Бахшҳо
18 ноя 2011 09:02Сиёсат

Ҳукумат Сӯҳроб Шариповро «бадарға» карданист?

Шарипов дар парлумон муваффақ намешавад.

 

Сӯҳроб Шарипов, раҳбари феълии Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳур, ки ҳамзамон яке аз чеҳраҳои аслии хабарсоз аст боз сару садоеро ба вуҷуд овард. Ин навбат на бо мавқеъгириву пахши изҳорот, балки бо тасмими худ дар мавриди ворид шудан ба парлумони Тоҷикистон. Сӯҳроб Шарипов авохири ҳафтаи сипаришуда эълон дошт, ки номзадии худро аз ҷониби ҲХДТ ба вакилии мардумӣ пешниҳод карда, дар интихоботи миёндавраии ҳавзаи Сино ширкат хоҳад дошт.

Сӯҳроб Шарипов ягона сиёсатмадори мустақил

Маврид ба зикр аст, ки Сӯҳроб Шариповро коршиносон аз ҷумлаи сиёсатмадори мустақил ва ошкорбаён медонанд. Ба сифати далел ҳам дар ин маврид метавон аз изҳороти номбурда дар мавриди тасаруфи бозори сӯзишворӣ, талаби пардохти маблағ аз ҷониби Русия барои истифодаи пойгоҳи назорати кайҳонии "ОКНО", даст доштани наздикони раисҷумҳур ба тиҷорат мисол овард. Коршиносон бар ин назаранд, ки сабаби аслии ошкорбаёнии Сӯҳроб Шарипов ин тарс ва вобастагии молӣ надоштан аз ҳукумат ва раҳбари ҳукумат мебошад. Ҳарчанд Сӯҳроб Шарипов мутахасиси даврони шӯравӣ буд, вале далели дигари муваффақияти ӯро таҳлилгарон дар ҳамкории бештар бо созмонҳои хориҷӣ маънидод мекунанд. Ба бовари онҳо номбурда аз ҷумлаи сиёсатмадороронест, ки ҳамеша то ҳадди имкон ва дар доираи рисолати худ аз манфиатҳои Тоҷикистон дифоъ мекард. Ҳамакнун коршиносонро суоле ба ташвиш овардааст, ки ин навбат шеваи интихоби стратеги №1 аз ҷониби ҳукумат чӣ гуна сурат мегирад? Ин навбат ҳукумати Тоҷикистон раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, яке аз марокизи муҳими кишварро чи гуна таъин мекунад? Оё ҳукумат дар ҷустуҷуи мутахассиси арзанда хоҳад шуд, ё аз шеваи "куҳна" аз рӯи садоқат ба ҳукумат раис таъин хоҳад кард?

Дар ҳамин маврид Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон (АМСТ) мегӯяд, ки пайдо кардани нафаре нотарс мисли Сӯҳроб Шарипов бо дарназардошти бархӯрд ва шароити имрӯзи ҳукумати кишвар хеле мушкил аст. Аммо Раҳматилло Зойиров раҳбари ҲСДТ бар ин назар аст, ки фаъолият ва шахсияти Сӯҳроб Шарипов барои доираҳои гуногуни Тоҷикистон як бозёфти муваффақе буд.

" Сӯҳроб Шарипов барои ҷомеаи Тоҷикистон бозёфт "находка" буд. Шояд номбурда ягона мансабдоре буд, ки то ҷое афкори оммаро ба вуҷуд оварда, ба таври ошкоро мавқеъгирӣ мекард. Тибқи таҳлили банда изҳороти Сӯҳроб Шарипов бештар хусусияти таблиғӣ дошт, албатта таблиғи ҳукумат вале бо услуби дигар", мегӯяд Раҳматилло Зойиров. Аз ин хотир феълан мо наметавонем тахмин бизанем, ки ба ҷойи С. Шарипов кӣ раҳбарии маркази тадқиқоти стратегиро бар ӯҳда мегирад. Албатта номзад кам нест. Вале мо боз ҳам интизори интихоби ҳукумати Тоҷикистон хоҳем буд.

