Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:25

1 пурсиш=20 посух

8 сентябр 2011, 05:10

Истиқлол чӣ бурду бохт дошт? Ҳоҷат набуд, ки мо барои ҷашни истиқлол ин қадар омодагӣ гирему матраҳ кунем. Чунки ҳоло ҷашнҳои истиқлоли мо дар пеш аст. Ҷашни 25 солагӣ, 30-35 солагӣ  ва ҳамин тавр идома меёбад...

 

Ба муносибати 20 солагии Истиқлоли Тоҷикистон "Озодагон" ин ҳафта истисноан пурсиши ҳафтаро ба бист коршинос матраҳ намуд. Суоли ҳафта низ ба ҳамин муносибат чунин гузошта шуд:

Зафари Мирзоён, донишманд

Нахуст бояд бигӯям, ки истиқлол як мафҳуми муқаддас аст. Зеро на ҳама дар замони шӯравӣ надоштани истиқлолиятро эҳсос мекарданд, аммо онҳое, ки то андозае андешаманд буданд, чунин эҳсосро доштанд. Он замон аз нигоҳи рифоҳу зиндагии маишӣ шояд нисбатан хуб буд. Чунки сатҳи зиндагии мардум нисбат ба шароити феълӣ болотар буд. Аз нигоҳи амнияти шахсӣ низ мардум амн буданд. Вале мустақил набудану озодӣ надоштан ҳар гоҳ барои шахси андешаманду равшанфикр эҳсос мешуд. Ин хушбахтист, ки мо дубора озод шудем ва давлати худро ташкил кардем. Ин 20 соли истиқлолият новобаста аз он ки нокомиҳо дошт, ҳамчунин 20 соли комёбиҳои мо буд. Ба қавли Бедил "дар ин муҳити ташналабиҳои сароб", ки таҳдидҳову таҳримҳо аз ҷониби ҳамсоягон ва бадбинони мо раво дида мешавад мо тавонистем ба ҳар ҳол сар баланд кунем. Агар чӣ мушкилоти иқтисодӣ дошта бошем, камшавии рифоҳи мардум ба назар расад ҳам, парчаму нишонро боло кардан боз ҳам як сарбаландии мардуми мост. Ин ҳама барои он аст, ки бигзор чашми бад кӯр бошад.

Шавкати Муҳаммад, масъули бахши фарҳанг ва иршоди ҲНИТ дар вилояти Суғд

Паймоне, ки ду руз қабл бо Русия барои тамдиди бозмондани дивизияи 201-уми ин кишвар тӯли ним асри дигар баста шуд, собит сохт, ки мо ҳанӯз ба истиқлол нарасидаем. Ба ҳар ҳол беҳтарин дастоварди "20-соли истиқлолият" ин сулҳу оштии миллӣ буд, аммо вақтҳои охир ба назари банда ба қадри ҳамин ҳам нарасида истодаем. Бадтарин бохти 20 соли истиклолият он аст, ки фазои демократӣ рӯз аз рӯз дар Тоҷикистон ғуборолуд шуда истодаст. Ҳамон фазои демократие, ки солҳои 1997 -2001 буд имрӯз ҳатто аз даҳ як ҳиссааш ҳам намондааст.

