Бахшҳо
03 сен 2011 06:42Гузориш

Ид болои иду нарх болои нарх

Бизнесменҳои мо агар ҳазор ҷота дарронӣ ҳам, қиммати маводи хӯроквориро поин намефарорад, баръакс лаҳза ба лаҳза мебардоранду зам мекунад, мебардоранду зам мекунанд, гоҳо «то осмони 7-ум». Дар ин бора 10-ҳо, 100-ҳо, 1000-он маротиба навиштаву гуфтаву дар телевизион ҳам намоиш додаанд…  

Дар арафаи ҳар ид дар Тоҷикистон, дар дилхоҳ шаҳру навоҳӣ ва ҳатто ҷамоату русто, ба таври анъана қиммати нархи маводи ғизоӣ ба таври автоматӣ боло меравад. Ҳарчанд, ба гуфтаи масъулин, эшон кӯшиши паст фаровардани нархро мекунанд, аммо он натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Ва мо, раият, низ ба ин афсонаҳои давлатдорон бовар мекунем: «Неъ, намешавад!»

Дар бозорҳои ҷумҳурӣ дар ин рӯзҳо деги «тоҷирони ҳаннот» мунтазам дар ҷӯш аст. Бизнесменҳои мо агар ҳазор ҷота дарронӣ ҳам, қиммати маводи хӯроквориро поин намефарорад, баръакс лаҳза ба лаҳза мебардоранду зам мекунад, мебардоранду зам мекунанд, гоҳо «то осмони 7-ум». Дар ин бора 10-ҳо, 100-ҳо, 1000-он маротиба навиштаву гуфтаву дар телевизион ҳам намоиш додаанд, аммо боз ҳам ҳамон «Аҳмади порина». Гуфтанду навиштанд, ки бо супориши ҳукумати шаҳри Душанбе нархи маводи ғизоӣ дар пойтахт ба ҳангоми иди Рамазон боло нахоҳад рафт. Гӯё гунаҳкорон (нархбардорон), ҳатман ҷазо мегиранд. Аммо боз ҳам матбуоти даврӣ менависад, ки нархҳо дар бозорҳо тағьир ёфт, вале…касе муҷозот нашуд. Пас, маълум мешавад, ки тоҷирони тоҷик аз амру супоришҳои давлатдорон парвое надоранд? Ё шояд, паси ин савдогарон пуштибонҳо аз ҳамин ҳукуматҳо қарор доранд, ки манфиатдоранд? Намедонам, вале дар ҳақиқат ин муаммост. Аз пойтахт «ибрат» гирифта, нархҳо дар бозору мағоза ва дӯконҳои шаҳру навоҳии дигар низ баланд меравад. На танҳо боло, ки «мепаранду мепаранд». Зеро савдогар, ё худ тоҷирони навоҳӣ баҳона меоранд, ки аз Душанбе маводро қиммат мехаранд. Дар рустоҳо бошад, нарх боз балантар мегардад. Мазмун, боз ҳам харидории мавод аз маркази ноҳия бо қиммати баланд.

Аммо, оё метавон нархро дар бозор таҳти назорат гирифт, ақаллан маҳсулоти маҳаллиро? Медонам, ки агар аз масъулин инро пурсон шавем, ҳатман як ҷавоб мегирем: Неъ. Аммо агар масъулин масъулияти вазифа дошта бошанду рисолаташонро ҳатман иҷро карданӣ бошанд, мешавад…

Мешудааст-ку!

Дар моҳи шарифи Рамазон раиси ноҳияи Ховалинг Қодир Валиев махсусан супориши қатъӣ додааст, ки қиммати маҳсулоти маҳаллӣ пурра зери назорат гирифта шуда, нархи он боло бардошта нашавад. Дар ин моҳ нархи гӯшт аз 22-сомонӣ баланд бардошта нашавад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Қиммати гӯшт дар маркази ноҳия аз 20-22-сомонӣ боло нарафт. Маҳсулоти дигари кишоварзию ширӣ низ назар ба рӯзҳои пештар хеле поин фароварда шуд. Гузашта аз ин, қиммати гушт дар ҷамоату рустоҳо 18-20-сомониро ташкил медод.

Раиси ноҳия мегӯяд, дар Ховалинг манзили бузургворе бо номи мазори «Ҳазрати Султон» мавҷуд аст, ки зиёраткунандагони зиёд дорад. Дар моҳи рӯза, ки воқеан дар фасли гармо омад, зоирони ин мазор кам нагаштанд. Супориш додем ва низ

таҳти назорат гирифтем, то ин ҷо нархи гӯшт аз 18-сомонӣ баланд ба савдо наравад ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Валиев гуфт, нархи бозори гову молро ҳам тавонистаанд поин фароранд ва барои пешгирӣ аз ҷаллобони ин тиҷорат, ҳар нафари харидор танҳо 1-мол харидорӣ мекунаду бас. « Вагарна, гову моли ховалингиҳоро тоҷирони кӯлобиву душанбегӣ якто намонда, харида мебурданд. Нархи маҳсулоти ғизоиеро, ки аз берун меоранд, мутаассифона, натавонистем ба таври дилхоҳ поин фарорем. Ҳарчанд, ки назар ба бозорҳои дигар навоҳӣ дар Ховалинг нархи ин маҳсулот пасттар гашт, аммо боз ҳам қиммат буд. Танҳо равғани зағер тавонист, ки ҷойи равғани пахтаро иваз намояд ва савдогарон онро бо нархи нисбатан арзон савдо намуданд», мегӯяд раиси ноҳия.

Дар ҳамин ҳол, дар арафаи иди Фитр ҳам нарху навои маводи хӯрока, ба хусус гӯшт, дар Ховалинг тақрибан бе тағйир монд. Яъне то 22-сомонӣ барои 1-кг.

Аслиддин Достиев, Кӯлоб{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)