Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:21

Ин аҷиб аст не?! «Ё худ ҷамъоварии ихтиёрии китоб ба таври иҷборӣ»

29 сентябр 2011, 11:19

Аз масъуле пурсидам, шояд китобҳои нодиру камчини таърихиро, ки нобуд шуда истодаанд, ҷамъ намуда, ба китобхонаи марказӣ ба хотири нобуд нагаштан гирд меоранд. Ӯ гуфт, ки ҳаргиз не. Дилхоҳ китоб, ҳатто русский язик, китоби хониши чопи соли 1960-70-ум ҳам мешавад. Мақсад миқдор асту бас.

Саҳари солеҳон як зани ношинос вориди манзили мо гашта, бо овози гиряолуду ларзон аз ҳамсарам хоҳиш кард, ки ҳар чӣ зудтар барояш 1-2 китоб пайдо кунад. Мани ҳайратзада, ба асли воқеа сарфаҳм нарафта суол кардам, ки кадом китоб ва барои чӣ?. Хонуми ношинос як каме истода посух дод, ки фарқ надорад, чӣ китоб, ки бошад мешавад, шарт ҳамин ки китоб бошад…

«Ҳамсояҳо гуфтанд, ки шумо китоби зиёд доред. Илтимос, бисёр не, 1-2-китоби берун аз дилатона диҳед. Шавҳарам дар вокзали роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб коргари оддӣ шуда кор мекунад. Супориш додаанд, то ҳар коргар 10-нусхагӣ дилхоҳ китоб оварда, супоранд. Ҳар касе китоб наорад, аз маошаш ба маблағи 200-сомонӣ маҷбурӣ мегиранд. Барои мо  камбағалон, 200-сомонӣ, ин маблағи зиёд аст, ки дастрас намуданаш боз мушкилтар аст. Дар хона бошад, вақти китобхонӣ надорем ва ягон китобе ҳам», -бо алам илова кард ӯ.

-Ҳамшира, шавҳаратон чӣ ном дораду кӣ ӯро маҷбур кардааст, ки  китоб супорад?. Ӯ боз ҳам бо алам гуфт: «Ака, илтимос дар бораи шавҳари ман нанависед, ки Худо накунаду аз кор пешаш кунанд, дигар сарамонро ба куҷо мезанем?» . Дилам ба ҳоли ин бечораҳо сӯхту аз рафи китобҳо ду донаи китоб «садқаи сарам» гуфта додам.

Рапорти ғарами китобҳо

Тибқи иттилое, ки то ин замон ба дасти мо расид, фармони мазкур аз ҷониби идораи Роҳи оҳани ҷумҳурии Тоҷикистон барои кулли идораҳои зеритоаташ расидаву гузашта аз ин, ҳар истгоҳи роҳи оҳани шаҳру навоҳӣ муваззаф шудаанд, ки то фалон миқдор китоб ҷамъоварӣ намуда, ба идораи марказӣ пешниҳод намоянд. Дар навбати худ, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» китобҳои «ғарамшуда» (бале ғарамшуда)-ро тибқи кадом як супориши махсуси даҳонӣ (ё шояд фармони махсуси хаттӣ ҳам бошад), ба китобхонаи Марказии ҷумҳуриявӣ месупоридаанду аз иҷрои ӯҳдадорӣ «рапорт» медодаанд. Аҷоиб. Оё, як давлат қудрату тавони таъмини як китобхонаро бо китобу маҷаллаву варақаву боз намедонам, ким-чиҳои дигар надорад, ки «нақшабандии ҷамъоварии китоб» мекунад? Агар не, пас ба чӣ хотир аст китобхона бунёд кардану овозаву дарвозаи зиёде кардан? Ва агар ҳа, пас чаро мардуми бе ин ҳам азоби бекориву гуруснагӣ мекашидаро азият додану супориши кофтану ёфтану харидориву супурдани китоб намудан?  Оё ҷаноби Амонуллоҳи Ҳукум наметавонад 10-20-ҳазор китобро аз маблағи худашон харидорӣ кардаву «нақша»-ро пурраву барзиёд иҷро кунаду ҳамон бечораҳакҳои интизори 200-сомонии маошбударо дар ташвишу ҳаяҷон  намонад. Зеро 200-сомонии 1-моҳа барои инҳо «ғами кӯҳ», барои унҳо инчунин чандин «200-сомонӣ» танҳо хӯроки нисфирӯзии 1-рӯзаашон аст. Дар ин сурат, ҳам лаъл ба даст меомаду (иҷрои нақша) ҳам коргарон сарсону саргардон аз пайи «китоб» намешуданд.