Муҳаммад Фармонзода, таҳлилгари масоили иқтисодӣ

Истиқлоле, ки имрӯз  аз ҷавҳари он истифода мебарем, як неъмати бузурги Худовандист ва ҳар нафарро месазад, то руҳан, ҷисман, фикран ва амалан шукронаи офаридгореро бикунад, ки ин гавҳарро барои мо арзонӣ дошт.  Истиқлол доштан орзӯи ҳамешагии инсон аст ва зистан дар ин гуна муҳитро метавон меҳвари кории худ қарор дод. Акнун дар 20-умин солгарди ҷашни миллӣ қарор дорем, мебояд натиҷагирӣ аз бурду бохташро дошта бошем.  Истиқлол буд, ки соҳиби харитаи сиёсӣ, давлати миллӣ, пул, нишон, парчам, суруд гардидем.  Вале дар баробари доштани рамзҳову аломатҳое, ки зикраш рафт, мебояд аз доштани истиқлоли комили сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву фикрӣ ҳарф зад. Зеро бо надоштани иқтисоди дуруст наметавон аз устувориии истиқлоляти миллӣ сӯҳбат кард. Зеро иқтисоди заъиф ба коста шудани истиқлоли сиёсӣ оварданаш ногузир аст. Вале мутаассифона, бо вуҷуди расидан ба 20 соли мустақилият ҳанӯз ҳам ноқисие дар умури иқтисодӣ ба чашм мерасад. Қисме аз мардуми кишвар дар солгарди ин ҷашни ифтихорӣ пайи дарёфти қути лоямут дар ҳиҷрат қарор доранд ва ҳам чархи аслии иқтисоди кишвар низ маҳз бо дастони ин мардони муҳоҷир гардиш мехурад. Истеҳсолоти  саноативу хоҷагидорӣ низ чандон чашмрас нест, фазои омӯзиши кишвар низ тиҷоратӣ гаштааст, фирори мағзҳо дар ҳоли рушд қарор дорад, падарсолориву маҳалгароӣ низ ба шиддат ҷараён дорад, фасоди молӣ як амали маъмулии мардумӣ гардидааст, сангпартоӣ руйи шахсиятҳои матраҳи миллӣ ба чашм мехӯрад, ки хатароте дар заъифсозии истиқлоли миллӣ дорад. Мебоист дар зарфи 20 соли истиқлолият ба як қатор дастовардҳои бештаре ноил шуд, зеро имкониятҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон хеле васеъ аст. Кишвар, ба вижа барои рушди энергетикаи обию офтобӣ, гардишгарӣ, саноати  маъданҳои кӯҳиву коркарди ниҳоии масолеҳи кишоварзӣ имкониятҳои васеъ дорад. Тоҷикистон тавон дорад, муқтадиртарин кишвари содиркунандаи неруи барқ шавад. Имкон дорад сатҳи зиндагии мардум ҳатто нисбат ба аврупоиён болотар бошад, вале агар холисона ба дастовардҳои иқтисодӣ дар баробари патенсиалҳои доштаамон нигарем, хеле ночиз аст. Бист соли истиқлол дорему ҳанӯз ҳам идеалогияи дурустеро пайдо накардем, дар сохтани миллати воҳиди хирадманд доштан ҳанӯз ҳам барномаеро ихтисос накардаем, ки хеле нигаронкунанда аст.

Сангалӣ Раҳимов, соҳибкор

Дар давраи истиқлолият гуногуншаклии моликият ба вуҷуд омад, ки ин бисёр падидаи хуб аст. Қариб 35 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил шуд. Аммо бадии кор дар он аст, ки инфрасохторҳое, ки барои ҳамин 35 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ хизмат кунанд, аз байн рафтааст. На трактор ҳаст, ки барои ҷуфту кишту ҷамъоварӣ хизмат кунад, на нақлиёте ҳаст, ки молу маҳсулотро ба ҷои зарурӣ барад. Камбудиҳо зиёд аст ва ба ҳар сурат бо ҳамаи камбудиҳо истиқлолият неъмати Худовандист ва онро қадр бояд кард. Як вижагии истиқлолият озодии баён аст, вале ман он қадар эҳсос накардам. Замони шӯравӣ ягон мақолаи танқидӣ чоп шавад бюрои комитети хизбӣ дида баромада шахсони айбдорро танбеҳ медод ва ҳатто аз мансаб сабукдӯш мекард. Имрӯз вокуниши ҳамин суханҳо дар вазоратҳои дахлдор дида баромада мешавад ва агар хоҳанд ҷавоб медиҳанд, нахоҳанд намедиҳанд. Вақте дар бораи вазорату идораҳо матлабҳои танқидӣ нашр мешавад, бояд ягон ташкилоти болоӣ масъаларо дида барояд. Вале мо гӯем, ки ҳамин истиқлолиятро пурра барои манфиати мардум истифода бурдем, хато мекунем. Чунки ҳоло ҳам 80 дар сади маҳсулоти озуқаро аз берун ворид мекунем. Ба ғайр аз алюминий, каме пахта ва андак меваҷот аз вилояти Суғд дигар моли содиротӣ надорем. Истиқлолиятро бо шиору суханҳои бофтаву сохта бисёр васф кардан лозим нест. Чунки се самти асосии истиқлол, аз ҷумла истиқлолияти энержӣ, озуқаворӣ ва коммуникатсионӣ ҳанӯз 50 дар сад амалӣ нашудааст. Агар ҳамин се раванд пурра амалӣ шавад, баъд мо бо тамоми ҳастиамон таблаку доира занем мезебад. Чунки дар бозори ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари истиқлоли иқтисодидошта камтар мешиносанд. Мо тавлидгар нестем, воридкунандаем. Як гурӯҳи алоҳида моликияти зиёд доранд ва дунболи фоидаи худ ҳастанд. Инҳо бояд соҳибкорони истеҳсолиро бо тамоми ҳастиашон дастгирӣ кунанд. Пеш аз истиқлол афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бисёр баланд буд ва имрӯз бо чунин афзоиши ММД то соли 2022 ҳам ба он нишондод расида наметавонем. Ғайр аз ин, агар истиқлолияти иқтисодӣ набошад, тамоми суханону гуфтаҳоямон ва шиорҳоямон ҳамчун фарёде дар биёбон мемонад, ҳеч кас моро гӯш намекунад.

