Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:31

Як рӯзи тоҷики камбағал

10 ноябр 2011, 05:29

Ҳар боре, ки таърифу тавсифи пешрафтҳои беназир ва иддаъои давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистонро аз телевизионҳои кишвар мешунавам, сатҳи зиндагии ҳамватанон ва миқдори моҳонаи эшон пеши назарам меояд.


Ба худ меандешам, чи гуна метавон бо 80 сомонӣ (маоши ҳадди ақал) зист? Дар сурате,  бо моҳонаи ҳадди миёна, ки феълан 400 сомониро ташкил медиҳад, зиндагӣ кардан имконпазир нест. Борҳо хостам маълум намоям, ки маоши миёна барои як нафар чанд рӯз мерасад ва тасмим гирифтам таҷриба гузаронам. Барои ин сараввал 400 сомониро ба 4 ҳафта (як моҳ) тақсим кардам, ки 100 сомонӣ мерасад. Сипас 100 сомониро ба 7 рӯзи ҳафта тақсим намудам ва ҳосилаш 14 сомону 28 дирам баромад, ки аз рӯи ҳисоб хароҷоти ҳаррӯзаи ман набояд аз ин миқдор маблағ зиёд бошад.

Душанбе, субҳи 24-уми октябр. Саҳар аз хоб хеста дасту рӯй шустам ва ба сӯи мағоза равон шудам, то барои наҳорӣ  чизе харид кунам. Дар роҳ фикр мекардам, ки ин субҳ чӣ харам? Хурданиҳое мисли панир, равғани маска, ҳалво, мағз, ҳасиб ва шоколадро ҳавас мекардам, аммо ин орзӯ барои ман набуд. Зеро маро мебоист бо 100 сомонӣ тамоми ҳафта зиндагӣ кунам, барои чунин як наҳории хуб пулам намерасид. Вориди мағоза шудам ва ба анвои хурданиҳои бомазза бо ҳавас як назар афкандаму  чашмамро ба қавле "об додам" ва ноилоҷ аз назди ин маҳсулоти гаронарзиш дур шудам. Ба хулосае омадам, ки 1 кило шакар, як қаймоқ ва як нон мехараму субҳона мекунам. Албатта ин як кило шакарро ҳар саҳар 50 грам истифода мекунам ва барои 20 рӯз мерасад. Як қаймоқ 3,6 сомонӣ, шакар 7 сомонӣ (хароҷоти ҳар рӯза 35 дирам "0.35x 20=7") ва нон 1 сомонӣ. Барои чунин наҳории сода 4 сомониву 95 дирам: 3,60 қаймоқ+0.35 дирам шакар+1 сомонӣ нон маблағ сарф кардам. Акнун бояд ба кор равам, аз ин хотир ба сӯи истгоҳи нақлиёт раҳсипор шудам.

Дар назди истгоҳ қарор дорам ва нақлиёти мусофирбариро интизорам, аммо мошинҳо пур аз одам, ҷои холӣ нест. Баъзан "тангем"-ҳое мегузаранд, ки як-ду ҷои холӣ доранд, аммо то назди бинои Сирк мераванд. Агар як сомонӣ дода савор шавам то нимароҳ мебарад ва он тараф пиёда гаштан ё боз як сомонии дигар дода то ҷои кор рафтан лозим меояд. Беҳтараш маршрути "экспресс"-ро интизор мешавам, ки бо 1,5 сомонӣ то ҷои кор барад. Аз соати 08:50 ба истгоҳ омадам ва ҳоло соат 09:25 дақиқа асту ҳанӯз нақлиётро интизорам. Инак як маршрути 25-и "экспресс" омад ва савор шудам. Якуним сомонӣ роҳкироро пардохт карда, баъд аз 13 дақиқа назди бинои "Шарқи озод" расидам. Ба идора омадам ва аз пайи кор шудам.