Р. Зойиров: С. Шарипов дар парлумон муваффақ намешавад

Раҳматилло Зойиров мегӯяд, ки ҳарчанд Сӯҳроб Шарипов сиёсатшиноси хуб аст, вале бо ворид шудан ба МН МО вазъи шахшудаи парлумон тағйир наёфта, эҳтимол худи С. Шарипов бо ҳамон шароит мутобиқ шавад. Сӯҳроб Шарипов бо ворид шудан ба парлумон наметавонад ба фаъолияти фраксияи ҲХДТ таъсири мусбат расонад. Мушкил на дар шахсиятҳои фраксия ва шеваи бархӯрди онҳо ба масоили ҷомеа мебошад. Бояд бигӯем, ки имрӯза аъзои фраксияи ҳизби ҳоким, яъне вакилони мардумӣ ба фаъолияти "супоришӣ" одат кардаанд ва тавре дар ҷомеа мегӯянд: "Тарки одат амри маҳол". Аз ҷониби дигар дар парлумони мо сиёсати қонунгузорӣ вуҷуд надошта, аксари вакилон бо сиёсати як нафар фаъолият доранд. Аз ин рӯ баъид аст, ки бо ворид шудани Сӯҳроб Шарипов аъзои ҳизби ҳоким фаъол гарданд.

Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки дар сурати пуштибонӣ наёфтани С. Шарипов аз ҷониби ҳамҳизбонаш пирӯзии ӯ дар интихоботи миёндавраӣ бар сифр баробар аст. Феълан ҳизби ҳоким ва ҳамчунин аҳзоби киссагии ҳукумат барои ғолибияти стратеги №1 талоши зиёд доранд.

"Мисоли оддӣ метавонад пешбарии номзад аз ҷониби Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳизби сотсиалисти бошад. Бубинед, дар сӯҳбатҳои қаблӣ раҳбари ҲИИТ гуфта буд, ки аслан тасмими пешбарии номзади хешро дар интихоботи миёндаврӣ надошт, вале дар рӯзи охир якбора тасмими "ҷиддӣ" гирифт. Атрофи пешбарии номзад аз ҲСТ ҳаминро метавон гуфт, ки ҳизби ҳоким онҳоро на танҳо маҷбур, балки ҳатто гаравпулиро пардохт кардааст. Яъне, бо ин восита ҳизби ҳоким мехоҳад нишон бидиҳад, ки пирӯзии намояндааш воқеӣ аст", илова намуд Раҳматилло Зойиров.

Раҳбари ҲСДТ бар ин назар аст, ки айни замон барои масъулини интихобот муҳим шахсияти Сӯҳроб Шарипов не, балки ҳизби ҳоким мебошад.

А. Маҳмадазимов: Бо ҳузури С. Шарипов фаъолияти парлумон муассир мешавад

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари АМСТ Сӯҳроб Шарипов то ин замон як сиёсатмадорӣ ҳирфаӣ буда, бо воридшавӣ ба парлумон бо он вазъ мутобиқ нахоҳад шуд.

"Зеро Сӯҳроб Шарипов то ин муддат бо таҳлилу баррасии мавзӯоти гуногун машғул буд. Фикр намекунам, ки бо рафтан ба парлумон Сӯҳроб Шарипов аз воқеъият, яъне аз натиҷаи тадқиқоти 5 солаи худ дар мавриди вазъи кишвар фаромӯш созад. Аксари вакилони имрӯз аз воқеъият бехабаранд ва ё усулан барои баррасии он чашм мепӯшанд. Вале, ба назари ман Сӯҳроб Шарипов бо хусусияти феълии худ наметавогад дар парлумон "хомӯш" ва тугма пахшкунӣ машғул шавад, мегӯяд Абдулғанӣ Маҳмадазимов.