Сайёфи Мизроб, сармуҳаррири ҳафтаномаи "СССР"

Истиқлолият ҳеч гоҳ барои ягон миллат, давлат ва қавме бохт надорад! Истиқлолият танҳо бурд дорад ва ин ягон шарҳи дигар намехоҳад.

Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ

Ҳоҷат набуд, ки мо барои ҷашни истиқлол ин қадар омодагӣ гирему матраҳ кунем. Чунки ҳоло ҷашнҳои истиқлоли мо дар пеш аст. Ҷашни 25 солагӣ, 30-35 солагӣ  ва ҳамин тавр идома меёбад. Истиқлол дар ҳамон лаҳзае барои инсон ширин аст, ки агар воқеан эҳсос кунад, ки зиндагиаш дар кишвар хуб аст, мушкилиҳои иҷтимоӣ бартараф гардидааст. Зеро барои ҷашну рақсу бозӣ аввал шикам бояд сер бошад ва бо шиками гурусна ҷашн ҳам нохостанист. Мо иқтисоди хеле заъиф дорем, беш аз 60 дар сади мардуми мо камбизоатанд. Агар мушкили мардуми атрофи шаҳри Душанберо гирем, роҳи обод надорем, ҳамеша ба камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳ ҳастем. Мо парчаму нишони давлатиро аз ин пеш дар болои боми қасри Миллат ва бинои Парламент доштем. Агар имрӯз барои барафроштани парчам 16 миллион масраф намекардему ба ҷои он як маркази барқу гармидиҳӣ(ТЕЦ) бунёд мекардем, ки ҳудуди 12 миллион хароҷот дорад, мардуми шаҳри Душанбе бо оби гарму гармӣ таъмин мегаштанд ва истифодаи 30 дар сади нерӯи барқ сарфа мешуд ва дигар аҳолии кишвар камбуди барқро эҳсос намекарданд. Дар он сурат воқеан бурди мо буд ва мо метавонистем истиқлолро хеле бошукӯҳу шаҳомат ҷашн гирем.

Ғуломиддин Сайфиддинов, мутахассиси соҳаи энергетика

Аз нигоҳи тахассус дар ин 20 сол "Барқи тоҷик" мутахассискуш аст ва аз нигоҳи омӯзишӣ ҷавононе, ки имрӯз донишгоҳҳои техникиро хатм мекунанд сатҳи дониши касбиашон хеле паст аст. Дар ҳамин ҳол масълаи устоду шогирд сарфи назар мешавад. Донишҷӯ ҳазор маротиба нағз хонда бошаду баҳояш кулан аъло бошад, вале устод надошта бошад пеш рафта наметавонад. Мо дар ин бист сол ҳанӯз ба истиқлолияти энергетикӣ ноил нашудаем ва дар ин ҷо масъалаҳои зиёд, аз ҷумла мушкилоти коррупсионӣ монеа эҷод мекунад. Ман барвақт гуфта будам, ки агар дуруст ҳисоб кунанд энергияи мо ба Тоҷикистон мерасад, то соли 1996 ҳамаи корхонаҳо кор мекарданд ва боз ба мардум ҳам нерӯи барқ мерасид. Баъди соли 1996 яку якбора на ба корхонаҳо ва соҳаи истеҳсолот энергия расид ва на ба аҳолии кишвар. Мо аз оғози таҳқиқ дарк кардем, ки энергияро ба хориҷ интиқол медиҳанд. Мо истиқлоли энегетикӣ доштем, аммо кадрҳое, ки ҳисоби дуруст кунанд, надорем. Дар ҳукумати мо дар масъалаи кадр баладҳо нестанд. Аксари кадрҳо сарсупурда неву сарфурӯхтаанд. Барои пойдории истиқлол ба ин масъалаҳо бояд аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.

