Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:54

Порахӯрӣ дар агентиву ВКД, дуздӣ дар Роғуни КДАМ

30 июл 2011, 07:30

Дар сабқати ришвахӯрӣ духтурон аз муаллимон пеш гузаштаанд.


ОШКОР шудани дуздии беш аз 35 тонна метали гаронарзиш аз маҳали сохтмони нерӯгоҳи Роғун, пешсафии вазорати тандурустӣ  дар фасодзадагӣ , ошкор шудани 9 ҷиноят аз сӯи шаш корманди Кумитаи амнияти миллӣ, ва афзоиши шикоятҳо аз болои мақ омоти судӣ  аз мавзӯъҳои меҳварӣ  дар нишасти хабарии Агентии назорати давлатии молиявӣ  ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон буд.
3 500 доллар муфаттиши агентиро паси панҷара бурд  

Аз хазинаи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ  камбудии молӣ ошкор гардид, гуфт Фаттоҳ Саидов, райиси агентии назорати давлатии молиявӣ  ва мубориза бо коррупсия. Ба қавли вай дар робита сардори раёсати молиявии КДАМТ - Ҳакимов ва ду корманди дастгоҳи марказии ин ниҳод дастгир шуда, ҳоло пушти панҷараанд. Аз маблағи умумии камбуди ошкоршуда зимни мурофиаи судӣ  1 миллиону 130 ҳазор сомонии он барқарор гардидааст. Директори оҷонсӣ  афзуд, санҷиши молиявии онҳо дар қисмҳои сарҳадӣ  низ натиҷаи назаррасе ба бор овард. Дар натиҷа чандин ҳолати тасарруфи маблағ аз ҷониби командирҳои  қисмҳои низомӣ  дар ноҳияи Панҷу Қумсангир ошкор гардид: "Масалан агар барои сарбозе дар як моҳ як ведемост лозим шавад, онҳо 5-6 ведемост омода намуда, маблағҳои зиёдеро аз худ мекардаанд. Дар баъзе чунин ҳолатҳо ҳатто то 600 ҳазор сомонӣ  ошкор шуд. Хушбахтона дар қисмҳои сарҳадӣ  ҳамаи ин маблағҳоро барқарор кардем".   

Фаттоҳ Саидов дар идома гуфт, ки баъзан кормандони агентии назорати давлатии молиявӣ  ва мубориза бо коррупсия низ ба ҷиноят даст мезананд. Номбурда аз муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими оҷонсӣ  дар вилояти Суғд мисол овард.  Ин нафар баъди ба суд фиристодани парвандаи ҷиноятӣ  ба ҷабрдида мегӯяд, ки бар ивази 3,5 ҳазор доллар зимни баррасии қазияаш ба ӯ кӯмак хоҳад кард. ӯро кормандони агентӣ  дастгир мекунанд. Тибқи иттилои Саидов ҳоло ин собиқ  кормандашон пушти панҷара мешинад ва парвандааш дар баррасии судӣ  қарор дорад.

Милисаҳо дар ҷои авваланд
Директори агентӣ мегӯяд, дар шаш моҳи ахир 27 ҷинояти хусусияти коррупсионидоштаи 14 корманди вазорати корҳои дохилиро ошкор кардаанд. Маврид ба тазаккур аст, дар нишастҳои гузаштаи агентӣ  низ аз миёни дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва қудратӣ  бештари ҷиноятҳо ба кормандони умури дохилӣ  рост меомад. Баъди ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ  вазорати адлия қарор дорад. 6 нафар аз кормандони ин ниҳод низ бо ҷурми содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ  боздошт шудаанд. Вазорати мудофиа дар ҷои сеюм аст. 8 хизматчии ин вазорат дар шаш моҳи соли 2011 ба 9 ҷинояти коррупсионӣ  даст задаанд. Ҳамин тариқ  3 корманди мақомоти додгоҳӣ , 4 нафар аз прокуратура, 4 корманди кумитаи андоз, 3 корманди хадамоти гумрук боздошт гардидаанд.          

Вазорати тандурустӣ аз маориф пеш гузашт
Таври маълум дар чанд нишасти хабарии агентӣ  вазорати маориф ҳамчун ниҳоде, ки кормандонаш бештар ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта даст мезананд, зикр мешуд. Аммо ин навбат маорифчиён ба зинаи ду фуромадаанд. Акнун вазорати тандурустӣ  "пешгом" аст. Тибқи ҷамъбасти нимсолаи кори агентӣ  ба кормандони вазорати тандурустӣ  35 ҷиноят рост меояд. Вазорати маориф бо ду ҷиноят камтар дар зинаи дуюм қарор дорад. Вазорати энергетика ва саноат 20 ҷиноят, кишоварзӣ  16, нақлиёт ва коммуникатсия 15, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  13, мелиоратсия ва захоири об 10, кумитаи давлатии заминсозӣ  ва геодезӣ  18 ҷиноят содир кардаанд.

Гуфта мешавад, ҳамаи афроди боздоштшуда кормандони оддӣ  ва сатҳи поёнианд. Зимнан, дар ҳар нишасти хабарӣ  аз директори оҷонсии зидди фасод суол мешавад, ки оё агентӣ  ягон мансабдори сатҳи баландро боздошт накардааст? Аммо ҳамеша посух ягона аст "агар дар мавриди ҷиноятҳои коррупсионидоштаи ягон мансабдоре ба мо иттилоъ расад, ҳатман санҷиш мегузаронем". Маълум мегардад, ки то кунун чунин як маълумоте ба дасти кормандони агентии зиди коррупсия нарасидааст. Воқеан, дар расонаҳо муаллиму духтури оддӣ, ки аз боздошташон зиёд гуфта мешавад бо номи "моҳичаҳои хурд" ва вазирону раисони сатҳи баланд "наҳангҳо" ёд мешаванд.

