Бахшҳо
18 ноя 2011 08:07Гузориш

Барои мо «Чакомаи гесӯ» муҳимтар аст ё вазъи муҳоҷирон?

Ман фикр мекунам, ки ин масъала роҳи ҳал пайдо мекунад, лекин хавфи ба ҷараёни дигар гузаштани ҳамин муносибатҳо вуҷуд дорад.

Пас аз эълони ҳукми додгоҳ нисбати халабонҳои рус ҳукумати Русия фишори зиёдеро болои муҳоҷирони тоҷик овард. Дар баробари 12 муҳоҷири тоҷикро радди марз намудани мақомоти интизомии Русия гуфта мешавад, ки садҳо нафар муҳоҷирони ҳамватани моро пулиси Русия дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар боздошт намудааст. Дар сурате, ки садҳо муҳоҷири мо ранҷи пулиси русро мекашанд, Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи занон гирифтори фестивали "Чакомаи гесу", ки маълум нест чи фоидае ба ҷомеа дорад, мебошанд. Кумитаи телевизион ва радио бошад шабу рӯз ба тарғиби "Чакомаи гесу" камар бастааст, гуё сарнавишти муҳоҷирон барои ин Кумита ҳеч аҳамияте надошта бошад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин "Озодагон" ин ҳафта ба коршиносон чунин суол дод:

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон

Он муносибате, ки мақомоти Русия нисбати муҳоҷирони Тоҷикистон раво дида истодаанд, ба ягон меъёри байналхалқии ҳуқуқи башар мувофиқ нест. Мо бо Русия даҳҳо созишномаҳо дорем, аз ҷумла созишнома дар бораи ҳамкорӣ, дар бораи муҳоҷират ва интиқоли нерӯи корӣ, вале ягонтои он риоя намешавад. Муҳоҷирони тоҷик Русия барои гадоӣ нарафтаанд, балки баҳри кор рафтанд. Муҳоҷирони моро дар ҳаллу фасли проблемаи байни ҳукумати Тоҷикистону Русия ва масъалаи баҳси додгоҳии халабонҳои рус ҳамчун гаравгон қарор додан тамоман кори нодуруст аст. Ман аз парвандаи ҷиноятии халабонҳои русе, ки дар Қурғонтеппа ҳабс шуданд, чандон огоҳӣ надорам, зеро тамоми ҷабҳаҳояшро мақомоти судӣ нашру бозгӯ накардаанд. Вале онҳо ба қаламрави Тоҷикистон на ҳамчун паноҳанда, балки қочоқбар ворид шудаанд. Ба онҳо ягон кас таҳдид намекард, ки ба Тоҷикистон паноҳ бурда бошанд ва онҳо муҳоҷири корӣ ҳам нестанд, ки ҳуқуқи худро надонанд. Онҳо кодекси ҳавои фазои Тоҷикистонро хуб медонанд. Қонуншиканӣ карда бошанд бояд ҷавоб диҳанд, лекин ҳукми суд ба ҷинояте, ки онҳо содир кардаанд, то чӣ андоза одилона аст, чизе гуфта наметавонам.

Он баҳси сиёсие, ки байни ҳукумати Русияву Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, бояд роҳбарони ҳукуматҳо роҳи ҳаллашро пайдо кунанд. Аммо роҳи ҳал набояд фишор овардани Русия ба муҳоҷирони тоҷик бошаду фишори Тоҷикистон боздошти кадом як халабони рус. Ин роҳи ҳалли муносибатҳо нест. Ман фикр мекунам, ки ин масъала роҳи ҳал пайдо мекунад, лекин хавфи ба ҷараёни дигар гузаштани ҳамин муносибатҳо вуҷуд дорад.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, раиси радиои Тоҷикистон