Ҷӯра Юсуфӣ, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Истиқлол аслан барои миллати озодаву сарбаланд ягон бохте надорад. Ва танҳо як омиле, ки ба Истиқлоли мо ҳамеша таҳдид хоҳад кард, ҳузури артиши бегона ва сарбозони хориҷӣ дар қаламрави кишвар аст. Пешниҳод дорам, ки масъалаи будан ё набудани пойгоҳи низомии Русия ба ҳамапурсӣ (референдум) гузошта шавад. Барои камхарҷ гузаронидани ин референдум метавон онро дар рӯзи интихоботи Президент (соли 2013) баргузор кард.

Талъат Нӯъмонов, роҳбари Маркази технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсионӣ

Бурди истиқлолият : новобаста будан аз сарбозони Маскав, бемамониат ба тамоми кишварҳои ҷаҳон сафар кардан, омӯзиш аз таҷрибаҳои мутахассисони хориҷи дур.

Бохти истиқлолият: тарки мутахассисони миллӣ бо сабаби чаласаводии баъзе кормандони давлатӣ.

Зариф Наимов, раиси ҲСТ дар шаҳри Душанбе

Ба он ақидае, ки гӯё истиқлолият ба мо муфт ба даст омадааст, розӣ нестам. Чунки дар раванди истиқлоли Тоҷикистон бисёр абармардони тоҷик ҷони худро аз даст доданд, ҷанги шаҳрвандӣ бисёр талафотҳои ҷониву молӣ дар пай дошт. Дар мавриди бурдҳо дар рӯзномаҳо зиёд мегӯянд ва бурдҳои мо аз худамон ҳастанд. Ман мехоҳам роҷеъ ба чанде  камбудиву норасоиҳо фикри худро баён кунам. Дар ҷараёни истиқлоли Тоҷикистон пеш аз ҳама давлати Русия ва ӯзбакистон дар бисёр мавридҳо монеагузорӣ мекарданд. Мо зери таъсиру фишори давлати Русия қарор дорем ва ин аз давлатмардони мо масъулияти бештареро талаб мекунад, ки роҳҳои дипломатии ҳалли қазияро ҳар чӣ зудтар пайдо намоянд. Дигар проблема ин ҳалли худро наёфтани масоили гидроэнергетикист, ба хусус дар муносибат бо давлати ӯзбакистон, ки ҳамеша дар ин самт монеа эҷод мекунад. Масъалаи дигаре, ки то ҳол ҳалли худро наёфтааст, проблемаи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Ҳанӯз ҳуқуқи муҳоҷирони мо ба таври бояду шояд ҳимоя намегарданд. Аҳолии қобили кор дар дохили кишвар бо ҷои кор таъмин нестанд. Сиёсати иқтисодӣ ҳанӯз маълум нашудааст.

Ҷумъахон Самиев, донишҷӯ

Ба андешаи  ман Тоҷикистон ба сифати як давлати ҷавон тӯли 20 соли истиқлолият ба куллӣ тағйир ёфтааст. Вақте, ки ба гулгашту кӯчаҳои пойтахт назар мекунем, ба чашм зебо ва дилкаш менамояд, ки дар миёни дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ намоён ва намуна аст. Мардуми тоҷик мардуми бофарҳангу бомаданият мебошанд ва агар гӯем, ки дар давоми 20 соли соҳибистиқлолӣ ба тамоми навовариҳои рӯи дунё дастрасӣ пайдо кардем, хато намекунем. Ба назари ман дар ин 20 сол чизеро аз даст надодаем ва истиқлолият бохт надорад.

