Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:26

Таҷриба

10 ноябр 2011, 10:47

Воқеан интизорӣ дар асли худ падидаи ранҷовар аст ва агар бар болои он интизорӣ дар хиёбони барфолуду сард бошад бештар азиятовар будааст.

 

Субҳи ҳамон шабе, ки барфи аввал борид, тасмим гирифтам бо мошини роҳ то ҷои кор хоҳам рафт. Ба худ гуфтам, ки шояд ин таҷрибае шавад ва баъди чандин моҳ амалан аз вазъи худравҳои мусофиркаш ва аҳволи мусофирон огоҳӣ ёбам.

Ҳаво сард буду аз тамошои табиати барфолуд бештар эҳсоси сардӣ мекардам. Дар хиёбони Бобоҷон Ғафуров наздики як соат мунтазири мусофиркаши №15 истодам. Албатта дар ин муддат 4-5 «Хундай» гузашт, аммо пур буду даст боло кардани чандин мусофири дигар, ки мисли ман интизорӣ мекашиданд, самаре надошт. Аввал аз таъсири сармо пойҳоям ба сӯзиш даромад ва баъди муддате дигар карахт шуд. Аз тасмими худ ва ин таҷрибаи ғайримунтазира пушаймон шудам. Нидое аз дарун маломатам мекард ва дар мағзам ин ҷумла пажвок мезад: ё бояд ба хона баргашту бо мошини худат ба кор рав ё ягон таксӣ бигир. Аммо чун ба мусофирони дигар менигаристам, садои дигар талқинам мекард: Ту ҳам мисли ин ҳамаӣ, бояд сабур бошӣ, то ба қадри онҳо бирасӣ ва азиятеро, ки онҳо мекашанд, як бор дар пусти худ озмоиш кардаву огоҳ шавӣ.

Воқеан интизорӣ дар асли худ падидаи ранҷовар аст ва агар бар болои он интизорӣ дар хиёбони барфолуду сард бошад бештар азиятовар будааст. Яке ба хотирам расид, ки ду рӯз қабл Иди Қурбон буду солрӯзи Сарқонун. Шояд ин вокуниши ғаризаӣ буд дар баробари сармо. Яъне ба ёд овардани рӯзи гарму шодмонӣ ба ҷисму равон гармие бахшад.

Ҳамзамон ёдам омад, ки аз даҳҳо паёмаке, ки он рӯзу дар остонаи он дӯстон бароям фиристода буданд, се нафар аз таҷлили Сарқонун ёд карда буданду бас. Аммо ин ба он маъно нест, ки дӯстони ман ҷашни солрӯзи Сарқонунро нодида гирифта бошанду ватанхоҳу миллатдӯст набошанд. Гузашта аз ин шояд дар ин шароите, ки дорем, камтар огоҳ будани ҳамагон аз Сарқонун ба манфиати кор бошад.

Тасаввур мекунед, агар аз усулҳое чун давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон ва озодиҳое, ки Сарқонун барои шаҳрвандони кишвар додааст, ҳама воқеан огоҳ шаванду бар мабнои он усулу меъёр ҳаққи худро талаб кунанд, чи воқеа рух хоҳад дод? Шояд мо камтарин миллате дар ҷаҳон ва ба қавли Муҳиддин Кабирӣ «миллати истисноӣ» ҳастем, ки дар ҳама шароит кунишу вокуниши истисноӣ дорем. Мо ҳозирем соатҳо мунтазири худрави мусофиркаш бошему ба ҳеч ниҳод шикоят набарем. Метавонем дар сардтарин рӯзи фасли сол дар хонаи сарду торик дандон ба дандон зада шабро ба саҳар расонему аз масъулини ширкати барқрасон талаби ҳаққамонро накунем. Мо омодаем зери мушту лагади тоссарҳои рус ва дар бадтарин шароит муҳоҷирати меҳнатиро бипазирему аз масъулон талаб накунем, ки бояд бароямон дар ватан ҷову шароити кори муносиб фароҳам созанд. Дар ҳар қадам фасоду ришвахорӣ ва аъмоли нописандро шоҳид мешавему мӯҳри сукут бар лаб задаем ва агар изҳори норизоӣ ҳам мекунем аввал ба атроф нигариста ва бо пич-пич ҳарф мезанем. Солҳост дар пойтахти кишвар на газ ҳаст ва на оби гарм, аммо ин ҳамаро мисли як амри табиӣ пазируфтаему аз ҳеч касе ҳеч ниҳоде таъмини онро тақозо намекунем. Дар хонаҳои баландошёна партовҳоро ҳафтае, баъзан ду ҳафтае як бор тоза мекунанд ва ба бӯи бади партов тоқат мекунему хомӯшем. Хуллас, ба назар мерасад мо аз мурдан он қадар тарс надорем, ки аз талаб кардани ҳаққи худ дорем. Гузашта аз ин ҳама шояд огоҳ набуданамон аз Сарқонун омили аслии ҳаққи худро талаб накардани мост. Шояд таҷрибае, ки роқими ин рақамҳо рӯзи сарду барфӣ дошт, ин қадар барои ҳамагон зиёд рух додаву бар он бадомӯз шудаанд?

Зафари Сӯфӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!