Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:00

Бонки Ҷаҳонӣ: 10 миллион доллар барои коҳиши мизони фақр ва камбизоатӣ

24 июн 2011, 08:56

Созишномаи навбатӣ миёни вазорати молия ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе ба имзо расид.


Тибқи иттилои вазорати молияи Тоҷикистон,  маросими имзои санад байни ҳукумати Тоҷикистон  ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба маблағгузории барномаи панҷуми грантии татбиқи чораҳои сиёсӣ ба маблағи 10 миллион доллар сурат пазируфт ва аз ҷониби Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва аз тарафи дигар директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Моту Конишӣ зери ин ҳуҷҷат имзо гузоштанд.
Гуфта мешавад, маблағи мазкур барои дастгирии барномаи ислоҳот дар дурнамои коҳиши мизони фақр ва камбизоатӣ масраф мегардад.  Ҳамчунин, гранти мазкур кўмак барои рушди иқтисодиёт ва бевосита барои дастгирии буҷаи мамлакат равона хоҳад шуд.     Бурси навбатии Бонки Ҷаҳонӣ дар маблағгузорӣ намудани соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ ба воситаи таъмин намудани шафофият ва самаранокии идораи сиёсати молиявӣ кӯмак мерасонад, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!