Дар бораи вазъи муҳоҷирон ҳамаи расонаҳои кишвар маълумот медиҳанд. Ман ҳамчун роҳбари радиои Тоҷикистон гуфтаниям, ки ба инъикоси ин мавзӯъ мо борҳо даст задаем. Мо дар Русия мухбир дорем, ки аз ҳаёту зиндагии муҳоҷирони тоҷик гузоришҳо омода мекунанд. Як корманди мо, ки дар Русия ҳаст, як барнома омода карда истодааст таҳти унвони "Садои мусофир", ки нашри дуюмаш аллакай дар радио пахш хоҳад шуд. Як мухбири бевосита дорем бо номи Садбарг Боқиева, ки дар Русия зиндагӣ мекунад ва аз он ҷо пайваста гузориш таҳия менамояд. Барномаи ӯ "Муҳоҷират" ном дорад ва худи Садбарг Боқиева тақрибан бо тамоми иттиҳоду ҷамъиятҳои тоҷикони Русия ҳамкорӣ дорад. Шояд телевизионҳо барнома пахш накунанд, дар ин бора чизе гуфта наметавонам. Аз нуқтаи назари шахсии ман дар ҳақиқат он амале, ки аз ҷониби Русия сурат мегирад, ба шаъни шарики стратегӣ ҳеч зебанда нест. Мо ҷомеаи демократӣ бунёд карда истодаем ва дар ҷомеаи мазкур қонун бояд дар авлавият қарор дошта бошад. Халабонҳо ҷиноят содир карданд, сарҳадро ғайриқонунӣ убур намуданд, гунаҳгоранд, вале дидаву дониста, тамоми расонаҳои хабарии Русия атрофи ин масъала ҳангомаҳои беасосро бардоштанд ва ман бисёр хурсандам, ки мо мавқеи муносибро интихоб кардем ва ба ҳангомасозӣ роҳ надодем. Аммо аз сӯи дигар муҳоҷирони мо низ бояд дар қаламрави кишвари дигар қонуни фаъолият дошта бошанд, забони русиро донанд. Онҳое депортатсия шудаанд, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия фаъолият доштанд. Ин амали Русия як фишори ошкоро аст, аммо давлати мустақил бояд ба ҳама мушкилиҳо омода бошад ва ҷавобҳои раднашаванда дошта бошад.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос

Инъикоси проблемаи муҳоҷират барои мо аз ҳама муҳимтар аст. Фикр мекунам, ки баррасӣ нашудани мушкилоти муҳоҷират дар телевизионҳои давлатӣ паҳлӯи дигар дорад. Бо дар назардошти он ки вазъияти муҳоҷирон хеле нигаронкунанда аст ва раванди хориҷ кардани муҳоҷирони тоҷик аз Русия як масъалаи ҷиддӣ шуда истодааст, телевизионҳои Тоҷикистон намехоҳанд, ки тариқи пахш кардани гузоришҳо вазъиятро боз ҳам ҳассостар кунанд ва доираи ҳангома васеъ гардад ва ба нигаронии оммавӣ табдил ёбад. Лекин ба фикри ман ин кори нодуруст аст. Хоҳем, нахоҳем худи мардум ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Аммо бо далели он ки аз телевизионҳои давлатии Тоҷикистон маълумоте дарёфт намекунанд, расонаҳои русиро мешунаванд ё тамошо мекунанд, ки дар ин сурат фикри як ҷониб ё маълумоти яктарафа дода мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон онро воқеияти ҳол мепиндоранд. Аз ҳамин хотир мебоист телевизионҳои Тоҷикистон дар ин маврид гузоришҳо пахш мекарданд, ки мардум миёни ахбори дурусту нодуруст фарқ гузоранд. Ин як ҳароси телевизионҳои давлатии мост, аз даст задан ба масъалаҳои ҷиддӣ. Сабаби даст назаданашон маълум нест. Масъалаи ҳукми додгоҳии халабонҳои рус аз аввал ангезаи сиёсӣ дошт. Мутаассифона, вақте дар Тоҷикистон ин масъаларо пайгирӣ карданд, сараввал паҳлӯи сиёсиро намедиданд ё таваҷҷӯҳ намекарданд. Яъне барои мақомоти дахлдор ин як парвандаи ҷиноятӣ буду бас. Аммо новобаста аз ҳамаи ин қазияи халабони рус ангезаи сиёсӣ дорад ва хоҳад дошт. Зеро яке аз халабонҳо шаҳрванди Русия аст ва мақомоти рус ҳамеша дар чунин мавридҳо садо баланд мекунанд. Ба хусус дар ҳоли ҳозир интихоботи президентии Русия дар пеш аст ва маълум буд, ки ҳам намояндагони аҳзоби мухолифин ва ҳам ҳизби ҳокими Русия ин масъаларо мебардоранд ва ба манфиати худ истифода мекунанд. Ҳоло ҳам президенти Русия ва ҳам ҳизби ҳукмрон ин масъаларо бардоштанд ва он фишоре, ки имрӯз болои муҳоҷирони тоҷик дида мешавад, ин натиҷаи задухурдҳои дохилии Русия ва мубориза барои манфиатҳост.

