Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:12

Як соли ман, ки дар Маскав гузашт

8 август 2011, 05:17

«Газуйте, пожалуйста  (суръатро баланд кунед)»,  «в автобусе нет туалета? (дар автобус мабраз нест?)», «как пишется «Путин (Путин  чӣ тавр навишта мешавад)»  ибораҳое ҳастанд, ки истифодаи он метавонад шуморо дар ин ҷо,  яъне дар Маскав ҳамчун таҳҷоӣ муаррифӣ кунад.



Боз як соли ғаму шодӣ гузашт…
Инак аз буданам дар Маскав як сол ҳам гузашт. Баъди  расидан ба санаи омаданам ба Маскав, гашта ба қафо, ба мурури тайкардаам нигаристам, ки …эҳ-ҳэ-ҳэ… Хеле кӯлвори пурбори таҷрибаву ҷаҳонбиниву омўзиш шудааст- ку…
Ба шумо аз ин кўлвор мушт- мушт мегўям, хуб- мӣ?

Пардаи 1: «Дурӯяҳои масковӣ»
Аввалин ин ки шахси хориҷӣ  дар пойтахти Русия – Маскав ба зудӣ шинохта мешавад ва ё ба лафзи дигар мардуми таҳҷоиро дар ин шаҳр метавон ба осонӣ тафриқа андохт. Сайёҳ ва ё хоричиро пеш аз ҳама дар муомила бо мардуми таҳҷоӣ мушкил пеш меояд, агар чанд ибораи маъмулии ин мардумро ба зудӣ азбар ва дар гуфторашон истифода накунанд. Ибораҳои «газуйте, пожалуйста  (суръатро баланд кунед)», «в автобусе нет туалета? (дар автобус мабраз нест?)», «как пишется «Путин (Путин  чӣ тавр навишта мешавад)», «я живу в Москве и не буду платит так много! (ман сокини Маскавам ва пули зиёд доданӣ нестам)» ибораҳое ҳастанд, ки истифодаи он метавонад шуморо таҳҷоӣ муаррифӣ кунад.  Ҳамчунин, ибораҳои «Мне тошнит (дилам беҳузур шуд)», «разве это жизн? (магар ҳаминам зиндагӣ шуд-у?)»  хоси ин  мардум буда, ифтихори зиёд аз «московӣ» будани шахсро изҳор мекунад. Имрўзҳо, ки чаҳон аз «инқилобҳои лолаӣ» дар ташвиш зиндагӣ дорад, оромиву бепавоии  «москвич»-ҳо касро сахт ба ҳайрат меорад. Аз ин инқилобҳо дида «московӣ»-ҳоро теъдоди зиёди тарабхонаҳои нав  бештар ба ташвиш овардааст. Маскав ягона шаҳре аст, ки табассум ба одами ношинос аблаҳӣ дониста мешаваду ба мардуми он форам нест. Агар мабодо ба шахси пешорӯятон бо илтифот табассум намоед, осемасар ба абзори танаш менигараду бо нигоҳи «чӣ магар ягон ҷоям кушод мондааст?» суол медиҳад. Бисёриҳо мегўянд, ки чунин муносибати московиҳо аз он будааст, ки дар миёнаҳои асри гузашта ба он бештар деҳқононро кўч дода будаанд. Аз ин рў онҳо одамони дурўяанд - дар хона дигару дар кўча дигар, яъне онҳо ба «худиҳо» хайрхоҳанду ба бегонаҳо бо чашми нафрат нигариста, нисбаташон низоъталаб мебошанд. Аз ин ру хориҷиёнеро чун мо, аққалан ба хотири амнияти шахсӣ мебояд, ки дар кўчаҳои ин шаҳр «урус» бошем. Яъне, мисли ин мардум ҳатман дар даст пакети селофанӣ дошта бошем. Аммо агар бонувони хориҷӣ хоҳанд, ки тамоман «москвичка» шаванд, бояд заҳмати бештар кашанд. Абрӯвони тираву барҳам, қадамзаниҳои бошиддату бовиқор, тарҳи рўи нафратангез нисбати атрофу атрофиёнаш чеҳраи имрўзи «москвичка» аст, ки ман дарёфтам. Бо ин ҳама салобаташ «бо вуҷуди он ки ҳама умр дар ин шаҳр зиндагӣ дорад, бо чунин андом нишон доданӣ мешавад, ки «ман зеби Порижу Ландан  дорам». Баъзан чунин мушоҳида мекунӣ, ки дар Маскав зистан бехавф нест. Ронандаҳои ин шаҳр дар гузаргоҳи пиёдагард, на ин ки намеистанд, балки суръати нақлиётро боз ҳам баланд мекунанд. Албатта, онҳо қасди куштани туро надоранд, аммо онҳо ба ҳароси чашмони ту менигаранду «ҳаловат» мебаранд.

