Бахшҳо
10 ноя 2011 12:13Сиёсат

Русия алайҳи Тоҷикистон ҷанг эълон мекунад?

Таъсири мавзӯи ҳабси ду халабон ба муносибати ду кишвар

Аз ҳаштуним соли маҳрумият аз озодӣмаҳкум шудани як халабони рус ва як ҳавонаварди Эстония дар ҷануби Тоҷикистон мавҷи эътирозҳоро ба сари мақомот ва ҳукумати кишвар рехт. Ин иқдом шарикони стратегии мо - русҳоро то ҳаде хашмгин кардааст, ки ҳатто бархе мансабдоронаш ба Тоҷикистон таҳдиди ҷанг кардаанд. Қисме аз сиёсатмадорони дигар бошанд, миллати моро ба масхара кашидаанд. Нафароне ба ҳукумати Русия пешниҳоди маҳдуд кардани раванди муҳоҷират аз Тоҷикистон, ҷорӣнамудани низоми раводид байни ду кишвар ва ба ин монандро кардаанд. Мақсади ҳамаи онҳо таҳти фишор мақомоти Тоҷикистонро маҷбур ба раҳо кардани халабонашон мебошад. Аммо ахиран ҷониби Тоҷикистон ҳам хомӯш наистод. Ба ин ҳама ҳангомаву дағ-даға ва сару садои зиёд Сӯҳроб Шарипов, раиси маркази тадқиқотии назди президент (МТС) ва мудаии курсии вакили парлумон посух гуфт, аммо бо як гул баҳор намешавад.

Сӯҳроб Шарипов: "Бархе мақомоти Русия аз пашша фил месозанд"

Нахустин ва то замони нашри ин матлаб охирин вокуниш ба сару садоҳои бархоста атрофи қазияи сарнишини русро Сӯҳроб Шарипов додааст. Вазорати умури хориҷӣва ҳукумат ҳоло изҳороте надодаанд. Сӯҳроб Шарипов ба хабаргузориҳо гуфтааст, ҳангомаҳоеро, ки вазорати умури хориҷии Русия атрофи ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нисбат ба шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва табааи Эстония Алексей Руденко сар додааст, наметавон сиёсати муассири мақомоти рус ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандаш унвон кард. Дар сӯҳбат ба "АП" ҷаноби Шарипов афзудааст, ки ВКХ-и Русия бо паҳн намудани изҳороти "бемулоҳиза" танҳо мехоҳад хомӯшии сафорати Русия дар Тоҷикистонро, ки ба ҳабси шаҳрвандаш танҳо баъди он ки журналистон дар мавриди ҳукми додгоҳ навиштанд, вокуниш нишон дод, бипӯшонад. "ВКХ ва сафорати Русия дар Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи март, замоне ки халабонҳоро боздоштанд, куҷо буданд? Онҳо танҳо баъди он бедор шуданд, ки ВАО-и Тоҷикистон авохири моҳи октябр перомуни ин қазия хабар дод",-илова намудааст, раҳбари МТС. Зимнан, Сӯҳроб Шарипов баёнияҳои бархе аз мақомоти Русияро олудаи ангезаи сиёсӣхонда онро "аз пашша фил сохтан" унвон кардааст. Вобаста ба изҳороти ВКХ-и Русия, ки гуфтааст "тасмими додгоҳ ба таҳкими муносибатҳои ду кишвар мусоидат накарда, ба он латма мезанад" Суҳроб Шарипов гуфтааст, ки "агар мақомоти Русия бо баҳонаву бе баҳона изҳорот бидиҳад, ки муносибатҳо байни ду давлат ба сардӣмегаравад, мутмаин бошед, ки ҳамин тавр хоҳад шуд".

Гуфтем, ки ҳоло мақомоти дигари Тоҷикистон дар қиболи сару садоҳои мансабдорону сиёсадмадорони рус хомӯширо авло медонанд, аммо дар шумори изҳороту сару садоҳои ҷониби Русия боз якто зам мешавад. Ахиран, РИА Новости навишт, ки Шӯрои федератсияи Русия рӯзи панҷшанбе муроҷиатномаеро унвонии райисҷумҳур ва парлумони Тоҷикистон ирсол мекунад. Дар ин муроҷиатнома дархост мешавад, ки "ин масъала ҷиддӣбаррасӣшавад".

