Бахшҳо
17 ноя 2011 06:13Иҷтимоӣ

Мушкили № 1

Намояндаҳои Созмони байналмиллалии меҳнат мегӯянд, ки аз оғози бӯҳрони молиявии ҷаҳонии соли 2008 то имрӯз ҳудуди 20 миллион ҷойи корӣ аз байн рафтааст, ки ин нишондод ҳадди ниҳоӣ набуда, то охири соли 2012-ум эҳтимоли бе ҷойи кор мондани 20 миллион нафари дигар вуҷуд дорад.

Аз 2 млн. аҳолии қобили кор 1,5 миллионаш муҳоҷир

Дар ҳоле созмонҳои байналмиллалӣ оид ба шуғл шумораи шаҳрвандони воқеан бекори Тоҷикистонро аз 500 ҳазор зиёд унвон мекунанд, ки тибқи иттилои расмӣ дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ то охири моҳи июни соли 2011-ум 54,4 ҳазор нафар бекорон расман ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 28,6 ҳазор нафар занон (52,6 фоиз) ва 35,7 ҳазор нафар (65,7 фоиз) ашхоси синни аз 15 то 29 сола мебошанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол аз рӯи баҳои пешакӣ дар моҳи июни соли 2011-ум 2 152,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 2 098,1 ҳазор нафар (97,5 фоиз) дар соҳаҳои иқтисодиёт машғул буда, 54,4 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ гирифтаанд, ки 2,5 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2010 шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол 19,7 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Аз рӯи маълумотҳои дигар ҳудуди 70 дар сади аҳолӣ дар деҳот умр ба сар мебаранд ва наздик ба нисфи онҳоро занон ташкил медиҳанд, ки тақрибан 40 дар сади эшон бекоранд. Зеро корхонае, ки ба онҳо кор диҳад дар деҳот мавҷуд нест. Бо назардошти шумораи зиёди бекороне, ки дар гузашта нафарони қобили корӣ ба ҳисоб мерафтанд ва имрӯз аз сабаби набудани ҷойи кор хонашин ё бекоранд, дар Тоҷикистон ҳудуди 1, 5 миллион одамон ҷойи кории худро дар деҳот ва шаҳру навоҳӣ аз даст додаанд. Ин дар ҳолест, ки дар оянда ин теъдод ба нафақаи бознишастагӣ ниёз хоҳанд дошт.

Тибқи маълумотҳои расмӣ ҳудуди 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз қаламрави кишвар қарор доранд. Аммо аз рӯи маълумотҳои ғайрирасмӣ беш аз 1,5 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ машғули кор ҳастанд ва дар сурати ҷорӣ шудани маҳдудият аз тарафи ин кишварҳо барои қабули муҳоҷирони меҳнатӣ сафи аҳолии бекор дар Тоҷикистон ба дараҷаи рекордӣ меафзояд, ки таъмини онҳо бо ҷойи кор ғайри имкон мегардад. Зеро агар теъдоди аҳолии дар иқтисодиёт фаъоли мо 2 миллионро ташкил диҳад ва аз ин 1,5 млн. дар қаламрави дигар кишварҳо машғули кор бошанд, пас дар дохили Тоҷикистон андаке беш аз 500 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъминанд ва он ҳам бо маоши паст ва рӯзгори сангин. Пас дар сурати ҷорӣ шудани маҳдудият барои қабули муҳоҷирон аз ҷониби Русия ё дигар кишварҳо тасаввур кунед, ки шумораи бекорони расмӣ дар Тоҷикистон ба чӣ андоза меафзояд?

Иддае аз коршиносон чунин мешуморанд, ки муҳоҷирати аҳолӣ аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба давлатҳои пешрафта як падидаи маъмулист ва мудом вуҷуд дорад. Таҳлилгари иқтисодӣ, Шамсиддин Салимов мегӯяд, ки барои қабули муҳоҷирони меҳнатӣ агар кишваре маҳдудият ҷорӣ кунад муҳоҷирон аз рӯи зарурат боз ба кишварҳои дигар сафар мекунанд ва роҳҳои гуногуни машғулиятро ҷустуҷӯ менамоянд. Вале агар Русия ба қабули муҳоҷирони тоҷик маҳдудият ҷорӣ кунад, шаҳрвандони моро бо чунин теъдоди бузург дар ягон кишвари дигар қабул намекунанд, мегӯяд ӯ.