Пардаи 2: Тамбаи масковӣ ё худ «пробка»-ву укроп
Дар ин шаҳр вақти расидан ба коргоҳ аз вакти корӣ бештар аст. Бо ин вуҷуд, ки кор дар ин шаҳр асосан соати 10-и рӯз оғоз меёбад, аммо агар коргарӣ, пеш аз соати 7- субҳ дар коргоҳ шав, вагарна омаданат ба кор ҳатман баъди соати 12-и рўз хоҳад буд. Тамба (пробка)!  Воқеан, барои баъзе аз коргарони танбал ва ё коргурез «пробка» баҳонаи хубе ҳам ҳаст. Ду соат дар ҷойгаҳи гарм баҳузур мехобию  баъд мегӯӣ, ки «в пробку попал (дар тамба дармондам)».  Аҷиб ки ҳама медонанд, ки дар аксари маврид ин баҳонае беш нест ва аммо ҳама ба ин дурўғи худ бовар мекунанд, чунки ҳама аққалан дар 1 хафта 1 бор чунин дурўғе гуфтаанд. Метрои Масков бошад, аз ҳама ҷойи хавфноктарин барои хориҷиён аст. Агар ки вориди метро шудан хоҳед, аввал бо дастатон даҳонатонро пўшонед, то аз зарби дари метро аз 32 дандонатон маҳрум нашавед. Дар қатораҳо батакрор эълон медоранд, ки аз шиносномаву қапчуки пул эҳтиёт бошеду занҷираҳои ҷузвдонҳоятонро бо банду тасмаву аққалан … галстукатон (агар дошта бошед) сахт бандед. Мани аз кишвари обшорон омада, дар ҳафтаи аввал аз оби чумаки хонаамон бемор шудам. Баъдтар фаҳмидам, ки ин об ҳатто барои шустушӯ ҳам он қадар мувофиқ нест. Хўрокаҳояш маззаи коҳро доранд. Бо ин вуҷуд, ки кабудиро русҳо ками дар кам дар ғизояшон истифода мекунанд, аммо ҳама вақт 1 қабати ғафси укроп болои ҳама намуди ғизо, ҳатто тухмбирёнашон «ҳамроҳак» аст. Аз ин рў пеш аз фармудани ғизо ба пешхизмат 2 бор таъкид доред: «все без укропа!». Ҳатто дар яке аз роҳнамоҳо барои сайёҳони хориҷӣ  кайд шудааст, ки дар ин шаҳр нон (хлеб)-и сафедро «белий кирпич» ва нони сиёҳро «черний кирпич» мегўянду тарабхонаи «Кавказкая пленнитса (Бандии Қафқоз)» аз номи филм гирифта шудаасту ба ифтихори асари Лермонтов гузошта шудааст ва набояд аз воридшави ба он ҳаросид. «Шуморо гаравгон намегиранд, осуда бошед», навиштаанд таҳиягарони роҳнамо…

Авҷ: «Маҷбурам, ки 1-соли дигар ин ҷо бимонам»
Пиво - оби ҷав бо он вуҷуд, ки ҳамарўза беш аз 20 маротиб аз чанд телевизиони Маскову Русия зарарнок эълону тарғиб мешавад, нўшокии асосии москвичҳост. Зану марди ин шаҳр сигоркаширо мўд кардаанд. Мардони ин шаҳр вакте навбаташон барои харид дар мағоза расид, баъд телефон аз ҷайб мебароранду ба анбўҳи зиёди навбатистодагон аҳамият надода, баҳузур рақам мечинанду мепурсанд:  «Валя, что мне купит? (Валя, ман чӣ бихарам?)». Аҷибаш он аст, ки дар кишварҳои тараққикарда, барои мисол дар Амрико барои 1 нафар 60 метри мураббаъ манзил кифоят мекунаду барои русҳо ҳамагӣ 16, 4 мерти мураббаъ. Аз ин рӯ боғоту гулгашти ин шаҳр пуропури ҷавонҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди сайру гашти кўдакони зиёд болои харакҳо бўсобўсиву хоб мекунанд.  «Новие русские» ҳатман, ки пиҷаки сиёҳ, куртаи сиёҳ, галстуки сиёҳ, шими сиёҳ, пойафзоли сиёҳ  ва айнаки сиёҳ (ҳатто шабона низ) мепўшад. Ҷузъи дигар фарқкунандаи ў аз дигарон ҳатман соати ширкати Cartier мебошад, мисли нақлиёташ, чӣ кадар калон, хамон қадар беҳтар. Агар мушкилоте дар меҳмонхонаи ин шаҳр, аз қабили набудани оби гарм, шустани анҷом ва амсоли ин пеш омад,  ҳатман «навбатдор»-е ҳаст ки онро бар ивази 1000- рубли русӣ ба қавле «дар 2 сония (за 2 секунда)» ҳал мекунад.

Ва аз ҳама чизи асосӣ барои саломатии «бегона»-ҳо (ману ман баринҳо).  Агар аз қафоятон садои «понаехали тут, чурки»-ро шунидед, пойҳоятонро ба даст гиреду гурезед, ки аҷали хориҷиён- скинҳедҳо (калсаракҳо)  бар саратон бало меоваранд….Балои ҳафтсар…   

Ин аст Маскаве, ки ман «кашф»-аш кардаму дар 1 сол омўхтам.  Аммо боз 1 соли дигар ин ҷо мемонаму ҳамаи инро маҷбурам, ки таҳаммул кунаму худамро маҷбуран «москвич» нишон диҳам…

Муҳаммад Рашод, шаҳри Маскав{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!