Тоҷикистон дар рӯёрӯи "изҳороту таҳдидҳои русӣ"

Нахуст аз изҳороти вазорати умури хориҷии Русия ёд биёрем, ки ҳукми додгоҳро нисбат ба халабонҳо "басо сангин ва дорои ангезаи сиёсӣ" унвон кард. Дар сомонаи расмии ВКХ-и Русия гуфта мешавад, ки ҳукми "ноодилона" ба равобити байни Тоҷикистону Русия латма ворид мекунад.

Зимнан, даҳҳо чеҳраи шинохтаву ношинохтаи рус бо иддаоҳои мухталиф садо баланд кардаанд. Бештари онҳо аз ҳукумати Русия хостаанд, ки Тоҷикистонро барои ин амалаш "ҷазо" бидиҳад. Ба Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал демократи Русия (ЛДПР) бошад, ба қавле Худо дод. ӯ, ки бо изҳоротҳои масхараомезаш "маъруф" аст, гуфтааст, ки "амалкарди мақомоти Тоҷикистон худсарӣ, зӯроварӣва масхараи додгоҳу демократия ва муносибати бепарвоёна ба шаҳрвандони Русия аст". Жириновский гуфтааст, аз ҳукумат талаб хоҳад кард, то бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣкунад.

Сомонаи "Озодӣ" феҳрасти изҳоротҳои сиёсатмадорони русро паи ҳам барчидааст. Онҷо нахуст аз Валерий Шянкин, узви Кумитаи равобити байналмилалии Шӯрои федератсияи Русия ном бурда мешавад. Номбурда гуфтааст, кишвараш бояд аз тамоми иқдомоти сахтгирона алайҳи Тоҷикистон кор бигирад, то ҳавонавардонро раҳо кунад. Вай пешниҳод кардааст, ки "бояд аз фардо, вуруди муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия маҳдуд карда шавад, ки теъдоди онҳо дар Русия тақрибан 2 миллион нафарро ташкил медиҳад ва нақши онҳо дар иқтисоди Тоҷикистон бисёр бузург аст". Бо ин ҳама қонеъ нашуда Шянкин илова мекунад, ки масъалаи қабули Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣва ирсоли кӯмакҳои молии Маскав ба Душанбе низ бояд бознигарӣшавад.

Михайил Капура, муовини раиси кумитаи ҳуқуқ ва додгоҳи Шӯрои федератсияи Русия низ аз давлати кишварашро хостааст, ба Тоҷикистон "посухи сазоворе" диҳад, зеро ба гуфтаи ӯ "Русия кишваре нест, ки кафши худро бо он пок кунед".

Ва ҳамин гуна Геннадий Семигин, раиси Ҳизби "Ватанпарастони Русия", ҳукми ҳаштуним соли зиндон ба Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро, "беасос ва тавҳиномез" номида, гуфтааст, "Эъломи ҳукм ба халабони русро, ки дар Тоҷикистон ба қочоқ гунаҳкор дониста шуд, ба чолиш кашидани Русия арзёбӣмекунем".

Константин Косачёв, раиси кумитаи равобити байналмилалии Думаи Давлатии Русия ҳукми додгоҳи Қурғонтеппаро "бераҳмона" номидааст. Ба қавли вай Русия бояд тамоми чораҳоро андешад, то ҳукм дар чорчӯби қонунҳои Тоҷикистон бознигарӣшавад.

То ҳатто даъвои ҷанг ҳам садо дод

Ин ҳама охири кор нест, балки баъзе мансабдорон ҳатто даъвои ҷанг низ кардаанд. Чунон чи рӯзномаи "Коммерсант" аз қавли як мақом дар вазорати умури хориҷии Русия навиштааст, ки азми Русия барои раҳо кардани шаҳрвандаш қавист ва ҳоло роҳҳои қонунии озодии ӯ вуҷуд дорад. "Мо то кунун тамоми "аслиҳаи худро" ба кор набурдем. Акнун ин корро хоҳем кард, аммо ҳоло "ба дивизияи 201 амр нахоҳем дод",-гуфтааст ин нафар.

Эҳтимоли ҳамла ба Тоҷикистонро аксари соҳибназарон сарфи назар мекунанд.

Ба иддаои НазаралӣПирназаров, хабарнигори тоҷик, ки ба масоили пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва равобити миёни ду кишвар зиёд пажӯҳиш бурдааст: "Дар шароити феълӣРусия алайҳи Тоҷикистон кадом як иқдоми ҷиддиро рӯйи даст нахоҳад гирифт, аз ҷумла дар ҳамин вақту замон".

