Бахшҳо
17 ноя 2011 09:47Гузориш

Барқ, барф ва Кӯлоби «ӯгай»

Мардум  кайҳо ба дурӯғи кормандони соҳа бовар намекунанд, вале муттаасуф, ҳамин масъулин, ки дигар эътимоде надоранд, амру супориши президентро нодида мегиранд ва корҳои ношоёне анҷом медиҳанд, ки ин оқибати хуб ба бор намеорад.

Якбора сард шудани ҳарорати ҳаво ва боришоти барфи тирамоҳӣ барои аксари сокинони навоҳии дурдаст ва кӯҳистони кишвар мушкилоти зиёдеро «армуғон» овард. Таври мисол дар минтақаи Кӯлоб, дар пайи инҷиқии табиат дар зиёд маврид хатҳои қувваи барқ канда шуда, ячейкаҳои хурди барқтаъминкунӣ ва зеристгоҳҳо ба садама дучор гардиданд. Бо ҳамин ҷурм, дар шаҳри Кӯлоб дар баъзе аз кӯчаву маҳаллаҳо беш аз 2-шабонарӯз интиқоли барқ қатъ гашта буд. Ба гуфтаи Ҷумахон Шарипов, сардори идораи шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб, ҳанӯз барги дарахтон ба пуррагӣ нарехта буд, барфи зиёд болои шохаву барги онҳо борида, дар баъзе ҳолат, худи дарахтон шикаставу чаппагардон шудаанд. Ин иллат ба он овардааст, ки дарахтони чаппашуда,  хатҳои интиқоли барқро беш аз 1-километр низ кандаанд. Гузашта аз ин, ҷаноби Шарипов гуфт, наздики 20-ячейка, ё худ таҷҳизоти хурди барқтаъминкунӣ дар зеристгоҳҳои барқдиҳанда аз кор баромаданд. Ҳамчунин, тақрибан наздики 20 адад аз муфтҳои кабелҳои барқдиҳанда низ бекор гардиданд.

Барқчии «дарахтбур»-ро ба додгоҳ кашиданд

Гуфта мешавад, хатҳои барқӣ аз болои дарахтони боғоти шахсӣ мегузарад, ки дар бисёр маврид соҳибони ин дарахтон барои бурридани шохҳои он иҷозат намедоданд, натиҷа ба он овард, ки садамаҳои ғайриинтизор ба вуқӯъ омаданд. Кормандони шабакаҳои барқӣ дар маҳаллаи 10-уми шаҳр як дарахтеро муттаалиқ ба як муаллим, ки баланд гаштаву барои хати интиқоли барқ  мушкил эҷод мекард, бурридаанд. «Соҳиби» дарахт шабакаҳои барқиро ба суд кашида, суд низ аз «ҷабрдида» пуштибонӣ намуда, муовини сардори идораи шабакаҳои барқиро ба миқдори 4000-сомонӣ ҷарима бастааст.  Вале бояд гуфт, ки кормандони шабакаҳои барқӣ бо сардории роҳбари корхона, шабу рӯз дар пайи ислоҳи садамаҳо гашта, дар кӯтоҳтарин муддат онҳоро аз нав барқарор намудаанд. Дар ҳоли ҳозир, таъмини қувваи барқ барои аҳолии шаҳр мувофиқ ба реҷаи таингашта, мӯътадил шуда, интиқоли он баробар мебошад.

Реҷаи барқ: Кӯлоб бачаи угай?

Воқеан, дар мавриди реҷа ё худ меъёри тақсимоти нерӯи барқ: Бояд гуфт, ки дар ин ҳолат, раёсати шабакаҳои барқи вилояти Хатлон ва масъулини ҳукумати вилоят нисбати шаҳри Кӯлоб, ягона шаҳри саноатии бузурги вилоят ва саввумин шаҳри бисёраҳолии ҷумҳурӣ, ноадолатиро ба роҳ мондаанд. Дар ҳамаи шаҳру ноҳия, наздик ба 200-ҳазор аҳолӣ ба сар бурдаву даҳҳо корхонаҳои саноативу сохтмонӣ ва ташкилоту идораҳои давлативу ғайридавлатӣ, беш аз 70 макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва даҳҳо адад боғчаҳои кудакона фаолият доранд. Ҳамзамон, бахшҳои зиёди ташкилотҳои вилоятӣ низ ин ҷо фаъол мебошанд. Аммо ба ҳамаи ин, барои Кӯлоб ҳамагӣ 600-ҳазор кВт/соат нерӯи барқ дар 1-шабонарӯз ҷудо мегардаду бас. Дар ин маврид, яъне реҷаи 600-ҳазор кВт/с  тӯли шабонарӯз, мактуби расмии ҳукумати вилояти Хатлон ба ҳукумати шаҳр аз 1-уми ноябр ворид гаштааст.  Вале Ҷумахон Шарипов, сардори идораи шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ин миқдор барқ барои шаҳру ноҳия ба маротиб кам аст. Тибқи ҳисоби мутахассисони соҳа, барои шаҳри Кӯлоб на камтар 800-ҳазор кВт/с дар шабонарӯз барои тирамоҳу фаслҳои сармо зарур аст то интиқоли барқ муътадил гашта бошад. Дар ин бора идораи шабакаҳои барқӣ ба унвони ҳукумати шаҳр мактуби хатӣ ирсол додаст. Шаҳрдори Кӯлоб низ, ба иттилои Шарипов бо як дархости расмӣ аз Ҳукумати вилоят таъмини бештари неруи барқро кардааст. Вале бо гузашти вақт, ҳанӯз ҳам аз он ҷониб ҷавоби мусбат нарасидааст. Ин дар ҳолест, ки президенти кишвар ва ҳам «Барқи тоҷик»-у вазорати энергиетика ба таври расмӣ ва ҳам ба воситаи ВАО эълом дошта буданд, ки лимити барқ барои шаҳрҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ба пуррагӣ бардошта мешавад. Аммо таври маълум, барои шаҳрҳо ҳам дар ҳоли ҳозир, яъне то фарорасии фасли сармо, тақсимоти лимитии барқ ҷорӣ шудааст. Ба унвони мисол, дар шаҳри Кӯлоб саҳар 5-6-соат ва бегоҳӣ ҳам ба ҳамин миқдор барқ барои аҳолӣ дода мешавад. Яъне, ин маънои онро дорад, ки  сар аз болонишонон то охирин корманди соҳа мардумро фиреб медиҳанду бас. Ба гумони дигар, роҳбарони ҳам «Барқи Тоҷик», ҳам вазорати энергетика ва низ раиси вилоят на танҳо аз супориши президент саркашӣ мекунанд, балки ҷанобро наздики раият ба дурӯғгӯйӣ мекашанд. Вагарна, ба хотири иззати Эмомалӣ Раҳмон метавонистанд, барқи Сангтударо барои Афғонистон ба савдо назананду  супориши ӯро ба анҷом расонанд, агар намехостанд ки миёни мардум гапу калочаи зиёд пайдо кунанд. Мардум аллакай кайҳо ба дурӯғи кормандони соҳа бовар намекунанд, вале муттаасуф, ҳамин масъулин, ки дигар эътимоде надоранд, амру супориши президентро нодида мегиранд ва корҳои ношоёне анҷом медиҳанд, ки ин оқибати хуб надорад.

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)