Гардиши наве дар қазияи корманди кушташудаи БДА
Фаттоҳ Саидов, райиси агентии назорати давлатии молиявӣ  ва мубориза бо коррупсия гуфт, тайи шаш моҳи охир муроҷиати шаҳрвандон аз болои мақомоти судӣ  афзуда, тибқи хулосаи онҳо ин муроҷиатҳо самараи хуб низ додаанд. "Ҳатто дар баъзе ҳолатҳо ба зинаҳои болоӣ  мактуб намудем, ки боиси бекор шудани қарорҳои судҳо гардида, қазия ба манфиати одамоне, ки ба мо муроҷиат карда буданд, ҳал шуд",-гуфт Саидов. Дар робита директории агентӣ  аз қазияи ба куштори як корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ  дахлдошта ёдовар шуд. Ба қавли ӯ дар ин қазия ҳодисаҳои ришвахориву тақаллубкории кормандони додситонии ноҳияи Фирдавсӣ  ошкор шудааст. Ин парванда ҳоло барои бознигарӣ  ба прокуратураи генералӣ  фиристода шуд. Ёдрас менамоем, моҳи апрел вақте Равшан Шарифов, нозири роҳ мошини тамғаи "Мерседес"-ро барои вайрон кардани қоидаи роҳ нигоҳ медорад ду нафар аз дохили сабукрав берун шуда, ӯро лату кӯб мекунанд. Дар натиҷа Шарипов ба ҳалокат расид. Фаттоҳ Саидов гуфт, ки парвандаи мазкурро ки тибқи моддаи 108-и кодекси ҷиноӣ - "куштор аз рӯи беэҳтиётӣ " баррасӣ  намуда буданд ва мехостанд, ки ҷинояткоронро вобаста ба қонуни авф раҳо кунанд, акнун аз рӯи моддаи 104- "куштор" баррасӣ  хоҳад шуд.

"То шамол нашавад, шохи дарахт намеҷунбад"
Вақте аз Саидов дар робита ба гирдиҳамоӣ  дар шаҳри Хоруғ, ки гуфта мешуд, як навъ эътироз аз мақомоти прокуратура ва суд аст, суол карданд, номбурда масали  "то шамол нашавад шохи дарахт намеҷунбад"-ро ёдрас кард.

Директори агентӣ  гуфт: "Баъди шурӯъи эътирозҳо ман ду корманди ботаҷрибаро барои баррасии вазъ ба маркази вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон фиристодам. Онҷо ситоди ҷумҳуриявӣ  ташкил шуда буд, ки муовини вазири корхои дохилӣ  онро раҳбарӣ  мекард. Кормандони мо шомили ҳамин гурӯҳ шуданд. Ҳолатҳое, ки гуфта мешуданд дар ҳақиқат вуҷуд доранд. Лекин сад афсус, ки ҳамон одамҳои ҷабрдида ба мо ёрдам накарданд, ҳатто баёнот ҳам надоданд. Ҳарчанд миёни мардум овозаҳо дар бораи ба коррупсия даст доштани мақомоти суд бисёр буд, аммо касе баёнот надод".

"Чашму гӯши мо ба Роғун аст"
-Барои ҷилавгирӣ аз фасоди молӣ  дар маҳали сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар минтақа шӯъбаи агентиии назорати молиявӣ  ва мубориза бо коррупсияро  созмон додаем, ки марказаш дар шаҳри Роғун аст. Ин шӯъба самараи хуб дод. То ташкил шудани он дар ноҳияи Файзобод бозори маҳсулоти сохтмонӣ  ва маводи сузишворӣ  аз ҳисоби нерӯгоҳи Роғун ташкил шуда буд. Дар шаҳри Роғун ҳам вазъ ҳамин хел буд. Хушбахтона аксарияти ин ҳодисаҳо пешгирӣ  шуд,-мегӯяд Фаттоҳ Саидов.

Номбурда гуфт, сардори идораи муҳофизаи шаҳри Роғун Кулаков бо як километр ноқили баландшиддат, ки дар сохтмон истифода мешавад, дастгир кардаанд.  Нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ  боз шудаст. Нисбат ба кормандони Гвардияи миллӣ  ҳам чандин ҳолати дуздии  сӯзишворӣ ошкор гардида, барои тафтишот парвандаҳо ба прокуратураи ҳарбӣ  фиристода шуд.

"Чашму гӯшамон пурра ба иншооти нерӯгоҳи мазкур аст. Дар нимсолаи аввал ба маблағи зиёда аз 60 миллион сомонӣ  маҳсулоте ошкор кардем, ки аз ҳисобот пинҳон шудааст. Ин ҳамон нархҳое, ки замони шӯравӣ  омадааст. Агар бо нархҳои имрӯз ҳисоб кунем чанд миллионро ташкил медиҳад". Директори агентӣ  ҳамчунин илова намуд, ки дар раванди санҷишҳо беш аз 35 тона метали гаронарзишеро ошкор кардаанд. Ба гуфтаи раис ин металҳо 5 сантиметр ғафсӣ  дошта, замони шӯравӣ  аз шаҳри Ленинград оварда шудаанд. Ин металҳо солҳои мадид дар зери обу лой рангу сифати худро тағир намедиҳанд, мегӯяд Саидов.   "Ин металҳоро дар як база пинҳон кардаанд. Мақсад доштаанд, ки ба воситаи фирмаҳои худашон бо нархи қимат боз ба нерӯгоҳ фурӯшанд, зеро ягон роҳи аз минтақа баровардани он мавҷуд нест. Ҳамаи инҳо дар ҳисоби нерӯгоҳ гузошта шуд".

Абдулазизи ВОСЕЪ{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!