Шодавлат Шомусайриев, узви шӯрои сиёсии ҲСДТ

Дар телевизионҳои давлатӣ дар бораи вазъи нигаронкунандаи муҳоҷирони Тоҷикистон ягон маротиба хабару гузориш пахш нашудааст ва ба назари ман пахш нахоҳад шуд. Ин сиёсати ҳукумат аст ва ба ҳамагон маълум аст, ки дар масъалаи иҷтимоии шаҳрвандони тоҷик, ба хусус проблемаҳое чун муҳоҷират ва камбизоативу нодории аҳолӣ телевизионҳои давлатӣ барнома омода намекунанд. Ин сиёсати ҳукумат, сиёсати кумитаи радиову телевизиони давлатӣ аст, ки чунин барномаҳо намоиш дода намешавад. Вақте дар Сарқонун омадааст, ки давлати Тоҷикистон давлати иҷтимоист ва дар баробари ин дар бораи вазъи иҷтимоии аҳолӣ дар телевизионҳо чизе намегӯянд, пас ба ин суоли ин ки оё дар телевизионҳо гузориш додан дар бораи вазъи иҷтимоӣ ё муҳоҷирони меҳнатӣ мамнӯъ аст ё кадом сабаби дигар, бояд роҳбарияти телевизионҳо ва мақомоти дахлдор ҷавоб гӯянд.

Ҷалолиддини Маҳмуд, мудири бахши фарҳанги ҲНИТ

Роҳбарони тоҷик парвои муҳоҷир надоранд ва дар қиссаи онҳо ҳам нестанд. Агар онҳо ғами муҳоҷиронро медоштанд, кайҳо як ниҳоди алоҳидаеро барои онҳо таъсис медоданд. Ҳеч қишри ҷомеа дар Тоҷикистон мисли муҳоҷирон зиёд нест, аммо онҳо на як вазорат доранд, на як кумита доранд ва касе парвои онҳоро дорад. Дар дигар бахшҳо, хоҳ санъат аст, хоҳ фарҳанг ва хоҳ кишоварзӣ, шуморашон ба ду миллион намерасад, аммо соҳиби вазоратанд. Инҳо худро тарзе вонамуд карда истодаанд, ки гӯё аслан проблемаи муҳоҷират вуҷуд надорад. Ҳамон чакомаи гесӯву рақсу суруд дар телевизионҳо худ баёнгари он аст, ки гӯё дар Тоҷикистон на проблемаи муҳоҷират вуҷуд дораду на барқ ва на ягон мушкили иқтисодии дигар. Баъдан муҳоҷирон аз як қишри ҷомеа ҳастанд, ки ба онҳо тақрибан бегонаанд. На ҷонибдорони вақти эшонанд, на ҷонибдори сари қудрат оварандаи онҳоянд ва на мардуми наздик ба онҳо. Барои ҳамин онҳо проблемае бо номи муҳоҷиратро надоранд. Бо он ки ин қадар тобути муҳоҷирон аз Русия меояд ва фишорҳои зиёде болои онҳо вуҷуд дорад, фикр мекунам, дар ин ҳолат мо ба ҷои он ки аз қафои чакомаи гесӯву корҳои санъативу кишоварзӣ бояд дасту остин барзада, аз пайи ҳалли мушкили муҳоҷирон бошем. Зеро он қадар даромаде, ки муҳоҷирони меҳнатӣ доранд, на Вазорати кишоварзӣ медиҳад, на Вазорати иқтисод ва на Вазорати об. Хабару гузориш надодан дар бораи муҳоҷирон дар телевизионҳо ба фикри ман мавзӯи нангу ору номус аст. Вале фикр мекунам, ки дигар ҷои шарм намондааст, зеро имрӯз давлати бисёриҳо аз пушти пули муҳоҷирону даромади онҳост.

