Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:32

«СОЯРЎШАН»: Пас аз як соли ҳаводиси дараи Камароб

16 сентябр 2011, 11:49

Ин нукта, яъне расонаӣ кардани асли масъалаи вохӯрӣ ва ё худ «музокирот»-и Рашт аз ҷониби Шоҳ Искандаров ва Мирзохӯҷа Аҳмадов воқеъ шуданд, мақомоти расмӣ дар ин бора чизе нагуфтаанд. Пас, ин ҳодиса чӣ тавр сурат гирифт, дастандаркорони он киҳо буданд?

 

Аз ҳамлаи хунин ба корвони мошинҳои Вазорати дифоъи кишвар 1 сол сипарӣ мешавад. Маҳз дар ҳамин сана, яъне рӯзи 19-уми сентябри соли 2010 дар дараи Камароби ноҳияи Рашт тайи як ҳамлаи мусаллаҳона ба афсарону сарбозони ин вазорат 23 нафар ҷони худро аз даст доданд.   Мақомоти расмӣ ин ҳамларо аввалан, кори дасти гурӯҳе аз силоҳбадастони номаълум унвон карданд, вале баъдан, амалиётро ба Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло, яке аз чеҳраҳои собиқи мухолифин, ки то лаҳзаҳои охирини ҳаёташ мусолиҳаи миллиро эътироф накарда буд ва Аловуддин Давлатов, ки бо лақаби Алии Бедакӣ «машҳур» гашт, муртабит донистанд. Баъди ин ҳодиса, нерӯҳои низомии кишвар бо гурӯҳи Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ дар минтақа даргир шуда, ин амалиёт дар апрели соли 2011 бо қатли Мулло Абдулло  хотима ёфт.

«Агар огоҳ мебудем…»

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё мақомоти қудратӣ аз вуҷуди чунин як гурӯҳе, ки ба қавли худи масъулин безарар гардонидани он дар минтақа то апрели соли 2011 идома пайдо кард, огаҳ буд? Дар посух ба ин пурсиш Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, мутаасифона, дар ин масъала огаҳӣ надоштанд. «Агар ҷиҳати содиршавии амалҳои террористӣ огаҳӣ медоштем, албатта, онҳоро пешгирӣ мекардем. Мегузоштем, ки аскарони Вазорати дифоъи кишвар ҳадафи ҳамла қарор гиранд?», суол мегузорад ӯ.  
Агарчӣ аз ҷониби Вазорати умури дохилӣ гуфта мешавад, ки дар мавриди ҳузури Мулло Абдулло ва гурӯҳаш дар минтақаи Рашт маълумот надоштанд, аммо Мустафо Рустамов, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт, ки он замон сардори ШКД-и ҳамин ноҳия буд, мегӯяд, дар робита ба ин масъала маълумоти фаврӣ вуҷуд дошт. Ба қавли ӯ, пеш аз вуқӯъи ин ҳодиса маълумотҳои оперативӣ мавҷуд будаанд, ки тибқи онҳо, гурӯҳи силоҳбадасти террористӣ дар Рашт ҷойгир шудааст, ҳатто ба ҳадде ки аз ҳузури ин гурӯҳ оддитарин сокини ноҳия низ бохабар будааст.

Вохӯрии сиррӣ ва шакку гумонҳо

Бояд ёдовар шуд, ки ҳамлаи ин гурӯҳ ба корвони мошинҳои Вазорати дифоъ замоне сурат гирифт, ки мақомоти қудратии кишвар пайи дастгир кардани 25 маҳбуси фирорӣ (ин афрод аз боздоштгоҳи муваққатии КДАМ дар даҳаи дуюми августи соли 2010 фирор карда буданд) талош доштанд. Ба таъкиди баъзе манобеъ, маҳз дар ҳамин замина вохӯрии вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев ва Мансурҷон Умаров, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон бо фармондеҳони собиқ мухолифин- Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров сурат гирифт, ки ин вохӯрӣ бештар бо номи «музокирот» ёд мешавад.  Мавзӯъи баҳси ин нишаст, ки пушти дарҳои баста сурат гирифт, аз ҷониби мақомоти давлатӣ сиррӣ нигоҳ дошта мешуд ва алъон ҳам касе аз мақомоти расмӣ босароҳат аз он чизе намегӯяд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД агарчӣ дар гузашта гуфта буд, ки вазир дар он ҷо «бо рафти амалиёти боздошти фирориёни маҳкамаи муваққатии тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шинос шуд, барои боздошти онҳо, ки дар он ҷо аз ҳисоби ситоди фаврӣ фаъолият доранд, дастуру супоришҳои мушаххас дод, ҳамчунон бо вазъи ҷиноӣ дар минтақа ошноӣ пайдо карда, барои пурқувват намудан ва боздошти фирориён дастур дод», дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки дар он вохӯрӣ сари масъалаи безарар гардонидани гурӯҳҳои муташшакиле, ки он ҷо буданд, сухан рафтааст. Вале дар робита ба  шарҳи ҷузъиёти масъала чизе нагуфт.

