Бахшҳо
15 ноя 2011 10:20Гузориш

Муҳоҷирон набояд аҳроми фишор бошанд

Барои раҳоӣ аз ин вазъ ва ҳалли мусбати масъала тамоми имконоти мавҷударо дар доираи дипломатияи мардумӣ бояд ба кор барем. Натиҷаҳои беҳтару хубтарро метавон ба даст овард, агар саъю кӯшиш кунем… Иддае аз рӯзноманигорон ва рӯшанфикрони Тоҷикистон дар Душанбе «Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон»-ро ташкил доданд. Ин гурӯҳ дар назди худ мақсад гузоштааст, ки вазъи баамаломадаро, ки дар натиҷаи боздошт ва ҳукми додгоҳ нисбати ду халабони ширкати «Rolkan Investmens Ltd»  сурат гирифтааст, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор диҳад.  Пеш аз ҳама барои гурӯҳ он паҳлӯи масъала муҳим менамояд, ки бар асари ин қазия зарбаи аввалин ва ҷиддӣ ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия зада мешавад. Масъулини гурӯҳ мегӯянд, барои раҳоӣ аз ин вазъ ва ҳалли мусбати масъала тамоми имконоти мавҷударо дар доираи дипломатияи мардумӣ бояд ба кор барем.  Зимни пахши изҳорот онҳо аз ҷумла омадааст:  «Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар қазияи рухдода набояд чун аҳроми фишор истифода шаванд ва мавриди зарбаи ҳамаҷониба қарор бигиранд. Аз ин хотир, Гурӯҳ аз журналистон ва ҷомеаи шаҳрвандии Русия даъват ба амал меорад, ки ба пешгирии ин раванди номатлуб мусоидат намоянд. Гурӯҳи мусоидат ба ин ҳақиқат таъкид менамояд, ки таърихи тӯлонии равобити ҳамаҷонибаи мардуми тоҷику рус натиҷаҳои беҳтару барои ҷонибҳо манфиатовар дар ростои таҳкими ин дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дорад.» Гурӯҳ ва мушкилоти муҳоҷирон Барзу Абдураззоқов, ҳунарманд ва коргардони шинохтаи тоҷик, ки роҳбарии Гурӯҳро дар ҳоли ҳозир ба зимма дорад бар ин назар аст, ки: «Дар ин вазъият хомӯш будан ва бетарафиро ихтиёр кардан, ба назари ман гуноҳ аст». Ӯ афзуд, аз ин сабаб мо ҷамъ шудем ва мехоҳем, ки ҳам ба ҳукумат кӯмак кунем  ва ҳам аз ҳуқуқҳои муҳоҷирон дифоъ кунем. Вазъи иқтисодие, ки ҳоло Тоҷикистон дорад, албатта бе Русия будан хеле мушкил аст. Вале мо наметавонем, тамоми умр пойбанди ин мамлакат бошем. «Мо дар навбати аввал бояд роҳҳои ҳалли ин қазия пешомадаро ёбем, мақсади ҷамъияти мо ҳам ҳамин аст, ҳадафи аслӣ ин аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ  набояд аҳроми фишор бошанд»,-мегӯяд Абдураззоқов. Ба андешаи Барзу барои ҳалли мушкил ҳанӯз на аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода шудааст ва корбурди ин захираҳо ба ҳамкории ҳамаи тарафҳо марбут аст. Марат Мамадшоев, муҳаррири хафтаномаи «Азия плюс» низ аз дигар масъулини Гурӯҳ аст. Оқои Марат мегӯяд: «Бартараф кардани нофаҳмиҳо оид ба муҳоҷирони   тоҷик дар Русия ва фароҳам сохтани шароити хуби ҳамдигарфаҳмӣ миёни  ҷомеаи шаҳрвандии Русия, аз масоили умдаи матраҳшаванда маҳсуб мегарданд». -Мо чунин мешуморем, ки ин масъала дар ҳоли ҳозир дар сатҳи ҳукуматҳо ҳалли худро наёфта истодааст  ва саҳми ҷомеаи шаҳрвандиро зарур донистем,- афзуд ӯ. Ҳамсӯҳбатамон дар интиҳо аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, шахсиятҳо ва ҳамаи онҳое, ки ба ин мавзӯъ бетараф нестанд, даъват кард, ки ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шаванд ва афкори мардумиро ба вуҷуд биёранд.   Ибодуллоҳи Тоир
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)