Махзан-ул-асрор

Аммо аҷибтар ин аст, ки тамоми ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ вазифадор гаштаанд, ки барои китобхонаи Марказии ҷумҳуриявӣ ҳазорон-ҳазор китоб оварда, супоранд. Гузашта аз ин, барои ин «маъракаи муҳим» ҳар шаҳру навоҳӣ мутобиқ бо ҷойгиршавӣ ва аҳолиаш нақшадор будаанд то чанд ҳазор нусха китоб ҷамъ оварда, пешниҳод намоянд ва аз рӯи иҷрои нақшаашон ба ҳукуматҳои вилояту дастгоҳи президент маълумот диҳанд. Дар ҳукуматҳои маҳаллӣ бошад шикоят мекунанд, ки ҷамъ овардани миқдори муайяннамуда  мушкил будааст.

Зулайхо Комилова, муовини раиси шаҳри Кӯлоб мегӯяд, нақшаи ҷамъоварӣ ва супоридани китоб барои шаҳру ноҳияи Кӯлоб 95-ҳазор пешбинӣ шудааст. То имрӯз тавонистем, аз нисф зиёди нақшаро иҷро намоем, вале дигар мушкилтар мегардад. «Аммо кӯшиш мекунем аз иҷрои нақша бароем», меафзояд ӯ.

Дар ҳукуматҳои навоҳии Ховалингу Мӯъминобод ва Шӯрообод низ агарчӣ ҳазорон нусха китобҳои даридаву чиркин ва тозаву навро ҷамъ оварда бошанд ҳам, вале то аз иҷрои нақша баромадан натавонистаанд.  Ба ҳамин монанд, тақрибан ҳамаи навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз ӯҳдаи «иҷрои нақшаи китобсупорӣ» набаромадаанд, агарчӣ ба таври иҷборӣ коргарони ташкилоту корхонаҳоро супориш медиҳанд, ки ихтиёрӣ китоб оварда, супоранд. Яъне, эшон ҳам кӯшиш мекунанд, то нақшаро иҷро карда тавонанд.

Русский язики чопи 1960 ҳам мешавад

Як масъули ҳукумати шаҳри Кӯлоб, ки нахост номашро биёрем (бо сабаҳои маълуми номаълум), гуфт: «Нақшаи ҷамъоварии китоб дар ҳукумати ҷумҳурӣ пешбинӣ шуда, ба ҳукуматҳои вилоят пешниҳод шудааст. Баъдан, аз ҳукумати вилоят, ба монанди обунаи маҷбурӣ ба газетаву маҷаллаҳои давлатӣ, барои ҳар ноҳия нақшаи муайян тартиб дода шуда, ҳукуматҳои маҳаллиро муваззаф менамоянд, ки фалон қадар китоб ҷамъ намоянд».

Бегумон, ҷабр боз ҳам болои сари раият хоҳад рехт. Зеро масъулини ҳукуматҳои маҳаллӣ ба монанди ҳамтоҳои худ аз «боло», барои иҷрои нақша аз зердастонашон талаби ҷамъоварии китоб мекунанд, дар ҳоле ки эшон дар хонаҳояшон онро надоранд. Ва ба монанди ҳамон коргари истгоҳи роҳи оҳан, садҳо нафари дигар дар пайи ҷустуҷӯи китоб хона ба хона мегарданд. Аз масъуле пурсидам, шояд китобҳои нодиру камчини таърихиро, ки нобуд шуда истодаанд, ҷамъ намуда, ба китобхонаи марказӣ ба хотири нобуд нагаштан гирд меоранд. Ӯ гуфт, ки ҳаргиз не. Дилхоҳ китоб, ҳатто русский язик, китоби хониши чопи соли 1960-70-ум ҳам  мешавад. Мақсад миқдор асту бас.

Дар ҳоле, ки давлат бояд кӯшиши он намояд, то раияташ китобхону китобдор бошад, давлатмардони мо охирон китоби хонаводаеро ба таври иҷборӣ кашида мегиранд ва насли камсаводро боз дар умқи ҷоҳилӣ мепартоянд. .. Ба гумон аст, ки ин китобҳои ҷамъоваришударо касе хонад, охир онҳо кирои хондан ҳам надоранду саҳифаи обод ҳам…

Аслиддин Достиев, Кӯлоб {jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!