Усмони Солеҳ, мудири шӯъбаи таҳлил ва иттилооти ҲХДТ


Шурӯъ аз иҷлосияи таърихӣ президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки ман кори худро аз сулҳ, баргардонидани муҳоҷирон ва аз касодӣ баровардани иқтисоди ҷумҳурӣ оғоз мекунам. Ҳамин се масъала дар як муддати кӯтоҳ роҳи ҳалли худро ёфт. Ҷангу ҷидол қатъ карда шуд, гурезаҳои иҷборӣ пурра ба ватан баргаштанд. Кори муҳими дигаре, ки карда шуд ин бо тариқи раъйпурсӣ қабул кардани Конститутсияи нави мамлакат буд, ки дар он ҷо умуман сохтори давлатдорӣ ва фаъолияти минбаъдаи ҷумҳурӣ нишон дода шуда буд. Ғайр аз ин дар асоси Конститутсия се шохаи ҳокимият ташкил карда шуд ва онҳо кори худро аз рӯи муқаррароти пешбининамудаи қонун пеш бурда истодаанд. Соли 1997 дар ҷумҳурӣ созишномаи истиқрори сулҳ имзо карда шуд ва сипас дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдату оромӣ ҳукмрон гашт. Мардум ба оянда бо дили пур назар карданд. Ҳоло дар бахши иқтисод дастовардҳои хубе дорем.

Роҳҳо, пулҳо ва дигар иншооти муҳим бунёд гашта истодаанд. Се самти асосӣ пайгирӣ шуда истодааст, ки инҳо баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлоли энергетикӣ мебошанд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем ва ҳоло тавассути Чину Қирғизистон роҳҳои нақлиётӣ бунёд шуд. Амнияти озуқаворӣ таъмин гаштааст ва дар мавриди истиқлолияти энергетикӣ баъзе мушкилот ҷой дорад, ки ба ҷумҳурии мо вобастагӣ надорад. Баъзе кишварҳои ҳамсоя монеаҳо эҷод карда истодаанд, лекин бо ин вуҷуд роҳбарияти ҷумҳурӣ бунёди истгоҳҳои хурди барқиро пеш гирифтаанд, ки то ҷое ба истиқлолияти энергетикӣ наздик шуда истодаем. Парчами миллӣ ба китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шуд.  Дар сиёсати байналхалқӣ низ ба муваффақиятҳо ноил шудаем. Сарвари давлати мо пешвои асри 21 эълон гашт, ки ин ҳам як эътирофи сатҳи байналмиллалӣ аст. Мо бохт надорем ва баъзе норавшаниҳое дар сатҳи сиёсати минтақавӣ ҳаст ва аз ҷумла, бунёди НОБ-и Роғунро ба як проблемаи сиёсӣ табдил доданд. Хоҳ нохоҳ мо ин нерӯгоҳро месозем ва фикр мекунам, ки дигар монеаҳо оҳиста-оҳиста аз байн хоҳад рафт.