С. Шарипов: Ман барои дифоъ аз манфиати мардум талош хоҳам дошт

Зимнан Сӯҳроб Шарипов, дар сӯҳбат бо "Озодагон гуфт, ки тасмим дар мавриди ворид шудан ба парлумон тавре, ки расонаҳои хабарӣ ва коршиносон маънидод кардаанд, "иҷборӣ" набуда ва нест. Номбурда мегӯяд, ки атрофи тарки фаъолият дар маркази тадқиқоти стратегӣ муддате андеша дошт.

"Бо гузашти вақте ин масъаларо дар пешорӯи хонавода гузоштам. Ҳама якҷо фикр кардем. Баъдан бо дӯстонам машварат кардам, онҳо низ ин фикри маро дастгирӣ карданд. Хушҳол аз онам, ки ҳамҳизбонам низ ин ақидаи маро пазируфтанд. Буданд нафароне, ки маро аз мушкилиҳои ин касб огоҳӣ медоданд. Вале ба назари ман сиёсатмадори воқеъӣ бояд тамоми роҳу марҳилаҳоро таҷриба бикунад", мегӯяд Сӯҳроб Шарипов.

Агар ман сиёсатмадор ҳастам, пас фурсате расидааст, ки ман инро исбот намоям.

Бар хилофи андешаи дигарон ман фаъолият дар парлумонро соддаву сабук намешуморам. Вакили мардумӣ гардидан барои ман масъулияти бузургест, илова намуд Сӯҳроб Шарипов.

Сӯҳроб Шарипов 5 соли фаъолият дар маркази тадқиқоти стратегии кишварро барои худ, ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон муҳим ва назаррас арзёбӣ намуд. Дар ин 5 соли фаъолият ман дар якҷоягӣ бо тими худ дар маркази тадқиқоти стратегӣ талош намудем то барои раисҷумҳур ва дар умум барои ҳукумат як машваратчии ҷиддӣ бошем. Талош намудем ширкати мардумро дар масоили марбут ба умури дохила муассир намуда, марказро ҳамчун як ниҳоди устувор барои доираҳои гуногуни дохилӣ ва минтақа муаррифӣ кардем.

Абдулғанӣ Маҳмадазимов воридшавии Сӯҳроб Шариповро ба парлумони Тоҷикистон фоли нек медонад. Ба бовари номбурда ҳамакнун фурсате расидааст, ки ба парлумон ба ҷуз аз ҳуқуқшиносону иқтисоддонон сиёсатмадорҳо ворид бишаванд.

Ба ҳар сурат ба суоли ин ки, оё бо воридшавии Сӯҳроб Шарипов фаъолияти парлумон ранги дигар мегирад ё на наметавон ҷавоб гуфт. Вақт довар аст.

Маврид ба зикр аст, ки Сӯҳроб Шарипов ба унвони раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ борҳо аз фаъолияти парлумони Тоҷикистон интиқод карда буд. Маҳз Сӯҳроб Шарипов тобистони соли 2010 бо баргузории мизи муддаваре нақши ҳизбҳои сиёсиро дар парлумони Тоҷикистон номуассир хонда, онҳоро ба ду гурӯҳ: ҳизбҳои дугирак ва панҷгирак ҷудо карда буд.

Гузашта аз ин дар баъзе доираҳо Сӯҳроб Шариповро яке аз чеҳраҳои калидии ҳукумат хонда, мегуфтанд, ки маҳз тавассути изҳороту мавқеъгириҳои номбурда ҳукумат амал мекунад.

Аммо аксари коршиносон дар мавриди он, ки оё Сӯҳроб Шарипов дар ин интихобот пирӯз мешавад ё на мавсуфро аллакай интихобшуда мешуморанд. Онҳо мегӯянд, ки дар таҷрибаи солҳои охир ҳеч номзади пешниҳодкардаи ҳукумат ноком нашудааст ва ҳукумат ин бор низ ҳатман ғалаба хоҳад кард. Дар ҳамин маврид Раҳматилло Зойиров гуфт, ки воқеияти кишвари мо чунин аст, ки агар ба ҷои Сӯҳроб Шарипов ҳукумат як чӯбро ҳам номзад кунад, КМИР ҳамон чӯбро вакил эълон менамояд.

ҳумайрои Бахтиёр

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)