Бахшҳо
08 сен 2011 11:30Гузориш

«Тоҷвари Истиқлол» ва тӯҳфаи 350 сомона

Мутаасифона, кӯшишҳои мо самара надоданд. Кофтукоби мо дар мавриди ин ки олимони тоҷик тайи 20-соли истиқлол ба чӣ натиҷа расидаанд ва чӣ ихтироъ кардаанд, бе натиҷа анҷом ёфт.

Ҳоло ҳам роҳбарони корхонаҳо дар Тоҷикистон дарк накардаанд, ки дастовардҳои олимони ватаниро дар истеҳсолот татбиқ созанд. Ҳамзамон, ихтирооти фанноварии ҷадид, ки аз ҷониби олимон пешкаш карда мешаванд, аз тарафи сарварони корхонаҳо дастгирӣ намеёбанд, мегӯяд Ғафурҷон Ҳакимов, ноибраиси донишгоҳи технологӣ оид ба илм ва татбиқот. Ин нуктаро ӯ зимни натиҷагирӣ аз озмуни «Беҳтарин ихтироъкор», ки дар ин мактаби олӣ сурат гирифт, иброз дошт. Дар ин озмун, Айёмиддини Хайриддин, донишҷӯи курси 4-уми донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ихтироъ намудани машинаи барқӣ сазовори ҷои аввал гардид. Номбурда дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, дар тўли 3 моҳ ин мошинро ихтироъ намуда, зимни ихтироъи ин дастовард ба мушкилиҳои зиёде, аз қабили набудани асбобҳои лозима рў ба рў шудааст. Нақшаи ин ихтироотро чӣ тавре, ки ҳамсӯҳбатамон гуфт, дар тўли 15 рўз кашидаанд. Ў мегўяд, шабу рўз барои зудтар ихтироъ намудани ин машина кор мекардаст.  Устоди Айёмиддин дар ин кор Аҳрор Ҷаъфаров мебошад, ки зимни сўҳбаташ Айёмиддин аз ў изҳори минатдорӣ намуд. Ин олими ҷавон ,мегўяд, агар аз ҷиҳати асбобҳои лозима, дар ихтироъи ин дастовард оҷилтар таъмин мешуданд, онро аз 3 моҳ ҳам барвақттар  ба анҷом мерасонидаанд: « Баъзан чизҳое ҳастанд, ки мо ба онҳо ниёз дорем, вале онҳоро надорем, агар асбобҳои лозима набошад, кори як соата 3-4 соат тўл мекашад».

700 чӣ тавр ба 350 табдил ёфт?

Айёмиддини Хайриддин ба роҳбарияти ДТТ барои мусоидаташон дар иҷрои ин кор минатдорӣ баён карда, илова намуд: « Агар маблағгузор пайдо шавад, нақша дорам, ки дар оянда 2 корхонаи хурде, ки ҷомеаи мо ба он ниёз дорад ва ё корхонаи мошинистеҳсолкунии худро созам. Ҳамин мақсадро дар пеши худ гузоштаам ва агар сарпараст  ёбам, аз ўҳдаи иҷрои ин кор мебароям».   Айёмиддинро бошад, барои ин иқдоми наҷибаш ба миқдори ҳамагӣ 350 сомонӣ қадрдонӣ намудаанд, дар ҳоле ки барои мақоми нахустин қаблан 700 сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Дар ин озмун аъзои ҳакамон дар баробари Айёмиддин боз як донишҷӯи дигарро низ барандаи ҷои аввал эълон карданд. Яъне як ҷо насиби ду нафар гаштааст ва маблағ миёни эшон тақсим гаштааст. Айёмиддин ба ҳаминаш ҳам розист, чаро ки дар байни 100 нафар ҷои ифтихориро сазовор  шудааст. Ў мегўяд, барои пешрафти илму техника дар Тоҷикистон бояд рақобат миёни олимон вуҷуд дошта бошад. Номи машинаи барқии ихтироъ намудаи ин олими ҷавон- Тоҷвар буда, моделаш Истиқлол ва ба муносибати 20- солагии истиқлолияти кишвар номгузорӣ шудааст. Ин машина бе истифодаи сўзишворӣ, ба воситаи акаммулятор ҳаракат менамояд. Заряди якдафъаинаи он барои тай намудани 100-120 километр масофа басанда аст. Ба гуфти Айёмиддин, президент Эмомалӣ Раҳмон супориш додааст, ки аз ин намуд фанноварӣ 10 -тои дигар созанд.

Зимни баргузории ин озмун Ғафурҷон Ҳакимов гуфт, дар даҳсолаи ахир баргузории чунин конкурсу чорабиниҳои илмӣ аз мадди назар каме дур шуда буд  ва худи ихтирокориву навоварӣ бошад, дар Тоҷикистон ба ҳади нестӣ расидааст. Ноибраиси ДТТ аз он изҳори нигаронӣ менамояд, ки дар 20 соли ахир бо гузаронидани якчанд тадқиқотҳо то ҳол омореро дастрас накардаанд, ки нишондиҳандаи татбиқи дасторвардҳои олимони ватанӣ дар истеҳсолот бошад:  «Ман пешниҳод мекунам,  ки ҳукумати Тоҷикистон як қарори махсусе барорад ва дар асоси он тамоми сохторҳоро вазифадор намояд, ки дар назди худ шўъбаи татбиқи дастовардҳои илмии ватаниро дар истеҳсолот  таъсис диҳанд. Таъсиси чунин шўъба барои олимони ҷавони кишвар заминаи дасгирии рўҳиву молӣ  мешавад. Бо вуҷуди он ки мо кўшиш намудем, ки бубинем ихтирооти ягон олиме то ҳол дар ягон ҷо татбиқ шудааст ва он то куҷо дар рушди иқтисодиёти кишвар таъсири худро гузоштааст, мутаасифона ин чизро дастрас накардем.»

Алишери Зарифӣ{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)