Бахшҳо
16 ноя 2011 08:23Гузориш

Аз Фиравну Намруду Ҳомон то диктаторҳои муосир

Ягон гурӯҳи маъсум дар ислом вуҷуд надорад, ки бар дигарон бартарӣ дошта бошад ва бар ҳамагон ҳукумат намояд. Ҳукумати мавриди назари ислом ҳам мубтанӣ бар арзишҳои озодӣ, мардуммеҳварӣ, шоистасолорӣ ва каромати инсонӣ аст…

Дар бораи сунамии кубандаи сиёсие, ки кохҳои диктаторҳои худкомаро ба ларза даровард, на танҳо коршиносони иҷтимоӣ ва сиёсӣ, балки аксари мардуми оддӣ низ таваҷҷӯҳи хоссе пайдо кардаанд ва ҳама бар ин боваранд, ки Африқои ҷадид, Ховари миёнаи ҷадид ва ҳатто таҳаввулоти байналмилалии густардае дар ҳоли шакл гирифтан аст.Ҳар кас бар асоси боварҳо, андешаҳо ва нигоҳе, ки дорад авомили ин ҳаводисро баён мекунад. Бархеҳо решаи ин хезишҳоро дар бекории густардаи ҷавонон ва фақри густардаи мардум медонанд. Гурӯҳи дигар бошад, нобоварии нухбагон ва оммаи мардумро нисбат ба ваъдаҳои амалиношудаи фаровони ҳокимон дар арсаи сиёсӣ ва иқтисодиро иллати ҳаводис медонанд. Иддаи дигаре  бошад,  омили онро шикасти мактаби секуляристӣ ва либералистӣ дар баробари ниёзҳои ҷомеаи исломӣ унвон мекунанд. Гурӯҳи дигар бошад, нотавонии давлатҳои арабиро дар баробари ғоратгарӣ ва худсариҳои кишварҳои ғарбиву Амрико ва ҷиноятҳои Исроил дар баробари мардуми минтақа медонанд. Ба назари як гурӯҳи дигар, ин хезишҳо  амали тарҳрезишуда аз сӯи давлатҳои ғарбӣ аст.

Агар дурусттар мутаваҷҷеҳ шавем, дар ҳар як аз ин иллатҳо ҳақиқати торике вуҷуд дорад, аммо ба назар мерасад, ҳеч як аз инҳо ба танҳоӣ омили аслӣ нестанд. Мардуми ҷаҳони севвум шоҳиданд, ки солҳост ғарб худро пешгоми озодӣ ва демократия дар ҷаҳон муаррифӣ кардааст ва иддао дорад, ки барои густариши ин арзишҳо дар ҷаҳон фаъолият мекунад. Аммо ҳосили ин иддао барои кишварҳои исломӣ танҳо ишғоли Ироқ ва Афғонистон аз сӯи ин кишварҳо ва кушта шудани ҳазорон мардуми бегуноҳ дар ин кишварҳо будааст. Онҳо дар ҳоле аз демократия ва ҳуқуқи башар дам мезананд, ки ошкоро аз диктаторҳои худкомаи кишварҳои исломӣ ҳимоят намудаанд. Диктаторҳое, ки танҳо дар чорчӯбаи манофеъи ин кишварҳо ҳаракат мекунанд, вале парвои демократия ва озодӣ надоштанд ва надоранд.

Ҳамаи далоил ҳокӣ аз он аст, ки дар ҷараёни ҳаводиси ахир ҳам муддаиёни озодӣ ва ҳуқуқи башар то охирин лаҳзаҳо ҳам пуштибонии ошкори худро аз ормонҳои озодихоҳии мардуми минтақа эълон накарданд ва талош дар ҳифзи диктаторҳо ба хотири манофеи худ доштанд. Баъзе ҳукуматҳо, гурӯҳҳо ва ашхос аз давлатҳои худкома ва дар ҳоли суқут ҳимоят карданд. Теъдоде аз рӯҳониҳои Сурия ва Арабистони Саудӣ роҳпаймоиҳои мардумро бар алайҳи ҳокимони худкома «Бидъат» донистанд ва фарохонӣ ба руёруӣ бо (улиламрро) фитнаангезӣ маънидод кардаанд.

Ормону аҳдоф

Аммо дар ин хезишҳо ду нукта муҳим ва қобили таваҷҷӯҳ аст.