Ярмаркаҳо ва мушкили бекорӣ

Бекорӣ яке аз нишондиҳандаи асосии ноустувории иқтисодии ин ё он кишвар ба ҳисоб меравад. Аз рӯи принсипи иқтисодӣ аҳолии ҳар кишвар ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: аҳолии дар иқтисодиёт фаъол ва ғайри фаъол. Ба гурӯҳи аҳолии ғайрифаъол шахсоне шомил мешаванд, ки ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ саҳм надоранд ва ё барои таъмин шудан бо кор кӯшиш намекунанд. Ба ин гурӯҳ наврасони то 16 сола, шахсоне, ки муддате дар зиндонҳо умри худро сипарӣ кардаанд, одамоне, ки дар бемористонҳои руҳӣву равонӣ табобат мегиранд, шомил мешаванд. Ҳамчунин ба ин гурӯҳ шахсоне шомил мешаванд, ки имкони кор кардан доранд, аммо бо сабабҳои гуногун ба кор ҷалб намешаванд. Масалан, шахсоне, ки кор кардан намехоҳанд ва дар ҷустуҷӯи он ҳам нестанд ё кор карда наметавонанд, аз ҷумла, донишҷӯёни рӯзона, ки бояд таҳсил кунанд, ба нафақа баромадагон, занҳои хонашин, ки бо вуҷуди тамоми рӯз меҳнат кардан фаъолияти онҳо ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ рабт надорад ва барои кори худ музд намегиранд, одамоне, ки аз ҷустани кор даст кашидаанд ё ноумед шудаанд. Ба гурӯҳи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол шахсоне шомил мешаванд, ки кор карда метавонанд, хоҳиш доранд ва дар ҷустуҷӯи кор ҳастанд. Дар навбати худ шахсони дар иқтисодиёт фаъол боз ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: аҳолии бо ҷойи кор таъмин ва ҷӯёи кор. Ҷустани кор нишондиҳандаест, ки миёни одамони бекор аз аҳолии дар иқтисодиёт ғайрифаъол фарқ мегузорад.

Ба андешаи коршиносон мизони афзоиши таваллуд, набудани ҷои кор ва маоши ночиз вазъи шуғли аҳолиро мушкилтар кардааст. Ниёзбек Қурбонов, сардори раёсати шуғли аҳолии назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, ки барои таъмини аҳолӣ бо ҷои кор ҳама сола аз рӯи барномаҳои мушаххас фаъолият мекунанд ва то андозае ба ҳалли мушкили бекорӣ мусоидат менамоянд. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ 114 728 ҷойҳои кории нав таъсис ёфтанд. Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ дар ин давра 517 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 4 819 нафар корҷӯён дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд. Дар маҷмӯъ иҷрои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар ин муддат аз рӯи ҳамаи самтҳо 93,9 фоиз таъмин гардида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 128,7 фоизро ташкил медиҳад.

Ба кори хуб "пули хуб" бояд дод

Аммо таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ташкили ярмаркаҳо феълан бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор не, балки ба хотири додани ҳисобот сурат мегирад. Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, ки бо ташкили ярмаркаҳо мушкили бекорӣ ҳал намешавад. Аз 1000 ҷойи кори холие, ки дар чунин ярмаркаҳо пешниҳод мегардад, танҳо ду-се кас бо ҷои кор таъмин мегарданду халос. Чунки бо маоши ночизе, ки корфармоён таъйин мекунанд, одамон кор намекунанд.

Аз сӯи дигар имрӯз дар корхонаҳои бузурги Тоҷикистон ҷойи холӣ вуҷуд надорад. Масалан, корхонаи алюминии тоҷик банд аст, ширкати "Барқи тоҷик" коргар намегирад, дар заводи тилло ва дигар корхонаҳои бузург ҷои кори холӣ нест. Дар ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ бошад, корхонаҳое мисли ЖЭУ ва мактабҳо ба кор даъват мекунанд ё ба коргароне мисли посбони бино, муаллим, боғбон, ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ ба кор даъват мешаванд, ки бо 80-100 сомонӣ касе ба чунин корҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намекунад.

