Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:42

Русия: Кӯдаки тоҷикро ба боғча роҳ намедиҳад

9 ноябр 2011, 10:58

Гулҷаҳон ном тоҷикдухтаре, ки чандин сол дар  шаҳри Маскави Федератсия Русия кору зиндагӣ мекунад, наметавонад писарчаашро ба боғчаи бачагона дар ин кишвар супорад.


Гулсара Қаробоева модари Гулҷаҳон мегӯяд, ба боғча қабул накардани наберааш барои кору фаъолияти фарзандаш мушкил эҷод кардааст. Ин модар чанд соле пеш ҳамроҳ бо фарзандонаш - Гулҷаҳон ва Таманно, ба Маскав омада буд. Духтари калониаш факултаи ҳуқуқшиносиро хатм карду хурдиаш Таманно ҳоло дар мактаби миёна мехонад. Худи апаи Гулсара бошад, маълумоти олии иқтисодӣ дорад. Бино ба гуфтаи ӯ бо дарки вазъи мавҷуда ва ба хотири ояндаи фарзандонаш тарки Тоҷикистон кардааст, то онҳо дар Русия соҳиби маълумот  гарданд ва фардо инсонҳои бофарҳанг шуда, ба ӯ ва ҷомеа хизмат кунанд. Зеро ӯ ҳам монанди тамоми модарон мехоҳад рӯзҳои хуши фарзандони дилбандашро бубинад ва шодмонӣ кунад, то дар оянда бидонад, ки барои онҳо заҳмати беҳуда накашидааст. Ҳоло бошад апаи Гулсара Қарабоева дар Маскав фурӯшанда шуда кор мекунаду фарзандонашро мехононад.

