ҳама ҳарфи пуч чизе беш нест.Чунки баъди ин гуна махдудиятсозӣ содироти сӯзишворӣ  аз Русия ба хориҷи дур ба маротиб афзуд, хоса барои кишварҳои пасошўравӣ. Бубинед, дар ҳар тонна  сузишворӣ соле муқаддам 220$ боҷи гумрукӣ муайян шуд, вале дар зарфи чанд моҳи дигар як маротиба боло рафт, ки ин гуна болоравӣ  ба оддитарин муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ мувофиқат надорад. Ба гуфти ў , феълан нишондодҳои иқтисодӣ хокӣ бар онанд, ки 80%-и бозори сӯзишвории кишварро ширкати наздик ба Кремл «Газпромнефт»  ба даст гирифтааст, ки ин  хатари ҷиддии худро аллакай гузошт.
-Ахиран, дар зарфи як моҳ ду маротиба болоравии боҷи гумрукӣ барои сўзишворӣ муайян шуд, фикр мекунам, то ба даст  гирифтани объектҳои муҳими стратегии Точикистон  ин "қиматшавии сунъӣ" идома меёбад.

Мушкили № 1
Ва ҳамин фишангҳо воқеан таъсири худро барои соҳибкорони тоҷик, ки ба воридоти ин навъи сўзишворӣ масруфанд, гузошт, ки якборагӣ воридсозиро маҳдуд карданд. Муҳаммад Фармонзода барои ҳалли ин мшкилот иброз  медорад, ки  хадамоти зиддиинҳисорӣ  бояд ба оддитарин ҳисоботҳои мазкур масруф бошад ва ҳамчун ниҳоди мустақил қотеона талаб кунад ва сари ин мушкилот расидагӣ намояд.  
Дар ҳамин ҳол Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси тоҷик нақши хадамоти зиддиинҳисории кишварро дар ба танзимдарории нархи бензин ночиз меҳисобад ва мегўяд хадамоти зиддиинҳисории мо бо ном вуҷуд дорад:  «Ин хадамот ҳатто наметавонад,  барои худсарона боло бурдани нархи сўзишворӣ як ширкатро ҷарима бандад, аз дасташон ҳеч чиз намеояд. Яъне ҳарфи ин хадамот барои ширкатҳое, ки ба фурўши бензин машғуланд, ҳеч таъсире надорад. Бубинед хадамоти зиддиинҳисории Русия дар ин росто чӣ иқдомҳоеро пиёда мекунад ва чӣ гуна нақш дорад». Коршиносон мегўянд, барои ҳалли  мушкилоти ба миён омада ҳукумати Тоҷикистон бояд зудтар чорае андешад, то дар оянда вазъият аз ин бадтар нашавад. Ин гурўҳи коршиносон тахмин мезананд, ки агар ин раванд дар ҳамин шакл идома ёбад, баъд аз чанд моҳи дигар қимати сўзишворӣ дар Тоҷикистон ба маротиб афзуда, ин мушкил проблемаи рақами 1 дар ҷумҳурӣ мешавад.
Алишер Зарифӣ 

{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)