Коршиносон мегӯянд, ки корхонаҳои азими истеҳсолӣ, ки замони шӯравӣ фаъол буданд, феълан дар Тоҷикистон ё тамоман кор намекунанд ё бо иқтидори хеле ночиз фаъолият доранд, ки боиси кам шудани ҷойи кор ва мушкили бекории аҳолӣ гаштааст. Зулфиқори Исмоилиён дар ин маврид гфт, ки корхонаи нассоҷии Душанбе дар гузашта 16 ҳазор коргар дошт ва агар ҳар яки онҳо 4 нафари дигарро хӯронад, 64 ҳазор нафар аз ҷиҳати моддӣ таъмин мешуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки корхонаи "Текстил" пештар 16 ҳазор коргар дошт, ки дар се баст кор мекарданд, лекин феълан 700 коргар дорад. Дар корхонаи яхдони Помир, ки шӯҳрати зиёд дошт, беш аз 5 ҳазор коргар кор мекарданд, ҳоло танҳо як посбон дорад. Корхонаи пойафзоли шаҳри Душанбе, ки коргари зиёд дошт ва ба берун аз кишвар низ пойафзоли тоҷикиро содир мекард, аз байн рафт. Ҳоло дар Тоҷикистон тақрибан ҷойи кор нест. Беш аз як миллион аҳолӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Ахиран пулакӣ шудани роҳ аз тарафи ширкати IRS шумори зиёди соҳибкорони хурд, ронандагони мошинҳои боркаш ва мусофиркашро ба муҳоҷират водор сохт. Аз як тараф нархи сӯзишворӣ ва аз тарафи дигар нархи баланди роҳ маҷбур кард, ки аз касбашон даст кашанд. Ҳоло кадрҳое, ки донишгоҳҳои кишвар омода мекунанд, дар корхонаву муассисаҳои кишвар ба кор гирифта намешаванд. Зеро аз як тараф дараҷаи тахассуси донишҷуён ҷавобгӯи меъёри имрӯзаи бозори меҳнат набошад, аз ҷониби дигар дар аксар муассисаҳо омилҳои хешутабориву маҳаллӣ ба назар гирифта мешавад. Ин ҳама боиси бекории мутахассисон, фирори мағзҳо ва болоравии нарху афзоиши сатҳи камбизоатӣ мегардад. Профессор ва иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ки ҳанӯз 70 дарсади мардуми Тоҷикистон дар зери хати фақр ба сар мебаранд ва то дараҷае коҳиш ёфтани нодорӣ дар кишвар хизмати тақрибан якуним миллион муҳоҷири корист, на ҳукумат. "Кас ангушти ҳайрат мегазад, ки дигар мардум нерӯи сари чанбари мошинҳои худ нишастанро надоранд. Нархҳои боркашонӣ дар дохили кишвар боло рафтааст. Қимати маҳсулоти ниёзи аввалия бамаротиб боло рафтааст. Картошкаву себро ҳатто аз Покистону Чин меорем. Сатҳи таваррум баланд шудааст. Аммо дар бораи беҳтар шудани нишондодҳои оморӣ, коҳиш ёфтани нархҳо ва бо кор таъмин шудани аҳолӣ зиёд ҳарф мезананд", мегӯяд ӯ.

Зулфиқори Исмоилиён чунин ибрози назар кард, ки ташкили ярмаркаҳо барои таъмини аҳолӣ бо ҷои кор натиҷае намедиҳад ва бекорӣ дар Тоҷикистон ба як падидаи маъмул табдил ёфтааст. Зеро ҳама ба муҳоҷирати корӣ асосан такя мекунанд. Зиндагии мардум ҳам аз ҳамин ҳисоб асту ширкатҳои Роҳи оҳану ҳавопаймо, тоҷирони бозор ва дигар корхонаҳои хизматрасонӣ аз ҳисоби муҳоҷирон фаъолияти худро муназзам нигоҳ медоранд. Дар Тоҷикистон 70 дар сади аҳолӣ ба замин сару кор мегиранд, ки аз рӯи принсипи иқтисодӣ аз ин ҳисоб даромади зиёд ба даст овардан ғайри имкон аст. Бо ин ҳол боз даъво пеш оварда мешавад, ки аҳолӣ бо ҷои кор таъмин мегардад. Дар сурате аҳолиро бо ҷои кор таъмин кардан имкон дорад, ки корхонаҳои зиёди истеҳсолӣ ташкил карда шаванд.

