Бахшҳо
13 июл 2011 11:49Гузориш

Аз марги Карзайи хурдӣ то инфиҷори Қандаҳор

Пас аз чанд лаҳзаи анҷоми маросими дафни бародари райисҷумҳур Ҳомид Карзай- Аҳмад Валӣ Карзай дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон ду инфиҷори шадид ба вуқӯъ пайваст. То ин лаҳза дар мавриди сабабҳои таркиш ва қурбониёни он маълумоте нарасидааст. 




Ҳадафи навбатӣ- Ҳомид Карзай?
Хабаргузориҳо навиштаанд, маросими видоъ бо Аҳмад Валӣ  бо ҳузури як қатор мансабдорони сатҳи баланди ҳукумати давлати исломӣ бо шумули райисҷумҳур Ҳомид Карзай сурат пазируфт. Ба иттилои сомонаи newsru.com таркишҳо ҳамагӣ  чанд лаҳза баъд аз маросими дафн ба вуқӯъ пайвастанд. Бархе аз соҳибназарон ҳадс мезананд, ки ҳадаф аз ин инфиҷорҳо шояд аз миён бурдани президенти давлати исломӣ аст.    
Ҷанозаи бародари райисҷумҳури Афғонистон, ки мебоист баъди зӯҳри рӯзи гузашта анҷом мешуд, ба субҳи 13-уми июл гузошта шуд. Ин тасмим ба он хотир гирифта шуд, то Ҳомид Карзай низ дар он ширкат варзад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки як сабаби дигари дертар анҷом шудани маросими дафн ташхиси судӣ-криминалии ҷасад будааст.  
Рӯзномаи «The Daily Telegraph»-и чопи Бритониё навиштааст, ки аз субҳи барвақт ҳудуди ҳазор нафар дар рӯ ба рӯи бинои қароргоҳи волӣ ҷамъ шуданд, то намози ҷанозаи бародари президентро гузоранд. Ҷасади Аҳмад Валӣ Карзайро дар зодгоҳаш, рустои  Карзи вулусволии Қандаҳор  ба хок супурдаанд.

Чораҳои амниятии бенатиҷа
Ҳифзи амният зимни маросими дафн дар Қандаҳор бар ӯҳдаи пулис буд. Ҳаракати нақлиёт дар тамоми кӯчаҳо қатъ гардида, танҳо пиёдагардон ҳаққи убури кӯчаи марказии шаҳрро доштанд.  Гуфта мешавад, дар фазои шаҳр низ чархболҳо ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳар гуна амали номатлуб дар парвоз буданд. Аммо тавре баъдтар маълум шуд, ин ҳама натавонист аз амали терорристӣ пешгирӣ намояд.  
То ин лаҳза нафаре ё гурӯҳе масъулияти анҷоми ин таркишҳоро бар дӯш нагирифтааст.  Эҳтимолан, амали мазкур кори дасти Толибон бошад, мегӯянд соҳибназарон.  Мақомоти расмӣ бошанд, алъон дар ин маврид изҳори назар накардаанд.
Маврид ба тазаккур аст, Аҳмад Валӣ Карзай, ки 49 сол дошт, дар манзили зисташ дар шаҳри Қандаҳор кушта шуд. Гуфта мешавад, ӯро сардори хадамоти амниятияш беҷон гардондааст. Хабаргузориҳо навиштанд, ки Сардор Муҳаммад баъди сӯиқасд ба ҷони бародари президент худро низ ба ҳалокат расонидааст.  

Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ғамшарики Афғонистон аст
Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҷумҳурӣ шоми дирӯз дар сӯҳбати телефоние ба Ҳомид Карзай бори дигар ҳамдардии худро вобаста ба марги фоҷеабори бародараш ироа кард. Райисҷумҳури Тоҷикистон, ҳамчунин омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкории густурда бо мақомоти дахлдори Афғонистон дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории созмонёфтаи фаромиллӣ баён дошт. Маврид ба ёдоварист, қабл аз ин Эмомалӣ Раҳмон унвонии Ҳомид Карзай барқияи тасаллият ирсол намуд. Дар ин нома гуфта мешуд:
«Хабари ҳузнангези ҳалокати фоҷиавии бародари азизи шумо Аҳмад Валӣ Карзайро бар асари сўиқасди террористӣ бо андӯҳи бузург дарёфтам. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос омодагии комили ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати тақвияти воқеии ҳамкории ду давлат дар мубориза алайҳи нерўҳои аҳримании терроризми байналмилалӣ ва дигар хатару чолишҳои ҷадиди минтақа ва ҷаҳони муосир бори дигар  таъкид менамоям. Ҳамдардии амиқи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба шумо ва аъзои оилаи  бародари марҳуматон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам. Худо ҷояшро ҷаннат ва маъвои охираташро пурнур гардонад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун».

Низомиёни афғон Аҳмад Валӣ Карзайро дӯст намедоштанд
Аҳмад Валӣ Карзай, ки раҳбарии шӯрои вилояти Қандаҳорро бар ӯҳда дошт, яке аз шахсиятҳои воломақом дар ҷануби Афғонистон маҳсуб мешуд. Гуфта мешавад, бародари президент «душманон»-и зиёде дошт. Ҳатто аз миёни артиши миллии Афғонистон афроде, ки ӯро хуш надошт, кам набуданд. Ашхоси воломақоми низомӣ чандин маротиба Аҳмад Валиро дар ғайриқонунӣ аз худ кардани замини давлат, бо шумули заминҳое, ки ба афсарони вазорати дифоъ таалуқ дошт, муттаҳам мекарданд. Ҳамчунин, дар мавриди даст доштани бародари Ҳомид Карзай дар қочоқи маводи мухаддир сару садоҳои зиёде бархоста буд.
Дар гузашта ҳам ба ҷони Аҳмад Валӣ чандин маротиба сӯиқасдҳои номуваффақ анҷом шуд. Масъулияти сӯиқасди бародари хурдии Ҳомид Карзайро гурӯҳи Толибон бар ӯҳда гирифтаанд. Ин ҳодисаро онҳо «дастоварди бузург» унвон карданд.
Акнун суоли боз пешорӯи ҷомеаи кунунии Афғонистони ҷангзада ин аст, ки ин дафъа сӯиқасд ба ҷони кӣ сурат мегирад? Пурсишест, албатта бе посух. Агар ҷавоб ҳам пайдо кунад, нокомил аст, зеро ин кишвар ноором асту сулҳи саросарӣ ҳам барои сокинонаш орзуе беш нест…

{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)