Баъди як соат зарурат пеш омад, ки назди коршиносе рафта, назарашро дар мавриди суоли ҳафта пурсам. Дар роҳ ин дафъа тақрибан як соат интизор шудам то маршрути 13-ро дарёбам. Боз якуним сомонӣ дода назди коршинос рафтам ва 1,5 сомонӣ дода ба корхона баргаштам. Вақти хӯроки чошт фаро расид. Ба маҳаллаи Гулистон омадам ва аз ошхона як картошкабирён бо тухм (5 сомонӣ), як нон(1 сомонӣ) ва як шиша оби газнок 2,5 сомонӣ харида, тановул кардам ва 8,5 сомонӣ пардохт намудам. Агар ба нақлиёт савор шуда ба корхона баргардам хароҷот зиёд мешавад, аз ин рӯ пиёда ба коргоҳ омадам. Бегоҳ аз кор баромада, назди истгоҳ омадам. Дар бегоҳ ростӣ баъзан то ду соат нақлиётро интизор шудан лозим меояд, лекин ин дафъа баъди 45 дақиқа маршрути 25-ро як бало карда, савор шудам ва боз якуним сомонӣ дода, ба хона баргаштам. Имрӯз танҳо барои роҳкиро 6 сомонӣ сарф шуд.

Ба хона омадам ва хостам дар ҳаммом  дасту рӯямро шӯям, аммо фурӯзонаки каммасрафи "ғанигардонандаи буҷаи оила" сӯхта буд. Ба мағоза рафта бо қимати 4,5 сомонӣ як лампаи каммасраф харидам. Пештар лампаи тафсон як сомонӣ арзиш дошт ва баъди ба миён омадани фурӯзонакҳои каммасраф нархи он ду сомонӣ шуд ва акнун ҳамон ду сомониашро ҳам ёфтан ғайриимкон гаштааст. Фурӯзонакро насб намуда, ба дастурӯйшӯи шурӯъ кардам. Дар ин лаҳза чашмам ба чумаки дастшӯ афтод, ки аз атрофаш об мерехт. Инро ҳам иваз бояд кард, лекин ҳоло на вақт ҳасту на пули зиёдатӣ. Ҳанӯз дасту рӯйро пок накарда, касе ба дар занг зад. Дарро боз кардам, ки нозири барқ дар берун аст. Ба дил гуфтам, охири моҳ, ки наздик шуд омадан мегиранд, пули об, пули барқ, пули партов… Нозир коғази истифодаи як моҳаи барқро, ки 30 сомонӣ буд, дароз кард ва пурсид, ки маблағашро ба ӯ месупорам ё ба бонк. Фикр кардам, ки агар ба бонк барам боз 3 сомонии дигар роҳкиро пардохт кардан лозим меояд. Беҳтараш ба нозир медиҳам. Баъди рафтани нозири барқ 4 сомонӣ пули об ва 3 сомонӣ маблағи партовро алоҳида гузоштам, то мабодо фаромӯш карда, ба дигар мақсад истифода накунам.

Вақти хӯроки шом аст. Аз пайи омода кардани шӯрбо шудам. Аз мағоза як кило картошка (2 сомонӣ), як кило сабзӣ (2 сомонӣ), як кило пиёз (1,80 сомонӣ), як кило гӯшт (28 сомонӣ), як шиша равғани 1 литра (14 сомонӣ), як кило нахӯд (9 сомонӣ) ва як нонро бо маблағи 57,80 сомонӣ харидам. Ба ҳисоби ман як кило картошка барои чор рӯз мерасад ва агар 2 сомониро ба чор рӯз тақсим кунем дар як рӯз 50 дирам харҷ мешавад. Як кило сабзӣ ба 8 рӯз мерасад ва арзиши он 2 сомонист, ки ба ҳар рӯз 25 дирамӣ тақсим мешавад. Як кило пиёз ба як ҳафта мерасад, ки 26 дирамӣ мерасад. Як кило гӯштро сарфакорона ба 15 рӯз мерасонам, зеро нархаш ниҳоят гарон аст. Аз ин рӯ барои як рӯз 1 сомониву 86,5 дирамро ташкил медиҳад. Як шиша равғани як литраро барои омода кардани 8 маротиба хӯроки шом истифода мекунам, ки дар як рӯз 1 сомониву 75 дирам сарф мешавад. Нахӯд барои як моҳ кифоят мекунад, ки ҳар рӯз 30 дирам хароҷот дорад. Ҳисоб карда баромадам, ки барои омода кардани хӯроки шом 5 сомониву 92,5 дирам маблағ сарф мешавад. Аз ҷумла, барои картошка 50 дирам, сабзӣ 25 дирам, пиёз 26 дирам, гӯшт 1,865 сомонӣ, равған 1,75 сомонӣ, нахӯд 30 дирам нахӯд ва барои нон 1 сомонӣ пул харҷ мегардад.

