Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:40

Дар Кўлоб зӯрон об мегиранду нозўрон… ҳеҹ чиз

18 июл 2011, 10:39

Дар ноҳияи Кўлоб аз ситами зўрону бемасъулиятии роҳбарони ҳукумати маҳаллй 100-ҳо гектар заминҳои обй на танҳо кишти такрорй надидаанд, балки мавриди истифода қарор наёфтаанд. Аниқтараш кишт шудаанд, вале бо ҷурми беобӣ кайҳо хушк шудаанд.



Беобӣ ва мушкилоти он
Яке аз хоҷагиҳои машҳури ба номи Саидҷон Назаров, ки дар гузаштаи наздик ба истеҳсоли маҳсулоти сабзавотӣ машғул буду садҳо нафар ин ҷо кору фаъолият намудаву ҳазорон тонна маҳсулоти сабзавотиву полезӣ ба сокинони шаҳру ноҳия пешкаш мекарданд, имсол аз касрати набуди об, тамоман аз фаъолият бозмонданд. Саид Раҳмонов, як сокини рустои Сариосиёи ҳамин хоҷагӣ мегўяд, «ҳамасола дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва замини ба истилоҳ, президентӣ, кишти сабзавот карда, даҳҳо ҳазор сомонӣ фоидаи нақд ба даст меовардам, ки барои шароити зиндагӣ  басанда буд. Вале чанд сол аст, ки бо айби масъулини ҳукумати маҳаллӣ, канале, ки заминҳои мо аз он обёрӣ мегашт, умуман тоза карда намешавад. Аз ин рў, имсол дигар натавонистем аз оби он истифода барем ва садҳо гектар заминҳои мардуми бечора бо иллати нарасидани об, ба лалмӣ мубаддал гаштанд».
Дар ҳамин ҳол, сокинони ин хоҷагӣ  мегўянд, агар аз як тараф канали покнашуда иқтидори оби зиёд интикол доданро надошта бошад, аз ҷониби дигар, чун ҳамин канал то ба хоҷагии ба номи Хатлон тӯл мекашад, раиси хоҷагӣ Раҷаб Азизов намегузорад, то мардуми оддӣ аз ин об истифода баранд. Ба қавли Саид Раҳмонов, одамони Азизов шабонарӯз болои канал посбонӣ мекунанд ва ҳеҹ кас ҳадди аз ин ҷӯй бастани обро надорад. Ҷаноби Раҳмонов дар як нишасти матбуотӣ ба роҳбарони шаҳри Кӯлоб муроҷиат карда гуфт, ки садҳо гектар замини обии хоҷагии Назаров ба лалмӣ мубаддал гашт, чаро аз ҳоли деҳқони оддӣ намепурсед?  Файзалӣ  Қурбонов, муовини аввали раиси шаҳр дар ҷавоб ба ин савол гуфт, « аз беэътиноии аҳолӣ ва дуруст истифода набурдани об аз ҷониби соҳибкорон, заминҳои кишти ин хоҷагӣ хароб гаштаанд».
Дар ҳамин ҳол, Ҳамид Абдуллоев дар ҷамъбасти 6-моҳаи дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳия гуфт, ки «мутобиқи нақша дар нимаи аввали имсол бояд 800-тона маҳсулоти сабзавотии дохила дар ҳудуди шаҳру ноҳияи Кўлоб   ворид мегашт. Аммо ҳамагӣ танҳо 175-тона аз маҳсулоти худӣ ворид гардидаасту бас».  Яъне, истеҳсоли маҳсулоти худй тақрибан набудааст. Ин дар ҳолест, ки тавре қайд шуд, тамоми бозорҳои шаҳрро кишоварзону деҳқонони хоҷагии ба номи Назаров бо маҳсулоти сабзавот ва полезӣ таъмин карда меомаданд.
«Чӣ гуна супориши президентро дар мавриди кишти такрорӣ иҷро мекунем, дар ҳоле ки наметавонем аз кишти якбора дар заминҳоямон истифода барем», бо алам мегӯяд Саид Раҳмонов.
Аслиддин Достиев
{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!