Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:56

«Облава» дар рӯзи иди Қурбон дар ноҳияи Фархор

10 ноябр 2011, 10:38

Шералӣ Алиев, як сокини рустои Сайфи Раҳим шикоят аз он мекард, ки додараш Сайдалӣ Алиевро ба ҳангоми ид, субҳи 7-уми ноябр боздошт намудаву ба зӯрӣ ба комиссариат бурдаанд.

Дар рӯзи иди бузурги мусалмонон-иди Қурбон, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ба «шикор» баромада, аз кӯчаву русто ҷавонони маҳаллиро «облава» кардан гирифтанд. Ба иттилои аз ноҳияи Фархор расида, дар ин рӯз кормандони комиссариати ноҳия дар рустоҳо гашта, ҷавонони танҳову 2-3-нафар бударо бо   зӯрӣ гирифта, ба комиссариат бурдаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, зӯҳри рӯзи дигар, яъне 7-уми ноябр дар ҳавлии ин комиссариат аллакай даҳҳо нафари ба зӯрӣ овардашуда қарор доштаанд. Саймуҳаммад Маҷидов, як сокини рустои Бобо Сафол, ки ҳамзамон донишҷӯйи донишгоҳи Кӯлоб мебошад, ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт: «Вақти «облава» тавонистам, ки пинҳон шавам. Вагарна бе ягон пурсиш бор карда, гирифта мебурданд».

Шералӣ Алиев, як сокини рустои Сайфи Раҳим шикоят аз он мекард, ки додараш Сайдалӣ Алиевро ба ҳангоми ид, субҳи 7-уми ноябр боздошт намудаву ба зӯрӣ ба комиссариат бурдаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳафтаи пешомад бояд туйи арӯсии додараш баргузор мегардид, вале дар комиссариат  ба эътирози ӯ парвое надоштанд. Ба гуфтаи шоҳидон, танҳо аз ҳамин русто дар рӯзҳои ид 5-6-нафар ҷавонро ба зӯрӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд.

Бино ба хабари ғайрирасмӣ рӯзҳои ид дар аксари рустову ҷамоатҳои ноҳияи Фархор сафарбарии наваскарон ба суфуфи артиши миллӣ ба таври «облава» идома доштааст. Сабаби онро сокинони ноҳия дар иҷро нагаштани нақшаи  даъвати наваскарон медонанд. Вале бояд гуфт,  дар бисёр маврид ҷавононе, ки даъватномаи комиссариатро мегиранд, бо сабабҳои гуногун барои сафарбарӣ ба хизмати сарбозӣ ҳозир намешаванд. Дар ҳамин ҳол, ба андешаи мардуми бумӣ, қисмати зиёди ҷавонон дар муҳоҷирати корӣ дар берун аз кишвар мебошанд.

Гӯшакӣ: Кӯлоб ҳам истисно нест

Нимаи рӯзи 7-уми ноябр ба комиссариати ҳарбии минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб рафтем. Дар бинои комиссариат танҳо 3-нафар корманди мақомот буду бас. Аз комиссари ҳарбӣ пурсон шудем. Прапоршик Аълохон Аълоев гуфт, ки тамомии кормандон бо сардории комиссари ҳарбӣ ба ҷамоати «Даҳана»-и ноҳияи Кӯлоб рафтаанд. Аммо барои чӣ ҳамагӣ ба ин ҷамоат рафтаанд, прапоршик гуфт, «намедонам». Вале як нафари ғайриҳарбӣ, ки дар берун аз бинои мақомот буд, оҳиста гуфт, «нақша иҷро нашудааст, облава рафтаанд». Аз ҷаноби Аълоев пурсидем, ки нақшаи сафарбарии навсарбозон дар шаҳри Кӯлоб чӣ миқдор асту чӣ қадар иҷро гардидааст? Ӯ гуфт: «Нақша то ҳол иҷро нагардидааст».

Чаро ва барои чӣ комиссариатҳои ҳарбӣ дар шаҳру навоҳии Кӯлоб наметавонанд аз иҷрои нақшаи пешбинишуда бароянд, санҷишу тафтишоти ҷиддиро тақозо мекунад. Гумони ин ҷониб, кормандони ин мақомот дар шаҳру навоҳӣ дар зиёд маврид аз зӯроварӣ, ё ба истилоҳи роиҷшуда «облава» истифода мебаранд. Вале аз чӣ бошад, ки ҳарчанд шаҳрвандон шикоятҳо пеш меоранду гузашта аз ин, ВАО дар ҳар як даъвати навбатӣ мақолаву хабару гузоришҳо аз поймоли ҳуқуқи инсон, яъне бо тарзи «облава» сафарбаркунии наваскарон рӯйи чоп медиҳанд, ҳамоно ин мушкил ҳалношуда боқӣ мемонад. Гумони ин ҷониб, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ноӯҳдабароянд, гузашта аз ин бо ҷомеъа  муносибати оддии инсонӣ карда  наметавонанд. Дар бахши ташвиқоту тарғиби шаҳрвандон ва баланд бардоштани ҳисси ватандустии ҷавонон камфаъолиятӣ нишон медиҳанд. Агар не, сафарбарнамоии 100-150-нафар даъватшаванда (нақшаи мавсимии як ноҳия) корест басе осон.

Дефитсити «наваскар»

Замони шӯравӣ барои ба аскарӣ рафтан барои ҳар як ҷавон мояи ифтихор буд. Падару модарон, наздикон пеш аз сафарбарӣ ҳатман шодиву нишот мекарданд, маърака меоростанд, хешону ҳамсояҳоро даъват карда, тӯй медоданд, ки фарзанди мо ба хизмати Ватан меравад. Зеро патриотизм, ватандӯстдорӣ ва хизмат ба Ватанро аз ҳангоми кудакӣ дар дили мо ҷо мекарданд. Сиёсати давлатдорӣ, ташвиқоту тарғибот дар мавриди дӯст доштани Ватан аз боғчаи кӯдакона оғоз гардидаву ахиран дар фаъолияти кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ба анҷом мерасид. Яъне, иллати имрӯзаи «дефитсити» сарбозон корҳои сусти фаҳмондадиҳӣ ва умуман мушкилоти рақами соҳа аст. Ин аст, ки тӯли 20-соли даврони истиқлол масъулин муҳаббати ҳақиқиро дар дили ҷавонон бедор карда натавонистанд. «Облава»-и сарбозӣ ҳалли мусбӣ ва ниҳоии кор нест, зеро ҳар амали зӯроварӣ оқибати нохуберо ба думбол дорад…

Аслиддин Достиев



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!