Сипас лаҳзае ба фикр фурӯ рафтам. Бо ин 400 сомонӣ музди миёнае, ки давлат барои мо муқаррар кардааст, чанд рӯз зистан мумкин аст? Хароҷоти якрӯзаамро ҳисоб кардам. Субҳона 4 сомониву 95 дирам, роҳкиро 6 сомонӣ, хӯроки чошт 8,5 сомонӣ ва хӯроки шом 5 сомониву 92,5 дирам ва дар маҷмӯъ 25 сомониву 37,5 дирам дар як рӯз маблағ сарф кардаам. Аз хароҷоти якрӯза ҳисоб карда баромадам, ки дар як ҳафта ба ҷои 100 сомонӣ 177 сомониву 62,5 дирам хароҷот мешавад. Аз рӯи ин ҳисоб дар як моҳ бар ивази 400 сомонӣ маоши миёна 761,25 дирам танҳо барои роҳкиро ва шикам сарф мегардад. Он 400 сомонӣ маоши миёна аз рӯи ин ҳисоб танҳо ба 16 рӯз мерасаду бас (25,375x16=406). Маълум  гардид, ки бо 14,28 сомонӣ ҳатто як рӯз зистан намешавад. Ҳарчанд дар оғоз тасмим доштам, ки таҷрибаро як ҳафта давом медиҳам, аммо аз як рӯзи таҷриба ранҷу азоби ҳамватанонеро, ки бо чунин моҳона зиндагӣ мекунанд дар тану ҷони худам эҳсос кардам ва аз баҳри давом додани таҷриба баромадам. Ин дар ҳолест, ки пули пардохти барқ, об, партов ва хароҷоти муҳими дигар ҳоло аз ҳисоби ман берун аст. Бар замми ин дар як моҳ хароҷоти пули барқ 30 сомонӣ, пули об 4 сомонӣ, пули партов 3 сомонӣ аст. Акнун тасаввур кунед, ки ҳоло сӯхтани фурӯзонаки каммасраф ё аз кор баромадани  асбобу ашёи хона  ҳисоб нашудааст, ки бе инҳо низ зиндагӣ кардан душвор аст. Дар ҳоле, ки барои инсонвор зиндагӣ кардан ҳар як нафар бояд дар ҳар фасли сол: тобистон, зимистон ва баҳору тирамоҳ либосу пойпӯши мувофиқ дошта бошад. Вале бо 400 сомонӣ маоши миёнае, ки дар як моҳ ба шикам намерасад, чӣ гуна дар фикри либоси мувофиқ метавон буд? Ба замми ин мо хароҷоти аҳли оиларо ба ҳисоб нагирифтем.

Ин арифметикаи оддӣ сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистонро нишон медиҳад. Агар сад даъво пеш орем ҳам ин ҳисоб чунин боқӣ мемонад ва аз даъвои мо сатҳи иҷтимоии мардум беҳтар намешавад. Оё беҳтар нест, ки ба рақамҳо воқеъбинона назар андозем ва ҷои таърифу тавсифи беҳуда роҳи болотар ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолиро ҷустуҷӯ кунем?

Исфандиёр Халилӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!