Файзулло Файзиев, коршинос

Истиқлолияте, ки давлати Тоҷикистон ба даст овард, ба мо муфт буд. Дар мадди аввал аксари кулл ба қадри ҳамин истиқлолият нарасиданд. Солҳои 1989-90 ҳаракати мардумии "Растохез", "Эҳёи Хуҷанд", "Рӯ ба рӯ", "Лаъли Бадахшон" ва Ҳизби демократ вақте дар бораи истиқлолият сухан мекарданд, аксарияти кули роҳбарон ва қисми зиёди мардум, ки ба ин ҳадафҳо сарфаҳм намерафтанд онҳоро душмани халқ эълон карданд. Вақте шодравон Тоҳири Абдуҷаббор эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро таҳия кард, аксари мардум ва душманони миллати тоҷик ӯро оқи падар ҳам эълон карданд. Хушбахтона, дар асоси ҳамон эъломияе, ки онро Тоҳири Абдуҷаббор таҳия карда буд 24-уми августи соли 1990 Шӯрои олии Тоҷикистон эъломияи истиқлолияти ҶТ-ро қабул кард. Ин 20 сол дар назди таърих ҳеч бошад ҳам, вале дар ин давра Тоҷикистон хеле бурду бохтҳоро аз сар гузаронд. Баъд аз иҷлосияи 16-ум мардум умедвор буданд, ки дар Тоҷикистон сулҳ ҳукмфармо мегардад, вале аз соли 1992 то соли 97 ҷанги бемаънии таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон идома пайдо кард. Ин албатта бохти Тоҷикистон буд. Зеро тамоми гули сари сабади миллати тоҷик парешон шуд ва аксарияти онҳо ба хориҷи кишвар кӯч бастанд. Садҳо ҳазор одамон ҷони худро аз даст доданд. Иқтисоди кишвар миллиардҳо доллар зарари молӣ дид. Хушбахтона соли 1997 созишномаи сулҳ имзо шуд ва ин бурди Тоҷикистон буд. Баъдтар интихоботҳои солҳои 2000-ум, 2005 ва 2010-ум гарчанде бо ном демократӣ баргузор шуда бошад ҳам, дар асл таъинотӣ буд ва ин бохти мардуми мост. Хушбахтона, дар вохӯрии ахири президенти Тоҷикистон ва Русия Медведев маҷбур шуд эътироф кунад, ки Тоҷикистон шарики стратегии Русия аст. То ин дам намегуфт. Дар ҳамин ҳол кадом давлате, ки базаи ҳарбии дигар давлатро дар дохили кишвар нигоҳубин мекунад, истиқлолияти он коста шудааст. Бинобар ин пардохти ҳатмии иҷорапулӣ аз базаи ҳарбии Русия қотеъона бояд талаб карда шавад. Бо вуҷуди камбудиҳо дар сафари ахири президенти кишвар ба навоҳии кишвар як қатор иншооту муассисаҳо ба истифода дода шуданд, ки ин бурди ҷомеаи  мост.

Аҳмади Иброҳим, журналист

Баъзе миллатҳое ҳастанд, ки тамоми умр барои ба даст овардани истиқлолият мубориза мебаранд. Ҳамин мубориза барои онҳо шаҳдбор аст. Масалан, мардуми Фаластин ва курдҳо даҳсолаҳост, ки барои ба даст овардани истиқлол мубориза бурда истодаанд. Оне, ки мо истиқлолиятро муфт ба даст овардем, доди Худост. Бист сол аст, ки тақдирамон дар дасти худамон аст. Вале мутаассифона, боз омилҳое ҳастанд, ки ба истиқлолият латма ворид месозанд. Ин абарқудратҳое ҳастанд, ки хостори пурра истиқлол ба даст овардани Тоҷикистон нестанд. Ахиран Русия бо боло бурдани пардохти гумрукии сӯзишворӣ моро зери фишор қарор дод. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақа камтарин маошро мегиранд ва болотарин пардохтро дар нисбати сӯзишворӣ дорад. Ин гувоҳи он аст, ки истиқлолияти мо ҳанӯз комил нашудааст. Зеро иқтисодиёти мо заъиф аст.

