Бахшҳо

Роҳбандон дар Душанбе

Чор рӯзаки дигар монд… Ҳа, кам не ғам не ҳамагӣ 96-соати дигар. Хайр, 96-соат бошад, 96 соат, яъне ҳамагӣ 5760 дақиқа. Худо хоҳад, ба он рӯз ҳам мерасему оҳи сабук мекашем. Мусофирону роҳгузарон ва ҳам бархе мансабдорон нафаси осуда мекашанд, дарвоқеъ, ронандаҳоро қариб фаромӯш мекардем…

 



Даҳаи аввали моҳи сентябр барои душанбегиҳо (ҳам сокинону ҳам меҳмонон дар назаранд) ҳамеша моҳи саргардонӣ аст. Артиши бузурги донишҷӯёну довталабон марзи пойтахтро убур мекунанд ва мушкили рақами 1 дар ин фасли пойиз, пайдо кардани нақлиёт ва фаротар аз он «саворшавӣ» ба он аст.Тайи 20-соли ахир ин дард ҳамасола дар ин шабу рӯз буруз мекунад ва тасмимҳои марбута ҳам то ҷои даркорӣ натиҷа намедиҳанд.


Бар илова, моҳи сентябр дар арафаи таҷлил аз ҷашни истиқлол роҳҳо баста мешаванд. Як қоидаи наву ба истилоҳ «вижа»-и  дигар аст, ки ҳамоишҳои созмон ва саммити роҳбарони радаи аввали давлатҳои аъзои созмонҳои мухталиф маҳз қабл аз ҷашну тантанаҳои истиқлолияти Тоҷикистон анҷом мешаванд. Имсол низ дар арафаи «юбилей»-и истиқлолияти давлатӣ Душанбе мизбони ду саммити бузург шуд: нишасти сарони ИДМ ва нишасти чоргона. Бо шарофати ташрифи ин ҷанобон мардум дар ин рӯзҳои тафсон соатҳои тӯлонӣ саргардонӣ кашиданд, зеро мақомот роҳҳоро баста буданд. Роҳбандиҳои феълии мақомот роҳбандиҳои кӯдакони кӯчаи арусро дар рӯзи тӯйҳо ба хотир меорад- мардум намедонанд, ки кай, дар куҷо ва кадом соат роҳбандон мешавад.


Аз тариқи телевизион вақту маҳалли роҳбандонро хабар намекунанд. Ба ҷои маълумот дар ин маврид, расонаҳои электронии давлатӣ аз садамаҳои нақлиётии Непалу Венесуэлла мегӯянд. Дар соатҳое, ки ҳазорон нафар дар гармии то 40 дараҷа ва аз ин бештар дар кӯчаҳо саргардонанд, шабакаҳои телевизионии давлатӣ аз пешрафту дастовардҳои коммуникатсионӣ қисса мекунанд.


Сирена ва мушоҳида


Давоми панҷ рӯзи ахир шахсан банда дар кӯчаҳои пойтахт чеҳраи идонаРоҳбандон дар Душанбеи мардумро камтар эҳсос мекардам, фикр мекунам ин ҳолат боз чанд рӯзи дигар идома мекунад. Ронандаҳои асабӣ, мусофирони саргардон, даводаву ҳайҳуии сокинон то авчи фалак расида. Ба қавле саг соҳибашро гум мекунад. Дар ин 11 сол, ки дар Душанбе кору иқомат дорам, ҳамеша шоҳиди роҳбандон будам. Роҳҳои пойтахтро бо ҳар сабаб мебанданд. Ҳатто вақте намояндаи на он қадар воломақоми як кишвар меояд, роҳҳо баста мешаванд. Бо роҳи бе мошин бурдани меҳмонон чӣ бартарӣ дорад? Оё намешавад, ки меҳмон (ҳарчанд олиқадр аст) бо роҳбаладии як автомашинаи БДА (бо фаъол кардани сиренааш) аз фурудгоҳ ба маҳалли зарурӣ бурда шавад ё баръакс? Наход то ҳамин андоза зарур бошад, роҳбандӣ?


Шабу рӯз бошад, дар телевизион мавриди истиқлолият ҳарф мезананд. Аз пешравиҳо мегӯянд. Муқаддастарин вожа-Истиқлолиятро ба ифрот расондаанд. Ин ифрот то ҳадест, ки ҳатто вақте дар бораи бунёди як манзили назарногир сӯҳбат мекунанд, ҳатман мегӯянд, ки «бо шарофати истиқлол» сохта шуд. Ба ин монанд 15 сол аст, ки зери тамғаи «бо шарофати истиқлол» аз роҳкушоиву роҳсозӣ мегӯянд. Аз роҳҳо мегӯянду  ягона роҳи заминии пайвандгари пойтахт бо шимоли мамлакатро пулакӣ карданд. Аламовар ин аст, ки ба як ширкати соҳибгумном. Аз роҳҳо мегӯянду мардумро дар рӯзҳои корӣ маҷбур ба пиёдагардӣ мекунанд. Ин ҳолат то кай идома мекунад? Суолест, ки фикр мекунам, дар солҳои баъдӣ низ посухашро касе дақиқ гуфта наметавонад. Ё нодуруст фикр кардаам?


Абдулазизи Восеъ, сокини Душанбе{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)