Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:49

Ба «Тоҷик Эйр» чӣ шуд?

15 сентябр 2011, 10:56

Соати ваъдагии масъулини ширкати «Тоҷик Эйр» ҳам фаро расид, аммо тайёра ҳанӯз дар фурудгоҳи Душанбе аз ҷой наҷунбидааст. Мусофирон боз як ваъдаи дигар гирифтанд: Соати 18-30 саворшавӣ оғоз гардида, 20-00 парвоз мекунед…Шояд ин ваъдаи охирину қатъии Исоқов бошад, кӣ медонад?

Бар асари ба таъхир афтодани парвози тайёраи хатсайри Душанбе-Маскави ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ҳудуди 194 нафар мусофирон натавонистанд, сари вақт ба пойьтахти Русия сафар намоянд. Ҳоло ин гурӯҳи мусофирон мунтазиранд, ки кай ин мушкилот ҳалли худро меёбаду онҳо тариқи ин хатсайр ба ҷои мехостаашон мераванд. Лола Кенҷаева, сухангӯи маркази матбуотии ширкати мазкур дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон»  иллати ба таъхир афтодани ин хатсайрро  мушкилоти техникӣ унвон намуд. Номбурда гуфт, ҳоло роҳбарияти ширкат аз пайи ҳалли ин мушкилот аст ва баъди нисфирӯзӣ, тақрибан то соати 16-00 мушкилоти техникиро бартараф намуда, мусофиронро ба Маскав интиқол медиҳанд.

Мусофирони рӯ ба раҳми Худо

Дар ҳамин ҳол, хабарнигорони «Озодагон» бо чанд нафар аз мусофирони хатсайри мазкур дар назди бинои ширкати «Тоҷик Эйр» шуда, андешаҳои онҳоро сабт кард. Онҳо гуфтанд, ки шоми гузашта, соати 20-00  чипта ва санаду бағочи худро ба қайд гирифтаанд ва бояд соати 22-00-и ҳамон шаб озими Маскав мешуданд. Аммо баъди савор шуданашон ба ҳавопаймо, бо гузашти чанд дақиқа, ки ҳавопаймо барои парвоз кардан омодагӣ медид, маълум намуданд, ки дар ҳавопаймо мушкилоти техникӣ вуҷуд дорад ва парвоз намудан ғайриимкон аст. Як мусофир, ки нахост номаш ифшо шавад, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки масъулини ширкати «Тоҷик Эйр» то ҳол ваъда медиҳанд, ки баъди 1 соат, баъди 2 соат мушкилот ҳал мешавад , вале ҳеч не, ки ин мушкилот ҳалли худро ёбад. Ин ҳамсӯҳбатамон, ки худро сокини ноҳияи Ғарм муаррифӣ кард, иброз дошт, ки аз роҳи дур омадааст ва барояш дуру дароз идома ёфтани чунин парвоз нигаронкунанда аст. Ӯ мегӯяд, ваъдаи ахироне, ки масъулин ҷиҳати омодашавии хатсайр барои парвоз ҷониби Маскав ба онҳо додаанд, то баъди нисфирӯзӣ аст. Ба қавли ин мусофир, мушкили дигаре, ки аз ба таъхир афтодани ин хатсайр ба миён омадааст, ин сари вақт нарасидани онҳо ба Маскав мебошад. Як гурӯҳ мусофирон, ки дар назди даромадгоҳи ширкати «Тоҷик Эйр» интизорӣ мекашиданд, гуфтанд, ки ҳамин саҳар мусофирон бо нишони эътироз, эътироз намуда, вориди дафтари раҳбарияти ширкат шудаанд. Ба гуфти мусофирон, аз шаб то ин соат  3-4 тан аз мусофирони дигар ба беморӣ гирифтор шудаанд. Мусофирон гуфтанд, шумораи умумии онҳо  210 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод мусофирон ҳамагӣ чанд нафараш дар назди бинои ин ширкати ҳавопаймоӣ ба назар мерасиданду боқимондаи эшон дар ошхонаи ширкат ба ғизохӯрӣ машғул буданд. Дигар мусофире, ки бо мо ҳамсӯҳбат шуд, иброз дошт, ки бо 480 доллар чипта харидааст ва мақсад дорад, ки маблағи масрафкардаашро баргардонида гирад. Ин ҷавони мусофир зимни сӯҳбаташ иброз дошт, ки  «агар имрӯз мушкилоти техникӣ ҳал нашавад, маблағи моро бармегардонида бошанд, ё ин масъала ҳам ба дарозо кашида мешавад. Ман қарз гирифта будаму мӯҳлати баргардонидани он хеле кӯтоҳ  аст…»

Соати ваъдагии масъулини ширкати «Тоҷик Эйр» ҳам фаро расид, аммо тайёра ҳанӯз дар фурудгоҳи Душанбе аз ҷой наҷунбида истодааст. Мусофирон боз як ваъдаи дигар гирифтанд: Соати 18-30 саворшавӣ оғоз гардида, 20-00 парвоз мекунед…Шояд ин ваъдаи охирину қатъии Исоқов бошад, кӣ медонад?

Алишер Зарифӣ{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!