Ҳушдори СБМ ва бадбахтиҳои бекорӣ

Намояндагони СБМ шумораи расмии бекорон дар ҷаҳонро ҳудуди 200 млн. нафар арзёбӣ мекунанд. Бо дар назардошти ин рақамҳо таҳлилгарони СБМ ба ҳукуматҳои мамолики рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла Тоҷикистон маслиҳат медиҳанд, ки муътадилсозии шуғли аҳолиро самти афзалиятноки сиёсати макроиқтисодии худ қарор диҳанд. Дар акси ҳол ба гуфтаи онҳо дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон сатҳи бекорӣ ба ҳадди бӯҳронӣ хоҳад расид.

Зулфиқори Исмоилиён чунин мегӯяд, ки оқибати бекориҳо ба бесуботӣ дар ҷомеа оварда мерасонад. Дар давлатҳои хориҷии пешрафта касе номзадиашро ба президентӣ мондан хоҳад, нахуст масъалаи бо кор таъмин кардани аҳолиро пеш мегузорад. Зеро афзоиши сатҳи бекорӣ ба амнияти ҳамаи кишварҳо хатари ҷиддӣ дорад.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки оқибати бекорӣ ба низои оилавӣ, ҷудошавиву зиёд шудани теъдоди талоқ, муҳоҷирати аҳолӣ, фирори мағзҳо, афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ ва бадбахтии мардум боис мегардад. Аз рӯи омори расмӣ ҳар сол дар Тоҷикистон тақрибан беш аз 2000 оилаи ҷавон расман аз ҳам ҷудо мешаванд. Таҳлилгарон бекориро яке аз сабабҳои асосии барҳамзании хонаводаҳо арзёбӣ мекунанд. Вале бекорӣ оқибатҳои аз ин ҳам ногувореро пешорӯи ҷомеа оварда метавонад. Аз ҷумла, афзоиши дуздиву худкушӣ ва ҷиноятҳои гуногун низ бо ин далел рух медиҳанд. Тайи 9 моҳи аввали соли равон дар кишвар беш аз 13 300 ҷиноят сабт шудааст. Ба иттилои агентии омор дар ин муддат шумори ҷиноятҳои иқтисодӣ 2,1 маротиба ва мавридҳои ғоратгарӣ 1,8 маротиба бештар шудааст. Ҷиноёти сангин дар муқоиса бо 9 моҳи соли гузашта 38 дарсад афзудааст.

Таҳлилгарон оқибатҳои иқтисодӣ ва ғайрииқтисодии афзоиши бекориро аз ҳам ҷудо мекунанд. Оқибатҳои ғайрииқтисодии бекорӣ ин азияти руҳиву равонӣ, вазъи бади иҷтимоӣ ва сиёсӣ арзёбӣ мегардад. Ин ҳолатҳо дар сурате рух медиҳанд, ки як нафар муддати тӯлонӣ бекор мемонад ва коре пайдо карда натавонад. Надоштани ҷойи кор ва холӣ будани кисаи шахс ӯро ба азоби равонӣ ва бемории асаб гирифтор мекунад ва аз зиндагӣ ноумед месозад, ки ҳатто боиси даст ба худкушӣ задани инсон мегардад. Аз даст додани сарчашмаи устувори даромад инсонро ба содир кардани ҳар гуна ҷиноятҳо маҷбур мекунад. Дар сатҳи ҷамъиятӣ ин ҳолат нишондоди фишорҳои иҷтимоӣ аст ва то эътирозҳои сиёсӣ ва митингҳо оварда мерасонад. Таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки дар пушти ҳамаи инқилобу эътирозҳои мардумӣ ноустувории иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баромад мекунад ва бояд аз ин пешгирӣ шавад.

Исфандиёр Халилӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)