Мунаввари Мунавварзод, намояндаи ҲСДТ

Дар 20 соли истиқлолият як роҳбар дорем ва боре иваз нашудааст. Бохти мо ҳамин, ки тоҷикон рафта дар Русия мардикорӣ мекунанд ва дар Тоҷикистон ягон корхонае, ки шумораи бештари шаҳрвандон бо ҷои кор таъмин гарданд, сохта нашудааст. Ба ҷуз аз мактабкушоӣ. Мактабкушоӣ бурд нест, зеро мо надидем, ки ҳадди ақал дар даҳ соли ахир ягон нафар ба иллати бесаводӣ аз синфаш монда шавад. Яъне гӯё ҳама босаводанд. Ҳол он ки воқеият дигар аст. Медонем, ки баъзеҳо ҳатто номашонро навишта наметавонанд, ҷадвали зарбро намедонанд, чӣ расад ба донистани дарсҳои мушкилтар. Мо истиқлолияти фикриву саводӣ надорем. Дунболи арқом мегардем(переписка) ва ягон нафар аз синфаш намемонад. Ҳукумат ба ягон ҳадафи гузоштааш нарасидааст. На амнияти озуқаворӣ дорем, на истиқлоли энергетикӣ ва на аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шудаем. Барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ як нерӯи дипломатияи дуруст лозим аст, ки бо ҳамсояҳо забон ёбем. Масалан, мо дар бунбасти коммуникатсионием ва мардум рафта дар муҳоҷират кор мекунанду бештар аз як буҷети давлат маблағ мефиристанд. Вале агар ҳукумат дар дохил наметавонад, ки ягон корхона созад, ҳадди ақал наметавонад, ки ба хотири дастгирии мардум нархи билети ҳавопайморо паст кунад, то ин ки муҳоҷирон машаққати зиёд накашанд ва бо ҳавопаймо рафта пул кор кунанду ба хонаводаи худ фиристанд?  Барои Русия рафтан бо ҳавопаймо камаш 400-500 доллар даркор. Мегӯянд, ки роҳи заминӣ ба бунбаст рӯ ба рӯст, вале дар ҳаво касе сади роҳ намешавад ку?! Чаро то имрӯз ҳукумат ин масъаларо ҳал накард? Медведев омада масъалаи базаи ҳарбиашро то 50 сол ҳал мекунад, аммо масъалаи мардикорони тоҷик то имрӯз роҳи ҳал наёфтааст. Агар ҳукумат воқеан дунболи бартараф кардани бунбасти коммуникатсионӣ бошад, аз ӯҳдааш мебарояд. Чаро ба китоби рекорди Гиннес бо барафроштани парчам ворид шуда метавонаду аз бунбасти коммуникатсионӣ не? Баландтарин парчам ба мардум чӣ медиҳад? Оё давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, ба монанди Амрико, Англия, Норвегия, Канада ва ғайра наметавонанд парчами баланд насб кунанд?

Абдулазизи Муҳаммадӣ, донишҷӯ

Худи истиқлол барои ҳар миллату давлат бурди бузургест. Дар тӯли 20 соли истиқлолият Тоҷикистон бурду бохтҳое дошт. Ба назари банда бохтҳояш бештар буданд. Масалан сохтмонҳое ба чашм мерасанд, аммо корхонаҳое ки бояд ба мардум ва кишвар фоида биёваранд то ҳанӯз ками дар кам сохта шудаанд. Фикру андешаи  бештари сокинон, масъулону олимон дар қолаби шӯравӣ аст, озодии дину озодии сухан хело маҳдуд аст. Бояд бигӯям, ки андешаи истиқлол ва озодандешӣ то ба ҳол рушд накардааст. Шароити моддиву маишии мардуми мо басо паст аст. Дар замони шӯравӣ ҳарчанд озодӣ набуд, лекин шароити зисти иқтисодии мардум хуб буд. Ҳоло дар замони истиқлол ҳамон идеалогия боқӣ монд, вале шароити зиндагӣ тамоман паст аст. Ба назари ман Тоҷикистон мисли як ҷавоне буд, ки 20 сол қабл ба дунё омад, бо амри табиӣ калон шуд, мисли дигарон ҷусса пайдо кард, хӯрду пӯшид ҳарчанд дар кӯдакиаш каме бо ҷангу ҷанҷол машғул буд баъдтар ақлаш даромад вале кӯшиши илмомӯзӣ ва пешрафти иқтисодӣ то ба ҳол кам дида мешавад. Ин ҷавон бештар дар фикри тавсифу таърифи хеш буда, мардумаш бошанд дар қашшоқӣ зиндагӣ доранд. Ҳар ҷавоне бо амри табиӣ бидуни истиқлол ҳам пир мешавад.