Аввал ширкати гурӯҳҳои мухталиф дар канори ҳам ва ин баёнгари ба вуҷуд омадани як навъ ҳамгароӣ дар ҷавомеаи исломӣ аст. Яъне дар ин ҳаводис гурӯҳҳои миллӣ ва мазҳабӣ дар канори ҳам қарор доштанд. Нуктаи дуввум хостаҳо ва ҳадафҳои муштараки ин гурӯҳҳо буд. Ҳамаи ин гурӯҳҳо хостори озодиҳои маданӣ, интихоботи озод бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои миллӣ ва мазҳабӣ ва даст ба даст шудани қудрат бар пояи қоидаҳои пазируфташудаи демократӣ, ҷавобгӯ будани давлатҳо дар баробари аъмоли худ ва эҷоди ҷомеаи касратгаро, мардуммеҳвар ва шистасолор ва нафии ҳукумати теократӣ буданд. Масалан ҳаракати ҷавонони инқилобӣ дар Тунис ва Мсир, ҳаракати миллии Ислоҳ дар Яман, ҳаракати Ихвонулмуслимин дар Мисру Ӯрдуну Сурия, аҳзоби миллигарои кишварҳои араб ҳама бо ҳам ин хостаҳоро пайгирӣ намуданд ва ҳадафи муштараке доштанд.

Агарчӣ ин хостаҳо ва ҳадафҳо чизи нав набуданд ва солҳо аст, ки дар китобҳои донишмандони кишварҳои исломӣ монанди Рашид Ризо, Ҳасанул Банно, Абдураҳмон Кавокибӣ, доктор Юсуф Қарзовӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ, Муҳаммад Аммора, Абдулкарим Зайдон ва дигарон ба гунае матраҳ шудаанд ва ба мардум пешниҳод мешаванд, вале пайдо шудани як навъ эътимод ва ҳамгароӣ дар миёни ҳаракатҳои миллӣ ва мазҳабӣ дар ин кишварҳо қобили тааммул ва таваҷҷӯҳ аст. Махсусан пирӯзии наҳзати исломӣ дар Тунис нишон дод, ки ин раванд то ҳудуде пухта расидааст. Андешаҳои Рошид Ғанушӣ ва барномаҳои наҳзати исломӣ дар Тунис то ҳудуди зиёде нигарониҳоро камтар кардааст ва эътимодро бештар намудааст, аммо ҳанӯз ҳам наҳзати исломӣ роҳи дарозеро дар пеш дорад.

Суннатҳо ва қавонини Худованд

Пеш аз ҳама бояд таъкид кард, ки суннатҳо ва қонунҳои офаридгори тавоно дар ҳеч замоне, қобили тағйир ва дигаргунӣ нестанд. Агарчӣ дар ҳар замоне мутобиқ бо шароити замонӣ ва маконӣ тағйири шакл дода бошанд  ҳам, асли ин суннатҳо бидуни тағйир боқӣ мондааст. Ин суннатҳо ва қавонинро метавон ба формулаҳои математикӣ ва физикӣ ташбеҳ кард. Масалан метавон ба муборизаи ҳақ ва ботил, имон ва куфр, адолат ва зулм ва ғайра ишора кард, ки дар тулии замонҳо агарчӣ шакли онҳо дигар шуда бошад ҳам аслашон ҳамчунон боқист.

Суннатҳои илоҳӣ дар баробари ситамгарон ва худкомагон

Агар мо ба суннатҳои илоҳӣ дар бораи худкомагон ва ба қавли Қуръон тоғутҳо нигоҳ кунем, мебинем, ки омили либералӣ ва секулористӣ дар ин ҳаводис камрангтар мешаванд. Ё ҳадди ақал метавонем бигӯем, ки ин омилҳо дар хидмати суннатҳои илоҳӣ даромадаанд.

Худованди  доно дар сураи наҳл ояти 36 мефармояд: « Ба ростӣ дар миёни ҳар уммате, паёмбареро фиристодем, то (ба онон бигӯяд) аллоҳро бандагӣ намоед ва аз бандагии тоғутҳо (худкомагон ва диктаторҳо)  бипарҳезед, бархе аз онҳо (пазируфтанд ва дар натиҷа) аллоҳ ҳидояташон кард, аммо баъзе дигар напазируфтанду гумроҳ шуданд. Дар рӯи замин сайру сафар намоед, то бибинед, ки такзибкунандагони паёмбарон чӣ сарнавиште доштанд». Албатта набояд фаромӯш кард, ки Худованд барои ислоҳ шояд ба ҳукуматҳо ва худкомагон фурсат дода бошад, вале умрашонро аз ончӣ ки ҳаст бештар намекунад ва дар ҳолати ислоҳ нашудан, васоили нобудиашонро ҳам фароҳам меоварад.

Намунаи  муборизаи паёмбарони паёмовари озодии инсон аз бардагии диктаторҳо ва худкомагонро метавонем дар моҷарои Мусо ва Фиръавн мушоҳида намоем.