Духтаронаш ӯро кам-кам кӯмак ҳам мекунанд. Ҳоло духтари калониаш Гулҷаҳон аз коргарии одӣ дар мағоза ба мудирияти (администратор) ҳамин мағоза таъин шудааст. Новобаста бо ин дастовардҳояшон то ҳол мушкилоти хеле зиёд дар Маскав доранд. Апаи Гулсара мегӯяд, ки қисми зиёди моҳонаашон ба иҷорапулӣ сарф мешавад. Аз сабаби он ки роҳкиро ба Тоҷикистон рӯз то рӯз  ниҳоят гарон мешавад, наметавонанд ба аёдати хешу табору модари солхӯрдаашон соле аққалан як бор ба Точикистон бияонд.
- Аз ин лиҳоз мо маҷбур мешавем, ки дар се сол як маротиба бо навбат ба Тоҷикистон равем. Аз сабаби он ки бо иҷозатномаи корӣ аз як сол зиёд дар Русия будан мумкин несту ба Тоҷикистон нархи роҳкиро хеле ҳам гаронанд, ҳар сол як бор ё ба Украина ё ягон кишвари наздик ба Маскав сафар мекунем, - нақл мекунад хонум Гулсара.
Духтари калонии ин зан Гулҷаҳон, дар Маскав ба ҷавони тоҷике оила бунёд кардааст ва ҳоло соҳиби фарзанд ҳастанд.
- Вале мутаассифона духтарам писарчаашро наметавонанд ба боғчаи бачагон супорад- нақл мекунад бо таассуф апаи Гулчеҳра.- Барои қабул накардани набераам дар боғчаҳои бачагонаи шаҳр масъулин ҳар гуна баҳонаҳо пеш меоранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки фарзандашон дар худи Маскав таваллуд шуда ва аз нигоҳи қонунӣ шаҳрванди ҳамин мамлакат ба ҳисоб мераванд ва Ҳукумати Русия дар ин бора як қонун ҳам ба тавсиб расонида буд:
- Намедонам чӣ кор кунам, ки ин  кӯдак аз субҳ то шом дар дохили хона аст ва ҳар рӯз ба ман ва модараш муроҷиат мекунад, ки мехоҳад монанди дигар кӯдакон ба боғча равад. Ба ҷуз нигаҳбонии ин кӯдак ҳазор мушкили дигар дар гардани мо занони муҳоҷир аст. Нархи баланди роҳкиро ба Тоҷикистон, ҷой кардани тифлакон дар боғчаҳои бачагону мактабҳо, гаронии иҷорапулӣ, дар бозорҳо роҳ надодани касоне, ки шаҳрвандии Русияро надоранд занони муҳоҷирро маҷбур кардааст, ки шабонарӯзӣ ба корҳои миёншикан машғул шаванд.
Тибқи маълумоти раиси Иттифоқи тоҷикистониёни Русия Абдулло Давлатов занони муҳоҷири тоҷик бахши хосаи муҳоҷирони беҳуқуқу беҳимояи шаҳри Маскавро ташкил медиҳанд. Аз рӯи маълумоти Маркази таҳқиқоти сотсиологии муҳоҷирон бонувони муҳоҷир назар ба мардони муҳоҷир ду маротиба камтар маблағ кор мекунанд. Ба14 дарсади онҳо маош пардохт намешавад, ба 20 дарсади онҳо маошеро пардохт намекунанд, ки қаблан мувофиқа шуда буд.  Ҳамчунин кордеҳон онҳоро назар ба мардон бештар мавриди фиреб қарор медиҳанду шиканҷа мекунанд. Бар илова бонувон бештари маврид аз ҷониби ҳамватанони худ мавриди азият қарор мегиранд. Ин ҳам дар ҳоле ки аксари муҳоҷирзанон соҳиби маълумоти олианд. Тибқи маълумоти Маркази таҳқиқоти сотсиологии муҳоҷирони Институти демографӣ таи 9 моҳи соли 2011 онҳо маълум кардаанд, ки 70 дарсади муҳоҷирзанони маълумоти олӣ ё миёнаи махсус доранд. Қисме аз онҳо дар ватани худ ба сифати муаллима, духтур ва дигар касбҳо кор кардаанд. Аз ин тадқиқот метавон хулоса кард, ки занҳои муҳоҷир бо он ки ба Русия барои кор меоянд, мақоми иҷтимоии худро поин мебаранд,- гуфт дар хотима Абдуллоев.
Заррина Шоева, як зани дигари муҳоҷир низ наздик ба 5- сол боз бо 3 фарзандаш дар шаҳри Маскав кор мекунад. ? ҳам ҷой доштани чунин мушкилро дар Маскав тасдиқ мекунад:
-  Ду сол қабл писари 4- солаамро  мехостам ба яке аз боғчаҳои бачагонаи шаҳр дохил кунам. Қариб 1- сол даводав кардам, ба ҳадаф нарасидам. Масъулини боғчаҳои бачагона ба ман мегуфтанд, ки аз сабабе, ки тоҷик аст,  наметавонем ӯро қабул кунем. Ва бо тамасхур ҳам мегуфтанд, ки барои фарзандони тоҷик дар боғчаи мо ҷой нест. "Фарзанди тоҷик фикрронии фарзандони моро дигар мекунад. Волидайни бачаҳои рус розӣ намешаванд, ки фарзанди онҳо бо фарзанди шумо дар як ҷо бошад", - мегӯянд масъулини боғчаҳои бачагона. Ахиран маҷбур шудам, ки як духтари 30 солаи туркро ҳамчун нигоҳубинкунанда дар хона гирифтаму 150- доллари амрикоӣ ба ӯ маблағ месупоридам. Ва 1,5 сол вай писарамро нигоҳубин кард.
Воқеан ҳам кӯдакон як мушкили умдаи муҳоҷирзанони Русия аст. Ба муҳоҷирзанон дарёфти кӯмак ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд кори мушкил аст. Соҳибони хонаҳои иҷора низ ба занони кӯдакдор розӣ намешаванд хонаи худро пешниҳод кунанд, нафари кордеҳ низ бо шунидани ҳомиладории муҳоҷирзан ба ӯ ҷавоби рад медиҳад. Аз ин хотир барномаи вижае зарур аст, ки ба муҳоҷирзанон кӯмак расонида тавонад - мегӯяд директори Маркази таҳқиқоти сотсиологии муҳоҷирон Елена Тюрюканова.
Занони муҳоҷири тоҷик дарду доғи зиёде доранд. Дар ватан низ бисёр мешавад, ки онҳоро хуш қабул надоранд. Сабукфикрона бар ин боваранд, ки чун дар солҳо дар ғарибӣ буда, шояд ба корҳои ношоистае даст задаст. Ҳол он, ки аксари занҳои тоҷик дар Русия софдилона меҳнат мекунанд.
Ҳамаи коршиносон бар ин назаранд, ки омили аслии ҳичрати занон ба Русия бекорист. Пас кай дар Тоҷикистон ҷой кори мувофиқ пайдо мешаваду занони мо муҳоҷир намешаванд?

Ҷамила Мирбозхонова



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!