Бозтоб ва ё асли воқеа чӣ буд?

Чун соли гузашта, ки мавзӯъи баҳси ин вохӯрӣ аз ҷониби мақомоти расмӣ сиррӣ нигоҳ дошта мешуд, афкори гуногунро ба вуҷуд оварда буд. Аз ҷумла, дар иддае аз доираҳои талилгарӣ гуфта мешуд, ин ки вузаро бо Мирзохӯҷа Аҳмадов «музокирот» менамоянд, дар аз байн бурдани ӯ ҳамон усулеро истифода мебаранд, ки аз тариқи он Мирзо Зиёев, яке аз дигар фармондеҳони собиқ мухолифин ва вазири пештараи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар кушта шуд. Алахусус, замоне ки қисмате аз нерӯҳои ҳарбӣ ба минтақаи Рашт эъзом шуданд, ин афкорро бештар тақвият доданд ва ҳатто наздикони он ду фармондеҳи мухолифони пешин низ то ҷое ба ҳамин бовар буданд. Олим Одилов, нафари дигаре аз нерӯҳои оппозитсиюни собиқ ва яке аз афроди наздик ба Мирзохӯҷа Аҳмадов рӯзи баргузории вохӯрии вузаро ва Шоҳ Искандарову Мирзохӯҷа Аҳмадов дар сӯҳбат бо хабарнигори рӯзномаи «Взгялд» гуфта буд, ки «дар водии Рашт теъдоди зиёде аз низомиён ҷамъ шудаанд ва эҳтимол меравад, алайҳи мо амалиёти низомӣ оғоз шавад. Мо ҷонибдори сулҳем, хоҳиши ягонаи мо ин аст, ки имкониятмон диҳанд, то оромона зиндагию фаъолият намоем. Аммо агар зидди мо чораандешие шавад, мо низ маҷбурем, ки барои ҳифзи худ чорае андешем». Дар ҳамин ҳол, Мустафо Рустамов, сардори РКД-и Рашт мегӯяд, ин гуна гумонҳо ботиланд ва эъзом шудани нерӯҳои низомӣ ба Рашт ба хотири таъмини амнияти президент буд. Ба гуфтаи ин манбаъ, соли гузашта танҳо аз Мирзохӯҷа Аҳмадов хоҳиш шуда буд, ки силоҳҳои ғайриқонуниашро супораду пайи корҳои мулкӣ шавад. Агар аз дигар зовия ба гуфтаҳои Мустафо Рустамов таваҷҷӯҳ карда шавад, нерӯҳои эъзомшуда ҳатто ба хотири мубориза алайҳи гурӯҳи Мулло Абдулло мунтақил нашуда будаанд, балки ба эътиқоди собиқ сардори шӯъбаи корҳои дохили ноҳияи Рашт, худи онҳо барои безарар гардонидани минтақа қудрат доштанд. Вале иддае аз таҳлилгарон дар ин росто ба ин боваранд, ки дар аввал мақомот гурӯҳи Мулло Абдуллоро як гурӯҳи кӯчаки иборат аз панҷ-шаш нафари мусаллаҳ мепиндоштанд. Бар ин мабно ҳадс мезаданд, ки онҳоро бидуни овардани қуввае аз марказ мағлуб карда метавонанд, вале ин тахминашон ба воқеият рост наомад.

