Бахшҳо
15 ноя 2011 06:06Гузориш

Сири сил дар Кӯлоб

Аламов бо алам мегуфт, «ин сир аст ва онро ман ошкор кардан наметавонам. Барои ин ҳатман ҷазо мегирам. Умуман, барои журналист чӣ лозим, донистани касалмандони бемориҳои сироятӣ?...

Тайи 10 моҳи соли равон дар шаҳри Кӯлоб 304 нафар барои нахустин маротиба гирифтор ба бемории сил гаштаанд. Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Ҷамшед Рафиев, директори МНДСЭ-и шаҳри Кӯлоб хабар дод. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, силзадагон 85 нафар зиёд ошкор гаштаанд. Аз ҳамин шумора, 265 нафарашон мубталои бемории шуш будаанд. Дар ҳамин ҳол, Саид Аламов, директори МНДСЭ-и вилояти Хатлон дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб, шумораи дақиқи силзадагонро дар ҳамаи минтақа гуфтан намехост. Аламов бо алам мегуфт, «ин сир аст ва онро ман ошкор кардан наметавонам. Зеро, барои ин ҳатман ҷазо мегирам. Чанде пеш барои хабар додан аз шумораи гирифторони бемории сил аз «боло» гап расида буд. Умуман, барои журналист чӣ лозим донистани касалмандони бемориҳои сироятӣ? Чӣ даркор овоза намудани ҳамин бемориҳо?». Аммо  ба ҳар ҳол ӯ гуфт, ки гирифторони касалии сил дар навоҳии минтақа назар ба як соли қабл 121 нафар афзудааст. «Шумораи дақиқро аз беморхонаи вилоятии зидди касалиҳои сил бигир. Зеро, маълумотҳои мо мувофиқ намеоянд»,- афзуд директор. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои ҷаноби Аламов дар ин муддат 9 тан аз сокинони минтақа баъди заҳрзании кана мубтало ба бемории вазнини таби хунин ё ба истилоҳ геморологическая лихорадка гаштаанд ва ҳамагӣ дар беморхонаҳо ба пуррагӣ табобат ёфтаанду касе ба ҳалокат нарасидааст. Аммо Мирзоалӣ Миралиев, муовини сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон ҳанӯз моҳи август хабар дода буд, ки 2-тан аз гирифторони ин беморӣ фавтида буданд.Бояд гуфт, ки ҳамин масъул ягон масъулияте дар мавриди додани иттилоъ барои журналистон надорад ва мудом бо баҳонаи «ҷазо» гирифтан аз болобудагонаш, аз додани иттилоъ саркашӣ мекунад. Ҳол он  ки тибқи моддаи 5-уми Қонун дар бораи иттилоот, мақомот масъул аст, ки барои ВАО маълумоту хабари зарурӣ пешниҳод намояд.

 

Аслиддин Достиевa

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)