Мебинем, ки худованд ин ду тарафро ба унвони ду мактаб ва ду руйкард ба мусалмонон муаррифӣ менамояд. Мактаби ҳазрати Мусо мактаби илоҳӣ, арзишӣ, қонунманд, мардуммеҳвар, адолатгустар ва раҳоибахш аст ва дар муқобили мактаби Фиръавн ба унвони мактаби худкомагӣ, диктаторӣ, мардумситез, қонунгурез ва зулмхез қарор дорад.  Бо нигоҳи дақиқтар ба мактаби Фиръавн аз нигоҳи Қуръон мебинем, ки шабоҳатҳои аҷибе байни боварҳо, арзишҳо ва амалҳои он мактаб бо низомҳои худкома ва диктатории муосир вуҷуд дорад.

Сохтори низомҳои фиръавнӣ

Секунҷаи Фиръавн, Қорун ва Ҳомон

«Фиръавн»- мазҳари худкомагӣ, диктаторӣ ва тамаркузи қудрат дар панҷаи шахси худхоҳу мутакаббир.

«Қорун» - мазҳари сармоядорӣ, инҳисори иқтисод дар дасти наздикон, ҳирс ва ришвахориву рибохорӣ.

«Ҳомон» - мазҳари назарияпардозон ва тавҷеҳкунандагони низомҳои диктаторӣ, фиребгарӣ ва найрангбозии ҳокимон.

Ин секунҷаи қудратро доктор Шариатӣ ба гунаи дигаре ва хеле зебо ба секунҷаи «зур – зар – тазвир» таъбир кардааст.

Рафтори сиёсӣ ва иҷтимоӣ

А)  дастабандии мардум ба худӣ ва ғайрихудӣ. Дар сураи Қасас ояти 4 мехонем, ки «Фиръавн мардуми Мисрро дастабандӣ намуд ва ба гурӯҳҳо тақсим намуд».

Диктаторҳои муосир мардуми кишварҳои худро ба дастаҳои «шиаву суннӣ, курду турку арабу форсу ғайра ва ҳатто онҳоро ба қавмҳо ва маҳалҳо тақсим мекунанд.

Б) Куштан ва мунзавӣ кардани родмардони мубориз. Дар идомаи ҳамин оят мебинем, ки Худованд мефармояд «Фиръавн фарзандони ғаюри мухолифонашро мекушт».

Террор кардан, эъдом кардан, табъид ва зиндонкардани мухолифон равиши муштараки ҳамаи диктаторҳо аз гузашта то ҳол аст.

В) Ба бардагӣ гирифтани занон ва заифон. Фиръавн занон ва заифони мухолифонашро барои баҳракашӣ ва фишор овардан бар мухолифонаш зинда мегузошт.

Равише, ки ҳоло ҳам вуҷуд дорад ва аз суи низомҳои диктаторӣ фаровон истифода мешавад. Аз занон ва фарзандон ба унвони василаи гирифтани эътироф ва ворид кардани фишор ва ҳатто таҳмили баъзе масоил бар мухолифон истифода мекунанд.

Г) Ситамгарӣ ва зулм.

Ба хотири ҳифзи қудрат ва ҷамъоварии сарват диктаторҳо мардуми худро аз имконот ва фурсатҳо маҳрум мекунанд. Онҳо имконот ва сарвати миллии як кишварро дар ихтиёри ақвому наздикони худ қарор дода аксарияти мардуми худро аз он маҳрум мекунанд. Бо камтарин эътироз бархурди шадид карда, садои мухолифро шунидан намехоҳанд. Дар аксарияти чунин низомҳо аксарияти мардум дар фақру нодорӣ басар мебаранд ва гурӯҳи ҳоким дар неъмату сарват ғарқ мешаванд, ки ин худ зулму ситами ошкор аст.

Пас мебинем, ки дин на танҳо мухолифи низомҳои диктаторӣ ва авторитарӣ аст, балки аз  замонҳои гузашта то ҳол бо он мубориза бурдааст. Асли дин ба хотири озодии мардум омадааст. Ҳукумати мавриди назари дин ва махсусан ислом ҳам наметавонад диктаторӣ ва авторитарӣ бошад ва ягон гурӯҳи маъсум дар ислом вуҷуд надорад, ки бар дигарон бартарӣ дошта бошад ва бар ҳамагон ҳукумат намояд. Бо ин ҳисоб ҳукумати мавриди назари ислом ҳам мубтанӣ бар арзишҳои озодӣ, мардуммеҳварӣ, шоистасолорӣ ва каромати инсонӣ аст. Пас ҳар ҷомеае, ки дар он ин арзишҳо ҳоким бошад он ҷомеаи исломӣ аст, агарчӣ номаш дигар бошад. Рисолати дин номгузории кишвар ё ҷомеа нест, балки саодати инсон ва ҳифзи каромати ӯст. Рисолати дин ҳоким кардани арзишҳо дар ҳаёти шахсӣ ва иҷтимоии инсонҳост.

Бобоҷони Қаюмзод

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)