Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 17:00

Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад

24 июн 2011, 06:22

Ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ  барои Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад.


Дар ин бора зимни ҷаласаи аввалини гурӯҳи корӣ, ки бо ташаббуси Агентии Байналмилалии ИМА оид ба рушд (USAID) ва лоиҳаи Ташаббуси рушди маҳал (ТРМ) созмон дода шуд, иброз гардид. Тавре ба «Озодагон» аз сафорати Амрико дар Душанбе иттилоъ доданд, гурӯҳи нави корӣ  як қисми барномаи «Соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ то соли 2025» ба ҳисоб меравад. Гуфта мешавад, дар маҷлиси аввалини он Алимурод Тағоймуродов, мудири кулли Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Кэвин Дин, муовини роҳбарии намояндагии USAID дар Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳо ва корхонаҳо ва мақомоти вилоятҳои Суғд, Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ва Хатлон дар созмони гурӯҳи корӣ ширкат варзиданд.    
Баробари мавриди амал қарор гирифтани ин тарҳ, дастрасии ҳар як мизоҷ ба хизматрасонӣ ва сифати хизматрасонӣ беҳтар карда мешавад" – иброз дошт дар баромади худ Кэвин Дин. Лоиҳаи USAID ТРМ ба гурӯҳи кории ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ ба воситаи ташкил намудан ва ба нақша даровардани кори он, муайян намудани  қонунҳои зарурӣ барои ислоҳоти соҳа, таъмини маводи зарурӣ ва маълумот, ташкил намудани омӯзишҳо, аз он ҷумла ташкили сафарҳои омӯзишии минтақавӣ ва байналмилалӣ кӯмак менамояд.  
Бойиси тазаккур аст, ки лоиҳаи USAID «Ташаббуси рушди маҳал» яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки аз тарафи мардуми Амрико ба воситаи ташкилоти  USAID татбиқ карда мешаванд. Аз соли 1993 инҷониб сафорати ИМА маблағи 984 миллион долларро барои барномаҳое, ки амнияти Тоҷикистон, ниҳодҳои демократии он, сектори иҷтимоӣ ва рушди иқтисодии онро дастгирӣ менамоянд, таъмин намудааст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!