Зафар Қурбонов, адвокат

Қазияи ҳукми ду халабон сирф ҳуқуқист, ин "шарики стратегӣ"-и мо онро ба сиёсат табдил додааст. Пас мо низ бояд иқдом кунем, ки шаҳрвандонамон азоб накашанд. Агар Русия моро аз даст диҳад марзаш то Қазоқистон аз дасташ меравад. Ин бозиҳои пасипардагии Русияро тарс ба худ наҳисобем, фаромуш набояд кард, ки Тоҷикистон мавқеи геополитикӣ дорад ва мо набояд ба умеди ягон давлати дигар бошем ва аробаамонро худамон кашем. Ба ҳар гуна правокатсия дода нашавем ва бояд ваҳдатро нигоҳ дорем. Аз ин ҳолат набояд дигарон сӯиистифода кунанд. Русия бо ин гуна фишорҳо мехоҳад мавқеи моро тангтар ва моро боз ҳам мустамликаи худ қарор диҳад. Агар чунин аст Э. Раҳмон низ бояд истодагарӣ кунад. Фишорҳои Русия пештар ҳам буд ва ин халабонҳо баҳона шуд. Бинед, ки садо ва симои Русия барои кишвари моро сиёҳ кардан чи иқдомҳое мекунанд, як мавзӯи кӯчакро чӣ тобишҳое медиҳанд ва чӣ суханбофиҳое доранд. Аммо телевизионҳои давлатии мо хомӯш, гӯё ягон проблема вуҷуд надорад. Имрӯзҳо аз дасти миллатгароёни рус ба сари миллати мо як бадбахтие омадааст гӯем хато намекунем, вале нағмаву усул ва базми чакомаи гесӯву рақсу суруди телевизионҳо ин маънии табли шодӣ задан дар рӯзи мотами мардуми худро дорад. Дар чунин вазъият мо низ метавонем ҳуҷумҳои иттилоотӣ кунем, мизҳои мудаввар ташкил намеом, он тобутҳои муҳоҷирони тоҷикро пеши назар орем ва ба Русия фаҳмонем, ки қонуншикани воқеӣ кист?! Масъалаи истирдоди халабонҳо дар доираи салоҳияти ҳукумати судӣ ва мақомоти тафтишотист. Агар қонунан исбот гардад, ки ӯ гунаҳкор нест, ҳеч ишколе надорад, аммо агар ба Русия истирдод шавад мақомоти рус онҳоро озод кунанд, албатта ин як мушти обдоре бар рӯи Тоҷикистон хоҳад буд, ки заъфи мову фишорҳои Русияро қавитар месозад.

Алишер Идизода, коршиноси масоили сиёсӣ

Баъд аз ҳабси халабонҳое, ки яке шаҳрванди рус аст, ҳукумати Русия аз Тоҷикистон талаб дорад, ки онҳо бояд озод карда шаванд. Ман фикр мекунам, ки агар халабонҳо гунаҳгоранд, пас озод кардани онҳо бе ягон асоси ҳуқуқӣ ба имиҷи Тоҷикистон ва пеш аз ҳама ба ҳокимияти судӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз сӯи дигар Тоҷикистон бояд ба он ҳамлаҳои иттилоотие, ки аз ҷониби мақомоти Русия сурат мегирад омода бошад. Дар сурати ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия Тоҷикистон метавонад масъалаи ихроҷи нерӯҳои Русия ва бастани истгоҳи кайҳонии "Окно"-ро ба миён гузорад. Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, ба хусус телевизионҳои давлатӣ бояд манфиатҳои милливу давлатиро ҳимоя кунанд ва ҳамлаҳои арзандаи ҷавобӣ дошта бошанд. Тоҷикистон бояд аз тамоми имкониятҳои сиёсиву дипломатӣ ва мавқеву эътибори худ истифода бурда, роҳи ҳалли мусбии моҷароро ёбад, ки ба имиҷи кишвари мо латма ворид накунад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)