Дардо, ки рози пинҳон…

Барои кушодани дигар паҳлӯи масъала, ки аз рӯшан будани ҳузури Мулло Абдулло нисбат ба мақомоти дахлдор далолат менамояд, боз ҳам баргаштан сари ҳамон «музокирот»-и пушти дарҳои баста аст. Агарчанд «музокироти дарбаста» норӯшан буд, баъдтар аз сӯҳбати Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров ба хабарнигорони васоити ахбори умум маълум шуд, ки мақомоти қудратии кишвар аз ҳузури Мулло Абдулло воқиф будаанд. Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ ва вакили МН аз сӯҳбаташ бо Шоҳ Искандаров дар радиои «Озодӣ» ёдовар мешавад, ки масъулини мақомоти баландпояи кишвар аз Шоҳ Искандаров ва Мирзохӯҷа Аҳмадов хоҳиш ба амал овардаанд, ки дар боздошти Мулло Абдулло ба мақомот мусоидат намоянд...
Алабатта, ин нукта, яъне расонаӣ кардани асли масъалаи вохӯрӣ танҳо аз ҷониби Шоҳ Искандаров ва Мирзохӯҷа Аҳмадов воқеъ шуданд, мақомоти расмӣ чизе нагуфтаанд. Пас, бо назардошти андешаи Шоҳ Искандаров, Мирзохӯҷа Аҳмадов ва гуфтаҳои баъдии Маҳмадулло Асадуллоев, ки баҳси он мавзӯъ безарар гардондани гурӯҳҳо будаасту ба қавли Мустафо Рустамов маълумотҳои фаврӣ мавҷуд будаанд, метавон гуфт, ки мақомоти қудратӣ аз ҳузури чунин як гурӯҳ огоҳ набуданд?  Бешак, ҷавоби суол ба қазовати худи хонанда вобаста аст.
Паҳлӯи дигари масъала, ки бо гузашти як сол аз он ҳанӯз ҳам норӯшан аст ва аз тарафи мақомот ошкор нашудааст, ин вуҷуди «дасти бегона» дар ин воқеот аст. Гарчанде Амирқул Азимов, собиқ дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон вуҷуди «дасти бегона»-ро дар ин воқеот эътироф карда буд, вале мушаххасан нагуфта буд, ки ин «даст» аз они кист. Дар иртибот ба ин масъала Маҳмадулло Асадуллоев мегӯяд, «мавқеи Вазорати корҳои дохилӣ ҳамин аст, ки ҷинояткор на Ватан дораду на миллат. Гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккиле, ки дар Рашт аз худ дарак доданд, албатта, ҷинояткорҳои байналмилалӣ, террористҳои махсусан хавфнок буданду барои амалӣ гардонидани мақсадҳои худашон камар баста». Зимнан Сӯҳроб Шарипов, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ низ мегӯяд, «мо дар Рашт як структураи мушаххаси равобити террористони байналмилалиро аз минтақа нест кардем. Мулло Абдулло, Алии Бедакӣ ва дигарон намояндаҳои гурӯҳҳои террористие буданд, ки мехостанд дар Тоҷикистон мустаҳкам шаванд ва дар ин ҷо маркази муборизаи худро созмон диҳанд. Бо ин гурӯҳ аз «Ал-қоида» ва ҳам Ҳаракатҳои исломии Туркистону Ӯзбакистон низ ҳамроҳ буданд ва ин гурӯҳи муштарак хеле ҳам ботаҷрибае буд, ки метавонист ба амнияти минтақа таъсири ҷиддӣ расонад». Гарчанде аз муташаккилӣ ва омодагию нерӯи хоси гурӯҳи Мулло Абдулло Сӯҳроб Шарипов тазаккур медиҳад, вуҷуди «дасти саввум»-ро низ инкор намекунад. «Гуфтан мумкин аст, давлатҳои дигар ба ҳодисаҳои Тоҷикистон ва суботи кишвар таъсири худро расониданд. Инҷо на танҳо давлатҳои араб, ки ҷойи мушаххас доранд, абарқудратҳои дигар низ метавонанд ин гуна абзорҳои фишорро барои ҳукумати Тоҷикистон ба таври сунъӣ ба вуҷуд оранд». Ҳамзамон ӯ гуфт, инҳо ҳама фарзия ҳастанд, аммо далели мушаххасе оиди  ташкил ё ширкат кишваре дар ин воқеот дар даст надоранд.

Талабшоҳи Салом {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!