Ба қавли номбурда ҳукми додгоҳ нисбат ба халабони рус Владимир Садовничий барои сиёсатмадорони рус даричаи як навъи "тиҷорат"-ро боз кард. Табиист, ки дар пешорӯи интихоботи парлумонӣдар Русия (4-уми декабри соли 2011) нухбагони сиёсии ин кишвар ба ҳар роҳу васила барои худ холи сиёсӣва имиҷсозӣмекунанд.

Дар ҳамин ҳол гуфтанист, ки дар баробари сару садоҳои зиёди ҷониби Русия барои халабони худ, мақомоти Эстония, ки ҳамчунин шаҳрвандаш 8,5 сол аз озодӣмаҳрум шуд, ҳанӯз изҳороте надодааст. Аз ин ҷо низ таҳлилгарон мегӯянд, ҳадафи сиёсатмадорони рус ба намоиш гузоштани "зурӣ"-яшон аст.

Ва бар илова ҳамасола даҳо шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳомҳои сохта пушти панҷара мекашанд, аммо ҳеч вақте мақомоти Тоҷикистон садо баланд намекунад. Ҳафтаи гузашта ҳам вақте расонаҳои хабарӣаз маҳбас озод шудани скинхеди рус, ки ба муҳоҷири тоҷик ҳамла кардааст ва муҷрим шинохтани ҳамон муздури шалоқхӯрдаро навиштанд, мақомоти тоҷик хомӯш нишаст...

Таърихчаи қазияе, ки Тоҷикистонро зери "гап" монд

Сешанбеи 8 ноябр додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ҳукми ду халабони русро эълон кард. Ин ду нафар, ки яке шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва табааи Эстония Алексей Руденко кормандони ширкати ҳавопаймоии Rolkan Investmens Ltd буданд, бо иттиҳоми марзшиканӣмуҷрим шинохта шуданд.

Додгоҳ ҳар кадоме аз ин халабонҳоро 10,5 солӣбо ҳузур дар колоннаи низомаш пурзӯр маҳкум кард. Аммо бо назардошти қонуни авф ду солӣаз ин мӯҳлат кам карда шуд ва монд 8,5 солӣ.

Ҳамчунин, ду тайёраи АН-72, ки онҳо идора мекарданд, ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира шуд.

Муфаттишони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, халабонҳо 12-уми марти соли ҷорӣбидуни иҷозаи мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон, яке паси ҳам, бо фосилаи 20 дақиқа, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа фуруд омадаанд. Халабонҳо худро бегуноҳ медонанд ва мегӯянд, илоҷе ба ғайр аз фуруд дар Тоҷикистон надоштанд.

Мақомоти Тоҷикистонро бо он муттаҳам мекунанд, ки қазияро барои тайёраҳо кашол додааст. Валерий Пфефер, намояндаи ширкати ҳавонавардии Rolkan Investmens Ltd қаблан изҳор дошта буд, ки халабонҳо барои ду тайёра зиндонӣшудаанд. Ба иддаои вай тайёраҳо ба касе зиёд писанд омадаанд. Ин тайёраҳо метавонанд дар дилхоҳ майдони кишти пахта фуруд оянд ва боло шаванд. "Ҳатто амрикоиҳо чунин тайёра надоранд. Сарнишинони ин ҳавопаймоҳо бошанд ба сифати манбаи шантаж истифода шуданд".

Чунин иддаоҳо аз ҷониби Русия низ зиёд садо доданд

Аз ҷумла Владимир Жириновский, раҳбари ЛДПР гуфтааст: "Ҳадаф аз муҳокимаи халабонҳои рус мусодираи ҳавопаймоҳои АН-72 аст, ки барои қочоқи маводи мухаддир бисёр ба қочоқбарони Тоҷикистон лозим шудааст. Халабонҳои рус бояд дар зиндони тоҷикӣбошанд ва қочоқбарони тоҷик бо ҳавопаймоҳои русӣсарват ҷамъ кунанд".

Соҳибназарон мегӯянд, мансабдорону сиёсатмадорони рус аз як ҳодисаи оддӣ фоҷеае тарошиданд, ки таъсири он пеш аз ҳама ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия хоҳад расид. Албатта, агар ҳамин тавр мақомоти мо "хомӯш" истанд…

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)