Фирдавси Аъзам, рӯзноманигор

Ҳарчанд имрӯз аз истиқлолияти кишвар 20 сол мегузарад, аммо ҳанӯз натавонистаем ба он чизе, ки бояд мерасидем, бирасем. Ҳанӯз натавонистаем пеши роҳи раванди муҳоҷиратро бигирем, ҳанӯз натавонистаем, низоми маорифро ба таври лозима пиёда намоем, ҳанӯз натавонистаем ҷомеаро бо муҳити корӣ таъмин намоем. Мо одатамон шуда, ки  ба муносибати чунин ҷашнҳову идҳо танҳо маблағҳои ҳангуфтро харҷ кунем, дар сурате ки метавонистем ин маблағҳои бузургро ҷиҳати бунёди ягон корхона ва умуман иншооти созандае сарф намоем, то миллати тоҷик ниёзе барои ҳиҷрат надошта бошад. Имрӯз мо гӯиё як кишвари озоду соҳибистиқлолем, аммо ҳанӯз вобастагиҳои зиёде дар  заминаҳои мухталиф мавҷуд аст. Албатта ин иддаоро қабул мекунем, ки Тоҷикистон 20 солро бо гомҳои сангин сипарӣ намуд, аммо падидаҳое чун худпарастию ба фикри худ будан, фасод дар идороту соҳот натавонист ин 20 сола роҳпаймоиҳоро ба эҷоди як низоми одилона бирасонад. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон чун дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз қомати хамшудаи иқтисодиётро натавонист, ки рост кунад ва сурьати рушди иқтисод хеле суст аст. Бо вуҷуди ҳамаи ин ва дур аз бозиҳои сиёсӣ, мебояд шукронаи ҳамин соҳибистиқлолияти кишварро бикунем, ки воқеан тавонист моро ба оромишу сулҳу субот бирасонад ва сипос аз он бояд кард, ки зери чатри СУЛҲ зиндагӣ дорем.

Каромат Шарифов, раиси Ҳаракати ҷамъиятии муҳоҷирони кории тоҷик

Бурд ин истиклолият ба точикон муяссар гашт. Миллати точик боз пас аз 10 аср давлати худро бунёд кард ва сохиби парчами худ гашт. Бохти мо  якум ин ба донистани ман ва ҳамкоронам  сафи  зиёди ҷавонон  имруз бе дониш монданд. Ҳисоби муҳочирони мо имрӯз танҳо дар Руссия аз ду миллион гузашт. Кани вай ақлу фаросат ва саҳмгузории ин роҳбарони сунъӣ, ки дар назди раиси чумхур бо  суханони бардуруғи худ ҷойҳои нишасти  худро боз хам мустаҳкам месозанд. Ин умуман бохти асосии имрӯза давлатдорони мо ҳаст. Дар Тоҷикистон то  озодии матбуот пеш наравад ва аз гуфтаҳои рузноманигорон  давлатдорони мо чора наандешанд ҷамъияти имрӯза баътар низ аз ин хам харобтар хоҳад гашт.

Додарбек Раҷабов, нафақахӯр

Аз баски нафақаам камӣ мекунад, ноилоҷ барои дарёфти қути лоямут 20 сол мешавад, ки  ҳар саҳар аз ноҳияи Ҳисор ба шаҳри Душанбе омада кор мекобам. Гоҳе мешавад кор ҳаст, гоҳе нест. Аз вақте, ки ба нафақа баромадам ба куҷое, ки барои кор муроҷиат кунам, мегӯянд, ки ту калонсолӣ, аз ӯҳдаи кор намебароӣ. Дар давоми 20 сол Тоҷикистон ягона чизе, ки ба даст овард ин тинҷиву осудагӣ аст. Мо шукрона мекунем, ки фарзандонамон дар фазои соҳибистиқлолӣ озодона таҳсил мекунанд.

Дилбар Самадова, раиси ҲСДТ дар вилояти Суғд

Истиқлолият неъмати Худовандист. Вале на ҳама вақт мо ба қадри ин неъмат мерасем. Бо шарофати истиқлолият Тоҷикистонро ҳамчун як давлати мустақил шинохтанд. Мо соҳиби парчам, соҳиби суруди миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ ҳастем. Сарқонун дорем, қонуни забон қабул шуд. Парлумони касбӣ дорем, новобаста аз он ки ин парлумон чӣ гуна аст ва барои мардум чӣ хизмат мекунад. Лекин мо истиқлоли воқеӣ надорем. Истиқлоли давлат аз истиқлоли ҳар як шаҳрванд шуруъ мегардад. Гумон намекунам, ки имрӯз шаҳрванди Тоҷикистон воқеан мустақил аст. Зеро якчанд қонунҳое, ки мо вақтҳои охир қабул кардем баръакс истиқлолияти шаҳрвандонро маҳдуд кард. Аз ин хотир давлат ҳамон вақт комилан соҳибистиқлол мешавад, ки дар он шаҳрвандон худро воқеан мустақил ҳис кунанд. Мо аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳанӯз истиқлолият надорем. Аз дигар давлатҳо то андозае вобаста ҳастем.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!