Бахшҳо
16 ноя 2011 09:37Гузориш

Изҳороти Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирони тоҷик

Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон аз ҳолати ба вуҷудомада бар асари ҳукми додгоҳ нисбати халабонҳои русӣ ва эстонӣ Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ҳамчунин ба ҳадди зиёд сиёсӣ кардани мавзӯъ дар расонаҳои хабарии Русия ва Тоҷикистон, ки ба сарнавишти муҳоҷирони кории Тоҷикистон таъсир мегузорад,  изҳори нигаронии амиқ мекунанд.

Мутаассифона, вазъият аз маҳдудаи ҳуқуқӣ берун рафта ва бо кашида шудани расонаҳои хабарӣ ва баррасиҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба ин майдон шиддати бештар касб намуд. Ин ҳолат рӯҳияи миллатгароӣ ва адовати нажодиро дар ҷомеаи Русияву Тоҷикистон доман мезанад, ки ба манфиати гурӯҳҳои бадхоҳи дохилӣ ва нерӯҳои геополитикии беруна аст. Дар ростои ҳалли қазия аз роҳҳои маданӣ ва ҳуқуқӣ амалкарди заъифи ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистонро таъкид менамоем.

Бо ҳамфикрӣ ба он қишри ҷомеаи Русия, ки аз ташдиди ихтилоф нигарон ҳастанд, дӯстии таърихӣ ва равобити табиии ҳамкорӣ байни халқҳои русу тоҷикро ёдрас шуда, аз ҳукуматҳо, мансабдорони алоҳидда, сиёсатмадорон, коршиносон ва ҷомеаи рӯзноманигории ҳарду кишвар даъват мекунем, ки аз изҳори назару иқдомҳои эҳсосотӣ ва ҳисобнашуда худдорӣ варзанд.

Ҳеч кас ҳақ надорад, ки ҳуқуқи башарро ба хотири манфиатҳои лаҳзаӣ ва фурсатталабона нақз кунад ва дар фазои муносибатҳои байни мардуми ду кишвар сояи нобоварӣ афканад.

Новобаста аз рушд надоштани фарҳанги эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҷомеаҳои мо ва набудани заминаи қонунӣ дар бораи муҳоҷират байни ду кишвар, воқеият ин аст, ки Тоҷикистон таъминкунандаи неруии кории Русия маҳсуб мешавад. Ҳазорон тоҷикистонӣ дар рушди илм, санъат, варзиш, иқтисод ва тиҷорат дар Русия саҳми босазо доштаву доранд, ҳамчунон, ки ҳазорон русиягӣ барои рушди Тоҷикистони мустақил ҳамкорӣ кардаву мекунанд.

Ҷомеаи Русия ва Тоҷикистон ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки дар вазъияти ба амаломада сукут ихтиёр карда, барои ҳар гуна кинояҳо фазоро холӣ гузоранд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳама, аз расонаҳои хабарии Русия ва Тоҷикистон даъват менамоем, ки аз идомаи ташдиди ихтилоф худдорӣ кунанд ва бидуни эҳсосоти зиёдатӣ барои воқеъгаронаву дар камоли тавозун инъикос намудани мавзӯъ талош варзанд.

Изҳори умед мекунем, ки сарнавишти халабони рус Владимир Садовничий ва ҳамтои эстонии ӯ Алексей Руденко, ҳамчунин масоили вобаста ба вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар доираи қонун ҳалли худро меёбад.  Барои мусодат ба ҳалли ин қазия мо омода ҳастем:

Барзу Абдурразоқов, Нуриддин Қаршибаев, Ойниҳол Бобоназарова, Толибшо Саидов, Саймиддин Дӯстов, Хуршед Ниёзов, Раҷаби Мирзо, Зафар Сӯфӣ, Марат Мамадшоев, Зафар Абдуллоев, Хилватшоҳи Маҳмуд, Нуралӣ Давлат, Раҳматкарими Давлат, Абдуазими Абдуваҳҳоб, Қосими Бекмуҳаммад, Рустами Ҷонӣ, Қироншоҳи Шарифзода ва дигарон.

Ҷамъоварии имзои ҷонибдорон ба ин изҳорот идома дорад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)